Мавзухои точики

Маълумоти мухтасар дар бораи чадвали электронии Microsoft Excel

Чадвалхои электрони яке аз технологияхои информатсионии бештар маъмул ва кулай мебошанд, ки барои коркарди маълумоте, ки хисобкунихои арифметикиро талаб карда, ба намуди чадвал ифода меёбанд, пешбини шудааст. Онхо барои нигохдори ва коркарди маълумотхое, ки ба шакли чадвал дода шудаанд, пешбини шудаанд. Чадвалхои электрони массивхои дученакаанд, ки аз сатру сутунхо иборатанд. Бо ёрии онхо хисоби иктисоди, мухосибот ва мухандисиро ичро карда, диаграммахои гуногунро сохтан мумкин аст. Барои идоракунии чадвалхои электрони программахои махсус – протсессорхои чадвали мавчуд аст. Идеаи сохтани чадвалхои электрони соли 1979 ба донишчуи Донишгохи Гарвард ИМА Ден Бринклин тааллук дорад. Вай бо хамрохии рафикаш Боб Франкстон, ки ба программасози сарфахм мерафтанд, хисобкунихои дилгиркунандаи характери иктисоди доштаро бо ёрии китобхои иктисоди ичро карда, якумин программаи чадвали электрониро кор карда баромаданд, ки VisiCalc ном гирифт. Сонитар чадвали электронии Lotus пайдо гашт. Соли 1987 протсессори чадвалии Excel пайдо шуд. Омузиш ва кор бо он осонтар аст. Аз ин сабаб дар вакти хозира Excel дар бозори протсессорхои чадвали мавкеи мухимро ишгол мекунад.Программаи Excel ба системаи оператсионии Windows мутобик карда шудааст. Принсипи асосии кораш ба онхо монанд аст.

Ба кор даровардан ва анчом додани кори Ms Excel.

Ms Excel-ро бо як чанд рох ба кор омода сохтан мумкин аст:

  • барои ба кор омода сохтани Ms Excel нишонаи онро аз лавхаи Microsoft Office интихоб кардан кифоя аст.
  • Бо силсила фармонхои Пуск/Программы/ Microsoft Excel низ Ms Excel ба кор омода мешавад.
  • агар дар мизи кори нишонаи (Ярлык)-и Ms Excel мавчуд бошад, пахши он Ms Excel-ро ба кор омода месозад.
  • агар ягон файл бо барномаи Ms Excel сохташударо бо мушак ду бор пахш кунем , Ms Excel –ро ба кор омода мешавад.
  • Дар лавхаи масъалахои мизи кори нишонаи Ms Excel мавчуд бошад, пахши он Ms Excel-ро ба кор омода месозад.

Боз чандин усулхои ба кор омода сохтани Ms Excel мавчуд аст, ки хохишмандон онхоро аз адабиёти махсуси ба тарзи кори Системахои апратсиони Windows, бахшидашуда дарёфт карда метавонанд.

Хангоми бакор омодасозии Ms Excel китоби кори <<Книга 1>>, ки се вараки кориро сохиб аст, пайдо мешавад. Хар кадоме аз варакахои кори-таблитсахои аз сатру сутун таркиб ёфта иборат мебошанд. Дар таблитсахо додашудахои истифодашаванда ворид карда мешаванд. Ин додашудахо –матн, ададхо вакт ва сана, формулахо, диаграмахо ва графикхо буда, ба воситаи функсияхои махсус коркард карда мешаванд.Барои анчоми кори Ms Excel яке аз амалхои зерин бояд ичро карда шавад: (расми 1.1)

gif/1_1.gif (11994 b)

Расми 1.1 Ба кор андозии Excel

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. he blog was how do i say it… relevant, finally something that helped me. Thanks

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *