Фанни Иқтисоди миллӣ

Қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ

Қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ду ҷиҳати раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошанд.

Истеҳсолоти ҷамъиятӣ чун категорияи иқтисодӣ аз ҷониби бисёр шахсиятҳои мўътабари афкори иқтисодӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Дар ташаккули назариёт оид ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ консеписияи таҳиянамудаи К.Маркс таъсири ҷиддӣ расонидааст. Принсипи бунёдии назариёти мазкур бар он аст, ки асоси мавҷудият ва рушди ҷомеа истеҳсолоти моддӣ мебошад.

Муқаррароти асосии консепсияи К. Маркс чунинанд:

1) асоси хусусиятҳои ҷамъиятии истеҳсолот меҳнати якҷояи афрод мебошад;

2) тарзи истеҳсоли шароити моддии ҳастии одамон сабабгори асосии рушди таърихи ҷамъият мебошад;

3) гузариш аз азхудкунии маҳсулоти тайёр ба меҳнати бомақсад барои ташаккули шуури инсон ва механизми фаъолияти бошуурона шароит фароҳам овард;

4) истеҳсол ва такрористеҳсоли шароит ва воситаҳои мавҷудияти моддии одамон дар ибтидо офариниши худи инсон, тарзи ташаккул ва рушди хусусиятҳо ва сифатҳои ҷамъиятии ў буданд. Мавҷудият ва рушди истеҳсолот шарти асосии ба миён омадани инсон чун субъекти мустақил буданд;

5) истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар ҳолати рушди доимӣ (муттасил) қарор дорад;

6) маҷмўи омилҳои истеҳсолот дар муносибатҳои байниҳамдигариашон нишондиҳандаи сохтори дохилии қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҳамаи зинаҳои рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад;

7) инсон асоси истеҳсолоти ҷамъиятист;

8) хусусияти муҳимтарини мукаммалияти истеҳсолоти ҷамъиятӣ меҳнати якҷояи ҷамъиятӣ мебошад;

9) муттасилии (канданашаванда будани) истеҳсолот маънои хусусияти васеъ будани такрористеҳсолро дорад;

10) муттасилии такрористеҳсоли васеъ хусусияти муҳимтарини мукаммалияти истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад.

Истеҳсолоти ҷамъиятӣ сохтори дохилие дорад, ки аз унсурҳои зерин таркиб ёфтааст:

1) истеҳсолот ба офаридани неъматҳои моддии иқтисодӣ барои қонеъ гардонидани талаботи одамон нигаронида шудааст;

2) тақсимот муайянкунандаи саҳми ҳар як инсон дар дар истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ мебошад;

3) табодул иваз кардани як неъматро бар ивази неъмати дигар дар назар дорад.

4) Истеъмол аз ҷониби инсон ба кор бурда шудани неъмати иқтисодиро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботаш ба он мефаҳмонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *