Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУПОРИДАНИ ШАХСЕ, КИ БА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААСТ, БАРОИ АДОИ ҶАЗО БА ДАВЛАТЕ, КИ Ӯ ШАҲРВАНДИ ОН АСТ

БОБИ 50.

СУПОРИДАНИ ШАХСЕ, КИ БА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААСТ, БАРОИ АДОИ ҶАЗО БА ДАВЛАТЕ, КИ Ӯ ШАҲРВАНДИ ОН АСТ
Моддаи 483. Асосҳо барои супоридани шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он аст

Шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии дахлдор ё созиши хаттии бо шартҳои мутақобил имзонамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти босалоҳият ва шахсони мансабдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахсе, ки аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар давлате, ки ў шаҳрванди он давлат мебошад, ҳамчунин барои супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба шумор меравад.
Моддаи 484. Шарт ва тартиби супоридани маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он аст

1. Супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он давлат аст, то хатми ҷазои ў ба тариқи маҳрум кардан аз озодӣ дар асоси дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ў, ҳамчунин дар асоси талабномаи мақомоти босалоҳияти давлати дахлдор бо ризои маҳкумшуда имконпазир аст.

2. Шахс танҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў метавонад супорида шавад ва онҳо дар бораи супорида шудани маҳкумшуда ба суде, ки ҳукм баровардааст, хабар медиҳанд.

Моддаи 485. Рад кардани супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда ба давлати хориҷӣ барои адои ҷазо

Супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он давлат аст дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, ба шарте, ки:

— кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, бо қонунгузории давлате, ки ў шаҳрванди он мебошад, ҷиноят эътироф нагардад;

— ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлат ё бо дигар асоси пешбининамудаи қонунгузории ин давлат наметавонад дар давлати хориҷӣ адо карда шавад;

— аз маҳкумшуда ё аз давлати хориҷӣ кафолатҳои иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ ворид нашуда бошанд;

— доир ба супоридани маҳкумшуда дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ мувофиқа ҳосил нашуда бошад;

— маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дошта бошад.
Моддаи 486. Баррасии дархост дар бораи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудани ҷазо

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ў, ҳамчунин мақомоти босалоҳияти давлати хориҷӣ бо ризои маҳкумшуда метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *