Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

ФАСЛИ II.

Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ
БОБИ 4.

СУД

Моддаи 33. Судҳое, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ амалӣ мекунанд

Адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мекунанд.

Моддаи 34
. Ҳайати суд

1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум дастаҷамъона ва ё танҳо баррасӣ карда мешавад.

2. Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад.

3. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.

4. Судя парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, танҳо баррасӣ менамояд.

5. Парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати судяҳои муқарраркардаи моддаҳои 365 ва 410 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 35.
Салоҳияти суд

1. Танҳо суд ҳуқуқ дорад:

— шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ў ҷазо таъин кунад;

— нисбат ба ноболиғ чораҳои дорои хусусияти тарбиявиро мутобиқи боби 44 Кодекси мазкур таъин кунад;

— нисбат ба шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро мутобиқи боби 45 Кодекси мазкур таъин кунад;

— барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё мўҳлати онро дароз кунад;

— санадҳои қабулкардаи судҳои марҳилаҳои поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад;

— оид ба гузаронидани экспертизаи судӣ — тиббӣ ё судӣ — равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат диҳад;

— барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, иҷозат диҳад;

— барои кофтукови манзил иҷозат диҳад;

— ба ҳабси молу мулк иҷозат диҳад;

— барои кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозат диҳад;

— барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарор доранд, иҷозат диҳад;

— ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа ва ё хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешавад иҷозат диҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда мувофиқи моддаи 114 Кодекси мазкур қарор қабул кунад;

— ба гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо иҷозат диҳад;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онро барои гузаронидани тафтиши пешакӣ аз рўи тобеъият ба мақомоти дахлдор ирсол намояд;

— дигар ваколатҳоеро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, амалӣ намояд.

2. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор карда мешаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

3. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар дигар ҳолатҳо низ таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.
Моддаи 351. Тяртиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои констмтутсионии шахрваидон ҳангоми гузаронидаии чорабинжҳои оперативй — ҷустуҷуи

Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрваидон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативй — ҷустуҷӯй мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй — ҷустуҷӯй» муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *