Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исбот

БОБИ 10.

ИСБОТ

Моддаи 85. Ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд

Ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд:

— ҳодисаи ҷиноят (вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои содир намудани ҷиноят);

— ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро муайян мекунанд;

— ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд;

— ҳолатҳое, ки метавонанд боиси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахс гарданд;

— ҳолатҳое, ки гунаҳгории айбдоршавандаро дар содир кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба он, дараҷаи гуноҳ ва ангезаи онро муайян мекунанд;

— ҳолатҳои ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасонанда, ки дар моддаҳои 61 ва 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин дигар ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро арзёбӣ мекунанд;

— ҳолатҳое, ки хусусият ва андозаи зарари аз ҷинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд;

— ҳолатҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд.
Моддаи 86. Ҷамъ овардани далел

1. Ҷамъ овардани далел дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, инчунин суд, судя бо дархости тарафҳо ҳуқуқ доранд:

— оид ба парвандаи таҳти пешбурд қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳар шахсро барои пурсиш ва пешниҳод кардани хулоса ба сифати коршинос ҷалб намоянд;

— азназаргузаронӣ, кофтуков ва амали дигари тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом диҳанд;

— аз корхона, ташкилот, муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ашёи барои парванда аҳамиятдоштаро талаб намоянд; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)
— пешбурди тафтиш ва санҷишро (ревизия) аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор талаб кунанд.

3. Ҳимоятгаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур барои иштирок дар баррасии парванда роҳ дода шудааст, ҳуқуқ дорад:

— далелҳо пешниҳод кунад;

— маълумотеро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ҷамъ оварад;

— маълумотнома, тавсифнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз муассиса, ташкилот ва корхонаҳои мухталиф, ки бо тартиби муқарраршуда ба додани ин ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо ўҳдадоранд, талаб кунад;

— бо ризои ҳимояшаванда фикри мутахассисонро барои шарҳи масъалаҳое, ки вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд ва онҳо дониши махсусро талаб мекунанд, пурсад.

4. Маълумот ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва ҳуҷҷатҳоеро, ки далел шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, судшаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шаҳрвандон, шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассиса ҳуқуқ доранд пешниҳод кунанд.
Моддаи 87. Тафтиши далелҳо

Далелҳои аз рўи парванда ҷамъовардашуда бояд ҳамаҷониба ва холисона тафтиш карда шаванд. Тафтиш аз таҳлили далелҳои ба даст овардашуда, муқоисаи онҳо бо дигар далелҳо, далелҳои нави ҷамъовардашуда, манбаъҳои ба даст овардашудаи далелҳо иборат аст.
Моддаи 88. Баҳодиҳии далелҳо

1. Ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазирӣ, саҳеҳ будан ва ҳамаи далелҳои ҷамъоваришуда дар маҷмўъ аз ҷиҳати кифоя будан барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо дода шавад.

2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ баҳо медиҳанд. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ далелҳоро аз нуқтаи назари кифоя будан барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс баҳо медиҳанд. Суд, судя ба далелҳо аз нуқтаи назари кифоя буданашон барои ҳалли масъалаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баҳо медиҳанд. Ягон далел пешакӣ қувваи муайянкунандаро доро нест.

3. Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зўрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд, инчунин барои исботи ҳолатҳои дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 89. Преюдитсия

1. Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои муқарраркардашуда ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад.

2. Ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаи гражданӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш‚ таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ танҳо оид ба масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ буда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии судшавандаро ҳал намояд.
Моддаи 90. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд

1. Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон ба муайян кардани ҳолатҳои зайл диққати махсус додан лозим аст:

— синну соли ноболиғ (рўз, моҳ, соли таваллуд);

— шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

— сабаб ва шароитҳое, ки ба ҷиноят содир кардани ноболиғ мусоидат намудаанд;

— мавҷудияти таҳриккунандагон ва шарикони дигар.

2. Ҳангоми мавҷуд будани маълумот дар бораи камақлии ноболиғ, ки бо бемории рўҳӣ алоқаманд нест, инчунин бояд моҳияти кирдори худро пурра дарк карда тавонистани ў ошкор карда шавад. Барои муқаррар кардани ин ҳолат бояд падару модари ноболиғ, муаллимон, мураббиёни ў ва шахсони дигаре, ки маълумоти зарурӣ дода метавонанд, пурсида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои лозима талаб карда, амалҳои дигари тафтишӣ ва судӣ анҷом дода шаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *