Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАЪВОИ ГРАЖДАНӢ ДАР ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

ФАСЛИ V.
ДИГАР МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 15.

ДАЪВОИ ГРАЖДАНӢ ДАР ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 126. Даъвои граждание, ки дар парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ карда мешавад

1. Дар парвандаи ҷиноятӣ даъвои граждании шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин прокурор ва мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия оид ба рўёнидани зараре, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят расонида шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

2. Даъвогар ҳангоми пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ аз боҷи давлатӣ озод карда мешавад.

3. Тобеияти судии даъвои гражданӣ, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ, ки дар он пешниҳод гардидааст, муайян карда мешавад.

4. Даъвои граждание, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи қоидаҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур исбот карда мешавад.

5. Агар муносибатҳои мурофиавие, ки аз даъвои гражданӣ бармеоянд, дар асоси Кодекси мазкур танзим нашуда бошанд, меъёрҳои қонунгузории мурофиавии гражданӣ истифода бурда мешаванд.
Моддаи 127. Пешниҳоди даъвои гражданӣ

1. Шахсе, ки аз ҷиноят ё кирдори бо Кодекси ҷиноятӣ манъгардидаи шахси номукаллаф зарар дидааст ё намояндаи ў ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятӣ то оғози тафтиши судӣ даъвои гражданӣ арз кунад. Рад кардани қонеънагардонии даъвое, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ пешниҳод шудааст, даъвогарро аз ҳуқуқи дубора арз намудани ҳамон даъво оид ба парвандаи ҷиноятӣ маҳрум месозад.

2. Даъвои гражданиро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ арз кардан мумкин аст. Арзи шифоҳӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 141 Кодекси мазкур дар протокол сабт мешавад.

3. Номаълум будани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ҷалб шавад, ба пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ монеъ шуда наметавонад.

4. Шахсе, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ арз накардааст, инчунин шахсе, ки даъвои ўро суд бе муҳокима гузоштааст, ҳуқуқ дорад бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво кунад.

5. Барои ҳифзи манфиати давлат прокурор ҳуқуқ дорад дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 128. Эътироф намудани даъвогари гражданӣ

1. Агар аз маводи парвандаи ҷиноятӣ муайян гардад, ки аз ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф ба шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ зарар расидааст, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ба онҳо ё намояндагони онҳо ҳуқуқашонро дар бораи пешниҳоди даъвои гражданӣ мефаҳмонанд.

2. Шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки даъво арз кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур даъвогари гражданӣ эътироф мешавад. Ба шахси пешниҳодкардаи даъво ва намояндаи ў қарори (таъиноти) эътироф кардани даъвогари гражданӣ эълон карда, ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 44 ва қисми 3 моддаи 45 Кодекси мазкур фаҳмонда мешавад.
Моддаи 129. Рад кардани эътирофи даъвогари гражданӣ

Агар барои пешниҳоди даъвои гражданӣ ба шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки даъво арз кардааст, асосҳои пешбининамудаи моддаи 127 Кодекси мазкур мавҷуд набошанд, ба эътирофи ў ба сифати даъвогари гражданӣ ҷавоби рад дода, дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок бароварда, ба ў ҳуқуқи шикоят кардан фаҳмонда мешавад. Дар тафтиши пешакӣ рад кардани эътироф ба сифати даъвогари гражданӣ то оғози тафтиши судӣ ўро аз ҳуқуқи пешниҳоди даъво дар суд маҳрум намесозад. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)
Моддаи 130. Ҷалб намудан ба сифати ҷавобгари гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ

Дар сурати пешниҳод намудани даъвои гражданӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми муайян кардани шахсе, ки барои бо ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф зарар расониданаш масъулият дорад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ўро бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 54 Кодекси мазкур ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб менамояд. Ба ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи ў қарор (таъинот) дар бораи ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб шудан эълон карда, ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 55 Кодекси мазкур фаҳмонда мешавад.
Моддаи 131. Татбиқи қоидаҳо дар бораи асосҳо, шартҳо, ҳаҷм ва тарзи рўёнидани зарар

Ҳангоми баррасии даъвои гражданӣ, ки дар парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод шудааст, асос, шарт, ҳаҷм ва тарзи рўёнидани зарар мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 132. Даст кашидан аз даъвои гражданӣ

1. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз даъвои граждании арзкардааш ҳуқуқи даст кашиданро дорад.

2. Аризаи даъвогар дар бораи даст кашидан аз даъво ба протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд дохил карда мешавад. Агар даст кашидан аз даъво аз ҷониби даъвогар хаттӣ пешниҳод шуда бошад, он ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

3. Даст кашидан аз даъво аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҳар лаҳзаи пешбурди таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ қабул гардида, дар ин бора қарор бароварда мешавад. Инчунин суд дар ҳар лаҳзаи муҳокимаи судӣ таъинот бароварда, то даромадани суд ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм аз даъво даст кашиданро қабул карда метавонад.

4. Қабули даст кашидан аз даъво боиси қатъ намудани пешбурди он гардида, даъвогари гражданиро дар мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ аз ҳуқуқи такроран пешниҳод кардани даъво ба ҳамон шахс ва бо ҳамон асос маҳрум месозад.

5. То даст кашидани даъвогар аз даъво таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд вазифадоранд ба даъвогар оқибатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин моддаро фаҳмонанд.

6. Агар даст кашидани даъвогари гражданӣ аз даъво хилофи қонун бошад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд аз даъво даст кашидани даъвогарро қабул намекунанд ва дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок мебароранд.
Моддаи 133. Қарор оид ба даъвои гражданӣ

1. Ҳангоми баровардани ҳукми айбдоркунӣ ё таъинот дар бораи чораи маҷбурӣ, ки хусусияти тиббӣ дорад, суд даъвои гражданиро пурра ё қисман қонеъ мегардонад ё онро рад мекунад.

2. Ҳангоми қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд, судя ҳуқуқ дорад аз доираи талаботи даъво берун барояд, ба шарте ки ҳаҷми он ба бандубасти ҷиноят ва чораи ҷазои гунаҳгорон таъсир нарасонад.

3. Ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда, ҳамчунин баровардани таъинот ва қарори қатъ намудани парванда дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд метавонад:

— қонеъ гардонидани даъвои гражданиро рад кунад, ба шарте ки ҳодисаи ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки айбдоршаванда ё иштироки судшаванда ё шахсе, ки нисбати ў масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҳал карда мешаванд, содир намудани ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфнок муайян ва исбот карда нашуда бошад;

— даъворо бе баррасӣ монад, дар сурати аз сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят судшаванда сафед карда шуда бошад ё ин ки қатъ намудани парванда барои набудани асоси татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо хусусияти кирдори аз ҷониби ў содиршуда ва вазъи худ барои ҷамъият хавфнок нест ва ба муолиҷаи маҷбурӣ мўҳтоҷ намебошад;

— дар сурати имконнопазирии муайян кардани миқдори аниқи маблағи талаби даъво ба даъвогари гражданӣ фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад, ба тариқи умумӣ бо даъвои гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.

4. Ҳангоми қатъ намудани парванда бо асосҳое, ки дар сархатҳои сеюм-нуҳуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаи 28 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, суд даъвои гражданиро бе баррасӣ мемонад.

5. Агар тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда парвандаи ҷиноятӣ дар давраи пешбурди тосудӣ қатъ гардида бошад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво пешниҳод кунанд.
Моддаи 134. Таъмини иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ

Дар сурати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд ҳуқуқ дорад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар бораи қабули чораи таъмини даъво, ба шарте ки чунин қарор қаблан бароварда нашуда бошад, қарор қабул кунад.
Моддаи 135. Иҷрои ҳукм ва таъиноти суд дар қисми даъвои гражданӣ

Ҳангоми аз ҷониби суд қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ ҳукм, инчунин таъинот дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар қисми даъвои гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *