Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятие, ки таъқиби ҷиноятиро анҷом медиҳанд

БОБИ 5.

Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятие, ки таъқиби ҷиноятиро анҷом медиҳанд

Моддаи 36. Прокурор

1. Прокурор шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ айбдоркуниро аз номи давлат ба амал бароварда, дар ҳамаи давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ таъқиби онро мутобиқи Кодекси мазкур таъмин менамояд.

2. Прокурор назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ амалӣ менамояд.

3. Прокуроре, ки дар баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ иштирок мекунад, айбдоркунандаи давлатӣ номида мешавад. Ҳангоми тақвияти айбдоркунии давлатӣ прокурор мавқеи худро оид ба масъалаҳои татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазо нисбат ба судшаванда, тибқи талаботи қонун ва эътимоди ботинии хеш, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои парванда асоснок шудааст, изҳор менамояд.

4. Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба бекор кардани санади қабулкардаи суд ба суди болоӣ эътироз оварад.

5. Прокурор ҳуқуқ дорад бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур то лаҳзаи ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд аз таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ даст кашад.
Моддаи 37. Ваколати роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия

Роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад барои тафтиши ҷинояти алоҳида ё якчанд ҷиноят аз ҳисоби кормандони ҳамин мақомот гурўҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)
Моддаи 38. Сардори воҳиди тафтишот

1. Сардори воҳиди тафтишот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— ба фаъолияти муфаттишон доир ба тафтиши ҷиноятҳо назорат кунад;

— барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешад;

— парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба пешбурди худ қабул кунад ё пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба муфаттиш супорад;

— пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар диҳад;

— ба прокурор дар бораи бекор кардани қарорҳои беасос қабулкардаи муфаттиш дархост пешниҳод кунад;

— аз тарафи муфаттишон риоя шудани мўҳлати тафтиши пешакиро назорат кунад;

— аз тарафи муфаттишон иҷро шудани дастурҳои прокурорро таъмин намояд;

— пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро ба якчанд муфаттиш супорад;

— иҷрои супоришҳои дигар муфаттишонро, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, назорат кунад;

— дар тафтиши парвандаи ҷиноятии дар пешбурди муфаттиш қарордошта иштирок намуда, ҳамзамон аз ваколатҳои муфаттиш истифода барад.

2. Дастурҳои сардори воҳиди тафтишот оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилияти муфаттиш ва ҳуқуқҳои бо моддаи 39 Кодекси мазкур муқарраршудаи ўро маҳдуд карда наметавонанд. Дастурҳо ба муфаттиш дар шакли хаттӣ дода мешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмист.
Моддаи 39. Муфаттиш

1. Муфаттиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 140 Кодекси мазкур нишондодашуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;

— парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, амалҳои тафтишӣ барад;

— оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилона қарор қабул кунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур гирифтани ризои прокурор ё иҷозати судро талаб мекунад;

— пешбурди парвандаи ҷиноятиро сари вақт анҷом диҳад;

— ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс, бандубасти ҷиноят, андозаи айбдорӣ қарор қабул кунад;

— пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қатъ кунад ё ба суд равон кунад;

— дар ҳолати розӣ набудан ба дастури прокурор ҳуқуқ дорад бо изҳори хаттии норизоии худ парвандаро ба прокурори болоӣ ирсол намояд;

— бо маводи оперативӣ — ҷустуҷўие, ки бо парвандаи тафтишшаванда алоқаманд аст, мутобиқи қонунгузорӣ шинос шавад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— ба кормандони мақомоти таҳқиқ барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешбурди амалҳои тафтишӣ супоришу дастурҳои хаттие диҳад, ки иҷрояшон ҳатмӣ буда, мусоидати ин мақомотро дар пешбурди амалҳои тафтишӣ талаб намояд; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— барои тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноятӣ чора андешад;

— нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят далелҳои кофии тасдиқкунанда ҷамъоварӣ шудааст, айб эълон кунад;

— бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур чораи пешгирӣ интихоб кунад;

— таъқиби ҷиноятиро анҷом диҳад ва парвандаро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор супорад.

2. Мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур иҷрои қарорҳои қабулкардаи муфаттиш оид ба парвандаи ҷиноятие, ки таҳти пешбурди ў қарор дорад, барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ‚ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 40. Мақомоти таҳқиқ

1. Мақомоти таҳқиқ инҳо ба ҳисоб мераванд:

— воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;

— воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сўхтор;

— воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти гумрук;

— воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия.

2. Ба зиммаи мақомоти таҳқиқ вогузошта мешаванд:

— қабул, ба қайд гирифтан ва баррасӣ намудани аризаҳо ва маълумот дар бораи ҷинояти содиршуда ё ҷинояти нотамом;

— пешбурди таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест;

— иҷрои амалҳои таъхирнопазир оид ба парвандаҳое, ки барои онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ мебошад;

— пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст.

3. Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 146 Кодекси мазкур ва иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир ба зиммаи инҳо вогузошта мешавад:

— сардорони дастаҳо ва гурўҳҳои ҷустуҷўи геологии зимистонгузароние, ки аз маҳалли будубоши мақомоти таҳқиқи дар қисми 1 ҳамин модда номбаршуда дар масофаи дур ҷойгиранд — оид ба ҷиноятҳое, ки дар маҳалли будубоши дастаю гурўҳҳои мазкури зимистонгузаронӣ содир карда шудаанд;

— роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои мазкур содир карда шудаанд.
Моддаи 41. Сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда

1. Сардори воҳиди таҳқиқ шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба таҳқиқбарандагони тобеи худ ваколатҳои зеринро дорост:

— гузаронидани санҷиши арзу шикоятҳоро дар бораи ҷиноят ба таҳқиқбаранда супорад;

— тибқи муқаррароти моддаи 145 Кодекси мазкур оид ба ҳалли арзу шикоят қарор қабул намояд;

— чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтиширо вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ гузаронад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— парвандаи ҷиноятиро аз як таҳқиқбаранда гирифта, ба дигар таҳқиқбаранда супорад;

— ба прокурор ҷиҳати бекор кардани қарори ғайриқонунӣ ё беасоси таҳқиқбаранда оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ дархост пешниҳод намояд;

— парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пешбурди онро амалӣ намояд ва дар ҳаҷми пурра бо истифода аз ваколатҳои таҳқиқбаранда амалҳои таҳқиқӣ гузаронад;

— маводи парвандаи ҷиноятиро мавриди омўзиш қарор диҳад;

— ба таҳқиқбаранда оид ба гузаронидани тафтиш, амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, интихоби намуди чораи пешгирӣ нисбат ба гумонбаршуда, бандубасти ҷиноят ва андозаи айбдорӣ супоришҳо диҳад.

2. Супоришҳои сардори воҳиди таҳқиқ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар шакли хаттӣ дода шуда, иҷрои онҳо аз тарафи таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошад. Дар сурати розӣ набудан бо супориш таҳқиқбаранда ҳуқуқ дорад ба прокурор арз намояд. Арз намудани шикоят иҷрои супоришҳоро бознамедорад.

3. Таҳқиқбаранда шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ваколатҳои зеринро дорост:

— амалҳои тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Кодекси мазкур тасдиқи онҳо аз тарафи сардори воҳиди таҳқиқ, иҷозати прокурор ё суд пешбинӣ шудаанд;

— ҳангоми пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятие, ки ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, қоидаҳои бо Кодекси мазкур барои тафтиши пешакӣ пешбинишударо, ба истиснои муқаррароти боби 20 Кодекси мазкур, ба роҳбарӣ гирад.

4. Таҳқиқбаранда вазифадор аст:

— бо супориши сардори мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои таъхирнопазир парвандаи ҷиноятиро, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, оғоз намуда, амалҳои тафтишии таъхирнопазир ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад ва дар ин бора дар мўҳлати на дертар аз 24 соат ба прокурор ва мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ хабар диҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11 с. №692)

— супоришҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқро дар бораи анҷом додани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, дар бораи татбиқи чораҳои таъмини амнияти шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда иҷро намояд.

5. Дастурҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқ барои таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошанд.

6. Аз дастурҳои сардори мақомоти таҳқиқ ба прокурори назоратбаранда, аз дастурҳои прокурор бошад, ба прокурори болоӣ шикоят кардан мумкин аст.

7. Шикоят кардан иҷрои супоришҳоро бознамедорад, ба истиснои дастурҳои бандубасти ҷиноят, андозаи айбдоркунӣ, ҳангоми ба прокурор супоридани парвандаи ҷиноятӣ ва минбаъд ба суд равон кардан ё қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ.
Моддаи 42. Ҷабрдида

1. Ҷабрдида шахсест, ки сарфи назар аз синну сол, ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонӣ ба ў аз ҷиноят зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шудааст, инчунин шахсе мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ў зери таҳдиди бевоситаи сўиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст. Инчунин ҷабрдида шахси ҳуқуқие низ эътироф шуда метавонад, ки дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба ў зарари моддӣ ё маънавӣ расидааст. Дар ин сурат ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷабрдидаро намояндаи шахси ҳуқуқӣ татбиқ мекунад. Дар бораи ҷабрдида эътироф кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва воқеияти бар асари ҷиноят расидани зарар фавран қарор қабул карда, суд таъинот мебарорад.

2.Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў ҳуқуқ доранд:

— далелҳо пешниҳод кунанд;

— дархост ё раддия изҳор кунанд;

— бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳанд;

— аз кўмаки тарҷумон ройгон истифода баранд;

— намоянда дошта бошанд;

— бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки онҳо гузаронида шудаанд, шинос шаванд ва ба онҳо эродҳо баён кунанд;

— бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости намояндааш амалӣ мешаванд, иштирок кунанд;

— пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд, дар суди марҳилаи якум дар муҳокима ва музокираҳои судӣ оид ба парванда иштирок кунанд;

— бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва нисбат ба он эродҳои худро изҳор кунанд;

— аз амал ё қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунанд;

— аз ҳукм ё таъинот ё қарори суд шикоят намоянд;

— аз шикоят ва эътирозе, ки нисбат ба парванда баён шудааст, хабардор карда шаванд ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунанд;

— дар баррасии судии эътирозу шикоятҳои пешниҳодгардида иштирок намоянд.

3. Ҷабрдида вазифадор аст:

— бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳозир шавад, дар бораи ҳамаи маълумоте, ки доир ба парванда ба ў маълум аст, хабар дода, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб диҳад;

— маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро, ки барояш маълуманд, фош накунад;

— ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиби муайяншударо риоя кунад.

4. Ҷабрдида ҳангоми ба даъват бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданаш маҷбуран оварда мешавад.

5. Ҷабрдида барои саркашӣ аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд ё саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ тибқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6. Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки оқибати онҳо боиси марги ҷабрдида гардидааст, ҳуқуқи пешбининамудаи ҳамин моддаро хешовандони наздики ў доранд.

7. Ҷабрдида инчунин дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.

8. Давлат ба ҷабрдида дастрас будани адолати судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад.
Моддаи 43. Айбдоркунандаи хусусӣ

1. Айбдоркунандаи хусусӣ шахсест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидаест, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Агар ҷабрдида ноболиғ ё ғайриқобили амал бошад, айбдоркунандаи хусусӣ намояндаи қонунии ў ба ҳисоб меравад, ки дархост, илтимос ё шикоят изҳор намудааст.

3. Айбдоркунандаи хусусӣ аз тамоми ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои ҷабрдида, инчунин аз ҳуқуқҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои ҳуқуқҳои вобаста ба марҳилаи пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ истифода мебарад.

4. Айбдоркунандаи хусусӣ аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда шахсан ё ба воситаи намояндаи худ истифода мебарад.
Моддаи 44. Даъвогари гражданӣ

1. Даъвогари гражданӣ шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие эътироф карда мешавад, ки ба ў дар натиҷаи содир шудани ҷиноят зарари молумулкӣ расонида шуда, оид ба рўёнидани он даъво пешниҳод кардааст. Даъвогари гражданӣ оид ба рўёнидани товони зарари маънавӣ низ метавонад даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.

2. Дар бораи эътироф кардани даъвогари гражданӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор қарор қабул мекунанд ва суд таъинот мебарорад.

3. Барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайриқобили амал эътироф шудаанд, даъвои гражданӣ аз тарафи намояндагони қонунии онҳо метавонад пешниҳод шавад.

4. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқ дорад:

— даъвои гражданиро дастгирӣ кунад ё аз даъво даст кашад;

— далелҳо пешниҳод намояд;

— дархост ва ё раддия пешниҳод кунад;

— бо забони модарӣ ё забоне, ки медонад, баёнот ва нишондод диҳад;

-аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

— намоянда дошта бошад;

— бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки ў сурат гирифтаанд, шинос шавад;

— бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишии мутобиқи дархости ў ё намояндааш доиршаванда иштирок кунад;

— пас аз анҷоми тафтиш бо маводи оид ба даъвои гражданӣ шинос шавад ва аз он маълумотҳои заруриро навишта гирад;

— дар муҳокимаҳои судии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок намояд;

— дар муҳокимаҳо ва музокираҳои судӣ баромад кунад;

— бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эродҳо баён кунад;

— аз амал ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят намояд;

— аз ҳукм ва таъиноти суд, судя, қарори судя дар қисмати марбут ба даъвои гражданӣ шикоят кунад;

— аз шикоят ва эътирозҳои вобаста ба парванда хабардор карда шавад ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунад;

— дар баррасии судии шикоят ва эътирозҳои овардашуда иштирок намояд.

5. Даъвогари гражданӣ ўҳдадор аст:

— бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳозир шавад;

— ба суд пешниҳод кардани нусхаҳои аризаи даъворо мутобиқи шумораи ҷавобгарони гражданӣ таъмин намояд;

— бо талаби мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ашё ва ҳуҷҷатҳои доштаашро пешниҳод намояд;

— ба амри қонунии мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;

— маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд огоҳ карда шуда бошад.

6. Барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ даъвогари гражданӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

7. Даъвогари гражданӣ метавонад ба сифати шоҳид пурсида шавад.

8. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқҳояшро истифода бурда, ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо шахсан ё ба воситаи намояндаи худ иҷро менамояд.

9. Аз даъво даст кашидани даъвогари гражданӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиавӣ то ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд ҷой дошта метавонад. Аз даъво даст кашидан боиси қатъ гардидани пешбурди он мегардад.
Моддаи 45. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ

1. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатҳои қонунии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё айбдоркунандаи хусусиро намояндагӣ кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судя барои иштирок дар парванда роҳ дода шаванд.

2. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагони ноболиғ ё онҳое, ки мутобиқи ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ аз имконияти мустақилона муҳофизат кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, барои иштироки ҳатмӣ дар баррасии парванда намояндагони қонунии онҳо ҷалб карда мешаванд.

3. Намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои мурофиавиро истифода мебаранд.

4. Иштироки шахсии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ дар баррасии парванда онҳоро аз ҳуқуқи доштани намояндаи худ ба ин парванда маҳрум намесозад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *