Фанни Иқтисоди миллӣ

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бонкҳо дар иқтисодиёти муосир нақши калонро мебозанд. Предмети фаъолияти бонкҳо ин маҳсулоти бонкӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти бонкӣ ин хизматрасонии моддӣ-нақшавӣ мебошад.

Вазифаи асосии бонкҳои тиҷоратӣ инҳоянд:

  • миёнравӣ дар пардохт;
  • миёнравии молиявии навъи якум – кредит-депозит, хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ва асъор;
  • миёнравии молиявии навъи дуюм – ҷойгиршавии қоғазҳои қиматнок дар бозор.

Ҳамаи пардохтҳое, ки дар шабака байни фурӯшанда ва харидор ба амал меояд бо сохторҳои бонкӣ вобаста мебошанд. Ташкили гузаронидани воситаҳои пулӣ аз як суъбект ба дигар ин функсияи аввали бонкҳо ба ҳисоб меравад. Дар вақтҳои охир барои ташкили пардохтҳо байни тарафҳо бонкҳо барои мизоҷон имконияти дастрасӣ тариқи интернет ба ҳисобҳои худ медиҳанд.

Хизматрасонии интернет-банкинг ин чунин хизматрасоние мебошад, ки ба мизоҷон имконияти дастрасӣ ба ҳисоби бонкӣ тариқи интернет бо ёрии компутери оддӣ ва бо истифодабарии браузери стандартӣ медиҳад.

Хизматрасонии интернет-банкинг чунин имкониятҳоро дорад:

  • пардохтҳои коммуналӣ;
  • пардохти алоқа (IP-телефония, мобилӣ, инетрнет) ва дигар хизматрасонӣ (телевизиони маҳворагӣ, таълим);
  • гузаронидани маблағҳо дар асъори хориҷӣ ба ҳамагуна ҳисобҳо ва ҳама бонкҳо;
  • харидуфурӯши асъорҳои хориҷӣ;
  • гирифтани ахборот оиди пардорхтҳои қабулшуда дар вақти реалӣ;
  • кушодани ҳисобҳои гуногун ва ба он гузаронидани маблағҳо, воситаҳои пулӣ;
  • пур кардани воситаҳои пулии ҳисобҳо ва ғ.

Хизматрасонии брокерӣ дар интернет (интернет-трейдинг) – ин чунин хизматрасониест, ки аз тарафи миёнравҳои инвеститсионӣ, ки аз тарафи миёнравҳои инвеститсионӣ пешкаш карда мешавад ва ба мизоҷон имконияти харидуфурӯши қоғазҳои қиматнок ва асъорро тариқи интернет медиҳад.

Ин хизматрасонӣ инҳоро дар назар дорад:

  • имконияти харидуфурӯши активҳои молиявӣ дар вақти реалӣ;
  • ташкили портфели инвеститсионии инвесторҳо;
  • имконияти иштироки мизоҷон дар ҳар гуна фондҳо; — пешкаш намудани қоғазҳои қиматнок ва асъор.

Ду тарзи асосии пешкаши хизматрасонии брокерӣ тариқи интернет вуҷуд дорад:

  1. мизоҷ қоғазҳои қиматнокро мехарад ва потрфели инвеститсиониро тартиб медиҳад, албатта дар веб-сайт миёнрав бо истифодаи браузери оддӣ.
  2. мизоҷ дар компутери худ таъминоти барномавии махсусро васл мекунад ва бо ёрии он ахборот мегирад ва дар бозорҳои молиявӣ трансаксия мегузаронад.

Бо системаҳои хизматрасонии трейдерӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. Системаи Remote Trader.
  2. GutaBROKER.
  3. Системаи Alor-Trade
  4. Системаи QUIK.

Туризм дар on-line низ яке аз бозорҳои вертикалии самранок шуда истодааст, ки нифси зиёди шартномаҳо тариқи интернет мешавад. Барои ин сайтҳои умумӣ, сайтҳои махсус, сайтҳои туркомпанияҳо, турагенстваҳо вуҷуд доранд ва дар онҳо ахбороти зарурӣ оиди чиптаҳо, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо гирифта мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *