Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шартҳои умумии тафтиши пешакӣ

БОБИ 20.

Шартҳои умумии тафтиши пешакӣ
Моддаи 159. Мақомоти тафтиши пешакӣ

1. Тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи тобеияти тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар анҷом дода мешавад.

2. Прокурор ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 161, 168 ва 169 Кодекси мазкур ба пешбурди худ қабул намояд.(ЌЉТ аз 22.07.2013с. №983)
Моддаи 160. Пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ

1. Тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии дар моддаи 151 Кодекси мазкур зикр шуда, ҳатмӣ мебошад.

2. Тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содиркарда тавассути ноболиғон ё шахсоне, ки бинобар камбудии ҷисмонӣ ё рўҳӣ наметавонанд ҳуқуқашонро ба ҳимояи худ татбиқ намоянд, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 161. Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти дар қисми 1 моддаи 159 нишондодашуда, анҷом дода мешавад.

2. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104-109, 121-124, 127-130, 1301, 131 қисмҳои 2 ва 3, 132, 133, 137, 138, 141-164, 168-170, 172-178, 183, 185-188, 190, 191, 198, 199, 207-211, 217, 220-229, 231, 233, 236, 245 қисми 1, қисми 2 бандҳои «а», «б», «в», 246, 251, 257, 258, 261, 263, 274, 276, 286 қисми 2, 287-291, 295-297, 298-304, инчунин моддаҳои 314-317, 322, 323, агар ин кирдор хусусияти коррупсионӣ надошта бошад, моддаҳои 328-332, 338, 343-365, 368-393, 398-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттиши мақомоти прокуратура бурда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

3. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи судя, прокурор, муфаттиш ё шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ва гумрук, агентии мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар содир шудаанд, инчунин нисбат ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ содир гардидаанд, ба истиснои ҷиноятҳое, ки дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, муфаттишони мақомоти прокуратура мегузаронанд. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки бо тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар ҳамин қисм ва қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад. .(ЌЉТ аз 22.07.2013с. №983)

4. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи хизматчии ҳарбӣ, шахси ўҳдадори ҳарбӣ, ки ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват мешавад, инчунин аз ҷониби ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вобаста ба адои вазифаи хизматӣ ё дар ҳудуди қисми ҳарбӣ содир гаштаанд, муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ мегузаронанд.

5. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-182, 184, 189, 218, 287-290, 298-313, 335, 336, 395-397 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.

6. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 314, 316, 319-322 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд низ аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад, ба шарте ки онҳо бо тафтиши дигар парвандаҳои ҷиноятие, ки дар тобеияти тафтишии ин мақомотанд, алоқаманд бошанд.

7. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаи 245 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4, моддаҳои 246, 247 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4 ба шарте ки ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 257, 258, 259, 2591, 260, 261, 262, 264, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбари корхона, муассиса ва ташкилоти дигар қатъи назар аз шакли моликият содир шуда бошад, моддаҳои 265, 268, 269, 270, 271, моддаи 273 қисми 3 банди «в», ба шарте ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, моддаҳои 274, 278, 279, 280, 287, моддаи 289 қисми 3 банди «б», агар ин кирдор бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошад, қисми 4, агар дар гурўҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад, моддаи 291 қисми 2 банди «б», моддаҳои 292, 293, 295, 296, 314 -317, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, моддаҳои 318- 321, 323- 327, 3381, 3401, 345 қисми 3, агар ин кирдорҳо бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 348, 349, 359 қисмҳои 2 ва 3, ба шарте ки ин кирдорҳо аз ҷониби субъекти ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир шуда бошанд, моддаҳои 360, 363 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо дар ҳаққи судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз ҷумла кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия), оид ба ҷиноятҳое, ки дар ҳамин қисм пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ошкор намудани ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинигардида, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ўҳдадорони ҳарбии ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват кардашуда содир гардида бошанд, тафтиши пешакии парвандаҳо аз тарафи муфаттишони ҳамин мақомот бурда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

8. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 143-164, 244-297- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки бо тафтиши парванда оид ба ҷиноятҳои дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад.

9. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 181, 200, 201, 202, 2021 , 2022, 2061, 245, 246, 251, 257, 258, 261, 263-268, 273-280, 286-291, 323-325 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 2-7 моддаи мазкур дарҷ нагардидаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 314, 316, 340, 346, 347, 352, 353 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ба шарте ки онҳо бо тафтиши парвандаҳои дигари ҷиноятие, ки дар тобеияти ин мақомотанд, алоқаманд бошанд.

10. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки ноболиғон ё шахсоне содир кардаанд, ки бинобар иллати ҷисмонӣ ё рўҳӣ ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.

11. Оид ба парвандаҳои вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 2061 ва 289 (нисбати контрабандаи (қочоқи) маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тафтиши пешакӣ инчунин аз тарафи муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронида мешаванд.

12. Прокурор бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ сарфи назар аз тобеияти тафтиш тибқи моддаи 168 Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад ҳар як парвандаи ҷиноятиро ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз як мақомоти таҳқиқ ё тафтиш ба дигар мақомоти таҳқиқ ё тафтишот диҳад ё таҳти тафтиши мақомоти прокуратура гирад. Агар дар рафти фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шаванд, прокурор ҳуқуқ дорад оид ба тафтиши онҳо гурӯҳҳои тафтишотӣ — оперативӣ таъсис дода, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро ба зиммаи ҳамин мақомот супорад. (ЌЉТ аз 22.07.2013с. №983)
Моддаи 162. Маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ

1. Пешбурди тафтиши пешакӣ дар маҳалле сурат мегирад, ки дар он ҷо ҷиноят содир шудааст.

2. Бо мақсади таъмини анҷоми фаврӣ, холисона ва пурра мумкин аст пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҷои ошкор шудани ҷиноят, инчунин дар маҳалли будубоши гумонбаршуда, айбдоршаванда ё аксарияти шоҳидон анҷом дода шавад.

3. Муфаттиш баъди дар тобеияти тафтишии худ набудани парвандаро муайян кардан вазифадор аст амалҳои таъхирнопазири тафтиширо анҷом диҳад ва парвандаро барои ирсол тибқи тобеият ба прокурор супорад. Масъалаи тобеияти тафтишӣ аз тарафи прокурори маҳалле, ки дар он ҷо тафтиш шурўъ шудааст, ҳал карда мешавад.

4. Ҳангоми зарурати пешбурди амалҳои тафтишӣ дар маҳалли дигар муфаттиш ҳуқуқ дорад онҳоро шахсан гузаронад ё пешбурди ин амалҳоро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқи ин маҳал супорад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро ба мақомоти таҳқиқи маҳалли тафтиши пешакӣ ё маҳалли пешбурди он супорад. Супориши муфаттиш бояд дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарўз иҷро карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

Моддаи 163. Оғози пешбурди тафтиши пешакӣ

1. Пешбурди тафтиши пешакӣ танҳо пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур гузаронида мешавад.

2. Муфаттиш вазифадор аст ба тафтиши парвандаи оғоз намудааш ё парвандаи ба ў супурдашуда фавран шурўъ кунад. Муфаттиш дар бораи ба баррасии худ қабул кардани парванда қарор мебарорад. Агар парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш оғоз ёфта, ба пешбурди худ қабул шуда бошад, дар ин бора як қарор бароварда мешавад. Муфаттиш нусхаи қарорро дар муддати на дертар аз 24 соат ба прокурор равон мекунад.
Моддаи 164. Мўҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ

1. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз ду моҳ аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.

2. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятие, ки таҳқиқбаранда мегузаронад, бояд дар мўҳлати як моҳ аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.

3. Мўҳлати тафтиши пешакӣ аз рўзи оғози парванда ва то рўзи ба прокурор равон кардани парванда бо фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё то рўзи баровардани қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

4. Ба мўҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ муддате, ки дар давоми он тафтиши пешакӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур боздошта шуда буд, дохил карда намешавад.

5. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда аз тарафи прокурори ноҳия, шаҳр, гарнизони ҳарбӣ ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда то шаш моҳ, аз тарафи прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон мумкин аст то як сол дароз карда шавад. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мўҳлати минбаъдаи тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

6. Мўҳлати бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ба мўҳлати тафтиши пешакӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 165. Анҷоми тафтиши пешакӣ

Пешбурди тафтиши пешакӣ бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё баровардани қарори қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом меёбад.
Моддаи 166. Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ

1. Бо қарори прокурор, инчунин бо қарори муфаттиш таҳқиқбаранда ё таъинот ва қарори суд, судя дар як пешбурд мумкин аст парвандаҳо оид ба айбдоркунии чандин шахс дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят дар шарикӣ, парвандаҳо оид ба айбдоркунии як шахс дар содир намудани чандин ҷиноят, инчунин оид ба айбдоркунӣ дар пинҳон кардани ин ҷиноятҳо бе ваъдаи пешакӣ ё хабар надодан дар бораи онҳо якҷоя карда шаванд.

2. Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи он як шахс ҳам айбдоршаванда ва ҳам ҷабрдида мебошад, ба ғайр аз парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, иҷозат дода намешавад.

3. Мўҳлати пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки дар он якчанд парвандаи ҷиноятӣ якҷоя карда шудааст, аз рўзи оғози парвандае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аввал оғоз шудааст. Ба мўҳлати умумии тафтишоти парвандаҳои якҷоя кардашуда тамоми вақти воқеии тақвимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.
Моддаи 167. Ҷудо кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё мавод

1. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зарурӣ қисми онро нисбат ба шахсони зерин ба пешбурди алоҳида ҷудо кунанд:

— айбдоршавандае, ки маҳалли зисташ номаълум аст;

— айбдоршавандае, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

— айбдоршавандаи ноболиғ, ки дар як парвандаи ҷиноятӣ якҷоя бо шахси болиғ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

2. Оид ба парвандаҳои бисёрлаҳза бо назардошти муқаррароти қонун дар бораи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд ҳангоми нисбат ба шахси алоҳида ба баъзе ҳолатҳои айбдоркунӣ кифоя эътироф кардани далелҳои ҷамъоваришуда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ ва ба суд фиристодани парванда доир ба ҳамин ҳолатҳо қарор қабул намоянд. Қарор дар бораи ҷудо кардан ва тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дигар (лаҳзаҳо) мутобиқи Кодекси мазкур қабул карда мешавад. Ҷудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба тафтиши ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи таҳти пешбурд қарордошта таъсир нарасонад.

3. Парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти шахси дигар содиркардае, ки дар ҷараёни тафтиши ҷиноят маълум гардида, ба кирдори оид ба парвандаи тафтишшаванда марбути айбдоршаванда донисташуда алоқаманд нест, бояд барои пешбурди алоҳида ҷудо карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо аз парвандаи ҷиноятӣ маводе, ки барои оғоз кардан ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояти ошкоршуда зарур мебошад, ҷудо карда шуданаш мумкин аст.

4. Ҷудо кардани парванда ё мавод бо қарори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокурор, бо қарор ё таъиноти суд анҷом дода мешавад. Ба парвандаи ҷудокардашуда бояд номгўи маводи дар шакли асл ё нусхаи он ҷудокардашуда замима гардад.

5. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаи ҷудо кардашуда аз рўзи қабули қарори дахлдор ба ҳисоб гирифта мешавад, ба шарте ки парванда ба ҷинояти нав ё нисбат ба шахси дигар ҷудо карда шавад. Дар ҳолатҳои дигар мўҳлат аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятии асосӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 168. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ

1. Прокурор назорати иҷрои қонунҳоро ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ амалӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ:

— иҷрои талаботи қонунро ҳангоми қабул, бақайдгирӣ ва баррасии ариза ва иттилоот дар хусуси ҷиноят назорат мекунад;

— ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ иҷрои талаботи қонунро санҷида, дар айни замон ҳуқуқ дорад аз мақомоти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти дигарро дар хусуси ҷиноятҳои содиршуда, ҷараёни таҳқиқ ва тафтиш, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ талаб кунад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— ба таҳқиқбаранда, муфаттиш барои ба суд дархост пешниҳод намудан дар бораи татбиқи чораи пешгирӣ ба тариқи ба ҳабс гирифтан, ба ҳабси хонагӣ гирифтан, аз ҷумла, дар бораи тағйир додан ва бекор кардани онҳо розигӣ диҳад;

— ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интнқол мешаванд, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо аз муассисаҳои алоқаи почта ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, гуш кардан ва сабти гуфтугуи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо розигӣ диҳад; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

— дар пешбурди тафтиши пешакӣ иштирок намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ шахсан амали тафтиширо анҷом медиҳад, оид ба ҳар як парванда дар ҳаҷми пурра тафтиши ҳамаҷонибаи пешакӣ мегузаронад;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қарор ё амали муфаттиш ва таҳқиқбарандаро тасдиқ мекунад;

— мўҳлати таҳқиқ ва тафтиши пешакиро дароз мекунад;

— аризаи оид ба радди таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёниро баррасӣ мекунад;

— дар бораи амал ва қарори таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёнӣ шикоятҳоро баррасӣ мекунад;

— дар хусуси иҷрои талаботи қонун ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои хаттӣ медиҳад;

— парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад ё оғози онро рад мекунад;

— пешбурди парвандаи ҷиноятиро қатъ мекунад ё бозмедорад;

— оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур розигӣ медиҳад;

— қарорҳои ғайриқонунии таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ва прокурори поёниро бекор мекунад;

— ба мақомоти таҳқиқ дар бораи анҷом додани амали тафтишӣ супориш медиҳад;

— дар бораи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои ошкор кардани ҷиноят ва пайдо кардани шахсони ҷиноят содиркарда доир ба парвандаҳое, ки таҳти пешбурди прокурор ё муфаттиш қарор дорад, дастур медиҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— бо дастури худ дар хусуси пешбурди тафтиши иловагӣ парвандаҳои ҷиноятиро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ бармегардонад;

— парвандаро аз мақомоти таҳқиқ гирифта, ба муфаттиш месупорад;

— парвандаро бо ҳатман нишон додани асос тибқи тартиби пешбининаиудаи моддаи 161 Кодекси мазкур аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар ё аз як мақомоти тафтишот ба мақомоти дигари тафтишот месупорад; (ҚҶТ аз 22.07.13 с. №983)

— таҳқиқбаранда ё муфаттишро, ки ҳангоми тафтиши парванда қонунро вайрон карда бошанд, аз пешбурди минбаъдаи тафтиш дур месозад;

— фикри айбдоркуниро тасдиқ мекунад;

— парвандаро ба суд ирсол мекунад;

— дигар ваколатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом медиҳад.

2. Иҷрои дастурҳои прокурор барои муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ва таҳқиқбаранда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 169. Пешбурди тафтиши пешакӣ аз ҷониби гурўҳи муфаттишон

Агар парвандаи ҷиноятӣ мураккаб ё калонҳаҷм бошад, тафтиши пешакиашро ба гурўҳи муфаттишон (гурўҳи тафтишот) супоридан мумкин аст ва ин ҳолат дар қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ зикр мегардад ё қарори алоҳида қабул карда мешавад. Дар ин хусус прокурор, сардори воҳиди тафтишот ё роҳбари макомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ доранд, қарор қабул кунанд. Дар қарор бояд ҳамаи муфаттишоне, ки пешбурди тафтиш ба онҳо супорида шудааст, аз он ҷумла роҳбари гурўҳ нишон дода шаванд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бояд бо қарори тафтиши парванда аз ҷониби гурўҳи муфаттишон шинос карда, ҳуқуқи онҳо дар бораи рад намудани ҳар як муфаттиш аз ҳайати гурўҳ фаҳмонда шавад. Прокурор оид ба пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, новобаста аз тобеияти тафтишотии онҳо, гурӯҳҳои тафтишотӣ — оперативӣ таъсис дода, тафтиши парвандаро ба зиммаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мақоми махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ё назорати маводи нашъаовар месупорад. (ҚҶТ аз 22.07.13 с. №983)
Моддаи 170. Ваколати роҳбари гурўҳи тафтишот

1. Роҳбари гурўҳи тафтишот парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул карда, фаъолияти гурўҳи тафтишотро ташкил намуда, ба амали муфаттишони дигар роҳбарӣ мекунад.

2. Қарори якҷоя ё ҷудо кардани парванда, оғоз кардани дархост дар хусуси дароз кардани мўҳлати тафтиш, ба сифати чораи пешгирӣ татбиқ намудани баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ ва дароз кардани мўҳлати онҳо, инчунин гарав ва муваққатан дур кардани айбдоршаванда аз вазифа, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар маҷмўъ ё қисман боздоштани он ё аз нав шурўъ кардани пешбурди парванда танҳо аз ҷониби роҳбари гурўҳи тафтишот қабул карда мешавад.

3. Фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз ҷониби роҳбари гурўҳи тафтишот таҳия мегардад.

4. Роҳбари гурўҳи тафтишот ҳуқуқ дорад:

— дар амали тафтишие, ки дигар муфаттишон анҷом медиҳанд, иштирок намояд;

— шахсан тафтиш гузаронад;

— оид ба парванда қарор қабул кунад.
Моддаи 171. Қоидаҳои умумии пешбурди амали тафтишӣ

1. Муфаттиш ба тафтишот шахсони пешбиникардаи Кодекси мазкурро ҷалб намуда, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо, инчунин тартиби пешбурди тафтишро мефаҳмонад.

2. Пешбурди амали тафтишӣ ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир шабона манъ аст.

3. Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ мумкин аст воситаҳои техникӣ, усулҳои илман асосноки ошкоркунӣ, бақайдгирию сабт ва ёфта гирифтани изҳои ҷиноят ва далелҳои шайъӣ истифода шаванд.

4. Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ татбиқи зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёт ва саломатии шахсони дар он ширкаткунанда мумкин нест.

5. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 35 Кодекси мазкур амали тафтишӣ дар асоси қарори суд анҷом дода мешавад.
Моддаи 172. Протоколи амали тафтишӣ

1. Протоколи амали тафтишӣ дар ҷараёни пешбурди тафтиш ё бевосита баъди анҷом он тартиб дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Протоколро дастӣ навиштан, дар мошинка чоп кардан ё ба тарзи компютерӣ тартиб додан мумкин аст. Барои мукаммал таҳия намудани протокол мумкин аст сабтҳои стенографӣ, сабти овоз ва видео истифода шаванд. Сабти стенографӣ, маводи сабти овоз ва видео якҷоя бо парванда нигоҳ дошта мешаванд.

3. Дар протокол инҳо инъикос меёбанд:

— маҳал (ҷой) ва санаи пешбурди амали тафтишӣ;

— вақти оғоз ва анҷоми он;

— вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи протокол;

— ном, номи падари ҳар шахсе, ки дар амали тафтишӣ иштирок намудааст, инчунин суроғаи ў;

— амали мурофиавӣ бо ҳамон тартибе, ки онҳо ҷой доштанд;

— ҳолатҳои ҳангоми гузаронидани мурофиа ошкоршудаи барои парванда муҳим;

— арзи шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта.

4. Агар ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ аксбардорӣ, сабти овоз ва видео татбиқ шуда бошад ё қолабгирӣ ва нақшгирӣ аз из анҷом дода шуда, нақшаю тарҳ кашида шуда бошад, пас дар протокол воситаҳои техникие, ки ҳангоми анҷом додани амали дахлдори тафтишӣ ба кор бурда шудаанд, шарт ва тартиби татбиқи онҳо, объектҳое, ки нисбати онҳо ин воситаҳо татбиқ шудаанд ва натиҷаҳои ба даст омада бояд инъикос гарданд. Дар протокол ба ғайр аз он бояд сабт гардад, ки оё қабл аз татбиқи воситаҳои техникӣ дар ин бора шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта огоҳ карда шуда буданд ё не.

5. Протокол барои шиносоӣ ба ҳамаи шахсоне, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок доштанд, пешниҳод карда мешавад. Ба онҳо ҳуқуқи эродгирӣ, ки ба протокол бояд дохил карда шавад, фаҳмонда мешавад. Тамоми эроду иловаҳо ва ислоҳоти ба протокол дохил кардашуда, бояд пешакӣ мувофиқа ва бо имзои ин шахсон тасдиқ карда шаванд.

6. Ҳар як саҳифаи протокол аз ҷониби муфаттиш, шахси пурсидашуда, тарҷумон, мутахассис, шахсони холис ва дигар шахсони иштирокчии амали тафтишӣ имзо карда мешавад.

7. Ба протокол негативҳои акс, сурат, диапозитив, кассета, сабти овоз ва видео, нақшаю тарҳ ва схема, қолаб, изу пай, ки ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода шудааст, замима мегарданд.

8. Ҳангоми мавҷуд будани асос барои эҳтимоли он, ки таъмини амнияти ҷабрдида, намояндаи ў, шоҳид ва аъзои оилаи онҳо зарур аст, муфаттиш ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ, ки дар он ҷабрдида, намояндаи ў ва шоҳид иштирок доранд, маълумотро дар бораи шахсияти онҳо зикр накунад. Дар ин сурат муфаттиш вазифадор аст қароре барорад, ки дар он сабаби дар хусуси махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба шахсияти иштирокчии амали тафтишӣ қабул кардани қарорро зикр намуда, намунаи имзоро, ки вай дар протоколи амали тафтишӣ бо иштироки ў аз он истифода мебарад, сабт кунад. Қарор дар лифофаи мўҳршуда нигоҳ дошта мешавад, ки бо мазмуни он ба ғайр аз муфаттиш, прокурори назораткунанда‚ ҳайати суд ё судя шинос шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 173. Тасдиқи воқеияти даст кашидан аз имзо ё ғайриимкон будани имзои протоколи амали тафтишӣ

1. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё шахси дигар имзои протоколи амали тафтиширо рад кунад, дар ин бора дар протокол сабт ва бо имзои шахсе, ки амали тафтиширо анҷом додааст, тасдиқ карда мешавад.

2. Ба шахсе, ки имзогузории протоколро рад кардааст, бояд имконият фароҳам овард, ки ў сабаби онро шарҳ диҳад ва шарҳи ў ба протокол дохил карда мешавад.

3. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид бо сабаби камбудии ҷисмонӣ ё вазъи саломатӣ протоколи пурсишро имзо карда натавонанд, муфаттиш шахси бегонаро даъват мекунад ва ў бо розигии шахси пурсидашуда дурустии сабти нишондоди ўро бо имзои худ тасдиқ мекунад. Ин протоколро инчунин муфаттише, ки пурсиш кардааст, имзо мегузорад. Агар бо ҳамин сабабҳо яке аз шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида протоколи амали дигари тафтиширо имзо карда натавонад, он дар протокол зикр ёфта, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 174. Ҳатмӣ будани фаҳмондан ва таъмини ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ

Муфаттиш вазифадор аст ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони дигари иштирокчии пешбурди амали тафтишӣ ҳуқуқи ҳар кадоми онҳоро фаҳмонда, имконияти татбиқи ҳуқуқҳояшонро ҳангоми таҳқиқи парванда таъмин намояд. Ҳамзамон ба онҳо бояд ўҳдадориҳояшон ва оқибати иҷро накардани онҳо фаҳмонда шаванд.
Моддаи 175. Ҳатмӣ будани баррасии дархост

1. Муфаттиш вазифадор аст, тамоми дархостҳои оид ба парванда арзшударо баррасӣ кунад. Дар айни замон ў ҳуқуқ надорад дархости гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгари онҳо, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро дар хусуси пурсиши шоҳидон, пешбурди экспертиза ва дигар амали тафтишӣ рад намояд, агар ҳолатҳое, ки барои муқаррар намуданашон онҳо дархост додаанд, барои парванда аҳамиятнок бошанд.

2. Дар бораи натиҷаҳои баррасии дархост дар мўҳлати на бештар аз панҷ шабонарўз ба аризадиҳанда хабар дода мешавад. Ҳангоми пурра ё қисман рад кардани қонеъгардонии дархост муфаттиш вазифадор аст бо зикри сабабҳои рад қарор барорад.
Моддаи 176. Чораҳои парасторӣ нисбати кўдак, мўҳтоҷон ва ҳифзи молу мулки гумонбаршуда ё айбдоршаванда

1. Агар дастгиршуда ё ба сифати чораи пешгирӣ таҳти ҳабс қарордошта фарзандони ноболиғи бидуни сарпараст ё ғамхор, падару модари пиронсол ё дигар шахсони эҳтиёҷманд дошта бошанд, муфаттиш вазифадор аст онҳоро барои парасторӣ ба падару модар ё дигар шахсон супорад ё дар муассисаҳои барои кўдакони бе парастормонда ё иҷтимоӣ (муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигар) ҷойгир кунад.

2. Муфаттиш вазифадор аст барои ҳифзи молу мулк ва манзили гумонбаршуда ё айбдоршавандаи дастгиршуда ё ба ҳабс гирифташуда тибқи қонунгузорӣ чораҳо андешад.

3. Дар бораи чораҳои парасторӣ ва ҳифзи молу мулк гумонбаршуда ё айбдоршаванда огоҳ карда мешаванд.
Моддаи 177. Норавоии фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ

1. Маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва ба андозае, ки ў имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст.

2. Дар ҳолатҳои зарурӣ шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ муфаттиш, шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахсони холис ва шахсони дигари ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ иштирокдоштаро дар бораи норавоии фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ бе иҷозати ў огоҳ месозад. Аз шахсони зикршуда дар хусуси огоҳ карда шуданашон оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон забонхат гирифта мешавад.
Моддаи 178. Пешниҳод оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд

1. Муфаттиш ҳангоми пешбурди парванда ҳолатҳоеро, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат мекунанд, муқаррар намуда, ҳуқуқ дорад ба ташкилот, муассисаи дахлдор сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ё шахси мансабдори дахлдор дар бораи андешидани чораҳо барои рафъи ин ҳолатҳо ё дигар қонуншиканиҳо пешниҳод равон кунад.

2. Пешниҳод бояд дар муддати як моҳ баррасӣ карда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳатман ба мақомоти пешниҳод ирсолнамуда хабар дода шавад.
Моддаи 179. Иштироки мутахассис

1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад барои иштирок дар пешбурди амали тафтишӣ мутахассисеро, ки ба натиҷаҳои парванда манфиатдор нест, ҷалб намояд. Талаби муфаттиш дар хусуси даъвати мутахассис барои роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки мутахассис дар он кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.

2. Пеш аз оғози амали тафтишӣ муфаттиш ба шахсият ва салоҳиятмандии мутахассис боварӣ ҳосил намуда, муносибати ўро нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида муайян мекунад, ба мутахассис ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшро, ки моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда, оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи ҳамин модда барои рад кардан ё саркашӣ аз иҷрои ўҳдадориҳояш ўро дар ин бора огоҳ месозад ва дар ин хусус дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, онро бо имзои мутахассис тасдиқ мекунад.
Моддаи 180. Иштироки тарҷумон

1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 18 Кодекси мазкур муфаттиш ҳангоми пурсиш ё дигар амали тафтишӣ вазифадор аст тарҷумонро даъват кунад.

2. Пеш аз оғози амали тафтишие, ки дар он тарҷумон иштирок мекунад, муфаттиш ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ўро, ки моддаи 59 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро оид ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи ҳамин модда ҳангоми саркашӣ аз ҳозиршавӣ ё иҷрои ўҳдадорӣ, инчунин дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳ месозад ва инро дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, бо имзои тарҷумон тасдиқ мекунад.
Моддаи 181. Иштироки шахсони холис

1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур тафтиш бо иштироки на камтар аз ду шахси холис, ки барои тасдиқи воқеияти пешбурди амали тафтиш, ҷараён ва натиҷаҳои он даъват мешаванд, анҷом мепазирад.

2. Пеш аз оғози тафтиш муфаттиш ба шахсони холис мақсади амали тафтишӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳоро, ки моддаи 60 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *