Фанни Иқтисоди миллӣ

Истехсолоти моли, шакл ва заминахои густариши он

Истеҳсолоти молӣ, шакл ва заминаҳои густариши он

1.Заминаҳои густариши истеҳсоллоти молӣ

2.Неъмат- мояи асосии истеҳсолоти молӣ

Истеҳсолоти солӣ аз хоҷагиҳои натуралӣ бо он фарқ мекунад, ки он мустақиман бо бозор сару кор дорад. Таҳти хоҷагиҳои молӣ истеҳсолоте тасаввур карда мешавад, ки дар он молу хадамот аз ҷониби тавлидгарони махсусгардонидашуда ва мустақил барои хариду фурӯш ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи истеъмолгарон пешниҳод карда мешавад.

Хоҷагиҳои молӣ дар асоси моликияти хусусӣ бунёд гашта, мустақил раванди истеҳсолот, идораи он, даромаду хароҷот, подош ва такрористеҳсоли онро ба роҳ мемонанд.

Хоҷагиҳои молӣ дар асоси мавҷуд будани ду шароит-тақсими ҷомеавии меҳнат ва мустақилияти молистеҳсолкунандагон имконпазир мегардад. Мустақилияти иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ҳар як молистеҳсолкунанда, чанде аз унсурҳои «дастаи ҳуқуқ»-ро истифода намуда, дар ин асос соҳиби моликият гардад ва нисбат ба моли тавлидкардаи худ озодона рафтор намояд.

Муносибати байни моликиятдорони гуногун ногузир шакли молӣ гирифта, бо воситаи бозор мубодила карда шуда, зери таъсири қонуну қонуниятҳои он қарор мегирад.

Дар иқтисоди сиёсии марксистӣ истеҳсолоти молӣ аз нуқтаи назари нақш ва мақоми онҳо дар ташаккули муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ, истисмору ба даст овардани арзиши изофа мавриди таҳлилу тадқиқ қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, чунин шаклҳои истеҳсолоти молӣ ҷудо карда мешаванд: истеҳсолоти оддии молӣ, истеҳсолоти моли капиталистӣ ва истеҳсолоти моли сотсиалистӣ.

Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣ воситаҳои истеҳсолот ба худи молистеҳсолкунанда тааллуқ дошта, мол аз ҷониби фардҳо ва молистеҳсолкунандагони мустақил- косибон, ҳунармандон, деҳқонон ва ғайра барои фурӯш ба бозор бароварда мешавад. Фаъолияти онҳо дар асоси фаъолияти ҳарифона, яъне рақобати озод бидуни таъсири дигар субъектҳои иқтисодӣ, алахусус, давлат сурат мегирад.

Истеҳсолоти оддии молӣ дар шароити ғуломдорӣ бунёд гашта, дар ҷомеаи феодалӣ ба зинаи баланди густариши худ расидааст. Ҳоло он дар мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ ва рӯ ба инкишоф дар шакли хоҷагиҳои нисбатан майда (хурд), хоҷагиҳои индивидуалӣ (инфиродӣ), хонадорӣ, деҳқонӣ, фермерӣ, табақаҳои хурди ҳунармандӣ, косибӣ, савдогарӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд.

Истеҳсолоти моли капиталистӣ- истеҳсолоте мебошад, ки дар асоси истифодаи меҳнати коргари кироя ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи баланд ташкил карда мешавад. Дар ин шароит моликиятдор ва истеҳсолкунанда дар як шахсият вуҷуд дошта наметавонад. Воситаҳои истеҳсолот, натиҷаҳои истеҳсолот (даромад, молу маҳсулот, хадамот…) ба капиталист тааллуқ дорад. Коргарони кироя (истеҳсолкунанда) ба капиталист тобеъ буда, маҳсулот тавлид менамоянд ва ба ивази он фақат музди меҳнат мегиранд.

Тибқи ақидаи К.Маркс музди кори коргар ҳамчун қисми меҳнат- маҳсулоти зарурӣ ташкил ёфта, қисми иловагии он ҳамчун арзиши изофа сурат мегирад, ки онро капиталист муфт аз они худ мекунад.

Дар шароити истеҳсолоти моли ривоҷёфта ҳама чиз (замин, молу мулк, маҳсули меҳнат, қувваи коргарӣ…) хариду фурӯш карда мешавад. Аз ин ҷиҳат муносибатҳо (муносибатҳои бозорӣ) ҳамаҷониба густариш ёфта, ба муносибатҳои ҳамаро фарогиранда табдил меёбад. Муносибатҳои молӣ, яъне бозорӣ тамоми фаъолияти низоми иқтисодиро фаро мегиранд.

Мувофиқи ақидаи К.Маркс инкишоф ва таҳаввули тарзи капиталистии истеҳсолот мустақиман аз андӯхти ибтидои капитал ғизо мегирад.

Андӯхти ибтидоии капитал имкон медиҳад, ки:

1. Молистеҳсолкунандагони зиёде ба субъектҳои мустақил ва озоди иқтисодӣ, вале аз воситаҳои оддии истеҳсолот (замин, олоту асбоб, коргоҳ…) маҳрум табдил дода шаванд ва дар бозор намуди моли нав- қувваи коргарӣ пайдо шавад. Ба ҷараёни аз замин маҳрумсозӣ ва бехонумоншавии деҳқонону дигар табақаҳои аҳолӣ давлат (Англия) саҳми арзанда мегузорад;

2.сарвати ҷомеа (замин,қасру бино, корхонаҳо, муассисоти савдо, бонкҳо ва ғайра) дар дасти гурӯхӣ хурди корчаллонҳо андӯхта шавад, табақаи капиталистон бунёд гардад, низоми муайяни андозситонӣ, заёмҳои давлатӣ, низомҳои ҳимоягарои (протексионизм дар савдо) ва низоми мустамликадории капитализм ташкилу ташаккул ёбад.

2. Неъмат- мояи асосии истеҳсолоти молӣ

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ таҳти «неъмат»- мол, сарват, боигарӣ, сарвати моддию маънавӣ, молу мулк тасниф карда шудааст.

Илми иқтисод ба фарқ аз зикри шифоҳӣ ҳар яке аз онҳоро ҳамчун истиллоҳи мустақил ва мушаххас эътироф карда, аз нигоҳи ташаккули субъект ва объекти иқтисодӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳад.

Неъмат заминаи айнии бунёду ташаккул ва унсури муҳимтарини ба низомдарории истеҳсолоти молӣ мебошад. Дар мояи он маҳсулот ва мол таркиб ёфта, истеҳсолоти молии оддию капиталистӣ густариш меёбад. Мафҳуми неъмат-, мантиқан пеш аз хоҷагиҳои натуралӣ (молӣ), дар давраи низоми иқтисоди суннатӣ ба миён омада, то кунун истифода карда мешавад.

Неъмат ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодӣ дар зинаҳои гуногуни низомҳои иқтисодӣ, вобаста ба сират ва хусусиятҳои густариши онҳо ҳархела сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат байни иқтисоддонон оиди мазмун, нақш ва мақоми онҳо маънидодкуниҳои гуногун ба назар мерасад. Масалан, А.Маршалл таҳти неъмат чизҳои лозимӣ ё худ дархостшавандае, ки қодиранд талаботи инсонро қонеъ гардонан, мефаҳманд. Ж.Б. Сей- неъматро ҳамчун воситаи дар ихтиёр доштаи инсон, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои он нигаронида шудаанд тасаввур мекунад. А.Шторх қайд мекунад, ки қарори андеша ва мулоҳизаи мо оиди манфиатнокии чизҳо худ ба худ аллакай неъмат мебошад. А.Смит таҳти неъмат манфиатнокии сарватҳои ҷомеаро мефаҳмад. Намояндаи мактаби Австрия К. Менгер махсус қайд мекунад, ки сирати маҳсулотҳое, ки имконияти қонеъ гардонидани талаботи муаййяни инсонро дошта бошанд, ҳоло маънои неъматро надоранд, Барои он ки чизҳои табиат (предметҳои меҳнат) неъмат шуда тавонанд, инсон бояд хусусиятҳои манфиатнокии онҳоро пешакӣ муайян ва минбаъд онро ба мақсади мушаххас истифода карда тавонад.

Аз нуқтаи назари дини мубини ислом неъмат аз ҷониби худованд ҳамчун неъматҳои олами наботот, олами ҳайвонот, олами баҳру коинот ва ғайра офарида шуда, онҳо ба ихтиёри инсон барои истифода дода шудаанд. Инсон тибқи қудрату тавоноӣ ва меъёри талабот ба онҳо истифода мебарад. Асоси неъматҳоро манфиатнокӣ ташкил медиҳад. Масалан, чорво барои кор фармудан, ҳамчун воситаи нақлиёт истифода кардан, ба ҳайси хӯрока, нӯшиданӣ, истифода кардан ва ғайра.

Ин тарзи истифодаи неъматҳо бидуни заҳмату ранҷ (меҳнати инсон), дигаргунсозиҳои таркибӣ,ҳамчун неъмати тайёри худованд сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамчун неъмати иқтисодӣ баромад карда наметавонанд, чунки аз ин неъматҳо (об, алаф, ҳаво, замин,…) на фақат инсон, балки дигар махлуқоти рӯи замин низ истифода карда метавонанд. Аз он даврае, ки инсон бо меҳнати худ ба он неъматҳои худованд таъсир расонд, шаклу намуд ва таркиби онҳоро тағйир дод ва онҳоро тибқи дархост ва эҳтиёҷи худ барои хӯрока, пӯшока, пойафзол, хонаву ҷой ва ғайра истифода кард, аз он рӯз сар карда неъматҳо мазмуни моддӣ гирифта, ҳамчун объекти иқтисодӣ дониста мешаванд.

Аз мисол ва таҳлили баъзе аз ақидаҳои мутафакирони соҳаи иқтисод хулоса бармеояд , ки неъмат: мазмуни моддӣ дошта бошад: он натиҷаи меҳнат ва манфиатнокӣ бошад; талаботи инсонро қонеъ гардонад, моҳияти он пешакӣ дарк карда шуда ба мақсади муайян истифода карда шавад; ба худ хос қиммат дошта бошад ва таносубан ба чизи дигар мубодила шуда тавонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар илми иқтисод шакл ва намудҳои гуногуни неъматҳо тавсия карда мешаванд. Аз нуқтаи назари маҳдуд будан нисбат ба эҳтиёҷу ниёзҳои мардум, неъматҳоро ба неъматҳои иқтисодӣ ва фаровон буданашон- ба неъматҳои ғайрииқтисодӣ тақсим мекунанд.

Таҳти неъматҳои иқтисодӣ теъдод ва манфиатнокии чизҳое фаҳмида мешаванд, ки дар ҳаёти воқеӣ захираҳои онҳо маҳдуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият кофӣ нестанд. Онҳо ба ҷумлаи неъматҳои нодиру комёб дохил карда мешаванд.

Таҳти неъматҳои ғайрииқтисодӣ неъматҳое фаҳмида мешавад, ки талаботи рузмарраи аҳолиро мустақим ё ғайримустақим қонеъ мегардонанд. Вале аз сабаби зиёд ва фаровон будани захира ва шумораашон қадру қиммат надоранд (масалан, об, ҳаво, санг, хок, алаф…). Ҳадду ҳудуд байни онҳо вуҷуд надорад ва яке ба дигаре табдил ёфта наметавонад. Масалан, об ҳамчун захираи иқтисодӣ нисбатан фаровон аст ва аз ин боис он неъмати ғайрииқтисодӣ дониста мешавад, вале ҳамин об дар ҳолати сафар, дар биёбону коинот будан ба чизи нодир табдил меёбад ва тилло тоҳатто назди он қадр надорад. Дар ин ҳолат он аз неъмати ғайрииқтисодӣ ба неъмати иқтисодӣ табдил меёбад

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *