Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

БОБИ 45.

Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
Моддаи 438. Асосҳо барои пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1. Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар қисми 1 моддаи 97 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори хавфноки ҷамъиятӣ содир намудаанд ё баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифтор шудаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро ғайриимкон мегардонад, анҷом дода мешавад.

2. Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ танҳо дар ҳолате таъин карда мешаванд, ки бемории рўҳӣ барои худи шахс ё шахсони дигар хавф дошта бошад ва ё хавфи аз тарафи ў расонида шудани зарари ҷиддии дигар мавҷуд бошад.

3. Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мутобиқи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур ва бо дарназардошти муқаррароти ҳамин боб ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 439. Ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд

Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ бояд ҳолатҳои зерин исбот карда шаванд:

— вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои кирдори содиршуда;

— аз тарафи шахс содир гардидани кирдоре, ки бо қонуни ҷиноятӣ манъ шудааст;

— хусусият ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи кирдори содиршуда расидааст;

— рафтори шахс то содир кардани ҷиноят ва баъди он;

— қаблан гирифтори бемории рўҳӣ будани шахс, дараҷа ва хусусияти бемории рўҳӣ дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят ва пешбурди тафтиши пешакӣ;

— хавфи бемории рўҳӣ барои худи шахс ё дигарон ва ё хавфи аз тарафи ў расонидани зарари дигари ҷиддӣ.
Моддаи 440. Дар муассисаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ ҷойгир кардан

1. Ҳангоми муқаррар кардани воқеияти бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ шудааст, дар асоси дархости прокурор бо иҷозати суд ба муассисаи махсусгардонидашудае, ки барои нигоҳ доштани ҳабсшудагон мувофиқ гардонида шудааст, гузаронида мешавад.

2. Дар муассисаи бемориҳои рўҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки ба ҳабс гирифта нашудааст, аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.
Моддаи 441. Ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ

Ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятии гурўҳи ашхос муқаррар гардад, ки яке аз онҳо дар ҳолати номукаллафӣ ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардан ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ў барои тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад.
Моддаи 442. Ҳуқуқи шахсе, ки нисбат ба ў парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад

Шахсе, ки нисбат ба ў парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, агар мувофиқи хулосаи экспертизаи судию равонпизишкӣ хусусият ва вазнинии бемории ў ба ин монеъ нагардад, метавонад ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 47 Кодекси мазкурро истифода барад.
Моддаи 443. Иштироки намояндаи қонунӣ

1. Хешовандони наздики шахсе, ки нисбат ба ў парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, бо қарори муфаттиш ё прокурор ва ё таъиноти суд намояндаи қонунии шахси мазкур дониста мешавад ва барои иштирок дар парванда ҷалб карда мешавад.

2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:

— донад, ки шахсе, ки ў намояндагӣ мекунад, дар содир кардани кадом кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда гунаҳгор дониста мешавад;

— дархост ва раддияҳо баён кунад;

далелҳо пешниҳод намояд;

— бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости ў ё ҳимоякунанда гузаронида мешаванд, иштирок кунад;

— бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки дар онҳо иштирок кардааст, шинос шавад ва мулоҳизаҳои худро доир ба дуруст ва пуррагии сабти онҳо хаттӣ баён намояд;

— баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳар гуна маълумотро ба ҳар андоза навишта гирад;

— нусхаи қарорро доир ба қатъи парванда ё ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ равон кардани парвандаро гирад;

— дар мурофиаи суд иштирок намояд;

— аз амалҳои муфаттиш, прокурор ва суд шикоят кунад;

— аз таъиноти суд шикоят пешниҳод намояд ва нусхаи қарорҳои шикоятшавандаро гирад;

— шикоятҳо ва эътирозҳои оид ба парванда овардашударо донад ва норозигии худро доир ба онҳо пешниҳод кунад;

— дар баррасии судии шикоятҳо ва эътирозҳо иштирок намояд.

3. Дар бораи ба намояндаи қонунӣ фаҳмондани ҳуқуқи ў дар протокол қайд карда мешавад.
Моддаи 444. Иштироки ҳимоятгар

1. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз лаҳзаи муқаррар шудани далели номукаллафӣ ё бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў тафтиш гузаронида мешавад, агар ҳимоятгар пештар аз рўи асосҳо дигар дар парванда иштирок накарда бошад, ҳатмист.

2. Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба пешбурди парванда шомил шудан ба мулоқоти рў ба рў бо ҳимояшаванда ҳуқуқ дорад, ба шарте ки вазъи саломатии ҳимояшаванда ба ин монеъ нагардад, ҳамчунин ҳақ дорад аз ҳамаи ҳуқуқҳои дигаре, ки дар моддаи 53 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, истифода барад.
Моддаи 445. Анҷом додани тафтиши пешакӣ

1. Пас аз анҷом додани тафтиши пешакӣ муфаттиш яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

— дар бораи қатъи парванда-дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур, ҳамчунин вақте ки бемориҳои рўҳӣ ба худи шахс ё шахсони дигар хавфнок нестанд ё имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ надоранд;

— дар бораи равон кардани парванда ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

2. Муфаттиш шахсеро, ки нисбат ба ў тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст, ба шарте ки ў бинобар вазъи рўҳии худ дар амалҳои тафтишӣ иштирок карда тавонад, намояндаи қонунӣ ва ҳимоятгари ў, ҳамчунин ҷабрдидаро оид ба қатъи пешбурди парванда ё ба суд фиристодани парванда хабардор мекунад. Муфаттиш ҳуқуқи иштирокчиёни зикршудаи мурофиаро дар хусуси шинос шудан бо маводи парванда мефаҳмонад ва хабар медиҳад, ки дар куҷо ва кай онҳо ин ҳуқуқро истифода бурда метавонанд. Тартиби шинос шудан бо парванда, аризаҳо ва ҳалли дархост доир ба пурра намудани тафтиш дар асоси моддаҳои 240-243 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

3. Қарори қатъи пешбурди парванда мувофиқи моддаи 235 Кодекси мазкур бароварда мешавад.

4. Дар қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баён карда мешавад:

— ҳолатҳои дар моддаи 439 Кодекси мазкур зикрёфта ва далелҳои оид ба парванда муқарраршуда;

— асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;

— ваҷҳҳои ҳимоятгар ва дигар шахсон, ки асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мавриди баҳс қарор додаанд, ба шарте ки изҳор шуда бошанд.

5. Замимаҳо ба қарори ба суд фиристодани парванда аз рўи қоидаҳои моддаи 245 Кодекси мазкур тартиб дода мешаванд.

6. Муфаттиш парвандаро бо қарори ба суд равон кардан ба прокурор месупорад, ки ў парвандаро омўхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

— қарори муфаттишро тасдиқ карда, парвандаро ба суд равон мекунад;

— парвандаро ба муфаттиш барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад;

— парвандаро бо асосҳое, ки дар сархати якуми қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, қатъ мекунад.

7. Нусхаи қарори ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба намояндаи қонунӣ супорида мешавад.
Моддаи 446. Таъин кардани маҷлиси суд

Баъди ба суд ворид гардидани парванда дар хусуси татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ судя баррасии онро дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 31 Кодекси мазкур таъин мекунад.
Моддаи 447. Муҳокимаи судӣ

1. Баррасии парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо иштироки ҳатмии прокурор ва ҳимоятгар анҷом дода мешавад.

2. Тафтиши судӣ аз тарафи прокурор бо баёни далелҳои зарурати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахсе, ки номукаллаф дониста ё ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, оғоз меёбад. Тафтиши далелҳо ва мубоҳисаҳои тарафҳо аз рўи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда сурат мегирад.
Моддаи 448. Масъалаҳое, ки аз тарафи суд ҳангоми қабули қарор оид ба парванда ҳал карда мешаванд

1. Дар ҷараёни мурофиаи суд бояд масъалаҳои зерин тафтиш ва ҳал карда шаванд:

— оё кирдори бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда вуҷуд дошт;

— оё шахсе, ки дар хусуси ў парванда баррасӣ мешавад, кирдорро содир кардааст;

— оё шахсе, ки дар ҳаққи ў парванда баррасӣ мешавад, кирдорро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст;

— оё шахси мазкур баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин мегардонад;

— оё бемории рўҳии шахс ба худи ў ё шахсони дигар хавф дорад ва ё имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ ба онҳо мавҷуд аст;

— оё татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ зарур аст ва маҳз кадоме аз онҳо.

2. Суд ҳамчунин масъалаҳоеро, ки дар сархатҳои даҳум, ёздаҳум ва сенздаҳуми қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳал мекунад.
Моддаи 449. Қарори суд

1. Суд бо эътирофи исбот шудани ин ки ҷиноят аз тарафи шахси мазкур дар ҳолати номукаллафӣ содир шудааст ё ин шахс баъди содир намудани ҷиноят ба бемории рўҳие гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин гардонидааст, мутобиқи моддаҳои 24 ва 98 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба озод кардани ин шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ва дар бораи нисбат ба ў татбиқ кардани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва маҳз кадом чора таъинот мебарорад.

2. Агар шахси дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда мувофиқи вазъи рўҳии худ хавфнок набошад ё аз тарафи ў кирдори начандон вазнин содир шуда бошад, суд доир ба қатъи пешбурди парванда ва дар хусуси татбиқ накардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор мебарорад.

3. Агар суд эътироф намояд, ки иштироки шахси мазкур дар содир кардани кирдор исбот нашудааст, ҳамчунин дар сурати муқаррар намудани ҳолатҳои дар моддаҳои 27 ва 28 Кодекси мазкур пешбинишуда, суд доир ба қатъи пешбурди парванда аз рўи асоси аз ҷониби он муқарраргардида, сарфи назар аз вуҷуд доштани беморӣ ё хусусияти бемории шахс қарор мебарорад.

4. Дар сурати қатъи пешбурди парванда бо асосҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикр шудаанд, нусхаи қарори суд дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба мақомоти тандурўстӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи табобат ё ба муассисаи равонпизишкии таъминоти иҷтимоӣ фиристодани шахсоне, ки ба ёрии равонпизишкӣ мўҳтоҷанд, фиристода мешавад.

5. Агар собит шуда бошад, ки бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў парванда баррасӣ мешавад, муқаррар нашудааст ё бемории шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, татбиқи чораҳои ҷазоро нисбат ба ў бартараф накунад, суд бо қарори худ парвандаро барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад.

6. Дар қарори суд масъалаҳое, ки дар моддаи 347 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳал мегарданд.
Моддаи 450. Шикоят ва эътироз овардан ба таъиноти суд

Ба таъиноти суд ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, намояндаи қонунӣ ё хешованди наздики шахсе, ки нисбат ба ў парванда баррасӣ гардид, шикоят карда метавонанд, ҳамчунин прокурор метавонад бо тартиби кассатсионӣ мувофиқи қоидаҳои дар боби 38 Кодекси мазкур баёншуда эътироз оварад.
Моддаи 451. Тартиби дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1. Суд бо пешниҳоди маъмурияти муассисае, ки ёрии равонпизишкӣ мерасонад ва хулосаи комиссияи равонпизишкӣ татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро қатъ менамояд, тағйир медиҳад ё мўҳлати онро шаш моҳи дигар дароз мекунад.

2. Масъалаҳои қатъ намудан, тағйир додан ва ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз тарафи суде, ки дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор баровардааст ё аз ҷониби суди маҳалли татбиқи ин чора дастаҷамъона баррасӣ карда мешаванд.

3. Суд дар бораи таъин кардани парванда барои дида баромадан дар маҷлиси суд ба намояндаи қонунии шахсе, ки нисбат ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, маъмурияти муассисаи тиббӣ, ҳимоятгар ва прокурор хабар медиҳад. Иштироки ҳимоякунанда ва прокурор дар маҷлиси суд ҳатмӣ буда, ҳозир нашудани дигар шахсон монеи баррасии парванда намегардад.

4. Дар маҷлиси суд пешниҳоди муассисаи тиббӣ, фикри комиссияи равонпизишкӣ таҳқиқ карда, ақидаи иштирокчиёни маҷлис шунида мешавад. Агар хулосаи комиссияи равонпизишкӣ мавриди шубҳа қарор гирад, суд бо дархости шахсони дар маҷлис иштироккунанда ё бо ташаббуси худ метавонад экспертизаи судию равонпизишкӣ таъин намояд, ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб карда гирад, ҳамчунин шахсеро, ки нисбат ба ў масъалаи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баррасӣ мегардад, ба шарте, ки ин кор аз рўи вазъи рўҳии ў имконпазир бошад, пурсиш намояд.

5. Суд чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар сурати чунин вазъи рўҳии шахс, ки ба татбиқи чораи пештар таъиншуда зарурат боқӣ намонда бошад ё зарурати таъини чораи дигари дорои хусусияти тиббӣ ба миён ояд қатъ мегардонад ё тағйир медиҳад. Суд мўҳлати табобати маҷбуриро дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои қатъ намудан ё тағйир додани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дароз мекунад.

6. Дар бораи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардан, ҳамчунин дар бораи радди қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва онро дар маҷлиси суд эълон мекунад.
Моддаи 452. Аз нав сар кардани парванда дар ҳаққи шахсе, ки нисбат ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст

1. Агар шахсе, ки нисбат ба ў бинобар гирифтор шуданаш ба бемории рўҳӣ баъди содир кардани ҷиноят чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, аз ҷониби комиссияи равонпизишкӣ шифоёфта эътироф гардад, суд дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 400 Кодекси мазкур оид ба қатъи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъинот мебарорад ва масъаларо доир ба гузаронидани таҳкиқ ё тафтиши пешакӣ, ҷалби шахси мазкур ҳамчун айбдоршаванда ва бо тартиби умумӣ ба суд додани парвандаро ҳал мекунад.

2. Вақти дар муассисаи табобат гузаронида ба мўҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *