Мавзухои точики

Коидахои харакат дар рох

Ҳар рӯз мо ҳангоми рафтан ба мактаб дар куча аз роҳи мошингард мегузарем ё ба нақлиёти мусофирбар савор мешавем. Аз ин ру, ҳаёти худро эҳтиёт кардан зарур аст. Барои аз роҳ гузаштан ҳама вақт аз гузаргоҳои махсус, ки барои пиёдагардон махсус пешбинӣ шудааст истифода баред. Ҳеҷ гоҳ дар роҳе ки мошинҳо ҳаракат мекунанд гаштугузор накунед.

Роҳи мошингардро аз ҷое, ки чароғаки роҳнамо ё аломати гузаргоҳ мавҷуд аст, гузаред. Рангҳои танзимкунандаи чароғаки роҳнаморо дар хотир гиред: сурх – истед, зард-омода бошед; сабз-гузаред. Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард саросема нашавед, аввал ба тарафи чап ва баъди нисфи роҳ расидан ба рост нигаред. Агар гузаргоҳи зери замини мавҷуд бошад, ҳатман аз он гузаред. Нақлиёти мусофирбарро танҳо дар истгоҳҳо интизор шавед. Дар дохили нақлиёти мусофирбар ба қоидаҳои одобу ахлоқ риоя кунед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *