Фанни Иқтисоди миллӣ

Мафхум ва мундаричаи содирот ва воридоти сайёхи, бозори сайёхи

Туризмро чун мол метавон ба мамлакат воридот ва аз он содирот намуд.

Воридоти сайёҳӣ – ин ба мамлакат воридот намудани таассуроти сайёҳӣ мебошад, ки ҳамзамон боиси ба хориҷа баровардани маблағ аз ҷониби сайёҳ аз мамлакати мазкур мегардад.

Содироти сайёҳӣ – ин аз мамлакат содирот намудани таассуроти сайёҳӣ мебошад, ки боиси ба мамлакат ворид намудани маблағ аз ҷониби сайёҳ мегардад.

Содирот ва воридоти сайёҳӣ дар бозори сайёҳӣ амалӣ карда мешавад. Бозори сайёҳӣ – ин маконе мебошад, ки амалиётҳои хариду фурӯши хизматрасонии туризм (саёҳат, маҳсулоти сайёҳӣ) гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки амалиётҳои нишондодашуда на ҳамавақт дар як ҷой масалан, дар ҷои пешвози сайёҳон дар меҳмонхона ё ҷое, ки амалиётҳои ширкатҳои сайёҳӣ мегузаранд, гузаронида мешаванд. Амалиёт метавонад бе мустақиман ҷалб намудани харидор ва фурӯшандаи хизматрасонии туризм амалӣ карда шавад. Масалан, тавассути телекс, барқия, факс, бо ёрии занги телефонӣ ё бо чек. Ин аз он сабаб мебошад, ки бозори сайёҳӣ бо макони хос ё минтақаи ҷуғрофӣ маҳдуд карда нашудааст.

Бозори сайёҳӣ – ин шартҳои иҷтимоӣ-иқтисодии фурӯши хизматрасониҳои туризм (саёҳат, маҳсулоти сайёҳӣ) мебошад. Дар бозори сайёҳӣ талабот ба хизматрасониҳои туризм, ки сайёҳ пешниҳод мекунад ва пешниҳоди хизматрасонии туризм, ки аз тарафи ширкати сайёҳӣ анҷом дода мешавад, рӯ ба рӯ мешаванд.

Механизми бозори сайёҳӣ нопуррагии муайянеро дорад, ки барои бартараф кардани он давлат бояд сиёсати сайёҳиро ташкил намояд ва бахши туризмро ба танзим дарорад.

Пешниҳод намудани хизматрасонии туризм бо якчанд заминаҳо боис гардидааст, ки муҳимтарини онҳо мавҷудияти истеҳсолкунандагони хизматрасонии туризм, сатҳи рушди саноати сайёҳӣ, ҳаҷми захираҳои сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд.

Истеҳсолкунандагони хизматрасонии туризм – ин ширкатҳои сайёҳӣ (операторҳои ва агентҳои сайёҳӣ) мебошанд, ки бо мақсади ба даст овардани фоида ва барои қонеъ гардонидани талаботҳои сайёҳон фаъолият мекунанд.

Саноати сайёҳӣ маҷмӯи меҳмонхона ва дигар воситаҳои ҷойгиркунонӣ, воситаҳои нақлиёт, объектҳои хӯроки умумӣ, объект ва воситаҳои дилхушӣ, объектҳои таъиноти маърифатӣ, расмӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва монанди инҳо дошта, ташкилотҳое, ки фаъолияти агент ва оператори сайёҳиро иҷро мекунанд, инчунин ташкилотҳое, ки хизматрасониҳои саёҳатӣ ва роҳбалад-тарҷумонҳоро ба роҳ мемонанд, дар бар мегирад.

Захираҳои сайёҳии ҶТ аз объектҳои табиӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки объектҳои намоиши сайёҳиро дар бар мегиранд, инчунин дигар объектҳое, ки қобилияти қонеъ гардонидани талаботҳои ботинии сайёҳон, мусоидат намудан дар барқарорсозӣ ва такмили қувваи ҷисмонии онҳоро доранд, иборат мебошанд.

Таснифот ва баҳодиҳии захираҳои сайёҳӣ, реҷаи ҳифзи онҳо, тартиби нигоҳдории комилии захираҳои сайёҳӣ ва чораҳо барои барқарорсозии онҳо, тартиби истифодабарии захираҳои сайёҳӣ бо назардошти сарбории ниҳоӣ ба муҳити табиии атроф бо санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд.

Талабот ба хизматрасонии туризм бо заминаҳои муайяни сайёҳон чун пешниҳодкунандагони талабот шарт монда шудааст:

  • одамон бо талаботҳои сайёҳӣ ва хоҳиши саёҳат кардан;
  • одамон бо қобилияти харидории баланд, ки талаботашон ба саёҳатҳои аз ҳама бонуфуз, саёҳатҳои аҷиб, сатҳи баланди хизматрасонии сайёҳӣ (ҳузуру ҳаловат, диққати махсуси ҳайати хизматрасонанда, пешниҳод намудани роҳбалад-тарҷумон ва автомобили шахсӣ ва ғ.) нигаронида шудааст;
  • одамон бо рафтори харидорӣ. Сайёҳ ин харидори хизматрасонии туризм мебошад. Рафтори харидории сайёҳ ба ҳамаи сабабҳои табиӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва дигар сабабҳо дахл дорад, ки ӯро водор менамоянд, то бо ягон тарзи муайян ба таблиғот эътино кунад. Ин яке аз омилҳои муҳими фаъолияти самараноки бозори сайёҳӣ мебошад. Он тақсимоти бозори сайёҳиро ба бахшҳои алоҳида талаб мекунад, ки омӯзишашон барои дарёфти якҷояшавии аз ҳама муносиби талабот ва пешниҳод ба хизматрасонии сайёҳиро ёрӣ мерасонад.

Рушди сайёҳӣ ва бозори сайёҳӣ аҳамияти иқтисодии калонро доро мебошад, зеро ба ҳалли масъалаҳои умумии иқтисодӣ кӯмак мерасонад. Рушди туризм инчунин рушди динамикии тамоми соҳаҳои хоҷагиро талаб мекунад.

Бозори сайёҳӣ нисбати иқтисодиёти ҳар мамлакат бо дузинагиаш тавсиф карда мешавад. Ин дар он инъикос меёбад, ки бозори сайёҳии рушдкарда ба боигарии давлат оварда мерасонад ва баръакс.

Иқтисодиёти рушдкунандаи туризм имконияти қонеъ гардонидани тамоми талабот ва хоҳишҳои сайёҳонро надорад. Фаровонии захираҳои сайёҳӣ таъсиси пояи моддӣ-техникии гуногун ва мураккаби туризмро пешбинӣ мекунад. Ҳангоми зиёд шудани самараи иқтисодӣ аз саноати сайёҳӣ як қисми даромад барои қонеъ намудани талаботҳои нави сайёҳон истифода мешавад, қисми дигари даромадҳо бошад, метавонад барои рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт, аз он ҷумла саноат равона карда шавад.

Дар иқтисодиёти сайёҳӣ, ки вусъат ёфтани даромадро ба миён намеорад, ҳалли масъалаи рушд танҳо баъди қонеъ гардонидани талабот ва эҳтиёҷоти сайёҳон мумкин мегардад. Муаммо дар ин ҳолат вақте пайдо мешавад, ки афзоиши шумораи сайёҳон афзоиши на он қадар калони даромадро ба миён меорад.

Фаъолнокии иқтисодии туризм бевосита бо рушди соҳаҳои таркибии он алоқаманд аст. омили муҳими рушди туризм суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, зеро туризм аз рушди тамоми иқтисодиёт ва вазъи сиёсии мамлакат вобаста мебошад. Ба ғайр аз ин, бисёр шаклҳои туризм бо мавсимии талабот ба хизматрасонии туризм алоқаманд мебошанд.

Якҷониба тараққӣ додани туризм мумкин нест. Барои рушди туризм рушди мутаносиби тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва афзоиши якҷояи фаъолнокии иқтисодӣ талаб карда мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *