Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мўҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ

БОБИ 16.

Мўҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ

Моддаи 136. Баҳисобгирии мўҳлат

1. Мўҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонарўз, моҳ ва сол ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳисоби мўҳлат соат ва рўзе, ки ҷараёни мўҳлат оғоз мегардад, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ин қоида ба ҳисоби мўҳлати дастгиркунӣ дахл надорад. Ба ҳисоби мўҳлат, инчунин вақти ғайрикорӣ низ зам карда мешавад.

2. Дар ҳисоби мўҳлат бо моҳ ё сол мўҳлат дар рўзи дахлдори моҳи охирин хотима меёбад, агар ин моҳ санаи дахлдор надошта бошад, мўҳлат дар рўзи охирини ҳамин моҳ ба охир мерасад. Агар хатми мўҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, рўзи охирини мўҳлат рўзи кории баъди он рўз фарорасанда ба ҳисоб меравад, ба ғайр аз ҳолатҳои ҳисоби мўҳлат ҳангоми дастгиркунӣ, ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва мўҳлати дар муассисаи тиббӣ будан.

3. Ҳангоми дастгиркунӣ мўҳлат аз лаҳзаи татбиқи воқеии ин чора ба ҳисоб гирифта мешавад.

4. Мўҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузашти мўҳлат дар почта ва барои шахсони ба ҳабс гирифташуда ва ё дар муассисаи тиббӣ ҷойдода бошад, агар шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо то гузашти мўҳлат ба маъмурияти маҳалли баҳабсгирӣ ё муассисаи тиббӣ супурда шуда бошанд. Вақти супурдани шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо ба почта аз рўи мўҳри почта ва вақти супурдани он ба маъмурияти маҳалли нигоҳдории таҳти ҳабс ё муассисаи тиббӣ тибқи сабти дафтархона ё шахси мансабдори ин муассисаҳо муайян карда мешавад.

5. Аз ҷониби шахси мансабдор риоя кардани мўҳлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар ҳуҷҷати мурофиавӣ тасдиқ карда мешавад. Гирифтани ҳуҷҷат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ супурда шавад, бо забонхати ба парванда ҳамроҳгардидаи онҳо тасдиқ мегардад.
Моддаи 137. Оқибатҳои гузаронидани мўҳлат ва барқарор намудани он

1. Амалҳои мурофиавие, ки бо гузаштани мўҳлат содир шудаанд, дар сурати барқарор карда нашудани мўҳлат беэътибор дониста мешаванд.

2. Шахсе, ки ба барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда манфиатдор аст, ба мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ бо дархост ё хоҳиш муроҷиат мекунад. Мутобиқи дархост ё хоҳиши шахси зикргардида иҷрои қароре, ки вобаста ба гузаштани мўҳлати муқараргардида шикоят шудааст, мумкин аст, то ҳалли масъалаи барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда боздошта шавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

3. Мўҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда бояд бо қарори мақомоте, ки мурофиаи судии ҷиноятиро пеш мебарад, бо дархост ё хоҳиши шахси манфиатдоре, ки мўҳлатро гузаронидааст, барқарор карда шавад.

4. Дар хусуси рад кардани барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шикоят овардан мумкин аст.
Моддаи 138. Хароҷоти мурофиавӣ

1. Хароҷоти мурофиавӣ аз маблағҳои зерин иборат аст:

— маблағи ба шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва намояндагони онҳо, коршиносон, мутахассисон, тарҷумонҳо, шахсони холис барои пўшонидани хароҷоташон ҳангоми ҳозир шудан ба маҳалли гузаронидани амали мурофиавӣ ва бозгашт, барои иҷораи манзил, инчунин масрафи шабонарўзии пардохташуда;

— маблағи ба коршиносон, тарҷумонҳо, мутахассисон пардохташуда барои иҷрои ўҳдадориҳояшон ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин ўҳдадориҳо бо тартиби супориши хизматӣ анҷом дода шудаанд;

— подоши кўмаки ҳуқуқи ҳимоятгар дар сурати озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз пардохти он ё иштироки ҳимоятгар дар таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар суд тибқи таъинот, бе бастани созишнома бо мизоҷ;

— маблағи ба сифати кўмакпулӣ ба айбдоршаванда пардохташуда, ки нисбат ба он чораи пешгирӣ бо роҳи дур кардан аз вазифа татбиқ шуда буд;

— маблағи барои нигаҳдорӣ ва интиқоли далелҳои шайъӣ масрафгардида;

— маблағи барои кофтукови гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда масрафгардида, ки аз тафтиш ё суд пинҳон карда шудааст;

— маблағи барои гузаронидани экспертиза дар муассисаҳои экспертӣ масрафгардида;

— маблағи барои чораҳои дигари анҷом додани пешбурди парвандаи дахлдори ҷиноятӣ ё маводи дахлдор масрафгардида.

2. Хароҷоти мурофиавӣ ба депозити суд қабул карда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ пардохта мешавад, ба шарте ки Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

3. Маблағҳои дар сархатҳои якум — чорум ва ҳаштуми қисми 1 ҳамин модда зикргардида бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё бо таъиноти (қарори) суд пардохта мешаванд.
Моддаи 139. Ситонидани хароҷоти мурофиавӣ

1. Хароҷоти мурофиавӣ аз маҳкумшудагон ситонида ё аз ҳисоби давлат пардохт мешавад.

2. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда, ба истиснои маблағи ба тарҷумон, инчунин ба ҳимоятгар пардохташуда, хароҷоти мурофиавиро аз маҳкумшуда ситонанд. Хароҷоти мурофиавиро ҳам аз маҳкумшудае, ки аз ҷазо озод карда шудааст, ҳам аз маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў ҷазо таъин нагардидааст, ситонидан мумкин аст.

3. Хароҷоти мурофиавӣ вобаста ба иштироки тарҷумон дар парванда аз ҳисоби давлат мебошад. Агар тарҷумон вазифаи худро тибқи супориши вазифагӣ анҷом дода бошад, музди меҳнати ў аз ҷониби давлат ба корхонае, ки ў кор мекунад, ҷуброн карда мешавад.

4. Агар гумонбаршуда ё айбдоршаванда аз ҳимоятгар даст кашида, вале он қонеъ гардонида нашуда, ҳимоятгар дар парванда тибқи таъинот иштирок дошта бошад, музди меҳнати ҳимоятгар бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур пардохта мешавад.

5. Дар ҳолати бо сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур сафед кардани судшаванда ё қатъ намудани парванда хароҷоти мурофиавӣ аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Агар судшаванда қисман сафед шуда бошад, суд ўро ўҳдадор мекунад хароҷоти мурофиавиро вобаста ба айбдоркуние, ки ў гунаҳгор дониста шудааст, пардозад.

6. Дар сурати бад будани вазъи молумулкии шахсе, ки аз ў хароҷоти мурофиавӣ бояд ситонида шавад, он аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Суд ҳуқуқ дорад маҳкумшударо пурра ё қисман аз пардохти хароҷоти мурофиавӣ озод кунад, ба шарте ки он ба вазъи молумулкии шахсоне, ки таҳти парастории маҳкумшуда қарор доранд, таъсири ҷиддӣ расонад.

7. Суд оид ба парванда якчанд судшавандаро гунаҳгор эътироф намуда, муайян мекунад, ки хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза аз ҳар яки онҳо ситонида мешавад. Дар айни замон суд хусусияти гуноҳ, дараҷаи масъулият ва вазъи молумулкии маҳкумшударо ба инобат мегирад.

8. Оид ба парвандаи ҷиноятии ноболиғон суд метавонад пардохти хароҷоти мурофиавиро ба зиммаи падару модари ноболиғон ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, гузорад.

9. Ҳангоми сафед кардани судшаванда оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ суд ҳуқуқ дорад хароҷоти мурофиавиро аз шахсе, ки мутобиқи шикояти ў пешбурди парванда оғоз гардида буд, пурра ё қисман ситонад. Ҳангоми қатъ намудани парванда ба сабаби оштӣ шудани тарафҳо хароҷоти мурофиавӣ аз як ё аз ҳар ду тараф ситонида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *