Мавзухои точики

Моҳияти иҷтимоӣ – иқтисодии андозҳо

  1. Моҳияти иҷтимоию иқтисодии андозҳо, мундариҷаи дохилии андозҳо ба воситаи вазифаҳои он амалӣ мегардад. Андозҳо функсияҳои зеринро иҷро мекунанд:
    1. Функсияи фискалӣ ё хазинавӣ – таъминоти молиявии хароҷотҳои давлатӣ;
    2. Функсияи танзимкунӣ – танзимнамоии иқтисодиёт аз тарафи давлат;
    3. Функсияи иҷтимоӣ – нигоҳдории мувозинати иҷтимоӣ бо роҳи тағйир додани таносуби байни даромадҳои гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ бо мақсади баробарнамоии нобаробариҳои байни онҳо;
    4. Функсияи ҳавасмандгардонӣ;
    5. Функсияи назоратӣ;

    Функсияи фискалӣ ё хазинавӣ – дар ҳамаи давлатҳо, бо ҳамагуна суратбандиҳои ҷамъиятӣ андозҳо дар навбати аввал функсияи хазинавӣ (фискали)-ро иҷро мекунанд – гирифтани як қисми даромади андозсупорандагон барои таъмин намудани аппарати давлатӣ, мудофияи давлатӣ ва он қисми соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки сарчашмаҳои худи даромадро надоранд (баъзе муассисаҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, архивҳо ва ғ.) ё ин ки онҳо барои таъмин намудани дараҷаи мукаммали инкишоф – илм, театрҳо, музейҳо ва бисёре аз муассисаҳо таълимӣ ва ғ. – нокифоя мебошанд.

    Функсияи танзимкунӣ – ба андозҳо нақши асосии ташаккулдиҳии қисми даромади буҷети давлатӣ муносиб мебошад. Нақши муҳимро функсияе, ки бе он иқтисодиёти дар шароитҳои муносибатҳои молию пулӣ амаликунанда фаъолият карда наметавонад, ин функсияи танзимкунӣ мебошад. Иқтисодиёти бозорӣ дар мамлакатҳои тараққикарда – ин иқтисодиёти танзимшаванда мебошад. Иқтисодиёти бозорие, ки аз тарафи давлат танзим намешавад ва самаранок амал мекунад, тасвир кардан номумкин аст. Масъалаи дигар — чӣ тавр, бок адом тарз ва бок адом шакл он танзим мегардад. Дар ин ҷо мо метавонем вариантҳои гуногунро интихоб намоем, вале фарқ надорад, ки ин шаклу усулҳо чӣ гунаанд, ҷои махсусро дар системаи танзимкунӣ ба андозҳо дода шуд. Рушд ёфтани иқтисодиёти бозорӣ ба воситаи усулҳои молиявию иқтисодӣ ба танзим дароварда мешавад – бо роҳи истифодабарии системаи самарабахши андозбандӣ, тағйир додани сармояи ссудӣ (қарзӣ) ва меъёри фоизҳо, аз буҷет ҷудо кардани маблағгузориҳои асосӣ ва кумакҳои молиявӣ ва ғ. Ҷои махсусро дар байни усулҳои иқтисодии номбурдашуда ин андозҳо ишғол менамоянд. Ба воситаи тағйирдиҳии меъёри андозҳо, имтиёзҳо ва ҷаримапулиҳо, тағйир додани шартҳои андозбандӣ, дохил кардани андозҳои нав ва хориҷкунии дигар андозҳо давлат барои рушди босуръати соҳаҳои фароҳам оварда, барои ҳалли беҳтарини муаммоҳои ҷамъиятӣ имконият медиҳад.

    Функсияи иҷтимоӣ ё азнавтақсимкунӣ – ба воситаи андозҳо буҷети давлатӣ маблағҳо муттамарказ гардида, баъдан барои ҳалли муаммоҳои хоҷагии миллӣ ҳам истеҳсолӣ ва ҳам иҷтимоӣ, молиякунониҳои барномаҳои мақсадноки калони байнисоҳавӣ ва умумӣ – илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва ғ. равона менамоянд. Бо ёрии андозҳо давлат қисми даромади соҳибкорон ва корхонаҳо, шаҳрвандонро аз нав тақсим намуда, барои рушди сохторҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ; барои сармоягузориҳо ба соҳаҳое, ки мӯҳлати дарози баргардонии хароҷотҳоро талаб менамоянд (роҳи оҳан, автострадаҳо, соҳаҳои коркардабароӣ, НБО ва ғ.) равона мекунад. Дар шароитҳои муосир қисми зиёди воситаҳои буҷет бояд барои рушди истеҳсолоти хоҷагии деҳқонӣ равона гардад, чунки суст инкишофёбии ин соҳа ба ҳолати иқтисодии мамлакат ва ҳаёти аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин функсия хосияти иҷтимоӣ дорад. Ҳамин тавр, системаи андози сохташуда ба иқтисоди бозорӣ равиши иҷтимоиро медиҳад, ки ин дар Олмон, Шветсия ва дигар мамлакатҳо дида мешавад. Ин ба воситаи муқаррарнамоии меъёри прогрессивии андозбандӣ, равона намудани қисми зиёди даромади буҷети давлатӣ барои эҳтиёҷотҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз андозҳо пурра ё қисман озодкунии аҳолие, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд ба ҳадди комил мерасонад.

    Функсияи ҳавасмандгардонӣ – бо ёрии андозҳо, имтиёзҳо, раводидҳо (санксияҳо), давлат рушди техникӣ, афзоиши миқдори ҷойҳои корӣ, сармоягузории асосӣ барои васеънамоии истеҳсолот ва ғайраро ҳавасманд мегардонад. Системаи андози дуруст ташаккулёфта онро дар назар дорад, ки андозҳо аз воситаҳои барои истеъмол равона гардида ситонида шаванд. Воситаҳое, ки барои инкишоф равона мегарданд (фарқ надорад шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ), бояд пурра аз андозбандӣ озод карда шаванд. Аммо дар амалия ин тавр нест. Ҳавасмандгардонии рушди техникӣ ба воситаи андозҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки маблағи барои харидории яроқҳои нави техникӣ, ислоҳотҳо, васеъкунии истеҳсолоти моли истеъмоли оммавӣ, таҷҳизотҳо барои истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва ғ. аз андозбандӣ озод мегарданд. Ин бо тарзҳои гуногун амалӣ мегардад. Масалан, дар Олмон ин хароҷотҳо ба арзиши аслии маҳсулот дохил шуда, ҳамин тавр аз андозбандӣ озод мегарданд. Дар дигар мамлакатҳо ин хароҷотҳо қисман ё пурра аз фоидаи андозбандишаванда тарҳ карда мешаванд.

    Функсияи назоратӣ — бояд тавассути мақомоти андоз воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо дар ченаки миқдорӣ, яъне дар маблағи пурра, назорат карда шавад. Мақомоти андоз барои ба амал баровардани назорати андозӣ аз болои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва барои супоридани саривақтии андоз ва ба ҳамаи ҷанбаҳои дигари амал баровардан ва ҷамъоварии андозҳо ба таври пурра ва ҳатмӣ ҷавобгар мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар чунин масъулият ба дӯши мақомоти дигар гузашта шуда бошад. Тавассути ин функсия вазифаҳои асосии мақомотҳои андоз амалӣ мегарданд. Мақомотҳои андоз назорати андозсупорандагон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои риоя намудани қонунгузории андоз бо роҳи дуруст ҳисоб намудан ва воридоти андозҳо амалӣ менамоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *