Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САБАБ ВА АСОСҲОИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

ҚИСМИ II.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ VI.

ПЕШБУРДИ ТОСУДИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 17.

САБАБ ВА АСОСҲОИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 140. Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ

Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд:

— ариза дар бораи ҷиноят;

— ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ;

— иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот;

— иттилоот дар воситаҳои ахбори омма;

— аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бевосита ба даст овардани маълумоте, ки ба аломатҳои ҷиноят ишора мекунанд.
Моддаи 141. Ариза дар бораи ҷиноят

1. Ариза дар бораи ҷиноят шифоҳӣ ё хаттӣ шуда метавонад.

2. Аризаи хаттӣ бояд аз ҷониби шахси аризадиҳанда имзо гузошта шавад.

3. Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, ба он аризадиҳанда ва шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокуроре, ки аризаро қабул кардаанд, имзо мегузоранд.

4. Протокол бояд маълумотро дар бораи аризадиҳанда, маҳалли истиқомат ва кор, инчунин ҳуҷҷатҳои шахсии ў дар бар гирад.

5. Аризадиҳанда дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ огоҳонида, дар протокол сабт ва бо имзоаш тасдиқ карда мешавад.

6. Ариза, мактуб ё дигар иттилооти беном, беимзо ё бо имзои қалбакӣ ё аз номи шахси сохта навишташуда барои оғози парвандаи ҷиноятӣ асос шуда наметавонад.
Моддаи 142. Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ

1. Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ иттилооти ихтиёрии шахс дар бораи ҷинояти содирнамудааш, ки ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ маълум нест, ҳисобида мешавад, ба шарте ки ин шахс ҳанўз гумонбар нашуда ё айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноят пешниҳод нагардида бошад.

2. Аризаи иқрори гуноҳ ба тарзи шифоҳӣ ё хаттӣ дода мешавад ва бояд аз тарафи аризадиҳанда ба мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор супорида шавад.

3. Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, мазмунаш пурра инъикос мегардад. Протокол аз ҷониби шахси бо иқрори гуноҳ ҳозиршуда ва мансабдоре, ки онро қабул кардааст, имзо карда мешавад.
Моддаи 143. Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят

1. Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад.

2. Ба иттилоот мумкин аст ҳуҷҷат ва дигар маводи тасдиқкунандаи ҳолатҳои содир намудани ҷиноят замима шаванд.
Моддаи 144. Иттилооти воситаҳои ахбори омма

1. Иттилооти воситаҳои ахбори омма барои оғози парвандаи ҷинояти асос шуда метавонад, ба шарте ки он асоси воқеи дошта, дар рузнома ё маҷалла дарч гардида ё ба воситаи радио ва телевизион пахш туда бошад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Шахси мансабдори воситаи ахбори омма, ки иттилоотро дар бораи ҷиноят дарҷ ва ё пахш кардааст, бо талаби шахси барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор вазифадор аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маводи дар ихтиёраш будаи тасдиқкунандаи иттилооти пахшшударо дастрас кунад, инчунин шахси пешниҳодкардаи ин маълумотро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин шахс онро бо шарти маҳфуз доштани манбаи иттилоот додааст, номбар кунад.
Моддаи 145. Ҳатмӣ будани қабул ва баррасии аризаю иттилоот дар бораи ҷиноят

1. Мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор вазифадоранд дар бораи ҳама гуна ҷинояти тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда аризаю иттилоотро қабул ва баррасӣ намоянд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Ба аризадиҳанда дар бораи ба қайд гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят бо сабти номи шахсе, ки ариза ё иттилоотро қабул кардааст ва вақти ба қайд гирифтани он ҳуҷҷат дода мешавад.

3. Аз беасос даст кашидан аз қабули ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ба прокурор ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 122, 123 ва 124 Кодекси мазкур шикоят кардан мумкин аст.

4. Ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят, ки ба суд ворид шудааст, барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон карда, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад.

5. Қарор оид ба ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят бояд дар мўҳлати на дертар аз се шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани ариза ва иттилоот қабул карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокурор барои гирифтани нишондоди иловагии шахси аризадиҳанда, талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳо, азназаргузаронии ҷои ҳодиса ин мўҳлатро то даҳ шабонарўз дароз карда метавонад.

6. Дар мавриди гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ё бевосита ошкор кардани ҷиноят мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, сардори воҳиди таҳқиқ, муфаттиш, сардори воҳиди тафтишот ё прокурор яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

— дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ;

— дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ;

— дар бораи аз рўи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот.

7. Оид ба қарори нисбат ба ариза ё иттилооти қабулшуда ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки аз онҳо ариза ё иттилоот расидааст, хабар дода, ба онҳо ҳуқуқи шикоят кардан аз қарор фаҳмонда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

8. Дар сурати аз рўи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор вазифадоранд барои пешгирӣ ё рафъи ҷиноят, ҳамчунин тақвияти изи ҷиноят чораҳо андешанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *