Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурд оид ба рўёнидани зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии суд ва мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди тосудӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ расидааст

БОБИ 47.

Пешбурд оид ба рўёнидани зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии суд ва мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди тосудӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ расидааст
Моддаи 461. Асосҳо ва шартҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ барои рўёнидани товони зарар

1. Товони зараре, ки ба шахс дар натиҷаи ғайриқонунӣ дастгир кардан, дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ нигоҳ доштан, муваққатан аз вазифа дур кардан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум кардан, татбиқ намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ расонида шудааст, аз тарафи давлат сарфи назар аз гуноҳи таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд пурра рўёнида мешавад.

2. Ҳуқуқи рўёнидани товони зарар дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд:

— дар сурати озод намудани дастгиршуда ё ҳабсшуда бо сабаби тасдиқ нагардидани гумон дар содир кардани ҷиноят;

— қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур пешбинишуда;

— баровардани ҳукми сафедкунанда;

— тағйир ёфтани бандубасти кирдор дар асоси он моддаи қонун, ки ҷинояти нисбатан сабуктарро бо таъини ҷазои нисбатан сабуктар мувофиқи ин модда ё аз ҳукм хориҷ кардани қисми айбдоркунӣ ва бо ин сабаб сабук кардани ҷазоро пешбинӣ менамояд;

— бекор карда шудани қарори ғайриқонунии суд доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

3. Дар ҳолати фавти шаҳрванд ҳуқуқи рўёнидани товони зарар бо тартиби муқарраршуда ба ворисони ў ва дар қисмати гирифтани нафақа ва кўмакпулиҳое, ки пардохти онҳо боздошта шудааст, ба он аъзои оилаи ў мегузарад, ки ба доираи шахсони дар ҳолати фавти сарпараст бо нафақаи вобаста ба гум кардани сарпараст таъминшаванда мансубанд.

4. Товони зарар дар ҳолате рўёнида намешавад, ки шаҳрванд дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ бо роҳи худайбдоркунӣ барои ба миён омадани оқибатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда мусоидат карда бошад. Аммо худайбдоркуние, ки дар натиҷаи нисбат ба шаҳрванд татбиқ гардидани зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ ба вуҷуд омадааст, ба рўёнидани товони зарар монеъ намегардад. Зимнан далели татбиқи чораҳои ғайриқонунӣ бояд аз тарафи мақомоти тафтишотӣ, прокурор ё суд муқаррар карда шаванд.

5. Қоидаҳои ҳамин модда ба ҳолатҳое дахл надоранд, ки чораҳои маҷбуркунии мурофиавии нисбат ба шахс татбиқшуда ё ҳукми айбдоркунанда бекор карда ё бо сабаби қабули санади афв, гузаштани мўҳлати даъво, нарасидани синну сол ё қабули қонуне, ки ҷавобгарии ҷиноятиро аз байн мебарад ё ҷазоро сабук мегардонад, тағйир дода шуда бошанд.
Моддаи 462. Товони зараре, ки бояд рўёнида шавад

Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва шартҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 464 Кодекси мазкур зикршуда, шахс ҳуқуқ дорад ба:

— рўёнидани товони зарари молумулкӣ (маош, нафақа, кўмакпулӣ ва маблағҳои дигаре, ки аз онҳо дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ, мусодираи ғайриқонунии молу мулк ё дар асоси ҳукмҳо ё қарорҳои суд ба фоидаи давлат дохил кардани молу мулк маҳрум гаштааст, ҷаримаҳо ва хароҷоти мурофиавие, ки барои иҷрои ҳукми ғайриқонунии суд ситонида шудаанд, маблағе, ки барои расонидани кўмаки ҳуқуқӣ пардохта шудаанд ва хароҷоти дигар);

— барҳам додани оқибатҳои зарари маънавӣ;

— барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақавӣ, манзилӣ ва ғайра.
Моддаи 463. Эътирофи ҳуқуқ ба рўёнидани товони зарар

Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ доир ба пурра ё қисман сафедкунии шахс қарор қабул карда, бояд ҳуқуқи ўро оид ба рўёнидани товони зарар эътироф намоянд. Нусхаи ҳукми сафедкунанда ё таъиноти (қарори) қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, бекор кардан ё тағйир додани дигар қарорҳои ғайриқонунӣ ба шахси манфиатдор супорида ё тавассути почта фиристода мешавад. Ҳамзамон бо ин ба ў хабарнома бо фаҳмондани тартиби рўёнидани товони зарари молумулкӣ ва барқарор намудани ҳуқуқи дигари ў фиристода мешавад.
Моддаи 464. Муайян кардани андозаи зарари молумулкӣ ва тартиби рўёнидани товони он

1. Шахс ҳуқуқ дорад, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои дар моддаи 463 Кодекси мазкур зикршуда бо хабарномаи тартиби рўёнидани товони зарар, ба мақомоте, ки ҳукми сафедкунанда, оид ба қатъи парванда, бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои дигари ғайриқонунӣ таъинот (қарор) баровардааст, бо талабнома рўёнидани зарари молумулкӣ муроҷиат намояд. Агар аз тарафи суди болоӣ парванда қатъ карда ё ҳукм тағйир дода шуда бошад, аризаи рўёнидани товони зарар ба суде, ки ҳукм баровардааст, равон карда мешавад.

2. Судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ на дертар аз як моҳи баъд аз рўзи ворид гардидани ариза андозаи зарарро муайян мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти молия ва таъминоти иҷтимоӣ ҳисобу китобро дархост карда, дар бораи анҷом додани пардохтҳо доир ба рўёнидани товони зарар қарор мебароранд.

3. Аризаи рўёнидани товони зарари молумулкӣ аз тарафи судя бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 401 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

4. Нусхаи тасдиқгардидаи қарор ба шахс ва дар ҳолати фавти ў ба шахсони дар қисми 3 моддаи 461 Кодекси мазкур зикршуда барои пешниҳод ба мақомоте, ки вазифадоранд пардохтро анҷом диҳанд, супорида ё фиристода мешавад.

Моддаи 465. Шикоят аз қарорҳои анҷом додани пардохтҳо

Аз қарорҳои судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ оид ба анҷом додани пардохтҳо мувофиқи тартибе, ки дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 466. Бартараф кардани оқибати зарари маънавӣ ва зарарҳои дигар

1. Даъвои рўёнидан ба тариқи пулӣ барои зарари расонидашуда бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ пешниҳод карда мешавад.

2. Агар маълумоти дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, муваққатан аз вазифа дур сохтан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум намудан ва амалҳои дигари ғайриқонунии нисбат ба шахс татбиқшуда дар матбуот чоп карда, тавассути радио, телевизион ва воситаҳои дигари ахбори омма интишор шуда бошад, бо талаби шахси мазкур ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў ё супориши суд, прокурор, муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ воситаҳои дахлдори ахбори умум вазифадоранд, ки дар муддати як моҳ дар ин бобат хабари зарурӣ интишор намоянд.

3. Бо талаби шахс ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ вазифадоранд, ки дар муддати то чордаҳ шабонарўз доир ба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои кор, таҳсил ё зисти ў ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд.
Моддаи 467. Барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар

1. Агар ариза доир ба барқарор кардани ҳуқуқи меҳнатӣ, нафақавӣ ва манзилӣ, анҷом додани пардохтҳо, ҳамчунин дар бораи баргардонидани молу мулк ё арзиши он қонеъ гардонида нашавад ё шахс бо қарори қабулшуда розӣ набошад, ў ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.

2. Ба шахсоне, ки аз рутбаҳои ҳарбӣ ва унвонҳои дигар, дараҷаҳои тахассусӣ, ҳамчунин ордену медалҳо маҳрум карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда рутбаю унвонҳо, дараҷаҳои тахассусӣ барқарор карда, ордену медалҳои онҳо баргардонида мешаванд.
Моддаи 468. Мўҳлати пешниҳоди ариза

1. Ариза оид ба анҷом додани пардохтҳои пулӣ ба ивази товони зарари молумулкӣ метавонад дар давоми се сол аз лаҳзае, ки шахсони дар қисми 3 моддаи 461 Кодекси мазкур зикршуда таъинот ё қарорро доир ба анҷом додани чунин пардохтҳо мегиранд, пешниҳод карда шаванд.

2. Ариза дар хусуси барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар метавонад аз тарафи шахс дар давоми як сол аз лаҳзаи гирифтани хабарномае, ки тартиби барқарор намудани ҳуқуқро мефаҳмонад, пешниҳод карда шавад.

3. Дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаштани мўҳлатҳои зикршуда, ин муҳлатҳо бо аризаи шахсони манфиатдор метавонанд аз тарафи муфаттиш, прокурор ё суд барқарор карда шаванд.
Моддаи 469. Рўёнидани товони зарар ба шахсони ҳуқуқӣ

Товони зараре, ки ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ расонида шудааст, аз тарафи давлат пурра ва дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб рўёнида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *