Мавзухои точики

Дар бораи иду чашнхое, ки дар моххои порсиён аст. “Наврӯз”

Чанде аз мунаҷҷимон мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале, пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!” Яъне, рӯзе тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯйи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашканӣ.” Пас, Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯйи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд …

Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: “Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд.”

Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд

Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст. Ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст. Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунад. Ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рӯз уруҷ кард. Ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат мекунанд. Ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро “рӯзи умед” ном ниҳоданд. Ва асҳоби найрангҳо гуфтаанд: “Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд.” Ва эрониён мегӯянд, ки дар бомдоди ин рӯз бар кӯҳи Пушанг шахсе сокиту хомӯш дида мешавад, ки як даста гиёҳе (марв) дар даст дорад ва бо андозаи як соат пайдост, сипас аз чашм пинҳон мешавад ва то соли дигари ин вақт ошкор намегардад.

Зодуя дар китоби худ гуфтааст, ки сабаб ин аст, ки Офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ- шимолӣ тулӯъ мекунад. Ва баёни матлаб он аст, ки Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме ки ҳар андоза хӯрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки то сабаби рӯйидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. Пас, Ҷам бо амри Худованд ва раҳнамоии Ӯ ба сӯйи ҷануб шуд ва дергоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд. Онгоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди Офтоб толеъ шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулӯи ду Офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум мегуфтанд: “Рӯзи нав!” Яъне, рӯзе навин. Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас, ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯйидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯйӣ кунанд …

Абӯрайҳон Берунӣ, “Осорулбоқия”

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *