Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ

ФАСЛИ X

АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО КАРДААНД (ПЕШБУРДИ НАЗОРАТӢ)
БОБИ 42.

Пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ
Моддаи 403. Эътироз ё шикоят овардан ба тариқи назоратӣ аз ҳукм, таъинот, қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд
1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст тибқи муқаррароти ҳамин боб пешниҳод карда мешавад. .(ҚҶТ аз 28.12.12с №932)

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба санадҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 404 Кодекси мазкур метавонанд эътироз оваранд.

3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ ҳуқуқ дорад бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз оварад.

4. Шахси эътироз ё шикоятоварда ҳуқуқ дорад, онро бозхонад. Бозхонди эътироз ё шикоят то оғози маҷлиси суде, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, имконпазир аст.
Моддаи 404. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ

1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав дида баромадани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.

2. Эътироз ё шикояти назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:

— оид ба таъиноти суди марҳилаи кассатсионии суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия — мутаносибан ба раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;

— оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардаанд, ба шарте, ки ин ҳукм, таъинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбии гарнизонҳо–ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— оид ба таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таъиноти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 405. Мўҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суд

Ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда, таъинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда ё таъинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давоми як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 406. Мўҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ

1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

— номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;

— ном, номи падар ва фамилияи шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли будубош ва мавқеи мурофиавии ў дар парванда;

— зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мўҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;

— зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд;

— ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда;

— хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст.

2. Агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.

3. Шикояти назоратиро бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ў имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.

4. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегардад.

5. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошанд.
Моддаи 407. Бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ

Эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мўҳлати як моҳ аз рўзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

— эътироз ё шикоят ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи моддаи 406 Кодекси мазкур набошад;

— эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;

— мўҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;

— то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;

— эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 404 Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 408. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

1. Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан аз тарафи Раис ё муовини ў барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мўҳлати 30 шабонарўз баррасӣ карда шавад.

2. Судя, ки шикоят ё эътирозро меомўзад, парвандаҳои ҷиноятии дахлдорро аз судҳои поёнӣ талаб менамояд.

3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омўхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

-дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ;

— дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.

4. Қарори судя бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

— сана ва маҳалли қабул кардани қарор;

— номи суд, фамилия, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст;

— фамилия, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;

— ишора ба санадҳои судӣ, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтаанд;

— асосҳои қабули қарор.

5. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, раисони суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, мутобиқи сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.

6. Нусхаи қарор ба шахси эътироз ва шикоятоварда равон карда мешавад.
Моддаи 409. Талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ

1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ метавонанд парвандаи ҷиноятиро, ки санади судии аз рўи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намоянд.

2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбии гарнизонҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҷиноятиро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод менамоянд.
Моддаи 410. Ҳайат ва тартиби баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз рўи эътироз ё шикоят

1. Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баррасӣ карда мешавад.

2. Дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:

— дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ў;

— дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – прокуроре, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст;

— дар Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокуроре, ки Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

— дар раёсати судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе – мувофиқан прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо.

3. Суде, ки парвандаи ҷиноятиро ба тариқи назоратӣ дида мебарояд, ҳуқуқ дорад ё агар зарур шуморад, маҳкумшударо ба маҷлиси суд даъват намояд.

4. Парвандаи ҷиноятӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурдан дар мўҳлати на дертар аз як моҳ бояд баррасӣ карда шавад.

5. Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад‚ барои додани баёнот маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, намояндагони онҳо даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз шинос шудан дода мешавад.

6. Парвандаи ҷиноятиро раиси суд ё бо супориши ў яке аз аъзои раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии ин парванда иштирок накардааст, маърўза мекунад. Маърўзачӣ ҳолатҳои кор, мазмуни ҳукм, таъинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърўзачӣ аз ҷониби судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо доданашон мумкин аст. Агар дар маҷлиси суд маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърўзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.

7. Тарафҳо баъд аз баромади маърўзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.

8. Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан танҳо аъзои раёсатҳои судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикоят дар Раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, радкардашуда эътироф мешавад.

9. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.

10. Қисми хулосавии таъиноти баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.
Моддаи 411. Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро дида мебарояд

1. Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ суд метавонад:

— эътироз ё шикоятро рад намояд;

— ҳукм ва ҳамаи таъиноту қарорҳои минбаъд баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба тафтиши нав ё ин ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;

— таъиноти кассатсионӣ, инчунин таъинот ва қарорҳои минбаъдаи судро, ба шарте ки онҳо бароварда шуда бошанд, бекор кунад ва парвандаро барои аз нав ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардан равон кунад;

— таъинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад ва ҳукми суд ва таъиноти кассатсиониро бетағйир мононад ё ки тағйир диҳад;

— ба ҳукм, таъинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.

2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ мекунад, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 35 Кодекси мазкур пешбинишуда таъиноти (қарори) хусусӣ мебарорад.
Моддаи 412. Асосҳои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд

1. Дар вақти баррасии парванда ба тариқи назоратӣ ҳолатҳое, ки дар моддаи 372 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм асос шуда метавонанд.

2. Таъиноти суди марҳилаи якум, қарори судя, таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, таъинот ва қарори марҳилаи назоратӣ дар мавридҳое бояд бекор карда шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъинот ё қарор суди марҳилаи якум қарори ғайриқонунӣ ё беасос баровардааст ё ки суди болоӣ таъинот, қарор ё ҳукмеро, ки пеш аз ин оид ба ҳамин парванда мавҷуд буд, беасос бетағйир монондааст, бекор кардааст ё тағйир додаст ё ки агар дар вақти дида баромадани парванда дар суди болоӣ чунин вайронкуниҳои қонун рўй дода бошанд, ки онҳо ба дурустии таъинот ё қарори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.
Моддаи 413. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ

1. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда ба ваҷҳҳои эътироз ё шикоят вобаста нест ва вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷида барояд. Агар мувофиқи парванда якчанд кас маҳкум шуда бошаду аммо эътироз ё шикоят фақат дар ҳаққи як нафар ё ки баъзе маҳкумшудагон баён карда шуда бошад, суд ўҳдадор аст, ки парвандаро дар ҳаққи ҳамаи маҳкумшудагон санҷида барояд.

2. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё худ қонун оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ намояд, низоми адои ҷазоро тағйир диҳад, ба ҳисоб гирифтани саршавии воқеии мўҳлати адои ҷазо ва масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани ҳукмро ҳал намояд, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзўр кунад ё қонун оид ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ намояд.

3. Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум судшаванда нодуруст сафед карда шудааст ё дар суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазое, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, ба сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад, бо риояи шартҳое, ки дар моддаи 378 Кодекси мазкур муқаррар кардашуда ҳукм ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро барои баррасии нав мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё ки ба марҳилаи кассатсионӣ равон кунад.

4. Агар беасос қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ё ғайриқонунӣ сабук намудани ҷазои маҳкумшуда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда рўй дода бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, ки таъинот ё ки қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва ҳукми суди марҳилаи якум ё таъиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад.

5. Дар мавридҳое, ки аз рўи парванда якчанд нафар судшаванда маҳкум ё сафед карда шуда бошанд, суд ҳуқуқ надорад ҳукм, таъинот ё қарорро дар ҳаққи он шахсони маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ки нисбат ба онҳо эътироз баён карда нашудааст, бекор кунад, ба шарте ки бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарор вазъияти онҳоро бад мекарда бошад.
Моддаи 414. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст

1. Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.

2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар ҳукм муайян карда нашудаанд ё ки рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани айбдорӣ, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ намудани ин ё он қонуни ҷиноятиро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазоро пешакӣ ҳал намояд.

3. Инчунин суд вақте ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъиноти кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад хулосаҳоеро, ки марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешгўӣ намояд.
Моддаи 415. Мазмуни таъинот ё қарор

1. Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, ё худ таъиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё ин ки коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи моддаи 383 Кодекси мазкур мувофиқ бошад.

2. Таъинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро– раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд.

3. Таъинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 416. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

1. Баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тартиби умумӣ баррасӣ мешавад.

2. Вазнин кардани ҷазо ё худ татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар дар вақти парвандаро аз нав баррасӣ кардани суди марҳилаи якум фақат ба шарте мумкин аст, ки ҳукм ба тариқи назоратӣ барои сабук будани ҷазо ё худ бинобар зарур будани татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар бекор карда шуда бошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *