Фанни Иқтисоди миллӣ

Омили замон ва дисконт кардан

Самаранокии иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ бо роҳи муқоисаи маблағҳои (инвеститсияҳои) имрўз гузошташуда бо он даромаде, ки онҳо дар оянда меоваранд, арзёбӣ мешавад. Ин арзёбӣ бо назардошти омили замон бо методи дисконт кардан амалӣ мегардад.

Омили замон бо роҳи ба ҳам овардани натиҷаҳои дар оянда ба даст меомадагӣ бо ифодаи арзишӣ дар соли сифрӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми ҳисоб кардани самаранокӣ интихоби ифодаи муқаддамотии судоварӣ (даромаднокӣ) аҳамияти калон дорад. Чӣ қадаре, ки ифодаи муқаддамотии судоварӣ зиёд бошад, ба ҳамон андоза зиёдтар нишондиҳандаҳои таҷаммўӣ омили замонро ба эътибор мегиранд, чунки худ ба худ судоварии муқаддамотӣ ба ҳайси меъёри омили замон ба кор бурда мешавад. Даромадҳои нисбатан дертар ба даст меомадагӣ ва масрафҳо ба арзёбии ҳозира камтар таъсир мерасонанд.

Муқоисаи андозаи даромад аз маблағгузориҳо бо андозаи фисад – яке аз методҳои асоснок кардани самаранокии лоиҳаҳои инвеститсионӣ мебошад. Дар ин ҳолат муҳим он аст, ки фарқи байни андозаҳои номиналӣ ва воқеӣ ҳангоми муқоисаи андозаи даромади сармоягузорӣ ва андозаи фисад муқоиса дар он вақт ақлонӣ хоҳад буд, ки ба андозаи воқеӣ бишавад на ба номиналӣ.

Таносуб бо назардошти омили таваккули сармоягузорӣ зарур аст. Агар дараҷаи таваккул дар лоиҳаи инвеститсионӣ паст бошад, даромади мунтазирро бо андозаи фисади дороии бетаваккул муқоиса бояд кард.

Дисконт кардани хароҷот – ба ҳолати ҳозира овардани хароҷоти ба оянда пешбинишуда: барқарор кардани баробарии маблағе, ки имрўз амал менамояд ба маблағе, ки дар оянда пардохт мешавад. Арзиши ҳозираи маблағи дар оянда пардохтшаванда бо ёрии афзояндаи дисконтӣ муайян карда мешавад, ки аз меъёри фисади бонк ва давраи дисконт кардан вобаста аст.

Дисконт кардан – тарзи махсуси ба ҳам муқобилгузории арзиши ҷорӣ ва ояндаи маблағҳои пул мебошад. Дисконт карданро чун паст кардани арзиши маблағҳои пули вақташон гузашта фаҳмидан мумкин аст.

Сели даромадҳое, ки аз амалӣ кардани лоиҳаи инвеститсионӣ ба даст меоянд, дар тўли замон меафзояд. Мафҳуми дисконт кардан бо омили вақт ва он нақше, ки умуман вақт дар таъини категорияи фисад мебозад, робитаи канданашаванда дорад.

Масъалаи дисконт кардан иборат аз он аст, ки ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои инвеститсионӣ (хариди таҷҳизот, сохтани корхонаи нав, сохтани роҳи оҳан ва ғайра) зарурат пеш меояд андозаи хароҷоти ҳозира ва даромадҳои оянда муқоиса карда шаванд. Хулоса, пулро барои амалӣ сохтани лоиҳа имрўз гузошта, даромад дар оянда гирифта шавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *