Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШБУРД ОИД БА БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҲУКМ

БОБИ 41.

ПЕШБУРД ОИД БА БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҲУКМ
Моддаи 390. Мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм

1. Иҷрои ҳукм дар бораи маҳкум кардани шахс ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин мумкин аст мавқуф гузошта шавад:

— бемории вазнини маҳкумшуда, ки ба адои ҷазо халал мерасонад — то шифо ёфтани ў;

— ҳомила будани маҳкумшуда ё фарзандони ноболиғ доштани зани маҳкумшуда, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд, — то ба ҳаштсолагӣ расидани фарзанди хурдӣ;

— ҳангоме ки адои фаврии ҷазо барои маҳкумшуда ё аъзои оилаи ў аз сабаби сўхтор ё дигар офатҳои табиӣ, бемории вазнин, марги ягона узви қобили меҳнати оила ё дигар ҳолатҳои истисно боиси оқибатҳои вазнин гардида метавонад, — ба мўҳлати муайяннамудаи суд, вале на бештар аз шаш моҳ.

2. Агар фавран пардохтани ҷарима барои маҳкумшуда ғайриимкон бошад, пардохти онро ба мўҳлати то шаш моҳ дароз кардан ё ба давраҳо тақсим кардан мумкин аст.

3. Масъалаи мавқуф гузоштани мўҳлати иҷрои ҳукм аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ў, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад.
Моддаи 391. Озод кардан аз адои ҷазо вобаста ба бемории вазнин

1. Агар маҳкумшуда дар давоми адои ҷазо ба бемории рўҳӣ ё дигар бемории вазнин гирифтор шуда бошад, ки ба адои ҷазо халал мерасонад, суд бо пешниҳоди сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ ҳуқуқ дорад маҳкумшударо аз адои минбаъдаи ҷазо озод кунад.

2. Суд ҳуқуқ дорад, ҳамзамон бо озод кардани маҳкумшудаи гирифтори бемории рўҳӣ аз адои минбаъдаи ҷазо нисбат ба ў чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро татбиқ намояд ё ўро ба парастории мақомоти тандурустӣ ё хешовандони наздик супорад.

3. Ҳангоми ҳалли масъалаи аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардани шахсоне, ки гирифтори бемории вазнин мебошанд ва он ба адои ҷазо халал мерасонад, ба ғайр аз онҳое, ки ба бемории рўҳӣ гирифторанд, судя вазнинии ҷинояти содиркардашуда, шахсияти маҳкумшуда ва дигар ҳолатҳоро ба эътибор мегирад.

4. Суд, судя баробари маҳкумшударо бо сабаби беморӣ аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан ҳуқуқ дорад, ўро на танҳо аз ҷазои асосӣ, балки аз ҷазои иловагӣ низ озод кунад.
Моддаи 392. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан

1. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди маҳалле, ки маҳкумшуда ҷазоро адо мекунад, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссияи назоратӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак) татбиқ карда мешавад. Нисбат ба онҳое, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, чунин чораҳо аз ҷониби суд бо пешниҳоди фармондеҳии қисми интизомӣ татбиқ мегарданд.

2. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардани шахсоне, ки то ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 91 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ё комиссияи назоратӣ татбиқ карда мешавад.

3. Агар суд шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карданро рад намояд, баррасии такрории пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди се моҳи аз рўзи баровардани қарор дар бораи рад кардан имконпазир аст.

4. Суд баробари татбиқи шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан метавонад ба зиммаи маҳкумшуда ўҳдадориҳои зеринро гузорад:

— бе иҷозат тағйир надодани маҳалли истиқомат;

— нарафтан ба ҷойҳои муайян;

— гузаштани курси муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ва ё бемориҳои таносулӣ;

— расонидани ёрии моддӣ ба оила;

— иҷрои ўҳдадориҳои дигаре, ки барои ислоҳи ў мусоидат мекунанд.

5. Назорати рафтори шахсе, ки аз ҷазо шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, ба зиммаи мақомоти давлатии ваколатдор рафтори хизматчиёни ҳарбӣ ба зиммаи фармондеҳии қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ гузошта мешавад.

6. Агар маҳкумшуда дар давоми мўҳлати қисмати адонакардаи ҷазо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад, ки барои он дар ҳаққи ў ҷазои маъмурӣ андешида шуда бошад ё аз иҷрои ўҳдадорие, ки суд ҳангоми татбиқи шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба зиммааш гузошта буд, ашаддӣ саркашӣ кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми адонашудаи ҷазо қарор қабул мекунад.
Моддаи 393. Бекор кардани маҳкумкунии шартӣ

1. Агар то гузаштани мўҳлати санҷиш шахси шартан маҳкумшуда бо рафтори худ ислоҳ шудани худро собит карда бошад, суд бо пешниҳоди мақомоте, ки аз болои рафтори шартан маҳкумшуда назорат мекунад, метавонад дар бораи бекор кардани маҳкумкунии шартӣ ва бардоштани доғи судии маҳкумшуда қарор қабул кунад.

2. Суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 7 моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумкунӣ ва барои адои ҷазои мутобиқи ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкумшуда қарор қабул мекунад.
Моддаи 394. Иваз кардани мўҳлати адонакардаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар

1. Мутобиқи моддаҳои 77 ва 92 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, суд мутобиқи рафтори ў дар давраи адои ҷазо метавонад қисми адонакардаи ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кунад.(ҚҶТ аз 21.07.10. № 618)

2. Иваз намудани қисми ҷазое, ки адо карда нашудааст, ба ҷазои нисбатан сабуктар баъди аз тарафи маҳкумшуда воқеан адо кардани мўҳлате, ки дар қисми 3 моддаи 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, мумкин аст татбиқ шавад. Дар ин сурат мумкин аст маҳкумшуда ҳамзамон аз ҷазои иловагӣ низ пурра ё қисман озод карда шавад.
Моддаи 395. Иваз кардани корҳои ислоҳӣ ва ҷарима бо чораҳои дигари ҷазо

1. Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз корҳои ислоҳӣ суд онро дар доираи мўҳлатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ иваз мекунад. Дар айни замон вақте, ки дар тўли он маҳкумшуда кор кардааст, ҳангоми муайян кардани мўҳлати маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима суд онро дар доираи мўҳлатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ё бо тартиби пешбинимамудани қисми 9 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда метавонад. (ҚҶТ аз 21.07.10. № 618)
Моддаи 396. Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо адои ҷазо ҳамроҳ карда шудааст, аз ҷониби суд бо пешниҳоди мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, ки ба хулосаи комиссияи духтурони равонпизишкӣ асос ёфтааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 397. Аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда аз ҷониби суд тибқи аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 398. Баҳисобгирии мўҳлати дар муассисаи табобатӣ гузаронидашуда ба мўҳлати адои ҷазо

Агар шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, дар муассисаи табобатӣ ҷойгир карда шуда бошад, мўҳлати дар он ҷо будани маҳкумшуда ба мўҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 399. Иҷрои ҳукм дар сурати мавҷуд будани ҳукмҳои дигари иҷронашуда

1. Агар дар ҳаққи маҳкумшуда якчанд ҳукми иҷронашуда мавҷуд бошад ва суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ин масъаларо ҳал накарда бошад суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ё суди ҳамноми маҳалли иҷрои ҳукм вазифадор аст, дар бораи нисбати маҳкумшуда татбиқ кардани ҷазоҳоро аз рўи ҳамаи ҳукмҳои зикршуда дар асоси моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) қабул кунад.

2. Агар мўҳлати умумии ҷазоҳо зиёда аз панҷ сол маҳрум кардан аз озодиро ташкил диҳад, масъала аз ҷониби ҳайати дастаҷамъонаи суд баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 400. Судҳое, ки масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукмро ҳал мекунанд

1. Масъалаҳои мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм — мутобиқи моддаи 390 Кодекси мазкур, доир ба озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлати ҳукми айбдоркунӣ — мутобиқи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 386 Кодекси мазкур, дар бораи иваз кардани маҳдуд кардани озодӣ ва ҷарима бо чораҳои дигари ҷазо — мутобиқи моддаҳои 49, 54 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 395 Кодекси мазкур, ҳамчунин тамоми гумонҳо ва норавшаниҳое, ки ҳангоми иҷрои ҳукм ба вуҷуд меоянд, аз ҷониби суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳал карда мешаванд.

2. Агар ҳукм берун аз ҳудуди фаъолияти суде, ки ҳукмро баровардааст, иҷро карда шавад, ин масъалаҳо аз ҷониби суди ҳамном ва дар сурати дар ноҳияи иҷрои ҳукм мавҷуд набудани суди ҳамном аз тарафи суди болоӣ ҳал карда мешаванд. Дар ин ҳолат нусхаи қарори иҷрои ҳукм ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.

3. Масъалаҳои озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби бемории вазнин — мутобиқи моддаҳои 79 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 391 Кодекси мазкур, доир ба шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудан — мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 Кодекси мазкур, дар бораи иваз кардани қисми адо карданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар — мутобиқи моддаҳои 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 394 Кодекси мазкур, оид ба қатъ намудани татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии ба адои ҷазо ҳамроҳ кардашуда — мутобиқи моддаҳои 100 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 396 Кодекси мазкур, дар бораи гузаронидан аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 397 Кодекси мазкур аз тарафи суди ноҳиявии маҳалли адои ҷазо, сарфи назар аз ин ки ҳукм аз ҷониби кадом суд бароварда шудааст, ҳал карда мешаванд.

4. Масъалаҳои бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо — мутобиқи моддаҳои 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 393 Кодекси мазкур, доир ба шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан — мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 Кодекси мазкур аз ҷониби суди ноҳиявии маҳалли зисти маҳкумшуда ҳал карда мешаванд.
Моддаи 401. Тартиби ҳалли масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукм

1. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо озод кардан аз адои ҷазо дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 391 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, аз тарафи суд ба таври дастаҷамъона анҷом дода мешавад. Ҳамаи масъалаҳои дигари марбут ба иҷрои ҳукмро судя дар маҷлиси суд танҳо ҳал мекунад.

2. Дар бораи вақти баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм ба прокурор ва маҳкумшуда хабар дода мешавад. Масъалаи даъвати маҳкумшударо, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, суд, судя ҳал мекунад. Агар масъала бо иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ марбут бошад, даъвогари гражданӣ даъват карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони зикршуда ба баррасии парванда монеъ намегардад.

3. Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаҳои шартан, пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи иваз кардани қисми адокарданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар, доир ба гузаронидани маҳкумшуда аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ намояндаи мақомоти иҷрои ҷазо даъват карда мешавад.

4. Дар ҳолатҳое, ки парванда аз тарафи суд бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ё комиссияи назоратӣ ё ин ки бо пешниҳоди бо комиссияҳои мазкур мувофиқашудаи мақомоти иҷрои ҷазо баррасӣ карда мешавад, судя ба ин мақомот доир ба вақт ва маҳалли баррасии пешниҳод хабар медиҳад.

5. Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо нисбат ба маҳкумшуда ба маҷлиси суд намояндагони мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат менамояд, даъват карда мешавад.

6. Баррасии парванда бо маърўзаи судя (ё раисикунанда ҳангоми баррасии дастҷамъона) оғоз шуда, сипас баёноти шахсони ба маҷлис ҳозиршуда шунида мешаванд.

7. Аз рўи натиҷаҳои баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм суд таъинот ва судя қарор мебарорад, ки бояд дар толори маҷлиси суд эълон карда шавад. Нусхаи таъинот (қарор) дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба маҳкумшуда, прокурор, мақомоте, ки бо пешниҳоди он масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм баррасӣ гардидааст, ҳамчунин ба даъвогари гражданӣ, ба шарте, ки масъалаи иҷрои ҳукм ба даъвои гражданӣ дахл дошта бошад, равон карда мешавад.
Моддаи 402. Баррасии дархост дар бораи бардоштани доғи судӣ

1. Масъалаи бардоштани доғи судӣ мутобиқи қисми 6 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳрии маҳалли зисти шахсе, ки ҷазоро адо кардааст, бо дархости ў ҳал карда мешавад.

2. Дар суд ҳозир будани шахсе, ки нисбат ба ў дархости бардоштани доғи судӣ баррасӣ карда мешавад, ҳатмист.

3. Баррасии дархости бардоштани доғи судӣ бо маърўзаи судя оғоз мегардад, сипас ў баёноти шахсони даъватшударо мешунавад.

4. Дар ҳолати рад кардани бардоштани доғи судӣ ба суд на пештар аз як соли баъди рўзи бароварда шудани қарори рад кардани он дархости такрорӣ пешниҳод кардан мумкин аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *