Мавзухои точики

Омилҳои оламшумул ва абадияти навруз

Дар маҷмуае, ки дар даст доред, маърузаҳои 17 моҳи марти соли 2017 дар Конференсияи илмии бахшида ба ҷашни Соли нави Наврузӣ манзургардонда ҷой дода шудаанд, аз он ҷумла маърузаҳои Ю.Ёқубов «Тасвири ҷашни Навруз дар ёдгориҳои бостон», Т.Н.Зиёзода «;Дилорою оламафрузи, Навруз, имруз!», Т.М.Ғуломов «Рисолати таърихию фарҳангии Навруз», И.Мирзоалиев «Баъзе рукнҳои наврузии тоҷикон», Н.Б.Наҷотова «Аз таърихи таҷлили Навруз», М.Хоҷаев «Навруз — мероси аҷдодӣ» ва маърузаҳои дигар, ҳамагӣ 11 маъруза, ки паҳлуҳои гуногуни Наврузи Аҷамро дар бар гирифтаанд. Бояд зикр кард, ки аксарияти маърузаҳо дар сатҳи баланди илмӣ қарор доранд. Дар баробари ин, мо ба таври мухтасар таъриху рисолати Соли нави наврузиро дар муқоиса бо соли нав дар мамолики дигари ҷаҳон дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба ҳамин васила то як дараҷа тафовут ва ҷою мақоми Наврузро дар таърихи башар кушода, бифаҳмем, ки он дорои кадом махсусиятҳо мебошад, рисолату махсусиятҳое, ки сабабгори оламшумулӣ ва абадияти Соли нави Навруз гаштаанд..

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар таърихи башар идкунии Соли нав дар ҷомеаю давлатҳои гуногунидунёи қадим, асрҳои миёна ва замонҳои баъдина омилҳои гуногун сабаб шудаанд, вале омилҳои афзалиятноки онҳо инсонӣ ва динӣ буданд. Кам воқеъ мешуд, ки дар ин масъалаи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ омилҳои дигар саҳм дошта бошанд. Дар аввал чанд суханро ба таърихи пайдоиши ҷашнгирии Соли нави наврузӣ мебахшем.

Аз таърихи пайдоиши соли нави наврузӣ. Ҷашнгирии оғози Соли нави Наврузиро ба шоҳи чоруми сулолаи асотирии Пешдодиён – шоҳ Ҷамшуд, писари Таҳмурас, нисбат медиҳанд, замоне ки ба нашъунамои маданияти ориёиҳо рост омадааст. Дар замони шоҳигарии Ҷамшед ҷашнгирии ин иди асосии олриёиҳо – Навруз оғоз ёфтааст ва умри онро донишмандон беш аз 3000 сол мешуморанд.

Мувофиқи ривоятҳо асотирӣ Ҷамшед 700 сол ҳукмронӣ карда будааст. Маҳз дар ҳамин давра чаҳор табақаи ҷомеа ташаккул ёфтаааст ва шоҳ Ҷамшед ба ин воқеа алоқаманд будааст. Ихтирои аксарияти лавозимоти ҳарбӣ, рушди иқтисодии ҷомеа ва тақсимоти ҷомеа ба табақаҳо ба ӯ тааллуқ доштааст. Навгониҳои асосии Ҷамшед аз омезиши хок, кулолгарӣ, рушди сохтмон, тавлиди илми тиб, оғози истифодаи аробаи дучарха иборат будааст.

Тавре маълум аст, ситорашиносӣ яке аз илмҳои қадимтарин буда, аз худ маданиятҳои тотаърихӣ, тамаддунҳои қадимтарин ва бозёфтҳои (артефактҳои) арзишманди астрономӣ боқӣ гузоштаанд. Ҳамин тариқ, ситорашиносӣ илмест дар бораи Кайҳон ва Коинот, яъне предмети омӯзиши он саёраҳои системаи офтобӣ, ситораҳо, ҷирмҳои дигари кайҳонӣ, пайдоиш, ҷой, ҳаракат, сохт ва, рушди онҳо, системаҳое, ки дар Кайҳон вуҷуд доранд, метеорҳо ва унсурҳои зиёди дигар.

Ҳанӯз дар замони Ҷамшеди асотирӣ мардум дар давлату ҷомеа дар бораи ҳаракати сайёраҳои Системаи Офтобӣ ва галаситораҳои зиёд маълумоти зарурӣ доштанд. Аз рӯи донишҳои астрономӣ, ситорашиносон, аз он ҷумла оид ба ҳаракати Офтобу сайёраҳои он ва баъзе галаситораҳо тақвим месохтанд. Раияти шоҳҳо хуб медонистанд, ки дар фасли баҳор дар Нимкураи шимолии Замин кай шабу руз бо ҳам баробар мешавад.

Шоҳ Ҷамшед дар мавриди муайян кардани оғози Соли Нав аз ин донишҳои ситорашиносӣ истифода мебард ва оғози соли нав 21 моҳи мартро муқаррар менамояд. Яъне Соли нави наврузӣ асоси илмӣ дорад – илмҳои ситорашиносӣ ва табиатшиносӣ. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои баъзе олимони муосир дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки умри Иди Навруз беш аз 7000 сол мебошад. Аз ин хулоса бармеояд, ки дар Хуросони бостон солшуморӣ хеле барвақт ташаккул ёфта, бо илмҳои ситорашиносӣ ва табиатшиаосӣ зич алоқаманд будааст.

Навруз оғози Соли нави зардуштӣ ва ориёиҳо мебошад. Замони дуру дароз зардуштия дар Форс дини давлатӣ буд, вале баъд аз зуҳури ислом дар асри VII дар ин ҷо пайравони оташпарастҳо хеле кам боқӣ мемонанд. Сарфи назар аз ин, Эрон то имруз ҳам ҳамчун маркази дини оташпарастон мебошад. Анъаноти оташпарастӣ дар ҳаёти ҷомеаи эрониҳо имруз ҳам ба таври устувор арзи вуҷуд доранд. Дар арафаи Навруз мутобиқ ба тақвими маҳаллӣ (21 март) эрониҳо, сарфи назар аз мансубият ба динашон, иди оташ «Чоршанбеи сурӣ» ё «Чоршанбеи сурх»-ро қайд мекунанд. Вале ин анъана ва худи Иди Навруз ба ислом ягон муносибате надорад. Тавре ки сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, Навруз аз таъриху фарҳанги ориёиҳо низ дарак медиҳад. Масалан, дар Руссияи имруза боварӣ доранд, ки тақвими пешини онҳо бо тақвими ведии ориёиҳо алоқаманд будааст. Ин ҳама дар бораи таърихи дуру дароз ва оламшумулии Соли нави Навруз дарак медиҳад.

Дар Форси Қадим дар як вақт ду тақвим – ҳам тақвими офтобӣ ва ҳам тақвими моҳтобӣ вуҷуд дошта, он дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён (асрҳои VI – сеяки охирини асри IV то милод) ба миён омада, дар харсангҳо ҳаккокӣ карда шуда будаанд. Тавре тахмин мекунанд, ин тақвим бо тақвими бобулӣ мувофиқат мекардааст, вале тахмини мазкур далели воқеӣ ва раднашаванда надорад. Мувофиқи тақвим форси қадим соли нав дар рузи баробаршавии шабу руз оғоз меёфтааст ва он унвони Наврузро мегирад. Мувофиқи ин тақвим сол аз 12 моҳи офтобии (Фарвардинмоҳ, Урдубиҳиштмоҳ, Хурдодмоҳ, Тирмоҳ, Мурдодмоҳ, Шаҳривармоҳ, Меҳрмоҳ, Обонмоҳ, Озармоҳ, Даймоҳ, Баҳманмоҳ, Исфандармоҳ) ҳар кадом аз 30-рузӣ иборат буда, ҳар рузи моҳ низ номҳои худро дошта, дар дини Зардуштия дорои мартабаи баланд буданд. Чунинад ин номҳо: 1.Ахура Маздо. 2. Баҳман. 3.Урдубиҳишт. 4.Шаҳривар. 5.Исфандар. 6.Хурдод. 7.Мурдод. 8.Дайбаозар. 9.Озар. 10.Обон. 11.Хур. 12.Моҳ. 13.Тир. 14.Ҷуш. 15. Дайбамеҳр. 16.Меҳр. 17. Маруш. 18. Рашн. 19. Фарвардин. 20, Баҳром. 21. Ром. 22. Бод. 23. Дайбадин. 24. Дин. 25. Орд. 26. Оштоз. 27. Осмон. 28. Зомёз. 29. Морасфанд. Анирон Дар ин тақвим ҳафтаҳо вуҷуд надоштанд. Дар замонҳои қадим тақвими зардуштӣ дар Эрон, Осиёи Миёна, ва Осиёи Хурд васеъ паҳн гардида буд. Дар Эрони имруза давомдиҳандаи ин тақвим тақвими эронӣ мебошад.

Хулоса аз ин гуфтаҳо он аст, ки, аз як тараф, иди Соли нави Наврузӣ дар ҷараёни таърихи Эрони Қадим ба миён омадааст ва ватани аслии он Хуросон мебошад, аз тарафи дигар, дар асоси тақвиме, ки ба гардиши сол ва мавсимҳои табиат асос ёфтааст, ба миён омадааст.

Тақвими зардуштӣ бо дар назардошти дастовардҳо дар илми ситорашиносӣ ва махсусиятҳои гардиш дар табиат дар давоми сол вуҷуд доштааст, гарчанде, ки он ба номи шоҳи асотирӣ Ҷамшуд алоқаманд дониста мешавад. Паёмбари зардуштӣ Ҷамшед ин тақвимро аз худ набофтааст, балки ҳамоҳангӣ ва робитаи инсонро бо табиату ҷомеаро хуб дарк карда, тақвими аз замину илми ситорашиносӣ бамиёномадаро пешкаш намудааст. Аз ин нуфта мегузарем ба таҳлили мухтасари таҷлили соли нав мувофиқи тақвимҳои дигар.

Таҷлили оғози Соли нав дар кишварҳои дигари қадим. Қаблан таъкид мекунем, ки дар таҳлилм худ мо ҳаргиз нияти онро надорем, ки Наврузро бо соли нави халқу давлатҳои дигар муқобил гузорем ва ё қадру қимати онҳоро паст занем. Мақсади мо танҳо ҷойю мақоми Наврузро дар таърихи башар ва оламшумулию абадияти онро равшан сохтан аст, инчунин хонандагогни гиромиро ба маҷмӯаи мазкури илмӣ, ки ба Соли нави Наврузӣ бахшида шудааст, шинос кунем. Инак, таваҷҷӯҳ мекунем ба соли нав дар тақвимҳои баъзе халқҳои дигари дунёи қадим ва асрҳои миёна

Мо чунин тақвимсозии монанд ба тақвими зардуштиро дар тақвимҳои дигар мушоҳида карда наметавонем. Масалан, тақвими юлианӣ аз тарафи Гай Юлий Сезар, ки яке аз лашкаркаш ва диктатори машҳури Рими Қадим буд, ҷорӣ карда кардааст. Сарчашмаҳо асоси пайдоиши ин тақвимро чунин баён доштаанд. Тақвими юлианиро гурӯҳи ситорашиносони гашри Искандария Миср, ки тобеи Ҷумҳурии Рим буд, зери сарварии Созиген таҳия кардааст ва онро ба хотири эҳтиром тақвими Юлий Сезар номгузорӣ кардаанд, Бо амри ӯ ин тақвим дар Ҷумҳурии Рим 1 январи соли 45 то милод рӯи кор меояд. Ҳамин тариқ, мувофиқи тақвими юлинанӣ соли нав 1 январ оғоз меёбад, чунки маҳз дар ҳамин руз консулҳои аз тарафи комитсияҳо интихобгардида ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ мекарданд. Вале нишон дода нашудааст, ки ин тасмим аз гардиши табиат дар Замин ва ё дар асоси нишондодҳои илми ситорашиносӣ ба миён омада бошад. Ногуфта намонад, ки тақвими Гай Юлий Сезар тақвими кӯҳнаи Римро, ки ба тақвими ситорашиносии Мисри эллинистӣ асос ёфта буд, иваз мекунад.

Тақвими григорианӣ, ки ба ҷои тақвими блианӣ омадааст, низоми ҳисоби вақт мебошад, ки он аз рӯи ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб асос ёфтааст. Мувофиқи ин асос дарозии сол 365,2425 шабонаруз ҳисобида шуда, дар баробари ин, дар 400 сол 97 соли он ба соли кабиса (высокосный) рост меояд. Тақвими григорианӣ аз тарафи Папаи Рим Григорийи ХIII дар мамлакатҳои пайравони мазҳаби католикии дини масеҳӣ 4 октябри соли 1582 ҷорӣ карда шуда, мувофиқи он Соли нав 1 январ оғоз меёбад. Ин тақвим аслан динӣ буда, ба табиат сару коре надорад, вале он имруз дар мамлакатҳои зиёди ҷаҳон мавриди истифодаи васеъ қарор дорад.

Яке аз махсусиятҳои мазҳаби католикиро дар дини масеҳият бояд зикр кард. Ҳар сол 24 декабр тамоми олами католикӣ рузи Мавлуд яъне рузи таваллуди кӯдаки хурдсол — Исоро ҷашн мегиранд. Маҳз аз ҳамин руз сар карда тақвими имруз амалкунанда оғоз меёбад. Гап дар сари он меравад, ки Исо яҳудитабор буд ва мувофиқи русумоти ин қавм дар рузи 8-уми баъди мавлуд тадбири суннатии хатнаи писарбачаи навзод — Исоро доир мегардонанд. Маҳз ҳамин руз вақти гузаштан аз тақвими қаблӣ ба тақвими нав шуморида мешавад ва олами масеҳӣ маҳз ҳамин рузро ҳамчун оғози соли нави худ медонад, гарчанде ки яҳудиҳо кайҳо боз анъанаҳои худро тағйир додаанд. Дар ин тақвим низ асосҳои илмиро мушоҳида карда наметавонем.

Солшуморӣ мутобиқи тақвими яҳудиён аз рузи офариниши олам аз тарафи Худованд оғоз меёбад. Он мувофиқи эътиқодоти яҳудиҳо 7 октябри соли 3761 то милод ба амал омада, он Марҳалаи Одам (Адам) ном дорад. Тақвими яҳудии моҳтобию офтобӣ, яъне ҳарду ҷисми кайҳонӣ ба дарозии сол таъсир худро расонидааст. Соли миёна тахминан ба тақвими григорианӣ рост меояд, вале баъзан шумораи руз каму зиёд шуда, он дар доираи аз 30 то 40 рузро ташкил медиҳад. Дар тақвими яҳудӣ на рақамҳо, балки ҳарфҳои алифбо истифода бурда мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар аксарияти мамлакатҳое, ки ислом дини асосӣ (ё давлатӣ) мебошад, тақвими худро доранд – тақвими исломӣ ё ҳиҷрӣ. Он ҳам бо мақсадҳои динӣ ва ҳам барои муайян кардани вақту замон истифода бурда мешавад. Тақвими исломӣ аслан тақвими моҳтобӣ (қамарӣ) мебошад. Ин тақвим (тибқи тақвими григорианӣ) 26 октябри соли 622 оғоз ёфтаааст.

Ба ин гуфтаҳо илова менамоем, ки дар баробари оғози Соли нав дар тақвимҳои давлатҳои дар боло зикргардида мо Соли навро дар таърихи чандин давлати дигари дунёи қадим ва асрҳои миёна мавриди таҳлил қарор додем ва натиҷа ҳамон як аст: дар онҳо омилҳои динӣ ва инсонӣ афзалият доранд. Соли нави Наврузӣ бошад, баракс, асоси Кайҳонӣ (ситорашиносӣ) ва Замин ( табиӣ) дорад.

Соли нави наврузӣ воқеаи табиӣ ва абадияти он. Тавре ба назар мерасад асоси Соли нави наврузиро Офтоб, Замин, гардиши онҳо дар мадори худ, ду фазаи ҳаракати Офтоб (ки баробаршавии шабу руз ба амал меояд), фазаи аз хати Экватор дар Шимол (дар зарфи 6 моҳ) қарордошта ва фазаи аз хати Экватор дар Ҷануб (дар зарфи 6 моҳ) қарордошта даврзании Замин дар атрофи Офтоб, ивазшавии фаслҳои сол ба амал меояд. ва инсонҳо дар ҳамин муҳиту гардиши табиат зиндагӣ карда, таъсири онро ҳамчун ҷузъи фаъоли иҷтимоӣ аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, бо боварии том метавон гуфт, ки Навруз оғози соли нави табиат мебошад ва инсоният дар оғуши он ҳаёт ба сар мебрад. Ин махсусият абадияти Соли нави Наврузиро тасдиқ менамояд. Бо ин махсусият бо ягон роҳу восита оғози Соли навро ба вақти дигар гузаронидан имконнопазир аст, чунки асосҳои воқеии он дар Офтоб ва Замин қарор доранд, бинобар ин, то замоне, ки онҳо вуҷуд доранд, ин қонуният аз байн нарафта, амал мекунад.

Ин андешаро ривоҷ додаистода қайд мекунем, ки неруи асосии Навруз дар гардиши сол ва мавсимҳои он қарор дорад. Вале ин гардиш танҳо дар Нимкураи Шимолии Замин амал карда, он ба қонунияти гардиши Офтобу Замин дар мадорҳои худ тобеъ аст. Айёми растохези табиат дар Нимкураи Ҷанубии Замин низ аз рӯи ҳамин қонуният амал карда, дар як вақт дар байни ин ду нимкура 6 моҳ тафовут вуҷуд дорад. Яъне 21 моҳи март баҳор ва соли нав якбора дар ҳарду Нимкура – Нимкураи Шимолӣ ва Нимкураи Ҷанубӣ фаро намерасад. Соли нави наврузӣ хоси Нимкураи Шимолӣ иебошад.

Инсонҳо ҳамчун ҷузъи иҷтимоӣ дар табиат ва ҷомеа дар ҳолати ҳамоҳангии ҳаловатбахш (гармония) қарор доранд. Инсонҳо ва табиат ҳамчун ифодакунандагони Соли нави Наврузӣ ва ҳамаи зуҳуроти аз онҳо ба миёномада баромад мекунанд. Ин зуҳурот низ абадист.

Симои миллии Навруз ва тарзи зиндагӣ. Ҷашнгирии Навруз дар ҳаёти халқу қавмҳои гуногуни ҷаҳон аз рӯи қолабҳо ва русумоти ягон вақт таҳиякарда сурат намегирад. Дар онҳо танҳо як рӯз – 21-уми март субстансияи доимӣ аст. Боқӣ ҳамаи анъаноту русумоти доир намудани Соли нави Наврузӣ симои миллдӣ доранд. Дар тули солиёни дуру дароз урфу одатҳо ва тарзи зиндагии миллату халқиятҳо ба анъаноти наврузӣ дохил гардидаанд ва онҳо дар қайткунии Соли нав ба ҷузъҳои таркибии Навруз ворид шудаанд; бинобар ин, онҳоро аз анъаноти аслии ин ид ҷудо кардан имконнопазир аст. Яъне Навруз кайҳо боз ба ид – оғози Соли нави миллии халқу миллатҳои зиёд табдил ёфта, дар тарзи зиндагии халқҳои гуногун аз ҷумлаи унсурҳои фарҳанг, ахлоқ ва тафаккури миллӣ буда, дар ҳаёти давлату ҷомеаҳо мақом ва рисолати муҳимро иҷро менамояд, яъне Навруз қодир аст миллатро бо ҳам оварад ва аз тариқи татбиқи рисолати худ миллатсоз бошад.

Рисолатҳои дигари Навруз. Навруз иди сабзиши табиат аст, аз он марҳалаи навбатии сабзиш ва рушди табиат оғоз меёбад. Навруз иди муколамаи инсон ва табиат мебошад. Навруз иди бунёдсозӣ аст, аз он ҷумла марҳалаи нави киштукор ва корҳои дигари кишоварзӣ оғоз меёбад. Навруз иди дасткашӣ аз ашёҳои кӯҳна ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани Навруз тозакунии манзилу муҳити зист аст. Навруз иди оштӣ, дасткашӣ аз кинаю адоват ва ихтилофҳо, рӯ овардан ба одаму одамият мебошад. Навруз иди инсондӯстӣ, дасти фитодаро гирифтан, масъулиятшиносӣ ва баҳамоӣ мебошад. Навруз иди эҳёсозии табиату инсонҳо мебошад. Навруз манбаъ ва омили муҳимми ахлоқӣ ва маънавии инсонҳо мебошад. Навруз иди хушу хурсандӣ ва лаззатбарӣ аз ҳаёт мебошад. Навруз дорои ғоя ва манбаи ватанпарастӣ, эҳтиром ва гироми доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Иди Навруз нерӯи муҳими андешаи миллӣ ва яке аз омилҳои муҳими татбиқи он мебошад.

Ин рисолатҳо, сарфи назар аз тафовути қавмию нажодӣ, эътиқодоти динӣ ва ғайра, хилофи маданияти ягон халқ набуд ва нест, аз ин рӯ, он оламшумулу абадӣ мебошад. Оламшумулу абадияти Соли нави Наврузӣ дар он ҳам зуҳур меёбад, ки аз қаъри асрҳои зиёд ҳамаи монеаҳоро бартараф карда, то ба замоне омада расидааст ва ҷуғрофияи фарогирии худро точанде васеъ мекунал. Бесабаб нест, ки бо пешниҳоди ЮНЕСКО 23 феврали соли 2010 Иҷлосияи 65-уми Кулли Созмони Миллали Муттаҳид 21-уми моҳи мартро Рузи Байналмилалии Навруз эълон кард. Бо ҳамин боз як ҷузъи муҳими тамаддуни мардуми форсзабон ва онҳое, ки ба Навруз робитаи бевосита доранд, ҳамчун дурдона ба хазинаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ ворид гардид. Ин андешаҳо ва андешаҳои дигар дар мазмуну мундариҷаи гузоришҳои илмии муаллифони маҷмӯаи мазкур ба таври мушаххас ва гуворо инъикос гардидаанд. Аз ин рӯ, мо боварӣ дорем, ки маҷмуа мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз он метавон ба саҳифаҳои нави таърихи пурғановат ва оламшумули Наврузи Аҷам шиносоӣ пайдо намуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *