Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ

ФАСЛИ III.

ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ

БОБИ 9.

ДАЛЕЛҲО

Моддаи 72. Далелҳо

1. Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд.

2. Инҳо ҳамчун далел ҳисобида мешаванд:

— нишондоди шоҳид;

— нишондоди ҷабрдида;

— нишондоди гумонбаршуда;

— нишондоди айбдоршаванда;

— нишондоди судшаванда;

— хулоса ва нишондоди коршинос;

-хулоса ва нишондоди мутахассис;

— далелҳои шайъӣ;

— протоколҳои амалҳои тафтишӣ ва судӣ;

— сабтҳои пинҳонӣ;

— гуфтугўи телефонии гўшкардашуда ва сабтгардида;

— мушоҳидаҳои электронӣ, видео ва магнитофонӣ;

— ҳуҷҷатҳои дигар.
Моддаи 73. Нишондоди шоҳид

Барои муқаррар намудани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла дар хусуси шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва муносибатҳои байни онҳо бояд аз шоҳид пурсида шавад. Агар шоҳид сарчашмаи ин маълумотро нишон дода натавонад, маълумоти додаи ў далел шуда наметавонад.
Моддаи 74. Нишондоди ҷабрдида

1. Ҷабрдида оид ба ҳолате, ки нисбати ҳамин парванда бояд исбот карда шавад, инчунин оид ба муносибатҳои байни ў ва гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда метавонад пурсида шавад.

2. Агар ҷабрдида сарчашмаи маълумоти додаашро нишон дода натавонад, он далел шуда наметавонад.
Моддаи 75. Нишондоди гумонбаршуда

Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад дар хусуси ҳолатҳое, ки барои дастгир шудани ў ё интихоб кардани чораҳои пешгирӣ дар ҳаққи ў асос шудаанд, инчунин дар хусуси ҳолатҳои ба ў маълуми парвандаи ҷиноятӣ нишондод диҳад.
Моддаи 76. Нишондоди айбдоршаванда

1. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад дар бораи айби ба ў эълоншуда, инчунин дигар ҳолатҳои ба ў маълуми барои парванда аҳамиятдошта ва далелҳо нишондод диҳад.

2. Ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда барои гунаҳгор эътироф намудани ў асос шуда наметавонад, ба шарте ки он бо маҷмўи далелҳои дар парванда ҷамъоварда исбот нашуда бошад.
Моддаи 77. Хулоса ва нишондоди коршинос

1. Агар ҳангоми пешбурди тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ дониши махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар зарур бошад, экспертиза таъин карда мешавад, ки тартиби гузаронидани онро боби 24 Кодекси мазкур муайян намудааст.

2. Хулосаи коршинос барои суд, судя ҳатмӣ нест, вале норизоии онҳо нисбати хулоса бояд асоснок бошад.

3. Коршинос оид ба ҳолатҳое, ки аз хулосаи ў бармеоянд, пурсида шуданаш мумкин аст.
Моддаи 78. Далелҳои шайъӣ

1. Далелҳои шайъӣ ашёе ба ҳисоб мераванд, ки:

— чун олоти ҷиноят истифода шудаанд;

— дар худ нишонаҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд;

— объекти содир шудани кирдори ҷиноятӣ будаанд;

— пул ва дигар арзишҳое, ки бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд;

— ашёи дигаре, ки барои ошкор намудани ҷиноят, муайян кардани ҳолатҳои воқеии парванда, пайдо намудани гунаҳгорон ё рад кардани айб ё сабук кардани ҷавобгарӣ восита шудаанд.

2. Далелҳои шайъӣ бояд дар протоколи азназаргузаронӣ муфассал сабт гардида, ба қадри имкон аксбардорӣ карда, бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ба парванда илова карда шаванд.

3. Ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот ё қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд масъалаи далели шайъӣ бо чунин роҳҳо ҳал карда шавад:

— олоти ҷиноят, ки ба айбдоршаванда, судшаванда тааллуқ дорад, бояд мусодира карда ё ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад;

— ашёе, ки муомилоти он манъ аст, бояд ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад;

— ашёе, ки ҳеҷ арзиш надорад ва аз тарафи шахсе талаб карда нашудааст, бояд нобуд карда шавад ва ё онро дар ҳолати гирифтани дархости шахси манфиатдор ё муассиса ба онҳо додан мумкин аст;

— пул ва дигар ашёи қиматноке, ки бо роҳи ҷинояткорӣ ба даст оварда шудаанд, бо ҳукми суд ба фоидаи давлат гузаронида шуда, ашёи дигар ба моликони қонунии онҳо баргардонида мешавад, дар мавриде ки соҳибони онҳо муайян нашуда бошанд, ба моликияти давлат гузаронида мешаванд;

— дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба мансубияти ашё баҳс бояд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда шавад;

— ҳуҷҷате, ки далели шайъӣ мебошад, ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта ё ба муассисаи дахлдор супурда мешавад.

4. Таҳти ашё суд аҳамияти далели шайъиро фақат дар ҳолатҳои зайл эътироф мекунад, агар:

— бо тасвири мукаммали он, мўҳргузорӣ ва дигар чунин амал, ки фавран баъди ба даст овардани он анҷом дода, имконияти иваз кардани он, ба таври назаррас тағйир додани нишона, хосият, изҳои дар он мавҷуда бартараф карда шуда бошанд;

— он бевосита пеш аз таҳқиқ дар суд аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид шинохта шуда бошад.
Моддаи 79. Нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ

1. Далелҳои шайъӣ бояд якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд.

2. Агар далели шайъӣ бинобар калонҳаҷм буданаш ё бо сабаби дигар бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ доштанаш имконнопазир бошад, аксбардорӣ карда, мўҳр зада, дар ҷое, ки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя нишон медиҳанд, нигоҳ дошта, дар ин бора дар парванда маълумоти дахлдор сабт карда мешавад.

3. Дар вақти аз мақомоти таҳқиқ ба муфаттиш ё аз як муфаттиш гирифта ба муфаттиши дигар супоридани парвандаи ҷиноятӣ, инчунин ба прокурор ва суд супоридани он далели шайъӣ якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ равон карда мешавад, ғайр аз мавридҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 01.08.2012с, № 878)

4. Агар нигоҳдории далели шайъӣ бар зарари парванда набошад, он гоҳ ба нигоҳубини соҳибаш вогузор карда, ҳамзамон ў огоҳонида мешавад, ки дар сурати содир намудани ҳаракати ғайриқонунӣ нисбат ба далелҳои шайъӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 80. Мўҳлатҳои нигоҳ доштани далели шайъӣ

1. Далели шайъӣ ҳамчунин намунаҳои далелҳои шайъии дар қисми 5 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинишуда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё то тамом шудани мўҳлати шикоят аз қарор ё таъиноти оид ба қатъ кардани парванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар мавридҳое, ки баҳси ҳуқуқ доштан ба ашё бо роҳи мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда мешавад, далелҳои шайъӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 01.08.2012с, № 878)

2. Дар баъзе мавридҳо далели шайъиро то тамом шудани мўҳлатҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ба соҳибонашон баргардонидан мумкин аст, ба шарте ки ин ба тафтиши парванда зарар нарасонад.

3. Агар далелҳои шайъӣ маҳсулоти зуднобудшаванда бошанд ва онҳоро ба соҳибаш баргардондан мумкин набошад, барои мақсаднок истифода бурдан онҳо ба муассисаҳои дахлдор супурда мешаванд. Агар зарур шавад, ба ҷои онҳо ба соҳибаш чизҳои дорои ҳамон гуна сифат ё арзишашон пардохта мешавад.
Моддаи 81. Протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд

Протоколи амали тафтишӣ, ки мувофиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шуда, ҳолатҳоеро тасдиқ мекунанд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод намудан, санҷиши нишондодҳо дар ҷои ҳодиса, озмоиши тафтишӣ, гўш кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар воситаҳои техникии алоқа ҷой доштанд, инчунин протоколи маҷлиси суд, ки мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудаанд, далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ ба шумор мераванд.
Моддаи 82. Ҳуҷҷатҳои дигар

1. Ҳуҷҷатҳои дигар ҳамчун далел эътироф мешаванд, ба шарте ки маълумоти дар онҳо аз ҷониби корхонаю ташкилот, шахсони мансабдор ва воқеӣ инъикос ё тасдиқнамуда барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамият дошта бошанд.

2. Ҳуҷҷат метавонад маълумотеро дар бар гирад, ки хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шудааст. Ба ҳуҷҷат маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео дохил мешаванд, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар гирифта шудаанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур пешниҳод ва ҳамчун далели парванда эътироф гардидаанд.

3. Агар ҳуҷҷат дорои ҳамаи нишонаҳои дар моддаи 78 Кодекси мазкур зикргардида бошад, далели шайъӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 83. Ба парванда ҳамроҳ кардан, нигоҳ доштан ва пасгардонидани ҳуҷҷат

1. Ҳуҷҷат ба маводи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоте, ки мурофиаи ҷиноятиро пеш мебарад, ҳамроҳ карда, дар тамоми давраи мавҷудияти он нигоҳ дошта мешавад.

2. Агар ҳуҷҷати гирифта ва ба парванда ҳамроҳкарда ба соҳиби қонуниаш барои ҳисобгирӣ ё ҳисоботдиҳии ҷорӣ ё мақсадҳои дигари қонунӣ зарур шавад, ба ў имконият дода мешавад, ки ин ҳуҷҷатро барои истифодаи муваққатӣ гирад ё нусхабардорӣ кунад.

3. Баъди як соли эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ё қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар бораи қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуҷҷати аслии ба парванда хамроҳкардашуда тибқи дархост ба соҳиби қонуниаш баргардонида мешавад. Ҳамзамон дар парванда нусхаи ҳуҷҷате нигоҳ дошта мешавад, ки саҳеҳ будани он вобаста ба ҷойи нигаҳдошти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш, прокурор ё суд, судя тасдиқ карда шудааст.
Моддаи 84. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ба даст овардашуда ба шарте далел эътироф карда мешаванд, ки бо риояи муқаррароти Кодекси мазкур ҷамъоварӣ шуда бошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *