Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОБЕИЯТИ СУДӢ

ҚИСМИ III.

ПЕШБУРДИ СУДӢ
ФАСЛИ VIII.

ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ
БОБИ 30.

ТОБЕИЯТИ СУДӢ
Моддаи 251. Тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Ба судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ба ғайр аз парвандаҳое, ки ба судҳои болоӣ ё судҳои ҳарбӣ тобеанд, тобеияти судӣ доранд.

2. Судҳои шаҳрӣ ва ноҳияви дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

Моддаи 252. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе

Ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои онҳо мутобиқи қонун ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, ба ғайр аз парвандаҳои марбути судҳои ҳарбӣ, тобеияти судӣ доранд.
Моддаи 253. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятие, ки дар моддаи 252 Кодекси мазкур зикр шудаанд ва онҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ содир шудаанд, тобеияти судӣ доранд.

2. Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин парвандаҳои ҷиноятие, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд ва ё тибқи қонун баррасии онҳо ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст, тобеияти судӣ доранд.
Моддаи 254. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба судҳои ҳарбӣ

1. Ба судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятии зерин тобеияти судӣ доранд:

— парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ўҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд;

— парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбии воҳидҳо ва қисмҳои милитсияи аз рўи даъват ташкилкардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд;

— парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои зидди тартиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд;

— парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ.

2. Судҳои ҳарбӣ якҷоя бо парвандаҳои ҷиноятӣ даъвои граждании қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шахсони дигари ҳуқуқиро, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ҳамчунин даъвои шаҳрвандонро дар бораи рўёнидани товони зарари моддие, ки ба онҳо дар натиҷаи ҷинояти содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ расонида шудааст, баррасӣ менамоянд.

3. Судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинигардида қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини нагардида бошад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

4. Ҳангоми айбдор донистани шахс ё гурўҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки ақаллан парванда дар бораи як ҷиноят ба Суди ҳарбӣ тобеият дорад, парвандаҳои ҳамаи ҷиноятҳоро Суди ҳарбӣ баррасӣ мекунад.

5. Ҳангоми айбдор донистани гурўҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки парванда ақаллан нисбат ба як айбдоршаванда дар тобеияти суди ҳарбӣ қарор дошта бошад, парвандаҳоро нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон суди ҳарбӣ баррасӣ менамояд.

6. Парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои шахсони дар сархатҳои якум-сеюми қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ содир намудаанд ва дар вақти баррасии парванда дар суд аз хизмат ҷавоб шудаанд, судҳои ҳарбӣ баррасӣ мекунанд.

7. Тобеияти судии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки шахс то вақти даъват ба хизмат ё дохил шудан ба хизмати низомии дар мақомоти дар сархатҳои якум — сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида содир намудааст, тибқи талаботи моддаҳои 251-253 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

8. Ба Суди ҳарбии гарнизон парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсони дорои унвони то подполковник тобеияти судӣ доранд.

9. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсоне, ки дорои унвони полковник ва аз он баланд ё вазифаи фармондеҳи полкро ишғол мекунанд ва шахсони аз рўи вазифаи хизматӣ ба онҳо баробар, парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки барои онҳо қонуни ҷиноятӣ ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё қатл пешбинӣ намудааст, ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд.

10. Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаро, ки ба суди ҳарбии поёнӣ тобеияти судӣ доранд, ба сифати суди марҳилаи якум ба баррасии худ қабул намояд.
Моддаи 255. Ҳуқуқи суди болоӣ барои ба баррасӣ гирифтани парвандаҳои ҷиноятии тобеи суди поёнӣ

Суди болоӣ дар ҳолатҳои истисно ҳуқуқ дорад аз суди поёнӣ ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро талаб карда, ба пешбурди худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ намояд.
Моддаи 256. Тобеияти судии ҳудудии парвандаҳои ҷиноятӣ

Парвандаи ҷиноятӣ бояд дар ҳамон суде мавриди баррасӣ қарор гирад, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҷиноят содир шудааст. Агар маҳалли содир шудани ҷиноятро муайян кардан имконнопазир бошад, парванда тобеи он суде мебошад, ки дар доираи ҳудуди фаъолияти он пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда анҷом дода шудааст.
Моддаи 257. Муайян кардани тобеияти судӣ ҳангоми якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Ҳангоми айбдор кардани шахс ё гурўҳи шахсон дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки парвандаи онҳо ба судҳои марҳилаҳои гуногун тобеият дорад, парванда оид ба ҳамин ҷиноятҳо аз ҷониби суди марҳилаи болоии судҳои зикршуда баррасӣ карда мешавад.

2. Парванда тобеи якчанд судҳои марҳилаи якхела дар суде баррасӣ карда мешавад, ки дар ҳудуди фаъолияти он тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда ба охир расонида шудааст.
Моддаи 258. Супурда шудани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ

1. Агар суд, судя ҳангоми муайян кардани он ки парвандаи воридшуда тобеи ҳамин суд намебошад, онро аз рўи тобеияти судӣ равон мекунад.

2. Агар суд, судя муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятии дар пешбурдаш қарордошта ба суди дигари марҳилаи якхела тобеият дорад, танҳо дар ҳамон ҳолат ҳуқуқ дорад ин парвандаи ҷиноятиро дар пешбурдаш монад, ба шарте, ки баррасии парвандаро дар маҷлиси суд оғоз намуда бошад. Агар парванда тобеи суди болоӣ ё суди ҳарбӣ бошад, он бояд дар ҳама ҳолат аз рўи тобеияти судӣ равона карда шавад.

3. Парвандаеро, ки баррасиаш дар маҷлиси судии суди болоӣ оғоз шудааст, ба суди поёнӣ ирсол кардан мумкин нест.
Моддаи 259. Ба суди дигар супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз суде, ки таҳти тобеияти судии он қарор дорад

1. Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба суди дигари ҳамто супурдан мумкин аст. Бо ин асосҳо супурдани парвандаи ҷиноятӣ танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси суд иҷозат дода мешавад.

2. Масъалаи бо асосҳои зикршуда супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз суди ноҳия (шаҳр) ба суди дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мувофиқан аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.

3. Ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз як суд ба суди дигари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супурдани парвандаи ҷиноятиро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў иҷозат медиҳанд.
Моддаи 260. Норавоии баҳс дар бораи тобеияти судӣ

Баҳсҳо дар бораи тобеияти судӣ байни судҳо нораво мебошад. Ҳама гуна парвандае, ки бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 258 ва 259 Кодекси мазкур аз як суд ба суди дигар ирсол гардидааст, бояд аз ҷониби суде, ки ба он равон карда шудааст, бе чунучаро барои пешбурд қабул карда шавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *