Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БА ТАРИҚИ КАССАТСИОНӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 39.

БА ТАРИҚИ КАССАТСИОНӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 364. Мавзўи муҳокимаи судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ

Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рўи шикоят ва эътирозҳои кассатсионӣ қонунӣ, асоснок ва одилона будани ҳукм ва дигар қарорҳои судиро тафтиш менамояд.
Моддаи 365. Ҳайати суд ҳангоми баррасии парвандае, ки аз он шикоят карда ва ба он эътирози кассатсионӣ оварда шудааст

Парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 366. Мўҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ

1. Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе бояд парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз рўзи ворид шуданаш баррасӣ кунанд. Ҳангоми махсусан мураккаб будани парванда ё дар ҳолатҳои дигари истисноӣ раиси суди дахлдор метавонад бо қарори худ ин мўҳлатро то чордаҳ шабонарўз дароз кунад.

2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро бояд дар мўҳлати на дертар аз як моҳ аз рўзи ворид шуданаш баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў метавонанд бо қарори худ ин мўҳлатро то як моҳ дароз кунад.

3. Дар сурати дароз кардани мўҳлати баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирокчиёни парванда бояд пешакӣ огоҳ карда шаванд.
Моддаи 367. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ

Шикоят ё эътирози кассатсионӣ инҳоро бояд дар бар гирад:

— номи суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст;

— маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътирозро овардааст (вазъи мурофиавии ў), ҷои истиқомат ва маҳалли будубоши ў;

— ҳукм ё дигар қароре, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст ва суде, ки ин қарорро баровардааст;

— ваҷҳҳои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии ҳукм ё дигар қарор дар чист ва хоҳиши ў аз чӣ иборат аст;

— номгўи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;

— имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.
Моддаи 368. Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ

1. Ҳангоми бо шикоят ё эътирози кассатсионӣ ворид шудани парванда раиси суди марҳилаи кассатсионӣ ё муовини ў оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва судяи маърўзакунандаро таъин намуда, дар айни замон раисикунанда, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад.

2. Дар бораи ҷой ва вақти баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ тарафҳо бояд огоҳ карда шаванд. Масъалаи даъвати маҳкумшудае, ки таҳти ҳабс қарор дорад, аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарордошта, ки хоҳиши ширкат кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати ў овардаи прокурор намудааст, бояд ба маҷлиси судии марҳилаи кассатсионӣ оварда шавад.

3. Ҳозир нашудани шахсоне, ки дар бораи ҷой ва вақти маҷлиси кассатсионӣ сари вақт огоҳ гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.

4. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 357 Кодекси мазкур барояшон ҳуқуқи шикоят овардан аз ҳукм дода шудааст, инчунин ҳимоятгари маҳкумшуда (сафедшуда) ё намояндаи ҷабрдида, ки пас аз баровардани ҳукм супориши онҳоро қабул кардаанд, дар ҳама ҳолатҳо ба маҷлиси кассатсионӣ роҳ дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онҳо сухан дода мешавад.
Моддаи 369. Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ

1. Раисикунанда маҷлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии кӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз рўи парванда киҳо ҳозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда ҳал менамояд. Сипас раисикунанда ҳайати суд, прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд ҳозиршуда ҳуқуқи изҳори рад намуданро фаҳмонда, аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.

2. Раисикунанда аз шахсони ҳозиршуда дар бораи дархости онҳо пурсида ва суд аз рўи баррасии дархост таъинот мебарорад.

3. Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърўзакунанда оғоз ёфта, ў моҳияти парванда ва ваҷҳҳои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маърўза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда ваҷҳҳои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниҳоди маводи иловагӣ раисикунанда ё судяи маърўзакунанда онҳоро эълон мекунад ва барои шиносоӣ ба прокурор ва шахсони дар моддаи 368 Кодекси мазкур нишондодашуда медиҳад, ба шарте ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ҳимоятгарони онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, ба шарте ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиҳанд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машваратӣ меравад.

4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошад.

5. Тартиби маҷлиси суд ва чораҳое, ки нисбат ба вайронкунандагон андешида мешаванд, аз рўи талаботи моддаҳои 291 ва 292 Кодекси мазкур муайян карда мешаванд.

6. Суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаро, ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 273 Кодекси мазкур зикргардида‚ дар маҷлиси ошкорои суд баррасӣ мекунад.

7. То сар шудани маҷлиси суд шахсе, ки аз ҳукм шикоят ё ба он эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.
Моддаи 370. Ҳадди баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Суд бо ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар ҳаҷми пуррааш дар ҳаққи ҳамаи айбдорон, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ наовардаанд, месанҷад.

Моддаи 371. Қароре, ки суди марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад

Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда суд яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

— ҳукмро бетағйир ва шикоят ё эътирозро беқаноат мемонад;

— ҳукмро бекор ва парвандаро қатъ менамояд;

— ҳукмро тағйир медиҳад;

— ҳукмро бекор мекунад ва парвандаро барои тафтиши нав ё ба муҳокимаи нави судӣ мефиристад.
Моддаи 372. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд:

— яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ;

— мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда;

— ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ;

— нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ;

— номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.
Моддаи 373. Яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ

1. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ яктарафа ё нопурра ба ҳисоб меравад, ба шарте ки зимни анҷом додани он ҳолатҳои барои баровардани ҳукм аҳамияти ҷиддӣ дошта муайян карда нашуда бошанд.

2. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ дар ҳама ҳолат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешавад, ба шарте ки доир ба парванда:

— шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодҳои онҳо барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофиқи қонун гузаронидани он ҳатмист, ҳамзамон ҳуҷҷатҳое талаб карда гирифта ё далелҳои шайъие, ки дарёфт нагардида ба парванда ҳамроҳ карда нашуда бошанд, ки аҳамияти ҷиддӣ доранд;

— ҳолатҳое таҳқиқ нашуда бошанд, ки дар таъиноти судӣ парвандаи ҷиноятиро ба тафтиши нав ё муҳокимаи нави судӣ фиристода нишон дода шудаанд;

— маълумот оид ба шахсияти судшаванда пурра муайян карда нашуда бошад.
Моддаи 374. Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд

Ҳукм ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, ба шарте ки:

— хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашаванд;

— суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад;

— далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар ҳукм нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзеи ин далелҳоро қабул кардаасту далелҳои дигарро рад намудааст;

— хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал намудани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси маҳкумшуда, ё худ сафед кардашуда, барои дурустии татбиқ намудани қонуни ҷиноятӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.
Моддаи 375. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ

1. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти умумии Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани ҳукми одилонаи судӣ таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.

2. Ҳукм бояд бекор карда шавад:

— вақте ки яктарафа ё нопурра будани тафтиши судӣ натиҷаи саҳван аз баррасӣ истисно кардани далелҳои имконпазир ё беасос рад кардани пешниҳоди тараф дар таҳқиқи далелҳое бошад, ки барои парванда аҳамият дошта метавонистанд;

— таҳқиқ накардани далелҳое, ки бояд ҳатман таҳқиқ шаванд (набудани хулосаи коршинос, ҳангоме ки он ҳатмӣ мебошад, иҷро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз муҳокимаи пешакӣ барои тафтиши иловагӣ фиристодааст ва ғайра).

3. Ҳукм дар ҳар ҳолат бояд бекор карда шавад, ба шарте ки:

— ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 288 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд қатъ нагардида бошад;

— ҳукм бо ҳайати ғайриқонунии суд бароварда шуда бошад;

— парванда дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардида бошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 280 Кодекси мазкур;

— парванда бе иштироки ҳимоятгар баррасӣ шудааст, ҳангоме ки иштироки ў тибқи қонун ҳатмӣ мебошад ё бо тарзи дигар ҳуқуқи айбдоршаванда барои доштани ҳимоятгар вайрон карда шуда бошад;

— дар суд ҳуқуқи айбдоршаванда (судшаванда) дар бобати истифодаи забони модарӣ ё хизмати тарҷумон вайрон карда шуда бошад;

— ба судшаванда ҳуқуқи иштирок дар музокираи судӣ пешниҳод нашуда бошад;

— ба судшаванда сухани охирин дода нашуда бошад;

— ҳангоми баровардани ҳукм махфӣ будани машварати судяҳо вайрон карда шуда бошад;

— ҳукм аз тарафи судя ё яке аз судяҳо имзо нашуда бошад;

— дар парванда протоколи маҷлиси суд набошад.
Моддаи 376. Нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ

Қонуни ҷиноятӣ нодуруст татбиқшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте ки:

— суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим буд, татбиқ накарда бошад;

— суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим набуд, татбиқ карда бошад;

— суд қонунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дақиқи қонун мухолиф бошад.
Моддаи 377. Номувофиқии ҷазои таъиннамудаи суд

Ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти мaҳкумшуда чунин ҷазо номувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз доираи пешбиникардаи қонуни ҷиноятӣ берун набаромада бошад ҳам, вале аз рўи намуд ва андозаи худ, чӣ аз ҷиҳати сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошад.
Моддаи 378. Норавоии вазнин кардани ҷазои маҳкумшуда ё дар ҳаққи ў татбиқ намудани қонуни оид ба ҷинояти вазнинтар дар марҳилаи кассатсионӣ

1. Суд дар вақти ба тариқи кассатсионӣ дида баромадани парванда метавонад ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ки қонуни оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳақ надорад, ки ҷазоро пурзўр намояд ва ҳамчунин қонуни доир ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ кунад.

2. Ҳукмро бо зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти вазнинтар ё худ барои сабук будани ҷазо фақат дар ҳамон мавридҳо бекор кардан мумкин аст, ки бо ҳамин асосҳо прокурор эътироз оварда ё ҷабрдида шикоят карда бошад.
Моддаи 379. Бекор кардани ҳукми айбдоркунӣ ва қатъ кардани парванда

Суд парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намуда, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи сархатҳои панҷум-нўҳуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаи 28 Кодекси мазкур ҳукми айбдоркуниро бекор карда ва парвандаро қатъ мекунад.
Моддаи 380. Бекор кардани ҳукми сафедкунанда

1. Ҳукми сафедкунандае, ки судя танҳо ё суд баровардаанд, дар марҳилаи кассатсионӣ танҳо аз рўи эътирози прокурор ё шикояти ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шикояти шахси аз ҷониби суд сафедкардашуда, ки бо асосҳои сафедкунӣ розӣ намебошад, мумкин аст бекор карда шавад.

2. Ҳукми сафедкунанда, таъинот дар бораи қатъ кардани парванда ё дигар қароре, ки ба манфиати судшаванда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, нўҳум ва даҳуми қисми 3 моддаи 375 Кодекси мазкур бекор карда шавад.
Моддаи 381. Оқибатҳои бекор кардани ҳукм

1. Суд ҳангоми бекор кардани ҳукм ва ба муҳокимаи нави судӣ ирсол намудани парванда дар таъйинот нишон медиҳад, ки пешбурди парванда бояд аз таҳқиқ ё тафтиши нав ё аз муҳокимаи судӣ сар карда шавад.

2. Дар сурати бекор кардани ҳукм бинобар зарурати эълон кардани айби нисбатан вазнинтар ё айбе, ки аз рўи ҳолатҳои воқеӣ аз айби дар ибтидо эълон кардашуда ҷиддан фарқ мекунад, парванда тавассути суде, ки ҳукм баровардааст, барои тафтиши нав ба прокурор равон карда мешавад.

3. Дар сурати бекор кардани ҳукм бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии қонун ҳангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суде, ки ҳукмро баровардааст, дар ҳайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.
Моддаи 382. Тағйир додани ҳукм

1. Агар зимни баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ муайян карда шавад, ки суди марҳилаи якум қонуни ҷиноятиро нодуруст татбиқ кардааст ё ҷазои таъинкарда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда мувофиқ нест, суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад парвандаро ба баррасии нав надода, тибқи муқаррароти моддаи 378 Кодекси мазкур ба ҳукм тағйирот ворид намояд, ба шарте ки ҷазои тағйирдодашуда аз ҷазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё қонуни ҷиноятии нисбатан вазнин татбиқ нашуда бошад.

2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад ба ҳукм тағйироте дарорад, ки ба ҳолатҳои дар ҳукми суди марҳилаи якум муқаррар карданашуда ё ин ки ба далелҳои радкардаи он асос карда шуда бошад.
Моддаи 383. Мазмуни таъиноти кассатсионӣ

1. Дар таъиноти кассатсионӣ инҳо бояд зикр гарданд:

— вақт ва ҷои баровардани таъинот;

— номи суд ва ҳайати коллегияи кассатсионӣ, ки таъинотро баровардааст;

— шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирок доштанд;

— шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ арз намудаанд;

— моҳияти шикоят ё эътироз;

— мазмуни қисми хулосавии ҳукме, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;

— асосҳои қабули қарор дар марҳилаи кассатсионӣ;

— қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз.

2. Қисми баёнияи таъинот дарҷи мухтасари ваҷҳҳои шахсеро, ки шикоят арз ё эътироз кардааст, эродҳои дигар шахсони иштирокчии марҳилаи кассатсионӣ, инчунин асосҳои қабул кардани қарорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз қонеъ гардонида нашуда бошад, асосҳое, ки тибқи он шикоят ё эътироз беасос ё камаҳамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани ҳукм зикр карда мешавад, ки талаботи кадом моддаҳои қонуни ҷиноятӣ ё мурофиавии ҷиноятӣ вайрон карда шудааст ва ин вайронкуниҳо аз чиҳо иборатанд; асосҳое, ки тибқи онҳо ҷазои таъиннамудаи суди марҳилаи якум ғайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба тафтиши нав ва муҳокимаи нави судӣ фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкуниҳои қонун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани айб, оид ба ҳаққонӣ ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбиқи қонуни ҷиноятӣ дар бораи ҷазо аз ҷониби суди марҳилаи якум, дар бораи чораи ҷазо масъалаҳоро пешакӣ ҳал намояд.

3. Таъинот дар хонаи машваратӣ бароварда шуда, ба он ҳамаи ҳайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани ҳайати суд аз хонаи машваратӣ фавран эълон карда мешавад.
Моддаи 384. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи кассатсионӣ

Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолати зарурӣ оид ба парванда экспертизаи судӣ таъин намуда, баррасии парвандаро боздорад, маводи иловагии пешниҳодшударо таҳқиқ кунад, намуди низомро таъин кунад, ба шарте ки он бо ҳукм таъин нашуда бошад, инчунин ба қарори суд дигар тағйиротро, ки вазъи маҳкумшударо бадтар намекунанд, ворид намояд.
Моддаи 385. Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

1. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ барои иҷро дар мўҳлати на дертар аз ҳафт шабонарўзи баъди баровардани он якҷоя бо парванда ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.

2. Таъиноте, ки мувофиқи он маҳкумшуда бояд аз ҳабс озод карда шавад дар ин қисм фавран иҷро карда мешавад, ба шарте ки маҳкумшуда дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок дошта бошад. Дар ҳолатҳои дигар нусхаи қисми хулосавии таъинот ҷиҳати иҷрои қарори аз ҳабс озод кардани маҳкумшуда фавран ба маъмурияти маҳалли таҳти ҳабс нигоҳдорӣ фиристода мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *