Мавзухои точики

Андешахо ва захматхои Пешвои миллат дар рушди чахонбинии хонандагон

Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндарача бардошта шуд.

Ба хотири таъмини шароити донишомузии наврасону ҷавонон солҳои охир мо ба таъмиру тачдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти зарурӣ дода, дар баробари дигар манбаъҳои иттилоотӣ Китобхонаи миллиро сохта, бо тачҳизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода супоридем.

Мо итминон дорем, ки ин боргоҳи маърифат ба макони дустдоштаи ҷавонони кишвар ва манбаи рушди зеҳнии онҳо табдил меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки барои рушди китобхонаҳо танҳо дар 8 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ равона гардида, дар соли 2013 бо ин максад 33 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тайи солҳои истиқлолият дар баробари афзоиши ахолӣ маориф самти стратегии сиёсати давлат эълон гардида, дар доираи маблағгузории давлатӣ қисми зиёди инфрасохтори соҳа аз нав сохта шуд.

Ҷиҳати беҳдошти шароити тарбия ва таҳсили хонандагон солҳои 2001 – 2012 зиёда аз 1500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои толибилмони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 интернат бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароити муосир сохта, ба истифода дода шудааст, ки маблағи умумии масрафшуда 2,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ дар даҳ соли охир зиёда аз 440 миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо ин мақсад танҳо дар соли 2013 беш аз 81 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар зиёда аз як миллиону 700 ҳазор нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни замон дар 84 мактаб – интернати мамлакат бештар аз 11 ҳазор нафар кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва дар литсейҳои президентӣ барои хонандагони лаёкатманду соҳибистеъдод зиёда аз 4000 нафар толибилмони наврас таҳсил намуда истодаанд.

Баъди навсозии мактабҳои миёнаи умумӣ фарогирии ҷавонону наврасон ба муассисаҳои таҳсилотӣ боз ҳам беҳтар гардида, танҳо дар соли 2012 мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро такрибан 170 ҳазор нафар хатм намудаанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар кариб ду миллиону 300 ҳазор нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро хатм кардаанд.

Тибқи маълумот дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон хамаги 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамаги аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз руи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷуёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар танҳо бо роҳҳати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки кариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон таҳсилро идома дода истодаанд.

Илова бар ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хоричӣ фиристода шудаанд.

Ҳамчунин зиёда аз 300 нафар ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон – «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ҳоло 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд.

Лекин бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2012 – 2013 ба 65 чойи муқарраршуда барои барандагони стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон довталабон хамаги ба се ихтисос – хукукшиносӣ, муносибатхои байналмилалӣ ва тиб ҳуҷҷат супоридаанд.

Чунин муносибати масъулон ва ҷавонон нисбат ба интихоби тахассус мувофиқи мақсад нест, зеро тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, кишварамон имруз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, геологу мутахассисони коркарди маъдан ва барномасозону табибони сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад.

Бинобар ин, Вазорати маориф бояд дар самти танзими масъалаи фиристодани ҷавонони боистеъдод ба хориҷи кишвар дар доираи стипендияи Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо интихоби довталабонро тибки накшаи дурнамои эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ ба кадрҳо ба роҳ монад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки мо имрузҳо доир ба голибияти толибилмони кишварамон дар мусобиқа ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз воситаҳои ахбори омма зуд-зуд хабарҳои хуш мешунавем, ки ин албатта самараи неки саъю талоши наврасону ҷавонон, захмати шабонарӯзии устодону омӯзгорони мӯҳтарами мо ва масъулони соҳаи маориф мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогохӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Ҳукумати мамлакат саҳм ва накши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои 1993 – 2012 кариб 1000 нафар ҷавонон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст.

Барои сохтмон ва таҷдиди иншооти варзишиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ солҳои 2001 – 2012 қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардида, бо ин мақсад танҳо дар соли 2013 -ум 240 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *