Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Аз таърихи методикаи таълими забони тоҷикӣ

Ҳар як омӯзгори забони тоҷикиро лозим аст, ки бо назарияи таълими забони модарӣ шиносоии амиқ дошта бошад. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, барои ӯ донистани мероси методии гузаштагон марбут ба вазъи ҷараёни пайдоиш ва таҳаввулоти методу усулҳои таълими забони тоҷикӣ шарти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Зеро донистани мероси методӣ, ки чи дар системаи таълимии забони модарӣ дар мактабҳои давраҳои пеш мавриди истифода буду чи дар мактабҳои ҳозиразамон истифода мешавад, ба омӯзгор барои дуруст таълим додани забони тоҷикӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад. Ҳамчунин муаллими забони тоҷикиро зарур аст, ки  баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати омӯзгориаш бо назарияҳои эътирофшудаи методистони  халқиятҳои дигар, махсусан, бо дастовардҳои методистони машҳури забони русӣ шиносоӣ дошта бошад.Бояд тазаккур дод, ки доир ба методу усулҳои таълими забони тоҷикӣ то ба давраи ташкили мактабҳои замони собиқ Давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон, маълумотҳо басо маҳдуд мебошад. Вале он маълумотҳои мавҷуда ҳам бештар ба таълими савод – хат ва хондан- дар мактабҳои пешазинқилобӣ, ки дар маъхазҳо бо номҳои мактабҳои  кӯҳнаи мусулмонӣ, мактабҳои русӣ-маҳаллӣ ва мактабҳои усули нав  ёдовар мешаванд, тааллуқ доранд, на ба таълими  забони тоҷикӣ ва грамматикаи он. Ин ҳолати таълим, аниқаш, дар Осиёи Миёна (дар шаҳрҳои бонуфузи он Самарқанду Бухоро, Тошканду Хуҷанд ва деҳоти атрофи он шаҳрҳо) аз давраи истилои арабҳо оғоз ёфта, то ташкили мактабҳои усули нав, асосан, то ғалабаи инқилоби Октябр дар ин сарзамин идома ёфтааст. Вале маҳз доир ба  методу усулҳои таълими забони тоҷикӣ, ки то давраи ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна чӣ гуна буд, дар маъхазҳо ягон  маълумоти дақиқ дода нашудааст. Фақат ҳамин нукта маълум аст, ки ниёгони мо – суғдиҳо то омадани арабҳо мактабҳои худро доро буда, дар он писарон аз синни 5-солагӣ ба таҳсил фаро гирифта мешуданд ва мактабҳо, аслан, дар шаҳрҳо арзи вуҷуд дошта, таълимашон бо забони суғдӣ бурда  мешудааст. Аммо, мувофиқи хулосаи методист Қ. Рустамов, «дар системаи таълими мактаб ва мадрасаҳои кӯҳна грамматикаи забони тоҷикӣ» бо вуҷуди ҳамчун фанни махсус омӯхта нашуданаш, мавқеи бағоят калон доштааст. Дар ин бобат хулосаи дақиқи ӯ ин аст, ки «дар мактаб ва мадрасаҳои мусулмонӣ бе мадади забони модарӣ омӯхтани худи забони арабӣ берун аз имкон буд.  Аз ин ваҷҳ, барои хуб аз худ кунонидани забони арабӣ хилофати арабро лозим буд, ки аз забони модарии халқҳои сарзамини Осиёи Миёна истифода барад. Бо ҳамин мақсад арабҳо  баҳри пурра ҷорӣ намудани забони арабӣ дар аксари мактабҳо шахсони таҳҷоии арабидонро муаллим таъин мекарданд, ки онҳо бояд забони арабиро дар алоқамандӣ бо забони тоҷикӣ  таълим медоданд.   Вале таъкид бояд намуд, ки хусусан, дар мадрасаҳо ҷараёни маънидоди меъёрҳои грамматикаи забони арабӣ бо забони тоҷикӣ тадриҷан барои инкишоф ва дақиқтар гардидани меъёрҳои грамматикии забони тоҷикӣ (бештар меъёрҳои морфологӣ) низ нақши калон бозидааст.  Ғайр аз ин, маҳз дар мадрасаҳо бештари фанҳои диниву таълимӣ аз қабили адабиёт, ҷуғрофия, тиб ва ғайра бо забони тоҷикӣ таълим дода мешуданд, ки ин далели бебаҳc аст.   Аммо дар ҷараёни таълим нақши асосиро бештар доро будани забони тоҷикӣ аз давраи ташкили мактабҳои усусли нав дар Осиёи Миёна (дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ)  оғоз ёфтааст. Зеро «… моҳияти прогрессивӣ дар системаи мактабҳои усули нав он буд, ки  бо забони модарӣ гузаронидани таълими савод, омӯхтани нормаҳои грамматикии забони модариро дар мадди аввал мегузошт.»  Бояд гуфт, ки методу усулҳое, ки дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ ва грамматикаи он истифода мешаванд, низ таърихи худро дороанд. Масалан, методи сӯҳбат, нақл (ҳикоя), мубоҳиса, шарҳдиҳӣ-эзоҳӣ дар мактабҳои кӯҳна ва мадрасаҳо истифода карда мешуданд.  Таърихи  пасазинқилобии таълими забони тоҷикӣ, ки ба давраи Шӯравӣ рост меояд, «бо фанни педагогика, ки маҷмӯи методу усулҳои таълимиро дар худ акс мекунад» , ба инкишофу пешрафти он, бахусус, дар алоқамандӣ бо фаро гирифтани мероси методӣ, аз ҷумла идеяҳои пешқадами методистони забони русӣ, оид ба таълими забони модарӣ ғанитар гардонидааст. Ба ифодаи дигар, методикаи таълими забони тоҷикӣ  пас аз инқилоб чи дар давраи шӯравӣ ва чи имрӯз, яъне дар давраи соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, ба ду манбаъ – методологияи гузашта ва методологияи педагогика такя мекунад. Чунон ки далелҳои таърихӣ собит менамоянд, дар мактабҳои давраи шӯравии Тоҷикистон, илова ба он методҳое, ки то давраи инқилоб дар мактабу мадрасаҳои кӯҳна мавриди истифода буданд, истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, ки дар заминаи истифодаи методу воситаҳои гуногуни маҳсулнок эҳё шудааст, зам мегардад. Баъдтар дар натиҷаи, ҳамчун фанни мустақил, омӯхта шудани забони тоҷикӣ ва грамматикаи он, методҳои нав бо унвони  методҳои тадқиқотӣ ва  мушоҳида ҷорӣ ва паҳн мегарданд, аз ин методҳо зиёда ҳангоми таҳлили ҳодисаҳои забонӣ имрӯз ҳам истифода мебаранд .Хусусан, аз 25 августи соли 1932 баррасӣ шудани қарори КМ ВКП (б) бо унвони «Дар бораи барномаҳои таълим ва режим дар мактабҳои миёна ва ибтидоӣ» барои мустаҳкам шудани мавқеи таълими забони модарӣ ва грамматикаи  он дар мактаб кӯмаки беандозае буд. Қарори мазкур на танҳо вазифа ва мақсади асосии таълими забони модарӣ  ва методҳои асосии таълими онро муайян намудааст, балки дар мӯҳлати кӯтоҳ масъалаи бо барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони модарӣ таъмин намудани мактабҳоро низ ба миён гузошта буд. Бояд гуфт, ки бо ҳал шудани масъалаҳои мазкур дар Тоҷикистон дар байни муаллимон ва методистони забон ва адабиёти тоҷик эҷодкориҳо равнақ ёфта, дар дарсҳо ҳангоми таълими грамматика ва имлои забони тоҷикӣ аз методу усулҳои нави таълим, аз қабили кор бо китоби дарсӣ, аёният (дар ибтидо аз таблитсаҳо ва баъдтар аз воситаҳои техникии таълим), схема, расмҳо, санҷиши (тафтиши) дафтари хонандагон, системаи машқхои гуногун (таҳлили гармматикӣ ва лексикӣ, имлоӣ ва пунктуатсионӣ), корҳои мустақилонаи талабагон (рӯбардоркунӣ, диктантҳои огоҳӣ ва шунавонӣ, тартиб додани дафтари луғат)-ро истифода менамуданд , ки ин гуна шаклҳои кор баҳри пурмазмуну пурмӯҳтаво ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ ҳатман мусоидат менамуданд. Ҳамчунин, дар аввалҳои солҳои 40-уми асри ХХ қарори СКХ ИҶШС дар бораи гузаштан ба системаи панҷбалии баҳодиҳӣ  ба дониши хонандагон зуҳуроти нав дар соҳаи инкишофи маорифи халқ ба шумор рафта, барои беҳбудии сифати корҳои таълимӣ дар мактаб нақши басо калону мусбиро бозидааст, ки ин чорабинӣ низ баҳри баланд бардоштани сифати таълими забони тоҷикӣ ҳатто дар шароити имрӯзаи таълим яке аз чораҳои корсоз ба шумор меравад.Сарфи назар аз он, ки  нисбат ба ҳамин гуфтаҳои фавқ бояд муаллими забони тоҷикӣ тасаввуроти дақиқ дошта бошад, ӯро лозим аст, ки дар худ донишу маҳорат ва малакаҳои назариявию методии таълими забони модариро сайқал ва инкишоф диҳад. Чунон ки гуфтем, дар ин бобат барои ӯ, пеш аз ҳама, донистани идеяҳои пешқадами методистони забони русӣ оид ба таълими забони модарӣ аҳамиятноканд. Хусусан, донистани масъалаҳои зерин, ки баҳри боз ҳам хубтару самаранок ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар мактаб зарурат доранд:1) мақсад ва вазифаи таълими забони модарӣ ва грамматикаи он; 2) роҳҳои умумии таълими грамматика; 3) вобастагии назария бо амалия дар ҷараёни  таълими забони модарӣ; 4) пайдарҳамӣ ва муттасилӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ; ва ниҳоят масъалаи 5) дастрас ва фахмо будани маводи грамматика ба хонандагон.Бояд гуфт, ки доир ба ҳамаи  ин нуктаҳо  методистони пешқадами забони русӣ беҳтару бештар ибрози ақида намудаанд. Муаллим бояд он ақидаву нишондодҳоро  зимни мулоҳизаҳои дуруст дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ истифода ё худ татбиқ намояд, то ки таълими ин фан аз тариқи бояду шояд хуб ба роҳ монда шавад.Инак, доир ба он панҷ масъалаи, ба ақидаи мо, дар мадди аввали таълими забони модарӣ буда методистони рус назария ва андешаҳои зеринро пеш рондаанд:Доир ба масъалаи аввал – мақсад ва вазифаҳои таълими забони модарӣ ва грамматикаи он – методистони рус Ф.И. Буслаев, Ф.Ф. Фортунатов ва боз дигарон қайд намудаанд, ки  таълими грамматикаи забони модарӣ барои инкишофи тафаккур, қобилияти фикр баён кардани кӯдакон аҳамияти калон дорад.  Аз ҷумла, асосгузори илми методикаи забони русӣ Ф.И. Буслаев оид ба масъалаи аввал гуфтааст, ки «…таълими забони модарӣ ва грамматикаи он воситаи пурзӯрест барои зоҳир намудани тамоми қувваи маънавии талаба» . Ин нуктаро методисти дигар – В.А. Кендзерский дастгирӣ намуда, афзудааст, ки «мақсади таълими забони модарӣ…, дар навбати аввал, иборат аз он аст, ки қобилияти фикрии кӯдаконро зоҳир (бедор) намуда, тараққӣ диҳад, мустаҳкам намояд ва дар айни ҳол хониши бурро ва ҳусни хати онҳо дар мадди назар бошад. Мақсади таълими грамматика, албатта,  фақат иборат аз  дуруст хондан ва навиштанро омӯзонидан нест. Балки иборат аз он ҳам аст, ки талабагон бояд қонунҳои забони модарии худро фаҳманд. Бинобар ин, кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки  онҳо бо ҳодисаҳои он забоне, ки  бо вай фикр мекунанд, шуурона муносибат кунанд.  Доир ба масъалаи дуюм – роҳҳои умумии таълими грамматика-ақидаҳои Ф.И. Буслаев зиёда қобили қабуланд. Ӯ роҳҳои умумии таълими забонро дар маҷмӯъ ба  се давра ҷудо намудааст. Чунончи,  аз рӯи нишондодҳои ӯ бояд давраи аввали омӯхтани забони модарӣ ба тариқи амалӣ сурат бигирад. Яъне дар ин давраи  таълим талабагон бояд ҳодисаҳои забон ва шаклҳои грамматикиро бе қоидаву таърифоти грамматикӣ омӯзанд. Ба ифодаи дигар, давраи якум ба оғози таълим дар  синфи якум  марбут буда, дар 8-10 рӯзи аввал омӯхтани ҳодисаҳои забон тариқи шифоҳӣ аз тарафи хонандагон, вале таҳти сарварии муаллим сурат мегирад. Дар ин давра хонандагон предметҳои муҳити зисти худро чи дар синф ва чи дар атрофи мактаб аввал алоҳида ва баъд дар қолаби ибора (дарахт — дарахти баланд, дарахти мевадор, дарахти сербарг; санг — санги кабуд, санги вазнин, санги суфта; осмон -осмони васеъ, осмони абрнок) ва ё аввал дар шакли танҳо баъд дар шакли ҷамъ (дарахт — дарахтон, талаба — талабагон, гул — гулзор) номбар намуда, баъдан аз он калимаву ибораҳо ба сохтани ҷумлаҳо (Дар рӯи ҳавлии мактаб даҳто дарахт ҳаст. Зардолу дарахти сербарг аст. Талабагон дар рӯи ҳавлии мактаб сайругашт мекунанд) мепардозанд ва ғ. Чунон ки мебинем, иҷрои чунин амалҳо дар давраи омӯзиши аввали забон, агар аз як тараф таркиби луғавии нутқи хонандагонро бой намоянд, аз тарафи дигар, баҳри инкишофи нутқи (даҳонӣ) мураттаби онҳо мусоидат ҳам хоҳанд намуд.Ф.И. Буслаев марбут ба давраи дуюми омӯхтани забон таъкид намудааст, ки дар рафти машғулиятҳо таҳлил ҳам зам карда шавад, то ки дар ин марҳила хонандагон доир ба шаклҳои грамматикӣ (калима, суффикс, префикс, ибора, ҷумла) ҳам тасаввурот пайдо намоянд.  Чунончи, донанд, ки ҳар як номи предмет, аломат ва амали он (кӯҳ, дарахт, зебо, баланд, омад, гирифт) дар забон калима номида шуда, ҳар ҳиссае, ки пеш ва ё баъд аз калима (реша) ҳамроҳ шуда (китоб — китобҳо, китобча, бекитоб; хона — ҳамхона, хонагӣ, хонаҳо) шакл ва маънои онро тағйир медиҳад, суффикс ё префикс номида мешаванд. Ду ва ё якчанд калима бо ҳам алоқаманд шуда, фикри тамомшударо (Баҳор омад. Баҳор барвақт омад. Баҳор фасли зебо аст; Модарам омад. Модари ман муаллима аст. Ман модарамро дӯст медорам ва ғ) ифода кунанд, ҷумла номида мешаванд ва ғ. Яъне Ф.И. Буслаев  дар таълими забони модарӣ аввал машқ ва баъд дониш гирифтанро ё худ аввал амалия, баъд назария андӯхтанро тавсия кардааст.Дар давраи сеюми омӯхтани забон илова ба машқу таҳлилҳои гузаронида мешудагӣ Ф.И.Буслаев зам намудани синтез – яъне аз натиҷаи он машқу таҳлилҳои баррасишуда хулосаи умумӣ – синтез (таркиб) бароварданро ба миён гузоштааст, ки он хулосаҳо бояд аз маҷмӯи таърифу қоидаҳои граматикӣ иборат бошанд. Албатта, чунин нишондоди Ф.И.Буслаев ҳамеша қобили дастгирист, фақат ба андаке дигаргунӣ: амали омӯхтани забони модарӣ ҳам набояд аз назарияи он ҷудо бошад.Таъкид бояд намуд, ки  Ф.И.Буслаев дар алоқамандӣ бо ин ҳар се тавсияи методии худ, ки доир ба роҳҳои умумии таълими забони модарӣ ва грамматикаи он баррасӣ гардидаанд, усулҳои асосии ташкили машғулиятҳои грамматикиро ҳам пешниҳод намудааст. Он усулҳо дар адабиёти  методӣ бо истилоҳоти индуксия  ва дедуксия номбар шуда, ҳамзамон, ихтирояшон боз ҳам ба фаъолияти худи Ф.И. Буслаев иртибот мегирад.  Дар ин бора, яъне доир ба моҳияти ин усулҳои таълим, чиро бояд донист? Бояд донист, ки ду роҳи ташаккули фикрӣ ва донишҳосилкунии одам эътироф шудааст – яке бо усули индуктивӣ, дигаре бо усули дедуктивӣ. Аз ҷумла, дар таълими забон тариқи фаҳмонидан аз шарҳи ҳодисаҳои ҷудогона оғоз ёфта, бо хулосаҳои умумӣ ҷамъбаст ёбад, усули индуктивии таълим ном дорад. Ва баръакс, ҳангоми баёни масъалаҳо зимни такя намудан ба  хулосаҳои умумӣ ба шарҳи ҳодисаҳои ҷудогонаи забон гузашта шавад, чунин усули кор усули дедуктивии таълим ном дорад. Аз ин ду роҳи асосии ташаккулдиҳии қобилияти фикрӣ, хусусан, дар таълими грамматика ба тариқи васеъ  ва мунтазам истифода карда мешавад. Умуман, дар мактаб дар таълими фанҳои дигар ҳам омӯзгорон аз ин ду усули таълим, ки ба ташаккули фаъолияти фикрию илмии хонандагон зиёда мусоидат мекунад, истифода мебаранд.Дар асл, таваҷҷӯҳи худи Ф.И.Буслаев бештар ба усули индуктивӣ мебошад. Хусусан, яке аз шаклҳои кор бо ин усул ин аст, ки зимни он омӯзонидани грамматикаро на аз калимаҳои ҷудогона, балки аз таҳлили ҷумла сар мекунанд. Чунки, мегуфтанд тарафдорони ин ақида, хусусиятҳои қисм (калима, таркиб, ибора) дар таркиби бутун (ҷумла) беҳтар назаррас мегардад. Масалан, яке аз пайравони  ин ақида К.Говоров доир ба ҳамин масъала чунин таъкид намудааст: «… аз ҳама беҳтараш кори омӯзишро аз фикри бутун (ҷумла.-С.Ш) оғоз намуда, сипас ба шарҳи қисмҳои он (шарҳи калима, ҳиссаҳои нутқ, таркиб, ибора, аъзоҳои ҷумла.-С.Ш.) пардохтан лозим. Чунки қисм ҳама вақт дар таркиби бутун, нисбат ба он ки ҷудо аз он таҳлил карда шавад, беҳтар маълуму фаҳмотар менамояд» Усули индуктивии таълимро бисёр методистони машҳури дигари рус, аз қабили А.А. Потебня, А.М. Пешковский, П.О.Афанасев ва ғ. низ  аз ҷумлаи яке аз усулҳои  асосии таълими грамматика ҳисобидаанд. Зеро бо истифода аз ин усул ба талабагон таърифу қоидаҳои грамматикӣ якбора дар шакли тайёр гуфта намешавад. Балки хонандагон таҳти роҳбарии омӯзгор ҳодисаҳои забонро мушоҳида намуда, то андозае ба моҳияти он мустақилона сарфаҳм мерафтагӣ мешаванд. Тибқи чунин усули таълим барои ҳар як мавзӯи  грамматикӣ  маводи мувофиқ интихоб ва таҳлил карда шуда, баъд хулоса, яъне  таърифи грамматикӣ бароварда мешавад.  Аз ҷумла, аз методистон В.Я. Смирнов дар баробари усули индуктивии  таълимро дастгирӣ намуданаш, то ки ҷанбаи таърифи грамматикии дар асоси хулосаҳо баровардашуда дақиқтар  дастраси хонандагон шуда тавонад, иҷрои се марҳилаи амалиётро, аз қабили 1) таҳлили мисолҳои мувофиқ бо роҳи сӯҳбат, 2) дар асоси чунин таҳлил хулосаҳои гуногун, яъне таъриф баровардан ва 3) иҷрои машқҳои гуногун (чи дар синф ва чи дар хона.-С.Ш.)-ро нишон додааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки методистон, гарчи ба усули индуктивӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта бошанд ҳам, усули дигари таълим – дедуксияро тамоман инкор накардаанд, зеро дар паси ҳар мавриди таълим бо усули индуксия ҳатман дедуксия ниҳон аст. Яъне пас аз мушоҳида ва таҳлили мисолҳои мувофиқ, ки  онро ба усули индуктивӣ мансуб донистем, ҳама вақт хулосаҳо – назарияҳо ё худ таърифу қоидаҳои мувофиқ бароварда мешаванд, ки ана ҳамин лаҳзаи кор  бо усули индуктиви сурат мегирад. Ва агар ин масъаларо боз ҳам дақиқтар  шарҳ диҳем, чунин аст: Ҳангоми баёни мавзӯи нав, ё худ дар лаҳзаи мустаҳкамкунии он аввал мисолҳо таҳлил – шарҳу эзоҳ дода шаваду пас аз он хулосаҳои даркорӣ, яъне таърифу қоидаҳо бароварда шавад, чунин усули корбариро индуктивӣ ва баръакс дар оғоз таърифу қоидаҳо гуфта шуда, вобаста ба он таърифу қоидаҳо мисоли мувофиқ таҳлил карда шавад, дар маҷмӯъ ин тарзи кор усули дедуктивӣ ном дорад. Ҳаминро ҳам бояд донист, ки дар ҳар ду маврид ҳам алоқамандии ба ҳам доштаи индуксия ва дедуксия эҳсос карда мешавад. Масалан, ин тавр: фаҳмондадиҳиро аз таҳлил – шарҳу эзоҳи мисолҳо оғоз намуда, бо баровардани хулосаҳо – таърифу қоидаҳо ҷамъбаст намудан усули индуктивӣ ё худ индуктивӣ-дедуктивӣ ном дошта, агар он – фаҳмондадиҳӣ аз баёни назария – таърифу қоидаҳо шурӯъ гардида, бо таҳлил – шарҳу эзоҳи мисолҳо анҷом ёбад, усули дедуктивӣ  ё худ дедуктивӣ-индуктивии таҳлил номида мешавад. Яъне ин ду усул бо ҳам тавъам алоқаи зич дошта, ҳангоми истифодаашон дар таълим якеро бе дигаре наметавон тасаввур намуд.Хуллас, аз ин ду усули таълим – индуктивӣ ва дедуктивӣ истифода бурданро, умуман, методикаи ҳозираи таълими  забони модарӣ, аз ҷумла, методикаи таълими забони тоҷикӣ ҳам тавсия мекунад. Ҳоло аз ин ду усули таълим  индуксия бештар дар синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои V-VI-VII, вале дедуксия бештар дар синфҳои болоӣ истифода карда мешавад. Аммо дар синфҳои  V-VI-VII  низ мавриди истифода аз усули дедуктивӣ ва дар синфҳои болоӣ истифода аз усули индуктивии таълим низ  ба мушоҳида мерасад. Аниқаш, истифодаи ҳар кадоме аз ин ду усули таълим ба донишу фаҳмиши хонандагони синф ва ба хусусияти мавзӯъ (осон ва душвор, шинос ё нав будани он) ниҳоят, ба дониш ва маҳорати педагогиву методии омӯзгор вобастагии қавӣ дорад.Доир ба масъалаи сеюм-вобастагӣ ё худ алоқаи назария бо амалия дар ҷараёни таълими забони модарӣ  нуқтаи назари методистон чунин аст. Чунонки, Ф.И.Буслаев дар давраи аввали омӯхтани забони модарӣ амалияро пеш аз назария гузоштааст. Аммо доир ба ин масъала нуқтаи назари методист Я. Грот  дигар аст. Ӯ таъкид намудааст, ки «Маънидоди грамматикӣ… ҳанӯз дар аввалҳо ҳам ҳамсафари  ҷудонашавандаи таълими амалии забон мебошад»  Инчунин,  ба ақидаи ӯ, ба ҳар як машқ бояд назария роҳбарӣ кунад, зеро бе назария он машқҳо маъное надоранд.  Ин нукта ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро чунон ки методисти дигар В.А. Кендзерский ҳаққонӣ баҳо додааст, «… маҷмӯи таърифҳои грамматикӣ ақли кӯдаконро ба тартиб медарорад», «вале аз он дониста истифода бурдан лозим». Ҳамин тавр, хулосаҳои умумӣ аз гуфтаҳои  охир он аст, ки чи дар давраи гузашта ва чи ҳозира мувофиқи нишондоди методикаи таълими забони модарӣ назария ва амалия ба ҳам алоқаи зич дошта, бе назария амалия ва баръакс, бе амалия назария вуҷуд дошта наметавонад.Масъалаи чорум — пайдарҳамӣ ва муттасилӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ  – чунин аст, ки бояд дар омӯхтани назария система ё худ пайдарҳамиву муттасилият эҳсос карда шавад. Ин чунин маъно дорад, ки омӯхтани ҳар як масъала (ҳодисаи забон) бояд дар заминаи масъалаи пешина қарор дошта бошад ва масъалаи имрӯз омӯхташуда барои омӯхтани ҳодисаи навбатии грамматикии забони модарӣ бояд асос гардад. Яъне ҳодисаҳои омӯхташуда ва омӯхташавандаи забон бояд яке дигареро пурра намоянд. Чунки танҳо риояи системанокӣ дар таълим боиси мустаҳкамии хотира ва дониши андӯхтаи хонандагон шуда метавонад.Доир ба масъалаи панҷум-фаҳмо будани мавод ба талабагон ҳам ақидаи методистон гуногун аст. Масалан, Я. Грот дар чунин ақида аст, ки гарчи грамматика аз маҷмӯи таърифу қоидаҳои абстракт (мафҳум ё ғайримоддӣ) иборат бошанд ҳам, хонандагон дар фаҳмонидани он таърифу қоидаҳои мафҳум душвориеро ҳис намекунанд, яъне ҳамаи он таърифу қоидаҳои грамматикӣ барои онҳо дастрас аст.  Вале ба ақидаи В.А.Кендзерский, баръакс, гӯё кӯдакон то синни 15-солагӣ чизҳои ба мафҳумот (ғайримоддӣ) марбут бударо азхуд карда наметавониста бошанд, чунончи, грамматикаро, ки хеле абстракт аст.  Вале тадқиқотҳои психологҳо дар ин бобат нуктаи назари Я. Гротро дастгирӣ намудааст. Методикаи таълими забони модарӣ ҷонибдори ақидаи Я. Грот ва тадқиқотҳои олимони психолог аст, ба шарте ки ба ҳар як дарси забони модарӣ ва грамматикаи он омӯзгор мувофиқи талабот тайёрии ҳаматарафа бинад. Ба шарте ки бо мазмуну мундариҷаи барномаи таълим ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ комилан шиносоии қатъӣ дошта бошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *