Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАФТИШИ СУДӢ

БОБИ 34.

ТАФТИШИ СУДӢ
Моддаи 308. Оғози тафтиши судӣ

1. Тафтиши судӣ аз баёни моҳияти айбдоркунии пешниҳодшуда дар ҳаққи судшаванда аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, дар парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ бошад, аз баёни шикоят аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў оғоз мегардад.

2. Раисикунанда аз судшаванда мепурсад, ки оё моҳияти айби эълоншуда ба ў фаҳмост, бо айби эълоншуда худро гунаҳгор мешуморад ё не, оё хоҳиш дорад, ки ба айби эълоншуда муносибати худро баён намояд. Ҳангоми нофаҳмо будани айб ба судшаванда моҳияти он фаҳмонда мешавад.
Моддаи 309. Муқаррар намудани тартиби таҳқиқи далелҳо

1. Пас аз иҷрои талаботи моддаи 308 Кодекси мазкур раисикунанда бо мувофиқаи тарафҳо тартиби таҳқиқи далелҳоро муайян мекунад. Суд, судя дар ин бора таъинот (қарор) мебарорад. Тартиби пешниҳоди далелҳо аз ҷониби тарафҳо муайян карда мешавад. Тағйир додани тартиби таҳқиқи далелҳо аз ҷониби суд, судя, мумкин аст бо мувофиқаи тарафҳо ва бо баровардани таъиноти (қарори) дахлдор гузаронида шавад.

2. Судшаванда бо иҷозати раискунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ нишондод диҳад.
Моддаи 310. Тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ

1. Дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда‚ ба музокираи судӣ гузарад.

2. Раисикунанда бояд ба тарафҳо фаҳмонад, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.

3. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин дар ҳолатҳое ки ақаллан як нафар аз судшавандаҳо ба гуноҳи худ иқрор набошад, ва парвандаро дар ҳаққи ў барои пешбурди алоҳида ҷудо кардан имконнопазир бошад, татбиқ карда намешаванд.

4. Дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ танҳо аз ҷониби судшаванда бо ризои айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ҷабрдида пешниҳод карда мешавад.

5. Дар сурати рад намудани дархости судшаванда ё норизоии айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида барои гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашуда, мурофиаи судӣ бо асосҳои умумӣ гузаронида мешавад.

6. Агар суд, судя муайян намояд, ки айби эътирофнамудаи судшаванда асоснок буда, бо далелҳои ҷамъовардашуда оид ба парванда тасдиқ мегардад, ҳукми айбдоркунӣ бароварда, нисбати судшаванда ҷазо таъин мекунад. Зимнан ҷазои таъиннамудаи суд аз се ду ҳиссаи мўҳлат ё андозаи ҷазои баландтарини барои ҷиноятҳои содиршуда пешбинигардида зиёд буда наметавонад.

7. Гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қатъ намудани пешбурди парвандаро истисно намекунад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №809)

8. Баъди эълони ҳукм ё таъинот суд, судя ба тарафҳо ҳуқуқ ва тартиби аз ҳукм ё таъинот шикояту эътироз оварданро мутобиқи талаботи боби 38 Кодекси мазкур мефаҳмонад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №809)

9. Нисбат ба ҳукме, ки мутобиқи талаботи ҳамин модда бароварда шудааст, бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 372 Кодекси мазкур шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин нест.
Моддаи 311. Пурсиши судшаванда

1. Раисикунанда ба судшаванда ҳуқуқи ўро дар бораи додан ё надодани нишондод нисбат ба айби ба ў эълоншуда ва ҳолатҳои дигари парванда фаҳмонда, инчунин дар бораи он ки тамоми гуфтаҳои ў, мумкин аст, ба муқобили ў истифода шаванд, огоҳ месозад. Ҳангоми ба додани нишондод розӣ будани судшаванда сараввал ўро ҳимоятгар ва иштирокчиёни мурофиа аз тарафи ҳимоя ва сипас айбдоркунандаи давлатӣ ва иштирокчиёни мурофиа аз тарафи айбдоркунӣ пурсиш мекунанд. Раисикунанда саволҳои раҳнамункунанда ва ба парванда дахлнадоштаро аз байн мебардорад.

2. Суд, судя пас аз пурсиши судшаванда аз ҷониби тарафҳо ба ў савол медиҳад, вале саволҳои дақиқкунанда дар ҳар лаҳзаи пурсиши ў дода шуданаш мумкин аст.

3. Агар судшаванда пурра ба гуноҳаш иқрор шавад ва доир ба айби эълоншуда нишондод додан хоҳад, суд, судя ғайр аз ҳолатҳое, ки нишондоди ў ба парванда алоқаманд нест, суханони ўро набурида мешунаванд.

4. Пурсиши судшаванда дар ғайби судшавандаи дигар танҳо бо ташаббуси суд, судя ё дархости тарафҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин бора суд, судя таъинот(қарор) мебарорад. Дар ин сурат пас аз баргаштани судшаванда ба толори маҷлиси суд раисикунанда ўро аз мазмуни нишондоди дар ғайби ў додашуда воқиф намуда, ба ў имкон медиҳад ба судшавандае, ки дар ғайби ў пурсиш шудааст, савол диҳад.
Моддаи 312. Эълони нишондоди судшаванда

1. Дар суд эълон кардани нишондод ё баёноти судшаванда, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додааст, инчунин ба шунидани сабти нишондоди ў ё тамошои сабти видео, ки ба протокол замима шудааст, танҳо бо дархости тарафҳо ва бо ташаббуси суд, судя дар ҳолатҳои зайл иҷозат додан мумкин аст:

— мавҷуд будани ихтилофоти назаррас байни нишондоди судшаванда дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ дар суд;

— саркашӣ кардани судшаванда аз додани нишондод дар суд;

— дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардидани парванда.

2. Қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда инчунин барои ҳолатҳои эълон кардани нишондоди судшаванда, ки қаблан дар суд дода шуда буд, татбиқ мегарданд.

3. Ба шунидани сабти овоз ё нишон додани сабти видео бе эълони пешакии нишондод, ки дар протоколи дахлдори пурсиш ё протоколи маҷлиси суд мавҷуданд, иҷозат дода намешавад. Дар бораи шунидан ё тамошои сабт дар протоколи маҷлиси суд қайд карда мешавад.
Моддаи 313. Пурсиши ҷабрдида

1. Ҷабрдида мутобиқи қоидаҳои пурсиши шоҳидон, ки дар қисмҳои 2-5 моддаи 314 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, пурсиш карда мешавад.

2. Ҷабрдида дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ бо иҷозати раисикунанда нишондод дода метавонад.
Моддаи 314. Пурсиши шоҳид

1. Шоҳид дар алоҳидагӣ ва дар ғайби шоҳидони ҳанўз пурсиданашуда пурсиш карда мешавад.

2. Раисикунанда қабл аз пурсиш шахсияти шоҳидро муайян намуда, муносибати ўро ба судшаванда ва ҷабрдида аниқ мекунад, қарзи шаҳрвандӣ ва ўҳдадории ўро дар бораи додани нишондоди ростқавлона роҷеъ ба парванда, ҷавобгариро барои саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ мефаҳмонад. Ба шахсоне, ки мутобиқи қонун аз додани нишондод озод карда шудаанд, дар сурати ихтиёран нишондод додан ҷавобгариашон танҳо барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ фаҳмонда мешавад. Аз шоҳидон дар бораи он ки ўҳдадорӣ ва масъулияташон фаҳмонда шудааст, забонхат гирифта мешавад. Забонхат ба протоколи маҷлиси суд замима мегардад.

3. Шоҳидро айбдоркунанда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, судшаванда ва ҳимоятгари ў пурсиш мекунанд. Саволро аввал тарафе медиҳад, ки бо дархости ў шоҳид ба маҷлиси суд даъват гардидааст.

4. Раисикунанда ба пурсидани саволҳои раҳнамункунанда ва дигар саволҳое, ки ба парванда алоқаманд нестанд, иҷозат намедиҳад. Суд, судя шоҳидро баъди пурсиши тарафҳо низ пурсиш мекунад.

5. Шоҳидони пурсидашуда дар толори маҷлиси суд мемонанд ва то хатми тафтиши судӣ бе иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо толорро тарк намекунанд.

6. Пурсиши шоҳиде, ки дар рўйхат танҳо тахаллуси ў дарҷ гардидааст, бе эълон намудани маълумоти аслии шахсияти ў, бе рўбарўкунии вай бо дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ сурат мегирад. Дар ин бора суд, судя таъиноти (қарори) дахлдор қабул мекунад.
Моддаи 315. Аз ҷониби ҷабрдида ва шоҳид истифода бурдани сабтҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳо

1. Ҷабрдида ва шоҳид сабтҳои хаттиро истифода бурда метавонанд. Ин сабтҳо бо талаби суд бояд пешниҳод карда шаванд.

2. Ба ҷабрдида ва шоҳид иҷозат дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар дасташон бударо, ки ба нишондоди онҳо дахл доранд, хонанд, ба суд пешниҳод кунанд, тибқи таъиноти (қарори) суд мумкин аст ба парванда замима карда шаванд.
Моддаи 316. Хусусиятҳои пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди ноболиғ

1. Ҳангоми пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди то чордаҳсола ва бо салоҳдиди суд, судя инчунин ҳангоми пурсиши ин шахсони аз чордаҳ то шонздаҳсола ба маҷлиси суд омўзгор даъват карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин падару модар ё намояндагони дигари қонунии ноболиғ даъват карда мешаванд. Шахсони зикргардида бо иҷозати раисикунанда метавонанд ба ҷабрдида ва шоҳид савол диҳанд.

2. Пеш аз пурсиши ҷабрдида ва шоҳиде, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, раисикунанда ба онҳо аҳамияти доир ба парванда додани нишондоди пурра ва дурустро мефаҳмонад. Онҳо барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда намешаванд ва аз онҳо забонхат гирифта намешавад.

3. Пурсиши ҷабрдидаи ноболиғ ё шоҳид бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси суд, судя дар ғоибии судшаванда анҷом дода шуда, дар ин бора суд, судя таъинот (қарор) мебарорад. Баъди ба толори маҷлиси суд баргаштани судшаванда ўро аз нишондоди ин шахсон хабардор кардан ва барои ба онҳо савол додан имконият фароҳам овардан лозим аст.

4. Ҷабрдида ва шоҳиде, ки синнашон ба шонздаҳ нарасидааст, пас аз анҷоми пурсиш, ғайр аз ҳолатҳое, ки суд минбаъд ҳам ҳузур доштани онҳоро зарур мешуморад, аз толори маҷлиси суд хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 317. Эълони нишондоди ҷабрдида ва шоҳид

1. Дар суд ба эълон кардани нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додаанд, инчунин ба шунидани сабти овоз ё тамошои сабти видеоии пурсиш мумкин аст бо дархости тарафҳо ва ташаббуси суд дар ҳолатҳои зайл иҷозат дода шавад:

— мавҷуд будани ихтилофҳои ҷиддӣ байни ин нишондод ва нишондоде, ки дар суд дода шудааст;

— дар маҷлиси суд ҳозир набудани ҷабрдида ё шоҳид бо сабабҳое, ки имконияти ба суд омадани онҳоро истисно мекунад.

2. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда инчунин ба ҳолатҳои эълони нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки қаблан дар суд додаанд, татбиқ карда мешаванд.

3. Дар маҷлиси суд инчунин нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 307 Кодекси мазкур аз тарафи суд пурсиш шудаанд, мумкин аст эълон карда шавад.

4. Сабти овози ҷабрдида ва шоҳид, сабти видеоии пурсиши онҳоро тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 312 Кодекси мазкур шунидан ё тамошо кардан мумкин аст.
Моддаи 318. Гузаронидани экспертиза дар суд

1. Суд, судя бо дархости тарафҳо, инчунин бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси суд экспертиза таъин кунад. Экспертизаро коршиносоне, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додаанд ё дигар коршиносоне, ки суд таъин кардааст, анҷом медиҳанд.

2. Экспертиза дар суд тибқи қоидаҳои дар боби 24 Кодекси мазкур зикргардида гузаронида мешавад.

3. Раисикунанда таъиноти (қарори) баровардаро дар бораи таъини экспертиза эълон намуда, ҳуқуқи тарафҳоро дар бобати рад кардани коршинос, пешниҳод намудани дархост доир ба ҳайати коршиносон, ба таври иловагӣ ворид намудани шахси нишондодаи тараф, гузаронидани экспертиза аз тарафи намояндагони дигар муассисаи экспертӣ, гузаронидани экспертиза бо иштироки тарафҳо мефаҳмонад.

4. Дар маҷлиси суд коршинос ҳуқуқ дорад ба шахсони пурсидашаванда савол диҳад, бо далелҳои хаттӣ, протоколҳои амали тафтишӣ, хулосаи дигар коршиносон шинос шавад, дар азназаргузаронӣ ва озмоиш (эксперимент) ва дигар амалҳои судӣ, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд мебошанд, иштирок намояд.

5. Ҳангоми зарурати ба ихтиёри коршинос вогузоштани намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ қоидаҳои моддаи 215 Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд.

6. Раисикунанда баъди муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои барои додани хулоса аҳамиятнок ба тарафҳо пешниҳод мекунад, ки саволҳои худро ба тариқи хаттӣ ба коршинос пешниҳод намоянд. Саволҳо бояд эълон карда, нисбат ба онҳо ақидаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ шунида шавад. Суд, судя ин масъалаҳоро баррасӣ намуда, бо таъиноти (қарори) худ саволҳоеро, ки ба парванда алоқаманд нестанд ва ё таҳти салоҳияти коршинос намебошанд, рад намуда, саволҳои навро тартиб медиҳад, ки баъди он коршинос ба доир намудани экспертиза ва тартиб додани хулоса шурўъ мекунад.

7. Хулосаи коршинос ба тариқи хаттӣ дода, дар маҷлиси суд аз ҷониби ў эълон карда, якҷоя бо саволҳо ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

8. Агар ба суд коршинос даъват шуда бошад, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додааст, суд метавонад пас аз эълони хулоса, ба шарте, ки он аз ҷониби тарафҳо мавриди эътироз қарор нагирад, экспертиза таъин накунад ва танҳо бо пурсиши коршинос қаноат кунад.
Моддаи 319. Пурсиши коршинос

1. Баъди аз ҷониби коршинос додани хулоса ба ў барои тавзеҳ ё пурра кардани хулосааш савол додан мумкин аст.

2. Ба коршинос тарафҳо савол медиҳанд, зимнан аввал тарафе савол медиҳад, ки бо дархости он экспертиза таъин карда шудааст. Суд, судя ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба коршинос савол диҳад.
Моддаи 320. Гузаронидани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ

1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 220 Кодекси мазкур суд, судя метавонанд экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ таъин карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароранд.

2. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ тибқи қоидаҳои муайяннамудаи моддаҳои 208-210, 215, 217-219 Кодекси мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 321. Азназаргузаронии далелҳои шайъӣ

1. Далелҳои шайъии ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба парванда ҳамроҳ кардашуда, инчунин далелҳои шайъии нав пешниҳодгардида бояд аз ҷониби суд аз назар гузаронида шавад ва ба тарафҳо пешниҳод гарданд.

2. Далелҳои шайъиро бо дархости тарафҳо ва ё бо ташаббуси суд, судя дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ аз назар гузаронидан мумкин аст.

3. Далелҳои шайъиро барои азназаргузаронӣ ба шоҳидон, коршинос, мутахассис пешниҳод кардан мумкин аст.

4. Шахсоне, ки ба онҳо далелҳои шайъӣ пешниҳод шудаанд, метавонанд таваҷҷўҳи суд, судяро бо ҳолатҳои вобаста ба азназаргузаронӣ ҷалб намоянд.

5. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.

6. Далелҳои шайъиро дар маҳалли ҷойгиршавиашон суд бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда аз назар мегузаронад.
Моддаи 322. Эълони протоколи амали тафтишӣ ва ҳуҷҷатҳо

1. Протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ҳолату далелҳои дар рафти азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси молу мулк, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод кардан, озмоиши тафтишӣ, гўш кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтушуниди айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шарикони ҷиноят муқарраршуда инчунин ҳуҷҷатҳои ба парванда ҳамроҳшуда ё ба маҷлиси суд пешниҳодгардидаро тасдиқ менамоянд, ба шарте, ки дар онҳо ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок инъикос ё тасдиқ шуда бошанд, бояд аз ҷониби раисикунанда пурра ё қисман эълон карда шаванд.

2. Ҳуҷҷатҳои ба маҷлиси суд пешниҳодгардида мумкин аст бо таъиноти (қарори) суд, судя ба парванда ҳамроҳ карда шаванд.
Моддаи 323. Азназаргузаронии маҳал ва бино

1. Суд, судя зарурати азназаргузаронии ягон бино ё маҳалро эътироф намуда, онро бо иштироки тарафҳо аз назар мегузаронанд. Ҳангоми зарурат объект бо иштироки шоҳидон, коршинос ва мутахассис аз назар гузаронида мешавад. Барои азназаргузаронии бино суд, судя таъинот (қарор) мебарорад.

2. Ҳангоми расидан ба маҳалли азназаргузаронӣ раисикунанда идомаи маҷлиси судро эълон карда, суд, судя ба азназаргузаронӣ шурўъ менамоянд ва ба ҷабрдида, шоҳид, коршинос, мутахассис ва судшаванда метавонанд вобаста ба азназаргузаронӣ савол диҳанд.

3. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.
Моддаи 324. Гузаронидани озмоиши (эксперименти) тафтишӣ

1. Агар тафтиш ё дақиқ кардани маълумот, вазъият ё дигар ҳолатҳои ҳодисаи муайян ва анҷом додани амали озмоишӣ зарур бошад, суд, судя ҳуқуқ дорад озмоиш гузаронад.

2. Озмоиш аз ҷониби суд, судя бо иштироки тарафҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмоиш шоҳид ва мутахассис ҷалб карда мешаванд.

3. Суд, судя озмоишро бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 188 Кодекси мазкур мегузаронад.
Моддаи 325. Нишондиҳӣ барои шинохтан

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба суд барои шинохтан нишон додани шахс ё ашё бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 205 ва 206 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
Моддаи 326. Шаҳодаткунонӣ

1. Шаҳодаткунонӣ дар маҷлиси суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 186 Кодекси мазкур тибқи таъиноти (қарори) суд гузаронида мешавад.

2. Шаҳодаткунонӣ, ки бо бараҳна кардани шахс вобаста аст, дар бинои алоҳида аз ҷониби духтур ё дигар мутахассис анҷом дода мешавад ва пас аз анҷоми кор санади шаҳодаткунонӣ таҳия намуда, имзо мегузоранд. Баъд ин шахсон ба толори маҷлиси суд баргашта, дар ҳузури тарафҳо ва шахси шаҳодаткунонидашуда дар бораи паю нишонаҳои бадани ў, ба шарте, ки чунин нишонаҳо ошкор шуда бошанд, ба суд маълумот дода, ба саволҳои тарафҳо ва суд, судя ҷавоб медиҳанд. Санади шаҳодаткунонӣ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 327. Анҷоми тафтиши судӣ

1. Баъди ба анҷом расонидани таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо хоҳиши пурра кардани тафтиши судиро доранд ва маҳз бо кадом далелҳо. Ҳангоми арзи дархост дар бораи пурра кардани тафтиши судӣ онҳоро суд баррасӣ мекунад.

2. Баъди ҳалли дархостҳо ва иҷрои амали зарурии судӣ раисикунанда анҷом ёфтани тафтиши судиро эълон мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *