Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ

БОБИ 29.

АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ
Моддаи 247. Масъалаҳоеро, ки прокурор вобаста ба парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшуда ҳал мекунад

1. Прокурор бояд дар мўҳлати ҳафт шабонарўз парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшударо омўхта, ҳолатҳои зеринро санҷад:

— оё кирдори ҷиноятии ба айбдоршаванда мансуб ҷой дорад ва дар ин кирдор таркиби ҷиноят мавҷуд аст ё не;

— оё дар парванда ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки метавонанд боиси қатъи он гарданд;

— оё айби эълоншуда асоснок аст ва он бо далелҳои дар парванда мавҷуда тасдиқ мегардад;

— оё нисбат ба ҳамаи кирдорҳои содиркардаи айбдоршаванда, ки муайян ва исбот шудаанд, айб эълон карда шудааст;

— оё ҳамаи шахсоне, ки дар парванда дар бораи ҷиноят содир намуданашон далел ба даст оварда шудааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб гардидаанд;

— оё кирдори айбдоршаванда дуруст бандубаст шудааст;

— оё чораи пешгирӣ дуруст интихоб гардидааст ва ё дар парванда барои тағйир додан ё бекор кардани он асос мавҷуд аст;

— оё барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк чораҳо андешида шудаанд;

— оё фикри айбдоркунӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудааст;

— оё дар пешбурди тафтиши пешакӣ ба вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода нашудааст;

— оё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ ҳамаҷониба, пурра ва холисона гузаронида шудааст;

— оё шароите, ки барои содиршавии ҷиноят мусоидат кардаанд, муайян карда, барои рафъи оқибати онҳо чора андешида шудааст.

2. Мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба мўҳлати тафтиш дохил намешавад.
Моддаи 248. Қарори прокурор оид ба парвандае, ки бо фикри айбдоркунӣ ворид гардидааст

Прокурор ё муовини ў парвандаи аз муфаттиш бо фикри айбдоркунӣ воридшударо баррасӣ намуда, ҳуқуқ доранд яке аз қарорҳои зеринро қабул намоянд:

— фикри айбдоркуниро тасдиқ кунанд;

-бо қарори худ бандҳои алоҳидаи айбдоркуниро хориҷ намоянд;

— кирдори айбдоршавандаро бо татбиқи қонун дар бораи ҷазои нисбатан сабук бандубаст намоянд;

— парвандаи ҷиноятиро пурра ё нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ намоянд;

— парвандаро бо дастуроти хаттии худ барои пешбурди тафтиши иловагӣ ё аз нав таҳия кардани фикри айбдоркунӣ ба муфаттиш баргардонанд;

— фикри айбдоркунӣ тартиб диҳанд.
Моддаи 249. Қарор дар бораи чораҳои пешгирӣ

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки бо фикри айбдоркунӣ ба прокуратура ворид шудааст, прокурор ё муовини ў дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд бо қарори худ чораҳои пешгирии қаблан дар ҳаққи айбдоршаванда андешидашударо бекор кунанд ё тағйир диҳанд, инчунин чораҳои дигари пешгириро ба истиснои ҳабс кардан ё ба ҳабси хонагӣ гирифтан интихоб намоянд.
Моддаи 250. Ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ

1. Пас аз тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ прокурор ба айбдоршаванда супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ ва замимаи онро таъмин мекунад. Агар айбдоршаванда забонеро, ки бо он фикри айбдоркунӣ тартиб дода шудааст, надонад, нусхаи фикри айбдорӣ бо тарҷума ба забоне, ки ў медонад, супурда мешавад. Бо дархости ҳимоятгар ё ҷабрдида нусхаи фикри айбдоркунӣ ба онҳо низ супурда мешавад.

2. Прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, бояд парвандаи ҷиноятиро ба суд аз рўи тобеияти судӣ ирсол карда, ҳамзамон дар ин бора ба айбдоршаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо хабар диҳад.

3. Баъди ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи дархосту шикоятҳо оид ба парванда бевосита ба суд ирсол карда мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *