Мавзухои точикиМавзуҳои тоҷикӣ

Забонҳо ва лаҳҷаҳои Эрони кунуни

То расидан ба ҳолати имрӯзии худ забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш чандин марҳилаву давраҳои рушду инкишофро тай намудааст. Аз рӯи санаду далелҳои забоншиносӣ забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, давраи ориёӣ ё ҳиндуэрониро (дар ин давра як забони поя ба номи ориёӣ вуҷуд доштааст) тай карда, сипас ба гурӯҳҳои эронӣ ва ҳиндӣ ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳи забонӣ дар марҳилаи аввали рушд бо ҳам дар сатҳи лаҳҷа ё гӯиш наздикӣ доштаанд, ки сохтори забонии китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ва «Ведо»-ҳои ҳиндӣ аз ин наздикӣ шаҳодат медиҳад. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 129-130). Таърихи инкишофи забонҳои эронӣ шартан ба се марҳила ҷудо мегардад:

1.Марҳилаи бостон ё қадимӣ. Ин марҳила аз оғози ҳазораи дувуми пеш аз мелод шурӯъ шуда, то садаҳои IV-III то мелод идома доштааст. Мувофиқи санаду далелҳои то ба ҳол ба даст омада забонҳои эронии давраи бостонӣ – забони форсии бостон, забони авестоӣ (аз номи китоби «Авесто»), модӣ (аз номи қабилаҳои мод) ва скифӣ (аз номи қабилаҳои эронии сакоии ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва даштҳои назди Волга) мебошанд.

2.Марҳилаи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ (ин ном шартӣ буда, ба истилоҳи «давраи асри миёна»-и фани таърих иртибот надорад). Ин марҳила аз асрҳои IV-III-и пеш аз мелод то садаҳои VIII-IX баъди мелод идома доштааст. Забонҳои ин марҳилаи рушди забонҳои эронӣ-форсии миёна, портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, аланӣ (сарматӣ), бохтарӣ (кӯшонӣ, тахорӣ ё балхӣ) мебошанд.

3.Марҳилаи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ. Ин марҳила аз асрҳои VIII-IX баъди мелод шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад. Забонҳои нави эронӣ тақрибан 40 забонро ташкил медиҳанд, ки онҳо форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ (се гунаи як забон ҳисоб мешаванд), ҳазора, пушту (афғонӣ), осетинӣ (аланӣ), курдӣ, балучӣ, тотӣ, толишӣ, гелонӣ (гилонӣ), мозандаронӣ (табарӣ), забонҳои помирӣ (бадахшонӣ), шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, орошорӣ, сарикӯлӣ, вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, ормурӣ, парачӣ, яғнобӣ (суғдии нав), забонҳо ва гӯишҳои хурди марказ ва ғарби Эрон (яздӣ, габрӣ, натанзӣ, хурӣ, симнонӣ, ласгардӣ, сурхеӣ, сангисорӣ, шемерзодӣ, токистонӣ…) ва дигар минтақаҳои Эрон мебошанд. Баъзе забоншиносон ин гурӯҳбандиро ба гурӯҳҳои забонҳои матруки эронӣ (забонҳои бостонӣ ва давраи миёна) ва забонҳои зиндаи эронӣ ҷудо мекунанд.

Забони авестоӣ.

Номи ин забон аз номи китоби муқаддаси зардуштиён, «Авесто» ба таври шартӣ [қаблан онро забони зандӣ ҳам (аз номи Тафсири «Авесто» ба забони форсии миёна бо номи «Занд» меномиданд] гирифта шудааст. Дар замони мавҷудияташ шакли хаттӣ надошт ё дошта бошад хам то ин дам ба дасти пажӯҳишгарон нарасидааст. Дар аҳди салтанати Ҳахоманишиён гӯё, ки он ҷамъоварӣ шуда буд, вале аз тарафи ишғолгарони мақдунӣ ба коми оташ кашида шуд ва гӯё як нусхаи он ба Юнон бурда шуд, ки ҳанӯз нопайдост. Аввалин бор аз тарафи Ашкониёни Порт (асри I-и пеш аз мелод) ба шакли хаттӣ баргардонда шуд, вале он хам ба дасти мо нарасидааст. Бори дуюм дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII баъд аз мелод) бо хати диндабира дар шакли овонавишт ҷамъоварӣ гардид. Матни «Авесто», ки имрӯз дар дасти муҳаққиқон қарор дорад, ҳамон матни таҳияшудаи даврони Сосониён аст, баъдан ки дар асрҳои XIII-XIV аз нав китобат шудааст. Ин забон, ки аз қадимтарин забонҳои эронӣ мебошад, аз ду гӯиш – гӯиши қадимӣ (Готҳо) ва гӯиши хурдавесто (яъне Авестои баъдӣ, ки бо дасти мӯбадони модӣ ва форсӣ таҳия шуда буд) иборат аст.

Забони форсии бостон.

Забони форсии бостон ё забони ориёӣ, ки Дориюши Кабир дар сангнабиштаи Беҳистун (наздикии Кирмоншоҳ) забони форсии бостонро ба ҳамин ном номгузорӣ кардааст, ба ақидаи муҳаққиқони забоншинос баъд аз забони авестоӣ дувумин забонест, ки ба забони тоҷикӣ робитаи бевоситаи хешовандӣ дошта, аз лиҳози сохтори овоӣ, дастурӣ ва вожагонӣ падарбузурги забони мо мебошад. Забони форсии бостон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти мехӣ аз давраи ҳукмронии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV-и то мелод) ба мо ошно аст. Махсусан, қисмати бештари ин сангнавиштаҳои мехӣ ба давраи ҳукмронии Дориюши Кабир (солҳои 521-486 то мелод) ва писари ӯ Хашиёршоҳ (Ксеркс дар навишти юнонӣ) (солҳои 486-465 то мелод) рост меояд. Ин навиштаҳо дар девору тиреза ва дарҳои мақбараҳои шоҳони Ҳахоманишӣ дар пойтахтҳои ин шоҳаншоҳӣ Пасаргад ва Суза, мақбараҳои Нақши Рустам (наздикии Шероз) бештар болои сангҳо нигошта шудаанд. Сангнавиштаи аз ҳама бузурги ин забон ба Дориюши Кабир тааллуқ дорад, ки дар кӯҳи Беҳистун (Бесутун) бо амри ин шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ ҳаккокӣ шудааст. Дар ин сангнавиштаҳо яке аз лаҳҷаҳои вилояти Форс инъикос ёфтааст, ки дар илми забоншиносӣ шартан онро «забони форсии бостон» номгузорӣ кардаанд. (Языки Азии и Африки.-М., Наука, 1978. -С.8.)

Забони форсии бостон дар маҷмӯъ 36 аломати ҳарфӣ дорад, ки онҳо дар шакли танҳо ё ҷуфт якҷо бо садонокҳо, мисли b ё ba, č ё čа, d ё da хонда мешаванд. Инчунин ин забон дорои панҷ ҳузвориш (идеограмма — ишораи яклухти калимаи алоҳида дар навишт) барои калимаҳои хшайасия (xšayasiya) – шоҳ, данйауш (dahyāuš) – вилоят, устон, бумиш (būmiš) – замин (бумӣ – и тоҷикӣ ба маънои таҳҷоӣ аз ҳамин вожа аст), Аурамазда (A(h)uramazdā) Аҳуромаздо, худованди зардуштиён ва бага (baga) Худо (ин калима дар номвожаҳои Бағдод, Бағлон, Беҳистон маҳфуз мондааст) мебошад

Забони портӣ.

Забони портӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ (шимоли ғарбӣ) дохил буда, он забони модарии портҳо мебошад. Порт (Parava) яке аз вилоятҳои бостонии ориёӣ мебошад, ки аз давраи шоҳигарии Модҳо ва Ҳахоманишиён маълум ва яке аз сатрапиҳои (вилоятҳои) ин давлатҳо ба ҳисоб мерафт. Дар замони мо ин сарзамин бахше аз вилоятҳои (устонҳои) Хуросону Гургону Мозандарон ва қисмати хурде аз бахши ҷануби ғарбии Туркманистонро ташкил мекунад.

Забони портӣ забони расмӣ ва давлатии шоҳаншоҳии Ашкониёни Порт (250 то мелод – 224 баъди мелод) буда, аз ин забон навиштаҳои бойгонии шоҳони ин сулола аз пойтахти аввали онҳо ш.Нисо — наздикии Ашқободи имрӯза (шакли дурусти ин калима Ашкобод аз номи шоҳи аввали портҳо Ашки аввал гирифта шудааст, ки дар ин ҷо тоҷгузорӣ кардааст) дар садаи аввали ҳазораи якуми мелодӣ ва навиштаҳои шоҳони Сосонӣ ва инчунин катибаҳои монавии портӣ аз Турфони Чин боқӣ мондааст.

Инзабон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Мехрдоди I (солҳои 171-132 то мелод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то мелод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаҳои болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳанд. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981. -С.156.)

Инзабон ба забони форсии миёна хеле наздик аст. Бинобар ин дар таҳқиқот ва пажӯҳишҳои донишмандони Эрон бо номи паҳлавии ашконӣ ё паҳлавии шимолӣ дар баробари паҳлавии сосонӣ ё паҳлавии ҷанубӣ ёд мегардад. Вале дар пажӯҳишҳои ховаршиносони аврупоӣ ҳамчун забони портӣ ба таври алоҳида ва мустақил оварда мешавад.

Алифбои забони портӣ дар асоси хати оромӣ сохта шудааст. Бинобар ин дар ин забон садонокҳои кутоҳ ва ҳатто баъзеи садонокҳои дарозро наменавиштанд.

Хатизабони портӣ, махсусан давраи аввал аз ҳузворишҳо пур буда, хондани матнҳои портиро душвор мегардонад. Хусусиятҳои морфологӣ ва овоии (фонетикии) забони портӣ асосан аз рӯйи навиштаҳои монавӣ, ки бо алифбои фонетикӣ буда, бе идеограммаҳо навишта шудааст, омӯхта мешавад. Ин навиштаҳо ба асри III баъди мелод тааллуқ доранд. Алифбои портии монавӣ дар асоси алифбои палмирии оромӣ сохта шуда, 22 аломат дорад ва садонокҳоро дар он бо аломатҳои алоҳида ишора мекарданд

Забони бохтарӣ.

Бохтар, яке аз марказҳои асосии густариши забонҳои эронӣ, ки дар забонҳои аврупоӣ бо номи Бактрия, Бактриана маълум аст, кишваре аст дар минтақаи болооби дарёи Ому, ки аз як тараф аз шимол бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ва аз тарафи дигар аз ҷануб бо кӯҳҳои Ҳиндукуш маҳдуд гардидааст. Минтақаҳои имрӯзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубӣ ва марказӣ, Узбекистони ҷанубиро (болооби ду тарафи дарёи Ому ва шохобҳои он Вахш, Кофарниҳон ва Сурхондарё) фаро гирифтааст.

Забони бохтарӣ ё кушонӣ ё балхӣ ё тахорӣ забони давраи миёнаи рушди забонҳои эронии сокинони сарзамини Бохтар ё Тахористони асрҳои миёна мебошад, ки бо номи «ориёӣ» аз ибтидои ҳазораи аввали баъди мелод то садаи VI –и мелодӣ дар ибтидо ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъд аз ба тахт нишастани шоҳ Канишка (соли 30-уми баъди мелод) забони расмии давлатдории се шохаи салтанати Кушониён – Кушониёни Кабир, Кидориён ва Ҳайтолиён буд.

Тавре Симс- ВилямсН. зикр мекунад: «Забони бохтариро метавон бо тамоми асосҳо дар садаҳои аввали солшумории мелодӣ яке аз забонҳои муҳими ҷаҳони бостонӣ номид. Ҳамчун забони модарии шоҳони кӯшонӣ ин забон барои тамоми халқҳои сокини шоҳаншоҳии паҳновари Кӯшон, ки сарзаминҳои имрӯзии Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ ва ҳамчунин бахше аз Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, фаҳмо буд. Ҳатто баъд аз пошхӯрии шоҳаншоҳии Кӯшониён шашсад соли дигар бо ин забон менавиштанд, ки бозёфтҳои пайдошуда аз асри XI дар водии Тучо дар Покистон ва дастхатҳои буддоӣ ва монавӣ бо хат ва забони бохтарӣ дар минтақаҳои дурдасти Турфон дар Хитои ғарбӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ, истифодаи забони адабии бохтарӣ қариб ҳазор сол идома доштааст». (Симс-Вилямс Н. Новые бактрийские документы // Вестник древней истории, 1997, №. -С.3.)

Дарон замонҳо ба ҳайати давлатдории Кушониён ба ҷуз аз Тахористон Суғд, Хоразм, Гандҳара (Қандаҳори имрӯза), қисмати шимолу ғарбии Ҳиндустон ва бахше аз сарзаминҳои ғарбии Чин дохил мешуданд. Бояд гуфт, ки Бохтару Суғд минтақаҳои марказии ин шоҳаншоҳӣ ба ҳисоб мерафтанд. Баъзе муҳаққиқон забони бохтариро идомаи бевоситаи забони авестоӣ дониста, забони авестоиро забони бохтарии қадим низ номгузорӣ намудаанд.

Номизабони бохтарӣ дар шакли бохтарии қадим дар асри XIX барои забони авестоӣ қабул шуда буд, вале аз сабаби набудани маводи зарурӣ дар нимаи аввали садаи ХХ рад гардид. Вале аз нимаи дуюми садаи ХХ бо пайдо шудани осори зиёде аз забони бохтарии давраи миёна (бохтарии кӯшонӣ, тахорӣ, балхӣ), тавре ки В.Б.Ҳенинг пешниҳод мекунад, боз бояд барои забони авестоӣ номи бохтарии қадимаро баргардонем. (Henning W.B. The Bactrian inscription. – BSOAS, 1960. -V.23, pt 1.-P. 47; Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки, 1981. -С.315. ). Ин забон аз тарафи Канишка, шоҳи Кӯшон (аввали ҳазораи мелодӣ) дар катибаи Работак «ориёӣ» номида шудааст. Ин забон ҳудудан то аввалҳои давраи исломӣ вуҷуд доштааст. Аз ҷумла, Ассамъонӣ қайд кардааст, ки забоне бо алифбои махсус ҳанӯз дар асри XII дар Хутталон вуҷуд доштааст (БартольдВ.В. К вопросу о языках сагдийском и тохарском. – В кн.: Иран, т.1, Ленинград, 1927. -С.40; Бартольд В.В. Сочинения, Т.2, ч.2, -М., 1964.), ки дар ин ҷо асосан сухан дар бораи забоне меравад, ки хати он аз хати арабиасос фарқ мекардааст.

Дарин забон пасвандҳои ҷинсият дида намешавад, яъне бо ин хусусият ин забонро ба гурӯҳи забонҳои шимоли ғарбии эронӣ дохил мекунанд. Инчунин бо якчанд хусусиятҳои худ ин забон аз забонҳои гурӯҳи эронии шарқӣ фарқ мекунад (афтидани ҳиссачаҳои охири калима ва истифодаи «о» дар охири калима барои ҷудо кардани калимаҳо, истифодаи ҳиссачаи инкории «на» вағ.).

Боядгуфт, ки то ибтидои садаи XXI аз ин забон осори хеле кам вуҷуд дошт. Дар миёнаи садаи ХХ, вақте ки ховаршиносон бештар ба таҳқиқи забонҳои эронӣ машғул буданд, аз ин забон фақат катибаи Сурхкӯтал (дар наздикии Бағлон) ва якчанд навиштаҷоти болои зарфҳо ва сиккаҳо вуҷуд дошт. Вале дар муддати 50 соли охир аз ин забон зиёда аз 200 навиштаҷоту катиба бештар дар Афғонистону Тоҷикистон, Ӯзбекистон пайдо гардид, ки хониши онҳо дар илми забоншиносии эронӣ инқилобе барангехт. Ин навиштаҳо бозёфтҳои бостоншиносон дар Работаки наздикии Самангони Афғонистон, Тирмизи Узбекистон, Дилварзинтеппаи Тоҷикистон, Урузгони Афғонистон ва Қоҷои Покистон мебошанд. Забони бохтарии кӯшонӣ аз лиҳози сохтор як забони дар ҳоли гузариш ба забони гурӯҳи таҳлилӣ (аналитикӣ) буда, дар баробари доштани баъзе хусусиятҳои бостонӣ ҷинсияту падеж, яъне тасрифи падежӣ надорад ва дар ин ҳолат хусусиятҳои забонҳои ғарбии эрониро дорад.

Забони бохтарӣ дорои 25 ҳарф ва аломатҳои ишорат буда, хати он дар асоси хати юнонӣ тартиб ёфтааст. Он 6-7 садонок ва 20 ҳамсадо дорад.

Забони суғдӣ.

Забони давраи миёнаи сокинони водии Зарафшон ва Истаравшан (дар аҳди бостон Усрушана) мебошад. Забони суғдӣ ҳамҷавори забони бохтарӣ дар ҷануб, забони портӣ дар ҷануби ғарб, шимол ва шимолу шарқ сакоӣ ва шимоли ғарбӣ – хоразмӣ дар аҳди миёна буд. Дар асрҳои VI-VIII забони суғдӣ ба ҷониби қаламравҳои турк ва Чин паҳн шуда, барои густариши хат ва тамаддуни ориёӣ дар ин минтақа нақши боризе гузоштааст.

Бозёфтҳои аввалин ба забони суғдӣ дар ибтидои садаи ХХ дар Туркистони шарқӣ (Турфон), ки дорои матнҳои буддоӣ, насронӣ ва монавӣ мебошанд, пайдо шудааст. Ин навиштаҳо бо се намуди хати оромӣ – хатҳои оромии суғдӣ, суриёнӣ ва монавӣ навишта шудаанд. Соли 1933 дар куҳи Муғ (Тоҷикистон) як силсила санадҳои дигар, ки аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, хоҷагӣ ва ғайра иборат буда, бо номи «Бойгонии Деваштич» низ маъруф аст, пайдо шуд. Ин навиштаҳо барои муайян кардани давраи инкишофи забони суғдӣ ва хусусиятҳои вожагониву дастурии он аҳамияти бузурге доштанд. Қадимтарин навиштаҳои забони суғдӣ бо номи «Номаҳои кӯҳан» ба асри IV ва боқимондаҳо ба асрҳои VII-X-и мелодӣ тааллуқ доранд.

Алифбои забони суғдӣ ҳам баромади оромӣ дошта, дорои ҳузворишҳо мебошад. Масалан ҳиссачаи инкории «не» дар забони суғдӣ бо идеограммаи L (портии L «не» ва форсии миёнаи L — nē) ифода шудааст. Хатҳои оромии суғдӣ, махсусан хати бо ном «суғдӣ» ба забони уйғурӣ низ гузашта дар асоси он хати уйғурӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Забони хоразмӣ.

Навиштаҳои забони хоразмӣ ба асрҳои III-II то мелод ва асрҳои III-IV-VII баъди мелод тааллуқ дошта, дар сарзамини Хоразм пайдо гардидаанд. Хати забони хоразмӣ ҳам яке аз гунаҳои хати оромӣ мебошад. Барои ин забон алифбои арабӣ ҳам истифода гардидааст. Ин ибораҳои хоразмие мебошад, ки дар асарҳои муаллифони арабизабон – фарҳанги тафсирии арабӣ бо номи «Муқаддамотул-адаб» (Маҳмуди Замахшарӣ, асри XII), як асари ҳуқуқӣ бо номи «Қуният-ул-муния» (асри XIII) ва ғ. онро бо хати арабӣ навишта шудаанд.

Забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ, ки имруз мутадовил аст ва аз Қафқоз то флоти Помир ва аз Умон то Осиёи марказӣ ба онҳо сухан мегуянд танавуъи бисёр дорад. Аз ин миён забони форсӣ назар ба адабиёти пурдомана ва эътибори таърихӣ ва нуфузаш дар соири забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ ва низ таъсираш дар чанд забони ғайри эронӣ (туркӣ ва урду) аҳамияти хос дорад.

Забонҳо ва лаҳҷаҳоии эронӣ кунуниро метавон ба чанд гуруҳ тақсим кард. Нахуст ин забонҳо ба ду даста шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешаванд. Ин тақсим чунон, ки дар мавриди забонҳои миёнаи эронӣ зикр шуд бар ҳасби муштаракоти сарфӣ ва луғавӣ ва дастурӣ аст.

Забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии шарқӣ, ки имруз роиҷ аст ба ин қарор аст: осҳо ё олонҳо, ки ба номи онеҳо дар таърих мукарар во мехурем аслан аз машриқи дарёи хазар ба ин навоҳи куч бастаанд ва аз ин ру забони онҳо бо забони суғдӣ ва хоразмӣ иртиботи наздик дорад.

Оси дар миёни забонҳои эронии кунуни мақоми хос дорад ин забон яке аз забонҳои бисёр нмаъдуде аст, ки забони форсӣ дар он тақрибан нуфуз наёфта ва бисёре аз хавоси забонҳои куҳани эронро то кунун маҳфуз дошта ва аз бадуи тарин забонҳои эронии имруз ба шумор меравад.

Имруз барои хати осӣ хати русӣ ба кор меравад ва доманаи иқтибоси осӣ аз русӣ руз ба руз тавсеъа меёбад.

Забони Яғнобӣ

Ин забон бозмондаи яке аз лаҳҷаҳои суғдӣ аст, ки дар дараи яғноб миёни кӯҳои Зарафшону Ҳисор ба он сухан мегуянд ва танҳо асари роиҷе аст, ки аз забони суғдӣ ба ҷой монда ва дар он монанди забони суғдӣ ҳануз метавон мозиро аз модаи музореъ бино кард ва аломати ҷамъ низ -t аст. Аз ин ҷиҳат, ки аломати ҷамъ дар он toe аст шабоҳат дорад. Яғноби низ монанди соири лаҳҷаҳои эронӣ бисёре аз луғоти арабироиқтибос карда аст.

Забони Пашту

Ин забон забонимаҳалии машриқи Афғонистон ва қисмате аз сокинони сарҳадоти шимолғарбии Ҳиндустон аст. Ҳарчанд забони форсӣ ва арабӣ дар инзабон нуфуз ёфта вале ин забон, ки имруз дар Афғонистон беш аз гузашта савриди таваҷҷуҳ аст бисёре аз хусусиёти асили забонҳои эрониро ҳифз карда ва худ лаҳҷаҳои мухталиф дорад (вазирӣ , офаридӣ,пешоварӣ,қандаҳорӣ, қораи, банучӣ,ва ғайраро бояд ҳақан лаҳҷае ба шумор овард ки бо пашту робитаи қави дорад). Дар пашту ҳанз ташхиси ҷинси(музакар ва муанас) ва сарфи асоми роиҷ аст.

Забони пашту соҳиби адабиёт ва осоре аст, аз ҷумла осори шеъри маъруфи ин забон ((хушҳолхон))ро метавон зикр кард. Ҳамчунин миқдори зиёде ашъори маҳали ва достону афсона ба ин забон мавҷуд аст. Дар аёми ахир, ки ин забон мавриди назари давлати Афғонистон қарор гирифта осори мутаъададе ба ин забон интишор ёфта аст.

Лаҳҷаҳои флоти помир

Дар флоти Помир мийни Афғонистон ва Ҳиндустону Чин ва Туркистон ҳануз идае аз забонҳо ва лаҳҷаҳое роиҷ аст. Шумори касоне, ки ба ҳар як аз ин забонҳо сухан мегуянд маъдуд аст ва баъзе аз ин лаҳҷаҳо ба тадриҷ ру ба завол дорад ва бархе низ имруз аз миён оафта аст. Ин забонҳо ба сабаби дур будан аз маказҳои сиёсӣ ва тағиироти иҷтимоъи тавонистаанд бисёре хусусиёти забонҳои қадими эрониро маҳфуз бидоранд. Мутолиъаи ин забонҳо аз руи таҳқиқ забонҳои куҳани эрон аҳамияти хос дорад. Бисёре луғоти асили збонҳои ҳинду аврупои дар ин забонҳо ба хусус дар((вахонӣ))маҳфуз монда аст.

Муҳимтарин забонҳо ва лаҳҷаҳои флоти помир иборатанд аз вахонӣ уршурӣ, язғуломӣ,рушонӣ, бартангӣ, забакӣ, ишкошимӣ, мунаҷӣ, ядғӣ, урмурӣ. парочӣ.

Дар ин забон бо вуҷуди шабоҳат ва наздикии онҳо ба якдигаро метавон дастаҳои мухталиф ташхис дод. Шуғнонӣ ва уршурбӣ ва яхғуломӣ ва рушони ва бартангӣ гуруҳи пайвастаи муноҷи шумурда мешавад. Сангличи ва ишкошимӣ низ ба ҳам пайвастаанд.

Забони Балучӣ

Ин забон дар қисмате аз Балучистон ва ҳачунин дар баъзе аз навоҳии Туркманистони шуравӣ роиҷ аст. Дар Балучистон илова бар балучи забони дигаре низ ба номи ((барҳавӣ)) мутадовил аст, ки аз ҷумлаи забонҳои ((даровид)) яъне забони бумиёни Ҳиндустон аст.

Балучӣ усулан аз гуруҳи шимолии забонҳои ғарбӣ аст ва балучӣ зоҳиран аз шимол ба ҷануб куч додаанд вале балучиӣ ба илати муҷовират бо забонҳои шарқии эрон баъзе аз авомили онҳоро иқйтибос карда аст.

Забони Курдӣ

Курдӣ номи як даста забонҳо ва лаҳҷаҳое аст, ки дар навоҳии курднишини Курдистони Эрон Ироқ ва Туркия роиҷ аст. Баъзе аз ин забонҳоро бояд мустақил шумурд чи тафовути онҳо бо курдии (кирмонҷӣ ) беш аз он аст, ки битавон онҳоро бо курди пайваста донист: ду забони мустақил аз ин навъ яке зозо ё думли аст, ки ба навоҳии курднишини ғарбӣ мутаалиқ аст. Дигаре гуронӣ, ки дар навоҳии курдншини ҷанубӣ роиҷ аст ва худ лаҳҷаҳои мухталиф дорад.

Забони курдии ахсро кирмонҷӣ меноманд ки худ лаҳҷаҳои мутаъадад дорад монанди мукарӣ, сулаймония, санандҷӣ, кирмоншоҳӣ,зандӣ.

Забони курдӣ бо дастаи штимолии лаҳҷаҳои эронии ғарбӣ баъзе шабоҳатҳо дорад ва аз забонҳои муҳими дастаи ғарбӣ ба шумор меравад ва соҳиби ашъор ва тасонифу қасас ва сунани адабӣ аст. Ҳарчанд курдӣ аз ҳайси сохтмон мустақил аст вале забонҳои атроф яъне форсиву арабӣ ва туркию арманӣ дар он таъсир кардаанд ва бисёре аз луғоти он муқтабис аз ин забонҳо аст.

Забони курдӣ монанди забони форсӣ ва бар хилофи забони балучӣ ва пашту дар тули замон тағироти муҳими савтӣ пазируфта аст.

Лаҳҷаҳои соҳилии дарёи Хазар

Ин забонҳо, ки шомили гилакӣ ва мозандаронӣ ва толишӣ ва тотӣ ва шохаи инҳост дар соҳилҳои ҷанубӣ ва ҷануб ғарбии дарёи Хазар роиҷ аст. Гургонӣ, ки лаҳҷаи хоси фирқаи Ҳуруфия буда имрӯз аз миён рафта аст. Мозандарони ва гилакӣ адабиёти маҳалии қобили мулоҳизае доранд ва аз ин миён мозандаронӣ соҳиби осори муътабар буда, ки бештар аз миён рафта аст. Дар толишӣ метавон ду лаҳҷаи умдаи шимоли ва ҷанубӣ ташхис дод. Тотии халхол ва лаҳҷаи мосуваларо бояд ҳақан бо толишӣ ҷанубӣ пайваста шумурд.

Забони Форсӣ дарӣ

Ин забон ибора аз забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ ва забони расмӣ ва адабии Эрон аст,дунболаи форсии миёна (паҳлавӣ) ва форсии ибостон аст ва аз забони қавми Форс сарчашма мегирад.

Оғози забони форсии дариро бояд аз нахустин осоре, ки пас аз исин забон ба вуҷуд омада маҳсуб дошт. Таҳаввули муҳимси иҷтимоъи ва сиёсиву мазҳабӣ,ки бо нуфузи ислом дар Ислом дар Эрон ҳосил гардид дар забони расмии Эрон муасир шуд забоне, ки пас аз ислом ба хатии арабӣ ғабт гардид ва қадимитарин намунаҳои онро дар ашъори ҳанзаи бодғисӣ ва Муҳамад Васифи систонӣ ва шаҳид Рудакӣ меёбем то имрӯз тағиири асоси наёфта аст .

Забони форсӣ дар қавоиди дастурӣ дунболе форсии миёна аст ва бо он тафовути чандоне надорад ( аз ҷумлаи тафовутҳои маъдуде, ки дорад ин аст, ки дар форсии кунуни мози афъоли мутаъади низ монанди афъоли лозим саарф мешавад масалан навишти , навишт монанди омадам . омад ва ҳол онки дар форсии миёна аввали ба василаи замоири мулкӣ ва дуввуми бо музореъи феъли будан ( ha) сарф мешавад. Шумораи 15 дида мешавад). Аммо аз ҳайси луғот ва кайфиёти савтӣ ин ду забонро метавон мумтоз аз якдигар донист .

Аз ҳайси луғот забони форсӣ мавориди биёре аз соири забонҳои эронӣ ва ғайри эронӣ монанди портӣ (шаҳр, фаришта, фарзона ,шоҳпур вап ғайрава суғдӣ ё забонҳои наздик ба он ( басок, зандбоф, фағфур, чархушт, мал малах ва ғайра)ва юнонӣ (диҳим,дарҳам, динор, фунҷон)ва оромӣ ё сарёнӣ (кашиш мавсиҳан,тобут,чалипо, куништ, шанбе, шапур) ва ҳиндӣ)шукр ,шамн,филфил,шағол,кутвол) ва туркӣ (арду , атроф,ямғо, элчи)

Забони Форсӣ тоҷикӣ

Ки Тоҷикистони Шуравӣ роиҷ аст ва ҳамқунин форсӣ афғонӣ ҳар ду усулан ҳамон форсии дарианд ва дар навъи адабӣ тафовути онҳо бо форсӣ мутадолвили Эрон зиёд нест. Вале лаҳҷаҳои тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои форсии афғонӣ қунон ки дар муҳовара ба колр меравад бо форсии Эрони имрӯз тафовутҳои мутаъадад дорад ба хусус дар қавоиди савтӣ ва дар ҳақиқат бояд сурати муҳовараи онҳоро лаҳҷаҳое аз забони форсӣ шумурд. Дар Тоҷикистон дар Тоҷикистон нахуст хатти лотин ва сипас хаттӣ русӣ барои навиштани тоҷикӣ ихтиёр шуд. Имрӯз ҳамон забони муҳовара аст, ки дар Тоҷикистон эътибори адабӣ ёфта ва дар осори мактуб ҳам ба кор меравад. Ин маъни тоҷикиро аз зхабони адабӣ ба тадриҷ дуртар карда ба акси сурати китоби Эрон чандон дур нест.

Лаҳҷаи яҳудиёни Эрон ва яҳудиёни Самарқанду Бухоро низ усулан аз фаръиёти форсӣ аст,ки бо иддаи аз луғоти ибрӣ омехта аст вале баъзе тафоввутҳои савти ва ҳифзи баъзе сувари қадимӣ ба онҳо сурати лаҳҷаи фаръи медиҳад .

Соири лаҳҷаҳои ҷанубӣ иборатанд аз лурӣ ва бахтиёрӣ ва лаки ву фуруъ аз ҷумлаи лорӣ ва бандарӣ ва лаҳҷаҳои самғуниву бурингон ва попун ва Имомзода Исмоил ва Мосарам ва низ лаҳҷаҳои башкурдӣ миёни форсӣ ва Балучистон дар машриқи Миёноб ки дар онҳо ду даста лаҳҷаи умда метавон ташхис дод яке лаҳҷаҳои пизгӣ ва дигар лаҳҷаҳзои ғайри он ва лаҳҷаҳои кумазорӣ дар шибаҳҷазираи Умон, ки бо форси ва лурӣ робитаи наздик дорад.

Лаҳҷаҳои эронии кунуни дар марҳилаи воҳиде аз таҳаввул нестанд. Баъзе монанди форси ва лурӣ ву курдӣ ва токистонӣ дар таҳаввул ҷулутар рафта нисбат ба сурати қадими худ содатар шудаанд. Масалан дар форсӣ аз тасрифи исмӣ ва ташхиси ҷинс ва ба кор бурдани сиғаи тасния асаре намонда ва аз дастгоҳи муфасали афъоли қадим низ суратҳои мутаададе боқи монда ва теъдоди пешвандҳо ва пасвандҳои роиҷи қадитмниз тақлили кули ёфта ва барои адои ин гуна маъони васоили тоза аз қабили ба кор бурдани ҳуруфи изофа ва сохтани афъоли муракаби маъмул гардида аст.

Баъзе дигар аз лаҳҷаҳо монанди оси ва пашту ва балучи баръакс муҳофзакортаранд ва наздикии онҳо ба сурати қадимтари забонҳои эронӣ бештар аст.

Тасрифи исмӣ дар ғолиби лаҳҷаҳоидастаи ғарбӣ аз миён рафта аммо дар баъзе осоре аз он ба ҷо аст.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *