Фанни Иқтисоди миллӣ

Бозори замин

Заминдорӣ – тасдиқи ҳаққи шахси воқеӣ (ва ё ҳуқуқӣ) ба ин ё он порчаи замин тибқи асосҳои таърихан муайянгардида. Ин ҳуқуқи ба моликияти хусусӣ доштани замин мебошад. Заминдориро шахсони ба мулки хусусӣ доштани замин амалӣ мекунанд.

Истифодаи замин тибқи муқаррароти (тартиби) муайянкардаи қонун. Шахси истифодабаранда аз замин метавонад заминро ба мулки хусусӣ надошта бошад.

Заминдор метавонад мулки хусусии худ–порчаи заминашро бифурўшад ва маблағи нархи онро соҳибӣ бикунад. Аз ҷониби дигар пешбурди хоҷагӣ дар замин даромади мунтазам дода метавонад. Заминро ба иҷора дода мунтазам ба шакли рента даромад гирифтан мумкин аст.

Заминдорӣ бо фоида ва зарар (хароҷот) мувоҷеҳ аст ва маҳз тибқи андозаи онҳо мувофиқи мақсад будани нигаҳдорӣ ва ё фурўши замин муайян карда мешавад. Заминро соҳибӣ карда соҳиби мулки хусусӣ роҳҳои дигари эҳтимолии ба даст овардани фоидаро ба кор намебарад.

Даромади ниҳоии заминдорӣ бо рентаи гирифта мешудагӣ, хароҷоти ниҳоӣ (муваққатӣ) бо андозаи фоизи аз бозор гирифта мешудагӣ марбутанд. Муқоисаи ин андозаҳо оид ба нархи фурўши парчаи замин тасаввурот медиҳад.

Нархи замин =рентаи солонах 100%

андозаи фоиз

Нархи замин – рентаи капитализатсия кардашудаи замин – нишондиҳандаи он аст, ки кадом маблағро ба бонк гузоштан зарур аст, ки бо назардошти андози фоизи бозор даромад гирифта шавад.

Бузургии рентаи замин дар натиҷаи амалиёти байниҳамдигарии тақозо ва арза дар бозори порчаҳои замин, ки ба иҷора дода мешаванд, ба миён меояд.

Хусусияти бозори замин иборат аз он аст, ки дар миқёси иқтисодиёти миллӣ арзаи замин ва захираҳои табиӣ комилан чандирӣ нест, чунки ҳаҷми захираҳо дар кишвар дар давраи муайян андозаи собит мебошад. Дар давраи тўлонӣ миқдори замин ва дигар захираҳои меҳнатӣ имкон дорад тағйир биёбанд. Барои мўҳлати кўтоҳ, одатан, арзаи заминро дар чаҳорчўбаи иқтисоди миллӣ ғайричандирӣ меҳисобанд. Тақозои замин он қисми замин аст, ки иҷорагирон ба кадом нархе, ки бошад ба иҷора мегиранд.

Рентаи тафриқавӣ (дифференсиалӣ) – даромадест, ки дар натиҷаи истифода аз захираҳои арзаи ғайричандирӣ ва маҳсулнокии баланд дар шароити маҳдуд кардани ин захираҳо гирифта шудааст. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ замин чун дороии сармоявӣ харида ва фурўхта мешавад. Агар заминро чун сармоя (неъмати сармоявӣ) – манбаи даромадҳо мавриди таҳлил қарор бидиҳем, маълум мегардад, ки нархи замин аз ду бузургӣ вобаста аст:

  1. ҳаҷми рентаи замин, ки чун соҳиби замин ба даст овардан мумкин аст;
  2. андозаи (протсенти) қарзи баҳрадор.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *