Мавзухои точики

Шавқу ҳавас ва инкишофи қобилияти наврасон ва хонандагон дар мактабҳои миёна

Дар чараёни таълиму тарбия ва дар рафти азхуд намудани асосҳои илм ва дар баробари бою ғанӣ гардидану васеъ шудани чахонбинӣ шавку ҳаваси наврасон, пеш аз ҳама ба соҳаҳои гуногуни илм, техника ва санъат ташаккул меёбад.

Ҳисси кунчкобӣ, донишомузӣ, ҳаваси бештар дониста гирифтани олами иҳотакарда,ки ба характери наврасон хос аст, баъзан боиси бемақсадона, пароканда ва ноустувории шавқу ҳаваси онҳоро навбати ягон фаъолият ба вуҷуд меорад. Дар натиҷаи ба якчанд фаъолият ҳавас пайдо кадани наврасон, фаъолиятҳои чуҳур, шуурона ва чиддӣ аз худ карда намешаванд ва боиси руякӣ аз худкунии онҳо мегардад. Ё ба ягон фаъолият ҳавас пайдо карда, чиҳатҳои аз ҳама муҳим ва зарурӣ он фаъолиятҳо аз маркази диққаташон дурр мешавад. Масалан, ба расмкашӣ мароқ зоҳир карда нисбати дигар фанҳо; математика, физика ва ё адабиёт бе эътиборӣ зоҳир мекунанд.

Яке аз воситаҳои ташаккули шавку ҳаваси наврасон ба тартиб додан ва ба нақша даровардани ҳаёти ояндаи худ мебошад, ки ба ин синну сол хос аст. Сабаби ба миён омадани нақшаи наврас ба оянда дар он аст,ки вай барои ягон соҳаи илм бештар дониш гирифтан мекушад,ки он донишҳо аз барномаи таълимии мактабӣ берун бошад. Бо ин мақсад онҳо ба кофтану хондани адабиётҳои лозимӣ, аз шахсони ба ин фаъолият машғул буда маслиҳатҳо мегиранд ва роҳу воситаҳои аз худ кардани онҳоро меҷӯянд.Барои сохтани қолабҳои ягон хели техника, кашидани расмҳои гуногун, кандакорию наққошӣ ба музей, намоишгоҳҳо рафта илҳом мегиранд ва бештари вақти холигии худро ба он арф мекунанд.

Мустақилона аз худ намудани донишҳо барои худтакмилдиҳии наврас воситаи хеле муҳим мебошад. Гарчанде,ки фаъолияти мустақилонаи наврасон ҳоло характери эчодкорӣ надошта бошад ҳам, барои донистагирӣ ва бою ғанӣ гаштани протсесҳои маърифатии онҳо аҳамияти калон дорад, барои фаъолияти минбаъдаи эҷодии онҳо замина тайёр мекунад.

Ба ягон соҳаи фаъолият пайдо шудани шавқу ҳавас худ ба худ ба миён намеояд. Масалан, хонандаи синфи 7-ум нисбат ба касби ҳавопаймоӣ ҳангоми тамошои кинофилм ҳавас пайдо кард ва барои соҳиби ин касб шудан дар у ҷӯстучӯи адабиётхое,ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳавопаймоён нақл ва ё ҳикоят мекунад пайдо шуд. Барои ба ин касб соҳиб шудан ва ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои касби ҳавопаймоӣ мунтазам ба варзиш машғул шуда худро ҷисман обутоб медодагӣ шуд. Дар вақти суҳбат бо калонсолон кӯшиш мекард,ки риштаи суханро дар бораи касби ҳавопаймоӣ барад, рафтори худи ҳавопаймоёнро назорат ва мушоҳида карда, бо ҳавас бо онҳо нигоҳ мекард, худро ба чои онҳо тасаввур намуда, онҳоро мақсади олии худ меҳисобид.

Барои ташаккули шавқу ҳавас ва рағбати наврасон ба ягон соҳаи фаъолият саҳми чорабиниҳои тарбиявии мактаб; вохури бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, шабҳои саволу чавоб, конференсияҳои хонандагон, ба маҳфилҳои фаннӣ иштирок кардани хонандагон, ба музей, кино, намоишгоҳҳо рафтан ва омухтани адабиёти зарурӣ аҳамияти калон дорад.

Дар хонандагони синфҳои 7,8-ум кушиши баланд бардоштани дараҷаи маданият ва оиди ин соҳаҳо дониши зиёд гирифтан; адабиёт, мусиқй, асарҳои рассомӣ, театр, кино ва ғайра пайдо мешаванд.

Дар ин синну сол духтарон бештар ба хондани асарҳои бадеъи, шеъру достонҳо марок зоҳир мекунанд. Онҳо бештар шунидану замзама кардани сурудҳои замонавӣ, мароқ дошта, ба кинофилмҳое,ки дар бораи ишқу муҳаббат, дустию вафодорӣ нақл мекунанд, ҳавас доранд.

Духтарони наврас ба каҳрамонони образи занони кинофилмҳо пайравӣ карда, ба сару либоси худ диққат медиҳанд ва муйҳои худро ба монанди онҳо шона карда, худро ба чойи онҳо тасаввур намуда тақлидкорӣ мекунанд.

Санъати мусиқӣ дар ҳаёти наврасон мақоми хоса пайдо мекунад. Онҳо шеърҳоеро ба оҳанг дароварда замзама мекунанд, дар тую тамошоҳо бо суруду рақси худ диққати ҳозиронро ҷалб карда, дар мактаб аъзои фаъоли маҳфили худ фаъолияти-бадеӣ мешаванд.

Дар синни наврасӣ духтарон ба тартиб додани дафтарҳои хотира аҳамияти калон медиҳанд. Онҳо бо ин максад дар дафтарҳои хотира бисёртар шеърҳои шоирон ва гуфторҳои нависандагону мутафаккирони бузургро оиди ишқу муҳаббат, дустию дустдорӣ, вафодорию садоқат гирд оварда, ба тартиб медароранд. Инчунин, ягон лаҳзаҳои фаромушнашавандаи давраи наврасии худро ба қалам дода, расмҳои зебою дилкаш ва актёрони дустдоштаи худро ширеш карда, нақшу нигор мекунанд,ки ҳамаи ин бо ҳавас ва хоҳиши том иҷро карда мешавад. Дар дафтари хотираи хонандаи синфи 8-ум мактаби миёнаи №9-и шаҳри Кулоб чунин мисраҳои шеърӣ ва гуфтаҳои нависандагон гирд оварда шуда буд; «Ишқро нармдил ва мехрубон гумон накунед, вай ҳикоятест аламнок, хорест дарднок, аз дида ашк, аз дил чашмаи хунин мекушояд» — В.Шекспир.

Ман ошики он ду чашми мастат, чй кунам?

Ман дил ба сари зулфи ту бастам, чй кунам?

Гуянд маро зи ишк ту, тавба бикун,

Ман тавба кунам, дил накунад, манн чй кунам

Дугонаи чон бемалолат бошй,

Гулхои шукуфтаи вилоят бошй,

Шавқу ҳаваси писарон дар ин синну сол аз шавқу хаваси духтаро фарк мекунад. Ҷавонписарон бештар ба техника, варзиш, фанҳои ҷуғрофия, таърих, физика мароқ зоҳир мекунанд. Диққати писаронро бештар кинофилмҳое,ки дар бораи қаҳрамонӣ, ҷасурӣ, далерӣ, нотарсӣ нақл мекунад, ҷалб мекунанд. Қаҳрамонони дустдоштаи наврасон одамони фаъол, ташаббускор, кордон ва шахси эҷодкору ҷиддӣ мебошанд. Зиёда аз ин, наврасон ба кинофилмҳои фантастикӣ, техникаи тараққикарда, алоқа бо одамони кайҳонӣ ва дигар-масъалаҳо ҳисси таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Наврасон барои он ки ба қаҳрамонҳои дустдоштаашон монанд шаванд худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обу тоб дода ба намудҳои гуногуни варзиш (гуштингирӣ, каратэ, бокс) машғул мешаванд. Ба туфайли мутолиаи асарҳои фантастикӣ, бадеӣ, тамошои кинофилмҳои характери эчодӣ дошта, фантазия ва тафаккури эҷодии наврасон бою ғанӣ гашта, дар онҳо ҳаваси маърифатй ташаккул меёбад.

Дар баробари ташаккули шавқу ҳавас ва рағбат дар зери таъсири корҳои таълими тарбия дар мактаб ва муассисаҳои берун аз мактабӣ дар наврасон қобилияти эҷодӣ зина ба зина инкишоф меёбад. Пеш аз ҳама, қобилияти мусиқӣ, бадеӣ-эчодӣ, адабӣ-бадеӣ мушоҳида карда мешавад. Баъдтар дар натиҷаи ҷиддӣ ва мунтазам аз худ кардани дарсҳо ва материалҳои фанни математика дар наврасон кобилияти математикӣ ташаккул меёбад. Дар асоси омухтани фанни математика, физикаию кимиё дар наврасон қобилияти муҷассамасозӣ ва ихтирокории техникӣ оҳиста-оҳиста инкишоф меёбад ва онҳо ба сохтани ҳар гуна қолабҳо мароқ зоҳир мекнанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *