Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Предмет, вазифа ва мақсади методикаи таълими забони тоҷикӣ

Фанни методикаи забони тоҷикӣ чун методикаи таълими фанҳои дигар ба зумраи фанҳои педагогӣ[1] мансуб буда, барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таълими самараноки забони тоҷикӣ ва  дониши амиқ додан ба хонандагон аз ин фан яке аз воситаҳои пурзӯр ба шумор меравад. Чунки он–методикаи таълими забони тоҷикӣ — ба муаллим, пеш аз ҳама, ба омӯзгори ҷавон, усулҳои дурусти ба хонандагон омӯхтани забони тоҷикиро ёд медиҳад, ӯро бо назарияи дар амал санҷидашудаи таълими забони модарӣ шинос мекунад, аз роҳҳои хатои кор бозмедорад, ба сӯи фаъолияти эҷодкорӣ ҳидоят менамояд.

Методика  ба муаллим оид ба таълими грамматика, фонетика, луғат, имло, аломатҳои китобат, оҳанги талаффуз, услуби сухан ва роҳҳои инкишоф додани нутқи талабагон (нутқи мураттаби онҳо) дастурҳои мувофиқ медиҳад. Ин курс ба муаллим  доир ба усулҳо (методҳо)-и баёни мавзӯъ, тартиб додани воситаҳои аёнӣ, интихоби мисолҳо (тартиб додани онҳо), истифодаи китобҳои дарсӣ, сохтани план (нақша)-конспекти дарс, нақшаи мавзӯӣ – тақвимӣ ва ғайра маълумоти назариявию амалӣ медиҳад. Ниҳоят, ба ӯ аз курси методикаи таълими забони тоҷикӣ тарзи ташкили дарс, хелҳо, типҳо ва сохту лаҳзаҳои мушаххаси дарсҳои забони тоҷикӣ, муайян кардани мақсади ҳар як типи дарс, системаи такрор дар дарсҳои забони тоҷикӣ, тарзи ташкил кардани корҳои беруназсинфӣ доир ба таълими забони тоҷикӣ, корҳои хаттӣ, санҷишӣ ва усули ташкилу гузаронидани онҳо ва боз бисёр масъалаҳои марбути таълиму омӯзиши забони тоҷикӣ маълум хоҳад гашт.

Барои ҳамин ҳам, чи қадаре ки муаллим дар усулҳои таълими забони тоҷикӣ моҳир бошад, ба ин кори наҷиб шавқу ҳавас дошта бошад, ҳамон қадар хонандагон ҳам дар омӯхтани забони тоҷикӣ рағбат пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, муаллим бояд роҳу усулҳои таълими забони тоҷикиро чи аз ҷиҳати назариявӣ ва чи амалӣ ба хубӣ донад. Зеро, чунон ки таъкид шудааст, «Мақсади ниҳоии таълими… (забони модарӣ-С.Ш.) дар мактаб — ин омӯзонидани мактаббачагон дар рӯҳияи дурусту озодона истифода кардани боигариҳои … забони адабӣ чи дар нутқи шифоҳӣ  ва чи дар шакли нутқи хаттии он мебошад»[2]  Аз ин ҷиҳат барои ноил шудан ба ин мақсади воло барои омӯзгори забони тоҷикӣ дар баробари дониши амиқи забоншиносӣ доштан, ба хубӣ донистани методу воситаҳои таълими забони тоҷикӣ аз ҳар ҷиҳат ёрии амиқ хоҳад расонд.

Марбут ба нуқтаи фавқ «Махсусан бояд қайд намуд, ки методикаи (забони модарӣ.-С.Ш.) на танҳо (шарҳи.- С.Ш.) методу приёмҳои таълимро фаро мегирад, балки мавқею маврид, моҳият ва натиҷаи истифодаи амалии ҳар кадоми онҳоро вобаста ба хусусияташон… ва марбут ба маводи гуногуни таълимӣ нишон медиҳад»[3]  ё худ таъкид менамояд. Илова бар ин, методикаи забони модарӣ «… бояд ба масъалаҳои мазмуни мушғулиятҳо (дарсҳо. – С.Ш.) сарукор дошта, барои мураттибони барнома (ва ҳам китобҳои дарсӣ.- С.Ш.) бояд ҳамчун заминаи боэътимоде хизмат намояд»[4].

Пӯшида нест, ки яке аз вазифаҳои мактаб тайёр кардани одамони маданӣ, комилан саводнок ва донандагони хуби забони адабӣ мебошад.  Иҷрои ин вазифа мақсади олии коллектив-омӯзгорони ҳамаи фанҳо ба шумор меравад. Бояд тамоми омӯзгорон худ забони адабии тоҷик, меъёрҳои гуфтор, қоидаҳои орфоэпия, орфография ва пунктуатсияи забони тоҷикиро ба дараҷаи ҷавобгӯи талаботи муқарраршуда донанду баҳри дар амал ҷорӣ намудани ин ҳама талаботҳои корсозро дар назди шогирдон – хонандагони мактаб низ гузоранд. Онҳо на танҳо дар синф –ҳангоми дарсдиҳӣ, балки дар ҳама ҷо – дар долону саҳни ҳавлии мактаб, дар муаллимхонаҳо, дар раставу бозорҳо, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто дар хона бо аҳли байташон ба забони адабии умумихалқӣ гуфтугӯ намоянду сӯҳбат ороянд, ки маҳз чунин амалро пеша кардани ҳамаи омӯзгорони кулли мактабҳои ҷумҳурӣ метавонад баҳри пиёда кардани он мақсади наҷиб – омода сохтани одамони маданӣ, комилан босавод ва донандагони хуби забони адабӣ  заминаи эътимодноке гардад. Вале дар ҳалли ин вазифа ҳамеша мавқеи  пешоҳангӣ зиёда ба дӯши муаллими забони тоҷикӣ ва таълими сифатан баланди фанни забони тоҷикӣ меафтад.

Чунки ба тавассути дарсҳои забони тоҷикӣ  хонандагон на танҳо ҳамчун одамони маданӣ  ва босаводу донандагони забони адабӣ, балки дар рӯҳияи дигар ғояҳои баланд ҳам тарбия карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам, ба он сифату хислатҳо, сараввал, худи омӯзгорони забони тоҷикӣ сазовор бошанд, то ки таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои V-IХ ва Х-ХI   ба дараҷаи баланд ташкил карда шавад. Ва албатта, ба ин мақсад омӯзгор дар баробари дорои малакаи хуби забондониву дониши амиқи забоншиносӣ буданаш бе донистани методикаи асосноки таълими забони тоҷикӣ муваффақ шуда наметавонад.

Дар ин бобат омӯзгор, пеш аз ҳама, чӣ будани предмет ё худ объекти омӯзиши методикаи забони тоҷикиро бояд амиқ тасаввур, дарк ва эҳсос намояд. Пас, предмети методикаи забони тоҷикӣ чист? Он, предмети методикаи забони тоҷикӣ, чун предмети методикаи таълими ҳамаи забонҳои дигар, аз ҷумла чун предмети методикаи забони русӣ як чиз аст: омӯзиши ҷараёни таълими забони модарӣ, ки ҷабҳаҳои зеринро фаро мегирад: «а) мазмуну мундариҷаи таълим, маводи забонро, ки бояд аз худ карда шавад; б) фаъолияти омӯзгорро дар бобати интихоб ва баррасии мавод ба хонандагон ва аз тарафи ӯ  ташкил намудани фаъолияти меҳнатию таълимии хонандагон дар бобати намоиш додани донишу маҳорат ва инкишофу пешрафти онҳо; в) фаъолияти хонандагонро марбут ба азхудкунии дониш, меҳнати эҷодии онҳо бо истифода аз маҳсули дониш ва маҳорату малакаашон;»[5]

Дар баробари дуруст фаҳмидану дарк намудани предмети методикаи таълими забони тоҷикӣ, ҳамчунин зарур, аст, ки вазифаи курси мазкурро ҳам муаллим ва албатта, донишҷӯён – омӯзгорони ҷавони оянда – равшану возеҳ дарк кунанд, ки онро мутахассисони варзидаи методикаи забони русӣ ин тавр ба қалам додаанд: «Вазифаи курс-(курси методикаи забони модарӣ.-С.Ш.) ба донишҷӯён додани маълумотҳои минималӣ (асосӣ.-С.Ш.)-и назариявию амалист, то ки ҳамчун асоси маҳорату малака дар таълим додани забони… (модарӣ.-С.Ш.) ба онҳо кӯмак расонад; тайёр намудани донишҷӯён дар бобати дарки вазифаҳои маърифатӣ, тарбиявӣ ва инкишофёбандагии предмети мазкур; баланд бардоштани фаъолияти эҷодкорӣ ва (зарурати.-С.Ш.) омӯзиши таҷрибаи пешқадами мактабҳо (аз тарафи онҳо.-С.Ш.)»[6].

Омӯзгори ҷавонро зарур аст, ки баробари амиқ донистани предмет ва вазифаи курси методикаи забони тоҷикӣ моҳият ва вазифаи амалии омӯхтани забони тоҷикиро дар мактаб равшан дарк кунанд ва аз пайи тарғиби он низ бошад: Омӯхтани забони тоҷикӣ, алалхусус, грамматикаи он, барои инкишофи тафаккури талабагон нақши муҳиме мебозад, зеро ки онҳо фикр карда, ҳодисаҳои гуногуни забонро бо ҳам муқоиса мекунанд, аломатҳои барҷастаи ҳодисаҳои грамматикиро ҷудо мекунанд, маводро ҷамъбаст менамоянд ва ба тартиб медароранд. Дар ин бобат ҳаминро ҳам бояд ба назар гирифт, ки омӯхтани забони тоҷикӣ барои аз худ кардани забонҳои дигар, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ асос ҳисоб меёбад, ки тасдиқи ин нукта аз гуфтори зерини методист Палей Р.И. низ бармеояд: «Омӯхтани грамматикаи забони модарӣ дар мактаб боз як аҳамияти амалиро дорост: азхудкунии забони хориҷиро сабук мекунад (метезонад.-С.Ш.). Донистани грамматикаи забони модарӣ барои аз худ намудани грамматикаи забонҳои ғайр кӯмак мерасонад»[7].  Зиёда аз ин, хуб донистани забони модарӣ барои аз бар намудани ҳамаи фанҳои дигари таълим дар мактаб замина ё худ воситаи пурзӯру тавоно маҳсуб меёбад. Чунин  нуктаро  методисти шинохтаи рус А.М.Пешковский ҳанӯз барвақт дарк намуда, грамматикаро  «зинаи ҳама гуна донишҳо» номидааст, ки «аз он нагузаштан номумкин аст»[8].

Маълум, ки талабагон забони тоҷикиро ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ  омӯхта, дар бораи қонуну қоидаҳои он маълумоти  ибтидоӣ мегиранд. Дар синфҳои  V-IХ  бошад забони тоҷикӣ ва грамматикаи он мураттаб таълим дода мешавад. Онҳо дар синфи V аз ҷиҳати илмӣ овозҳои  нутқ, роҳҳои пайдоиш ва ташаккули онҳо, қоидаҳои  талаффузи дуруст, таркиби луғати забон ва қоидаҳои калимасозиро аз худ намуда, ба омӯзиши қоидаҳои имло шурӯъ мекунанд. Сипас, аз чоряки II сар карда то охири синфи IХ  дониши талабагон доир ба морфология, синтаксис ва ҷиҳатҳои  амалии он – имло ва аломатҳои  китобат такмил дода мешавад. Дар ин муддат дар баробари афзун намудани дониши назариявӣ, ғанӣ гардонидани таркиби луғавии забон ба инкишофи нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ (таҳрирӣ)-и онҳо низ эътибори калон дода мешавад. Дар синфи Х бошад, дониши аз қисматҳои гуногуни забон (фонетика, луғат калимасозӣ, морфология ва имло, синтаксис ва аломатҳои китобат) гирифтаи хонандагон дар заминаи коркарди машқу супоришҳои гуногун ба тариқи амалӣ мустаҳкам гардида, дар синфи ХI, асосан,  зимни иҷрои корҳои хаттии санҷишии гуногун (нақлҳои хаттӣ, иншоҳои гуногун ва такмили он, навиштани ҳикояҳои нақлмонанду репортажҳои ҳархела ва ғ.) нутқи мураттаби хонандагон боз ҳам такмил дода, тасаввуроти илмии онҳо доир ба моҳият ва баррасии ин гуна корҳои хаттии санҷишӣ то ҳадди ақал афзун гардонида мешавад.

Ҳаминро ҳам дар назар бояд дошт, ки ҳамаи соҳаҳои забон  дар мактаб аз рӯи принсипи пайдарҳамӣ ва алоқамандии байниҳамдигарии бобу мавзӯъҳои таркибиашон  таълим дода мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки як соҳаи забонро таълим  дода истода, соҳаи дигараш (бобу фаслҳои пеш омӯхташуда) фаромӯш нагардад. Масалан, ҳангоми таълими морфология синтаксис ва  дар вақти таълими синтаксис донишҳои мор-фологии шогирдон такрор карда мешавад ва ё дар заминаи такя намудан ба он донишҳо бояд синтаксис омӯзонида шавад. Мисли ҳамин дар рафти таълими  ҳиссаҳои нутқ маводи  луғатомӯзӣ ва дар аснои омӯхтани синтаксис орфография такрору мустаҳкам карда мешавад, ки ба ин нукта дар барномаи охирини забони тоҷикӣ ( с. 2006) диққати ҷиддӣ дода шудааст. Ниҳоят, таъкид бояд кард, ки масъалаҳои  фонетика (овозшиносӣ), калима (луғат) ва калимасозӣ дар якҷоягӣ бо морфология барои аз худ намудани қоидаҳои имло ва синтаксис баҳри  азхудкунии мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат заминаи асосӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин, чи қадаре ки грамматика дуруст таълим дода шавад, ҳамон қадар хонандагони мактаб қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатро на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ, балки амалан ҳам аз худ хоҳанд намуд. Барои он ки ҳамин мақсад ба даст ояд, методикаи таълими забони тоҷикиро ба хубӣ донистани муаллим шарт аст. Яъне муаллими филолог на танҳо фанни забони тоҷикӣ, балки усули таълими онро ҳам бояд хуб донад ва хуб таълим дода ҳам тавонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *