Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУПОРИДАНИ ШАХС БАРОИ БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАН Ё БАРОИ ИҶРОИ ҲУКМ

БОБИ 49.

СУПОРИДАНИ ШАХС БАРОИ БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАН Ё БАРОИ ИҶРОИ ҲУКМ
Моддаи 476. Равон кардани талабнома дар хусуси додани шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ мебошад

1. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолат ва бо тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ бо талабномаи додани шахсе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст, муроҷиат мекунад ба шарте, ки оид ба ин шахс ҳукми айбдоркунанда ё қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда қабул шуда бошад.

2. Талабнома бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

— фамилия, ном ва номи падари маҳкумшуда (айбдоршаванда), соли таваллуд, маълумот дар бораи шаҳрвандӣ, тасвири зоҳирӣ, аксҳо;

— баёни ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда бо зикри матни қонуне, ки барои ин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад ва зикри ҳатмии ҷазо;

— маълумот дар бораи ҷой ва вақти баровардани ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бо замимаи нусхаҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои дахлдор.
Моддаи 477. Ҳадди ҷавобгарии ҷиноятии шахси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда

1. Шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, бе ризои давлате, ки ўро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки бо супоридани ў вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад.

2. Қоидаи қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят баъди супоридани ў татбиқ намегардад.
Моддаи 478. Иҷрои талабномаи супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

1. Талабномаи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки дар содир намудани ҷиноят айбдор карда мешавад ё дар қаламрави давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў баррасӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани талабномаи якчанд давлат доир ба супоридани шахс қарори ба кадом давлат супоридани шахсро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

2. Шарт ва тартиби супоридан тавассути Кодекси мазкур ва шартномаи тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ муайян карда мешавад.

3. Агар дар бораи шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки барои ҷинояти дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунад, дархости супоридани ў ворид гардад, супоридан метавонад то ба охир расидани мўҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ ба таъхир андохта шавад. Агар шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, мўҳлати супоридани ўро то баровардани ҳукм, ба охир расидани мўҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ мумкин аст, ба таъхир андохта шавад. Агар ба таъхир андохтани мўҳлати супоридани гунаҳгор боиси гузаштани мўҳлати таъқиби ҷиноятӣ гардад ё ба таҳқиқи ҷиноят халал расонад, шахсеро, ки супоридани ў дар асоси талабнома зарур аст, муваққатан супоридан мумкин аст.
Моддаи 479. Рад кардани супоридани шахс

Супоридани шахс дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:

— ба шахс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шуда бошад;

— кирдоре, ки асоси талабнома доир ба супоридан қарор дода шудааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардад;

— нисбат ба шахс аллакай барои ҳамон ҷиноят ҳукме бароварда шуда бошад, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё тафтиши парванда қатъ карда шудааст;

— мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаштани мўҳлат ё аз рўи асоси дигари қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ наметавонад оғоз ё ҳукм иҷро карда шавад.
Моддаи 480. Супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ ва шахсони бешаҳрванд

1. Тартиби супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ ва шахсони бешаҳрванд бо қоидаҳои моддаи 478 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

2. Супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои душаҳрвандӣ мебошад, танҳо дар ҳолатҳое имконпазир аст, ки махсус дар шартнома ё созишномаи тарафайн пешбинӣ шуда бошанд.
Моддаи 481. Ба ҳабс гирифтан барои супоридан

1. Ҳангоми аз мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ ворид гардидани талабномаи ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда ва дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ барои супоридан ў метавонад дастгир карда ва нисбат ба ў чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан бо тартиби муқаррарнамудаи боби 12 Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.

2. Дар бораи ба ҳабс гирифтани шахс ба мақомоти давлати хориҷие, ки талабномаи супориданро фиристодааст, якҷоя бо пешниҳоди вақт ва ҷои супоридан фавран хабар дода мешавад.

3. Агар дар давоми сӣ шабонарўз супоридан иҷро нагардад, шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад бояд бо қарори суд озод карда шавад. Такроран ба ҳабс гирифтан танҳо баъди баррасии талабномаи нав доир ба супоридан мутобиқи қисми 1 ҳамин модда имконпазир аст.
Моддаи 482. Супоридани ашё

1. Ҳангоми ба мақомоти давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванд, инчунин ашёе, ки олоти ҷиноят аст ва осори ҷиноят дорад ё бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст, дода мешавад. Ин ашё дар асоси талабнома ва дар ҳолате, ки супоридани шахс ба сабаби фавти ў ё бо сабабҳои дигар амалӣ шуда наметавонад дода мешавад.

2. Агар ашёи дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, барои тафтиш аз рўи парвандаи дигари ҷиноятӣ зарур бошад, мумкин аст муваққатан нигоҳ дошта шавад.

3. Барои таъмини ҳуқуқи қонунии шахсони сеюм супоридани ашёи дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, танҳо дар сурати мавҷуд будани кафолатҳои мақомоти давлати хориҷӣ дар бораи баргардонидани ашё баъди ба охир расидани тафтиш аз рўи парванда анҷом дода мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *