Фанни География.

Мавқеи географӣ ва соҳаи иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон

Мавқеи географӣ ин дар сатҳи замин нисбат ба якдигар воқеъ гардидани объект, маҳал ва қаламравро ифода менамояд. Он бо тарзҳои гуногун, табиӣ, риёзӣ, геополитикӣ муайян карда мешавад. Бо тарзи  риёзӣ дар байни кадом арзу тўл воқеъ гардидани объект, маҳал ва ё масоҳат муқаррар карда мешавад. Аз нигоҳи географияи табиӣ бошад, объект, маҳал ва масоҳатро нисбат ба материкҳо, ҳавзаҳои об, системаҳои кўҳӣ муайян менамоянд. Дар географияи иқтисодию иҷтимоӣ ва географияи сиёсӣ бошад, он нисбат  ба дигар объекту маҳал ва ҳудудҳо (мамлакат, бозори ҷаҳонӣ ва ғайра) муайян карда мешавад. Ҳангоми   муайян кардани мавқеъи табиию географи асосан аз тарзи табиӣ ва риёзӣ истифода мебаранд. Аз ин нигоҳ Тоҷикистон дар байни арзҳои 360 – 40 ва 410 – 05 – и шимолӣ ва тўлҳои 670 – 14 – и шарқӣ (аз Гринвич), дар қисми ҷануби шарқии системаи кўҳҳои Осиёи Миёна воқеъ гардидааст.

Нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол дар қаторкўҳи Курама, дар ҷануб дар водии дарёи Панҷ, дар ғарб  қаторкўҳи Зарафшон ва дар шарқ қаторкўҳи Сарикўл мебошанд. Дар ғарб давоми шохаҳои пастии Тўрон ба марзи Тоҷикистон даромадаанд, ки оҳиста – оҳиста ба доманакўҳҳо ва қаторкўҳҳои Осиёи Миёна мувофиқ меояд. Қаламрави  Тоҷикистон 143, 1 ҳазор км2 – ро ташкил менамяод. Он аз ғарб ба самти шарқ ба масофаи 700 кашол ёфтааст.

Қисми  марказии мамлакат тақрибан дар меридиани 710 тўли шарқӣ хело камбар буда, қариб 100 км – ро ташкил менамояд.

Аз сабабе, ки Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир шудааст, бинобар он аз уқёнусҳо дур мебошад. Масофаи марзи он то баҳри Каспий 1150 км ва то баҳри Арал 700 км – ро дар бар мегирад.

Вобаста ба мавқеи географӣ, марзи кунунии Тоҷикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллӣ ва сиёсию иқтисодӣ якчанд маротиба тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 ибтидоан дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таъсир ёфт. Сипас 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Ўзбекистон баромада, ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил намуд ва худи ҳамон сол ба ҳайати собиқ СССР ҳамчун ҷумҳурии Иттифоқи шомил гардид. Пас аз пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 7 ноябри соли 1991 аз ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ баромад. Ҳоло  ҳар сол 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар айни замон масофаи умумии марзи Тоҷикистон 3000 км – ро ташкил менамяод. Аз ҷумла дар масофаи 1180 км бо Ўзбекистон, 1030 км бо Афғонистон, 430 км бо ҷумҳурии Халқии Чин ва 630 км бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар шарқ марзи ҷумҳурӣ бо Чин қаторкўҳи Сарикўл мегузарад.

Марзи ҷанубии ҷумҳурӣ соли 1895 муқаррар карда шудааст, ки он бо ҷараёни дарёҳои Помир, панҷ ва Амударё мутобиқ буда, Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо менамояд. Аз тарафи ғарб ва шимол Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Он соли 1925 муқаррар гардида буд, ки дар  он вақт Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии Худмухтор ба ҳайати Ўзбекистон шомил буд. Соли 1929, вақте, ки Тоҷикистон ҷумҳурии Иттифоқӣ эълон гардид, собиқ округи Хуҷанд, ки аҳолии онро асосан тоҷикон ташкил менамуданд ба ҳайати Тоҷикистон шомил гардид. Мутобиқан ба ин марзи Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон тағйир ёфт.

Мувофиқи системаи идоракунии маъмурӣ, ки онро Конститутсияи мамлакат (Сарқонун) муқаррар намудааст, қаламрави он ба шабакаи воҳидҳои сиёсию маъмурӣ тақсим карда шудааст, ки онро тақсимоти сиёсию маъмурӣ мегўянд. Хусусияти онро шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳокимияти сиёсии давлат муайян менамояд. Дар шароити давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ тақсимоти сиёсию маъмури барои саривақт амалӣ гардонидани масъалаҳои иқтисодӣ, ҷтимоӣ нигаронида шудааст. Мутобиқаи ба ҳалли масъалаи тақсимоти сиёсию маъмурӣ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ соли 1939 дар ҳудуди Тоҷикистон вилояти Ленинобод, Сталинобод, Кўлоб, Ғарм ва соли 1925 вилояти Худмухтори Бадахшони Кўҳӣ ташкил карда шуданд. Дертар вилояти Қурғонтеппа дар ҷануб ва вилояти  Ўротеппа дар шимоли ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд. Солҳои 1950 – 1960 вобаста ба такмил додани корҳои ташкилию роҳбарии сохтмон ва таъсиси Совнархозҳо зарурати барҳам хўрдани вилоятҳо ва муттаҳид намудани колхозҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ ба миён омад. маҳз дар ин  давра  дар тақсимони сиёсию маъумрии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ даромад. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Кўлобу Ғарм ва соли 1963 Ленинобод барҳам дода шуд. Миқдори ноҳияҳои маъмурии поёнӣ низ кам карда шуданд. Ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надодан ва Совнархозҳоро барҳам доданд. Ин  буд, ки соли 1970 вилояти  Қўрғонтеппа ва як қатор ноҳияҳои маъмурӣ  — поёнӣ аз нав барқарор карда шуданд. Балки Истиқлолияти миллӣ вобаста ба сохти нав масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ. Ҳарбӣ  ва ташкилӣ ба миён омад. ҳалли онҳо қисман ташкил додани тақсимоти  сиёсию маъмуриро талаб намуд. Аз ҳамин нигоҳ соли 1993 вилоятҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа муттаҳид карда шуданд ва он номи Хатлонро гирифт.

Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба  роҳ мондани рушди хоҳагии халқи ҷумҳурӣ ва ба истеҳсолот наздик шудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурӣ поёние, ки дар гузушта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо тамоюли миллӣ дода шуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ду вилояти маъмурҳ ноҳияҳои тобеи марказ , як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поёнӣ, 22 шаҳр, 50 шаҳрак ва 280 ҷамоъа ташаккул ёфтаанд.

Аз тарафи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994, таҳти рақами 983 «қонун дар бораи истифодаи қаъри замин» ба имзо расид, ки пурра тартиби истифодаи сарватҳои табии заминро муқаррар месозад.

Аз он ҷумла дар моддаи 7, боби 2 қонуни мазкур ҳуқуқҳои истифодаи қаъри замин барои чунин навъҳои фаъолият муқаррар карда шудааст:

1) тадқиқоти геологӣ;

2) истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз он ҷумла истифодаи партовҳои корхонаҳои истихроҷию маъдантозакунӣ ва соҳаҳои истеҳсолии ба онҳо вобаста;

3) сохтумон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста набуда, аз он ҷумла иншоотҳои зеризаминӣ барои  нигоҳдории нафт, газ ва дигар моддаҳо ва масолеҳҳо, инчунин барои нигаҳдории моддаҳои зарарнок ва партовҳои обҳои саноатӣ;

4) ташкили объектҳои махсус ҳифзшавандаи геологӣ, ки дорои аҳамияти илмию мадани, эстетикӣ, санитарию беҳдоштиии ва дигар (нуқтаҳои табиӣ, ғорҳо ва дигар ковокиҳои зеризаминии монанди онҳо);

5) ҷамъоварии маводҳои намунаҳои минералогӣ, палеонтологӣ, ва дигар коллексияҳо.

Дар моддаи нуҳуми ҳамин боб оид ба маҳдудиятҳои истифодаи қаъри замин чунин ҳолатҳо муқаррар карда шудаанд:

Бо мақсади бехатарии давлат ва ҳифзи муҳити атроф ҳукумати ҳумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад истифодаи қитъаҳои муайяни ҳудуди қаърии худро маҳдуд намояд ва ё пурра манъ созад (дар таҳрири қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.01.2008с №351).

Истифодаи қаър дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтаӯаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва ва алоқа метавонад қисман ва ё пурра дар он ҳолатҳое, ки агар истифодаи қаъри ҳудудҳои номбаршуда метавонад боиси таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ гашта, ба объектҳои хоҷагии халқ ва ё муҳити табии атроф хисорот ворид созанд, манъ карда шавад.

Истифодаи қаъри ҳудудҳои махсус ҳимояшаванда мутобиқи мавқеи ҳуқуқию маъмурии ҳамин ҳудуд амалӣ карда мешавад.

Дар боби сеюми қонун дар бораи қаъри замин масъалаҳои истифодаи меъёрӣ ва ҳифзи қаъри замин муқаррар карда шудаанд. Мувофиқи  талаботҳои он риояи пурраи талаботҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда ҳатмӣ буда, истифода ва азхудкунии худсаронаи қаъри замин қатъиян манъ карда мешавад.

Гузаронидани экспертизаи давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои қаъри замин, ки барои мақсадҳои ғайриистихроҷӣ мувофиқи қонун амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати истихроҷи конҳо бояд пуррагии маъданҳои истихроҷшуда таъмин карда шуда, ҳисобгирии шаффофи раванди истихроҷӣ бояд таъмин карда шавад.

Муҳофизати қонҳои канданиҳои фоиданок аз хавфи зериобмонӣ, пуробшавӣ, сохтор ва дигар омилҳои ба пастравии сифати канданиҳои фоиданок сабабгогшаванда, инчунин боиси костагардии арзиши саноатии он ва ё мураккабсозии шароитҳои истихроҷи конҳо бояд таъмин карда шавад.

Бояд ҳангоми  истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок ҳама гуна амалиётҳо ва корҳои боиси ифлосшавии муҳити табиӣ гарданда, ки ба истифодаи захираҳои конҳо вобаста мебошанд, махсусан ҳангоми дар иншоотҳои зеризаминӣ нигоҳдории захираҳои нафт, газ ва моддаҳои тарканда, нигоҳдории  моддаҳои зарарнок ва партовҳои истеҳсолӣ, партови оби ифлосшуда бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида ва  талаботҳои асосӣ ба иҷро расонида шаванд.

Риояи қоидаҳои консервиронӣ ва бартарафсозии корхонаҳои истихроҷи конҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок алоқаманд надоранд, ҳатмӣ мебошад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешаванд.

Бояд сохтмон ва бунёди худсаронаи биноҳо ва иншоотҳо дар ҳои канданиҳои фоиданлк ва ҳои ба истифодаи конҳо вобастабуда пешгирӣ карда шавад.

Мувофиқи талаботҳои қонун оид ба истифодаи қаъри замин талаботҳо оид ба бехатарии гузаронидани амалиётҳо ва корҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда, ҳолатҳои зерин ҳатман риоя карда шаванд: сохтумон ва истифодабарии корхонаҳои истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани тадқиқотҳои геологии қаъри замин танҳо дар ҳолати пурра таъмин шудани бехатарии ҳаёт ва фаъолияти кормандони ин корхонаҳо ва аҳолии дар ҳудуди истихроҷшаванда наздик ҷойгиршуда иҷозат дода мешавад. мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ, истифодабарандагони қаъри замин ва мақомоти назорати давлатии бехатарии окрҳо дар доираи масъулият ва кафолатҳои худ масъуланд, ки иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшударо дар самти таъмини бехатарии корҳои ба истифодаи қаъри замин вобастабударо иҷро намоянд ва ё иҷроиши онро таъмин намоянд. Роҳбарони муассисаҳои ба истихроҳи конҳо вобастабударо бевосита барои бехатарии корҳо ва амалиётҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда ҷавобгар мебошанд.

То замони хотимаёбии раванди басташавии корхонаи истихроҷӣ ва ё иншооти зеризаминии ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда истифодабарандаи қаър масъулияти мувофиқи қонун муқарраршударо бояд иҷро намуда, нақбҳои зеризаминӣ ва ё рўизаминӣ, дастгоҳ ва таҷҳизоти пармагарӣ ва истихроҷӣ бояд ба ҳолати таъминкунандаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити табииро пурра таъмин намояд. Бастани муассисаҳои истихроҷӣ ва ё иншоотҳои ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда пас аз баимзорасии санад оид ба баста шудани он аз тарафи мақомоти давлатии барои иҷрои ин амал дорои иҷозатномаи давлатидошта қонуни дониста мешавад.

Муҳити географӣ ин қисми табиати рўи замин аст, ки тавассути ҳаёт ва фаъолияти  хоҷагидории инсон тағйир ёфта, асоси зиндагӣ ва фаъолияти инсониятро ташкил медиҳад. Мафҳуми табиат ва «муҳити географӣ» қариб бо ҳам монанданд. Вале мафҳуми табиат нистабан васеътар аст. Муҳити географӣ аслан дар натиҷаи фаъолияти бевоситаи инсон дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, ки дар ин муддат шаҳру корхонаҳо, иншоотҳои гуногун, азхудкунии замин, нақлиёт ва ғайра пайдо шудаанд. Ба таври дигар гўем, муҳити географӣ ҳамон қисмати табиати кураи замин мебошад, ки ҷамъияти инсонӣ дар он ҳаёт ва фаъолияти  истеҳсолии худро пайваста идома медиҳад. Он на ин ки муҳити зиндагӣ, балки ягона манбаи зисту зиндагӣ ва маънавиёту тандурустии одамон ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин ҳангоми муайян намудани мавқеи муҳити географӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ нуқтаи назари якхела вуҷуд надорад. Баъзе аз донишмандон мавқеи онро аз ҳадди имкон зиёд,  гурўҳи дигаре онро қариб инкор мекунад.  Солҳои охир дар баробари мафҳуми муҳити географӣ боз истилоҳи муҳити зист паҳн гардидааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҳамаҷонибаи ҷамъияти инсонӣ  (таъсири табиию антропогенӣ) – ро дар бар мегирад.

Тамоми он бо табиат, ба муҳити географӣ мебошад. Тадриҷан гузаштан ба шакли хоҷагии истеҳсоли (зироатчигию чорводорӣ) инқилоби бузурги иқтисодие буд, ки он ба пурзўршавии таъсири инсон ба табиат овард. Муносибати одамон ба табиат, махсусан дар ҳудуди тамаддуни қадимаи паҳншуда, қабл аз ҳама дар водиҳои дарёи Нил, Далҷа, Ефрат, ҳинд, Ганг, Хуанхэ, Янсзи, Ому гуногунранг гардид. Баъдтар таъсири назаррас дар қаламрави Риму Юнони қадим мушоҳида карда мешуд. Одамон обанбору иншоотҳои обёрӣ (канал, коррез) сохта, ботлоқзорҳоро хушконида, бо воситаи дарахтшинонию кабудизоркунӣ дар масофаи чандин километр пеши роҳи ҳаракати биёбоншавиро мегирифтанд.

Аз аввали асри ХХ дар алоқамандии табиату ҷамъият марҳилаи нав сар шуд. Таъсир ва ё «фишор» — и ҷамъият ба табиати атроф ниҳоят авҷ гирифт. Дар ин асно аз ландшафтҳои табиӣ ба антропогенӣ (шаҳру деҳот, корхонаҳои саноатию истихроҷи маъдани кўҳӣ, хоҷагиҳои ҷангалу минтақаҳои рекреатсионӣ ва ғайра) табдил ёфтан ҳодисаи муқаррарӣ гардид.

Бо мурури замон қариб дар тамоми қитъаю материкҳо инсон аз табиат ба таври васеъ захираҳои онро истихроҷ намуда, ба ивази ин ба мухити атроф партовҳои зиёдеро боқӣ гузошт, ҳамин тавр, ду масъалаи бо ҳам алоқаманду муҳими ба миён омад: 1) оқилона (дуруст) истифодабарии захираҳои табиӣ; 2) ҳифзи муҳити зист.

Ба зинаи баланди инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ расидани инсоният, пеш аз ҳама истифодаю коркарди захираҳои гуногуни табиӣ алоқаманд аст.

Дар ҳама давру замон талабои одамон ба захираҳои табиӣ якхел нест. Масалан, бе об инсон ва дигар мавҷудоти зинда дер зиндагӣ натавон кард, ҳол он ки бе истифодаи баъзе намуди ашёҳои маданӣ вай тўли ҳазорҳо сол ҳаёт ба сар бурдааст. Харҷу маблағгузорӣ нисбати истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ низ якхела нест. Дар бисёр ҳолат сарфу харҷи коркарду истифодабарии намуди сарватҳои табиӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ оқилона буда, дар лаҳзаи дигар маблағгузории калон ва техникаю технологияи мураккабу гаронро талаб мекунад.

Бисёр намуди сарватҳои табиӣ баъди тадқиқу истихроҷ ба ашёи хоми соҳаҳои гуногуни истеҳсоли табдил меёбанд. Аз тарафи дигар ашёи хоми ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалбшуда дар зинаи дувум ба захираи иқтисодӣ табдил меёбад. Ҳамин тариқ, унсурҳои табиӣ ҳангоми сарфи меҳнат ба олотҳои истеҳсолӣ, бино ва дигар неъматҳои моддӣ мубаддал мешаванд.

Саноати ҳозираи ҷаҳонӣ миқдори ниҳоят зиёди ашёи хом истифода мекунад. Харҷи он аксар 70-75% хароҷоти умумии истеҳсолоти махсулоти саноатиро ташкил менамояд. Чунин вазъият аксари давлатҳоро дар ҳолати ногувор мегузорад.

Қисми зиёди захираҳои сарватҳои табиӣ (махсусан, канданиҳои фоиданок) оҳиста – оҳиста баъди истихроҷи босуръат тамом мешаванд. Ин ҳодиса боиси ташвишу изтироб аст. аз тарафи дигар на ҳамаи захираи мавҷудаи кураи Замин тадқиқ шудаанд. Бисёр конҳои кашфшуда самаранок истифода бурда намешаванд. Тадқиқоти солҳои охир дар аксари давталҳои дунё захираҳои калони сарватҳои табииро ошкор намудаанд. Пешрафти илмию техникӣ оид ба истифодаи қувваи бузурги қувваи ядроӣ дар соҳаҳои мухталиф пешомадҳои боварибахш дорад. Ҳоло дар бисёр давлатҳои мутарақӣ истифодаи қувваи Офтоб, шамол ва дигар сарчашмаҳои энергетикӣ самараи худ дода истодаанд. Дар ҳар сурат бояд комёбиҳои илму техника ба манфиати инсон равона шуда, табиат ва захираҳои бойи онро ғанӣ гардонад.

Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиӣ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захирахои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд.

Дар дунё давлатҳое  ҳастанд ба мисли ИМА, Россия ва Чин, ки қариб бо тамоми намуди сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурўҳ Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва боз якчанд давлатҳои дигар (гарчанде бо баъзе намуди сарватҳои табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд.

Умуман дар сайёраи мо давлате вуҷуд надорад, ки ин ва ё он намуди сарвати табиӣ надошта бошад. Ҳангоми кам ва ё набудани ин ва ё он намуди захираи табиӣ ба дигар давлатҳо муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди дар ҳудуди Ҷопон набудани бисёр намудҳои захираҳои табиӣ бо истифода аз ашёи хом, сўзишвории кашонда ва комёбиҳои илму техника ба дараҷаи ниҳоят баланди пешрафти иқтсодӣ ноил гардидааст. Бар хилофи  Ҷопон давлатҳои зиёде вомехўранд, ки бо вуҷуди захираҳои бои сарватҳои табиӣ дараҷаи инкишофи иҷмоию иқтисодии онҳо назарнорас аст.

Ҳамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ имконият медиҳад, аз тарафи  дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норосигии сартватҳои табиӣ танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ зам мекунад.

Ҳамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комёбиҳои илму техника боиси пурзўр гардидани иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат хоҳад гашт.

Канданиҳои фоиданок аз қадимулайём ҳадафи фаъолияти меҳнатии инсон буданд. Ин ҳолат дар замони чунин давраҳои таърихии тамаддуни ҷамъияти инсонӣ, мисли асри сангин, асри биринҷӣ, асри фулузот таҷассум ёфтаанд. Дар асрҳои миёна инсон аз қаъри замин 18 номгўй, асри XVII – 25 асри XVIII – 29 асри  XIX  -47, ибтидои асри ХХ- 54 ва ҳоло бошад зиёда аз 200 намуди ҳархелаи ашёи минералиро истифода мебарад. Мувофиқи ҳисоби олимон инсоният дар тўли тамоми ҳастиаш аз қаъри замин 180 млрд тонна ангишт, 85 млрд тонна нефт, 40 млрд тона маъдани оҳан, 280 млн тона маъдани мис истихроҷ кардааст. Дар айни замон соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд тонна намуди ҳархелаи ашёи минералӣ ва сўзишворӣ истихроҷ карда мешавад, ки  агар онро ба қатораҳо бор кунем, пас дарози ин қаторҳо (вагонҳои роҳи оҳан) ба 700 ҳазор километр мерасад ва ин дарозӣ метавонад, ки атрофи хати  экваторро 17 маротиба печонад. Тадқиқоти геологӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки захираи намудҳои гуногун канданиҳои фоиданок дар кураи амин як хел нест.

 Тавсифи умумӣ.  Захираҳои табиӣ таҳкурсии тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат, воситаҳои зиндагӣ ва истеҳсолот ба шумор меравад.

Захираҳои табиӣ ба чор гурўҳ ҷудо мешаванд: минералӣ (маъданӣ) обӣ, замин ва биологӣ.

Дар навбати худ  захираҳои минералӣ ба се қисм ҷудо мешаванд: сўзишворию – энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, торф варақсангҳои сўзанда); маъданҳои металлӣ, (металҳои  сиёҳ, ранга, нодир асил) ва минералҳои ғайриметаллӣ (ашёи хоми кимиёвӣ,  сохтмони ва ғайра)

Захираҳои кашфшудаи  канданиҳои фоиданокро мувофиқи дараҷаи истифодабарӣ ба чор категория тақсим менамоянд:  А, В, СI, С2. Чунин тақсимот дараҷаи омузишу истифодаи  захираҳои кашфшударо муайян мекунад.

Категорияи А-ин захираҳое мебошанд, ки пурра омўхта шуда барои истифодабарӣ тавсия дода шудаанд; категорияҳои В ва СI –ин конҳои ҳастанд, ки  кашф шуданду  аммо то ҳол захираҳои онҳо пурра аниқ карда нашудаанд. Категорияҳои С2 – захираҳое мебошанд, ки алҳол ба онҳо баҳои аниқ дода нашудааст, яъне ин захираҳо дар айни замон тахминан баҳо дода шудаанд.

Ба ғайри аз ин боз захираҳое ҳастанд, ки фақат пешгўи карда шудаанд ва ё дар оянда дар ин  ҳавзаҳо кашфиётҳо бурда мешаванд.

Ҳамаи  категорияҳои зикршуда, (А, В, СI, С2,) ва ҳам захираҳои пешгўи шуда  дар  якҷоягӣ ба захираҳои геологӣ дохил мешаванд.

Захираҳои маъдани ба миқдори зиёда аз 200 намуд ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ, алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф карда шудааст, ки 70 намудҳои онҳоро конҳои маъданию ғайри маъданӣ ташкил медиҳанд. Дар айни замон 100 кон ба истифода дода шудааст, ки 36 намуди ашёи хоми маъданиро дар бар мегиранд.

Инкишофи минбаъдаи ҷамъият аз дараҷаи ҳар чӣ бештар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Ҳаҷми истихроҷи маъдан ва дараҷаи истифодаи ашёи хом, нишондиҳандаҳои асосии тараққиёт ва нишонаи иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бо сабаби бошиддат истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом, дар натиҷаи нобаробар тақсимшавии ин захираҳо дар кураи замин, таъмин намудани талаботи доимоафзояндаи саноат ба ин захираҳо боиси  мушкилиҳои зиёд шуда истодааст. Бо ин мақсад  дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон кофтукови геологӣ ва тадқиқотҳои нави ҷустуҷўи захираҳои минералию ашёи хомро ба тариқӣ васеъ ба роҳ мондан, аҳамияти калон дорад.

Бо ин мақсад омўхтани таърихи сохти геологии пайдоиши конҳои маъдан дар минтақаҳои гуногун, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, тайёр кардани мутахассисон, нашр намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои геологӣ, нашр намудани китобҳо, маҷаллаҳо ва дар ин асос пурзўр намудани кофтуковҳои геологӣ, ба қатори  вазифаҳои муҳимтарин дохил мешаванд.

Ҳалли ин масъалаҳо дар Тоҷикистон  низ роҳҳои худро доранд ва мо бояд барои амали гардонидани ин масъалаҳо кўшиш намоем.  Халқи тоҷик ҳанўз дар замонҳои қадим ба кўҳҳои сар ба фалак кашида ва водиҳои зархези худ бо умеди зиёд ва орзуҳои нек менигарист. Бозёфтҳои археологӣ далели онанд, ки то давраи  мо ҳанўз дар асри биринҷӣ дар Қарамазору Зарафшон ва Бадахшон ба коркарди маъдан машғул буданд. Конканони қадими ин сарзамин мису тилло, сурбу нуқра, симобу оҳан ва сангҳои қиматбаҳо ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўзаву ёқутро  аз конҳо ба таври оддӣ истихроҷ мекарданд. Ҳатто номи баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ба монанди Кондара, Кони Нуқра, Кони Мансур, Кўҳи Лаъл аз қадим машҳуру маъруф будаанд. Дар асрҳои XI-XII истеҳсоли маъдан дар кишварамон хеле ривоҷ ёфта будааст. Ҳанўз дар асри XI аъломаи бузурги Машриқзамин Абуали ибни Сино нахустин бор дар ҷаҳон ҷисмҳои минералиро ба гурўҳҳо тақсим карда будааст.

Олими машҳур Абурайҳон Берунӣ дар китоби «Китоб-ул-ҷавоҳир» (китоб дар боби шинохтани ҷавоҳирот), ки соли 1048 нашр шудааст, масъалаҳои омўзиш ва тадқиқи сарватҳои зери заминӣ Осиёи Миёна, аз он ҷумла конҳои тиллои Рашту Шуғнон, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон, нефти Фарғона ва ғайраро муфассал шарҳ додааст.

Маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш дар асари худ «Наводир-ул-вақоеъ» менависад: «Бадахшон мулкест, ки манзараи назари офтоби рахшон аст ва дар он чаҳор маъдан аст: тилло, лоҷувард, лаъл, ёқут».

Ҳамаи далелҳо гувоҳи онанд, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон дар гузаштаи хеле дур низ шўҳрати калон доштааст. Тадқиқоти аввалин нисбати дар асоси илми омўхтани табиат ва сарватҳои табиӣ Тоҷикистон бо номи олимони рус, Ф. Богословский, П.П. Семёнов-Тяньшанский, А.П. Федченко, И.В. Мушкетов, Г.Д. Романовский, Д.Л. Иванов, Д.В. Наливкин ва дигарон, ки дар асри XIX ва аввалҳои асри ХХ гузаронида буданд, вобаста аст.

Мунтазам омўхтани сохти геологӣ ва ганҷинаҳои Тоҷикистон  дар замони Ҳокимияти Шуравӣ  оғоз ёфт. Соли 1925 аз тарафи олими рус, И.И. Бездека номгў ва харитаи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нашр карда шуд. Солҳо 1928-1932 барои омўхтани боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Экспедитсияи комплексии тоҷику помир тахти роҳбарии академик Н.П. Горбунов ташкил  шуд. Ин экспедитсия барои тартиб додани харитаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки соли 1942 аз чоп баромад, ёри расонд. Дар Тоҷикистон  дар ин давра якчанд конҳои нави канданиҳои фоиданок  кашф  шуданд.

Тарақкиёти минбаъдии хоҷагии халқи Тоҷикистон, зарурияти дар дохили республика ташкил намудани идораҳои геологӣ ва Институтҳои илмӣ-тадқиқотиро ба миён гузошт. Бо ҳамин мақсад соли 1932 дар назди базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои  СССР Сектори геология ва соли 1941 Институти геологияи филиали Тоҷикистонии Академияи Илмҳои СССР ташкил шуд. Соли 1951 ин институт ба ҳайати  Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон сол таҳсис ёфта буд, дохил  шуд. Соли 1943 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДДМТ) шўъбаи геология кушода шуд, ки баъдтар ба факултаи геология табдил ёфт. Ин факулта бисёр ҷавононро тарбия карда дар тараққиёти илми геологияи тоҷик, ва  ҷустуҷўи сарватҳои Тоҷикистон ҳиссаи сазовори худро гузоштанд.

Дар қатори дигар олимони забардасти Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар омўхтани сарзамини Тоҷикистон хизмати сазовор кардаанд, ҳиссаи олимони тоҷик академик Соро Юсупова (1910-1966), академик Р. Баротов ва дигарон низ хеле назаррас аст.

Минбаъд  дар натиҷаи корҳои пурсамари геологҳо дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расид. Дар ин давра харитаи геологии республика кашида шуд, ки дар онҳо оиди ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок дар миқёси ҳар як минтақа маълумоти пурра ҷамъ оварда шудааст.

Солҳои мавҷудияти Ҳукумати Шўравӣ дар Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кўҳи ташкил ёфта ва рў ба инкишоф ниҳод. Алҳол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, рўҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сўрма, симоб, висмут, флюорит, булўри кўҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўза ва ғайра, инчунин намаксанг, масолеҳои бинокорӣ, ангишт, нефт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ,  ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат равона карда шудаанд.

Дар базаи истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом дар ҷумҳурӣ корхонаҳои металлургияи ранга, саноати истихроҷи маъдан, саноати кимиё,  масолеҳи бинокорӣ ва ғайра бунёд карда шудаанд.

Бовуҷуди он, ки Тоҷҷикистон аз бисёр захираҳои минералию ашёи хом ниҳоят бой аст, онҳо дар ҳудуди  мамлакат нобаробар ҷойгир шудаанд.  Чунин ҳолат дар тараққиёт ва ҷойгиркунии соҳаҳои саноат дар ин ва ё он минтақа  мушкилиҳо  пеш меоварад.

Дар процесси омўзиш, канданиҳои фоиданоки металлиро аз  ҷиҳати хусусиятҳои техникию иқтисодиашон ба гурўҳҳои зерин тақсим мекунанд.

  1. Металҳои сиёҳ;
  2. Металҳои ҷавҳардоркунанда (руйпушкунанда)
  3. Металлҳои ранга;
  4. Металҳои асил;
  5. Элементҳои радиоактивӣ.

Гурўҳи металҳои сиёҳ. Ба ин гурўҳ маъдани оҳан, манган ва хром мансубанд, ки асоси металургияи сиёҳро ташкил медиҳанд.

Маъдани оҳан — дар Тоҷикистон маъдани оҳан дар Шимолии мамлакат конҳои Чоқадамбулоқ, Оқкулак ва Туранглӣ, ва дар  қисми Марказии он дар ноҳияи Нуробод (Тегерма) кашф карда шудаанд. Муҳимтаринаш захираҳои кони маъдани оҳани Чокадамбулоқи Қарамазор мебошад, ки дар оянда барои истифода бурдан дар саноати металлургияи сиёҳ (захираи он аз рўи категорияи  А+В+С1 ба 60 млн. тонна мерасад) аз ҷиҳати миқдор ва сифат  ба мақсад мувофиқ аст.

Манган — ҳамчун филизаи сиёҳ дар металлургия кор фармуда мешавад. Аз ҷумла 95% он дар металлургияи сиёҳ истифода карда мешавад. Манган асосан барои тайёр намудани рельсҳои роҳҳои оҳан, чархи вагон, зиреҳи танкҳо ва тракторҳо, ва ғайра истифода карда мешавад. Манган ҳамчун элемент соли 1774 аз тарафи химики швед К.В. Шееле (1742-1791) кашф карда шудааст.

Дар Тоҷикистон манган дар ноҳияи Исфара бо номи кони Чатиратек маълум аст, ки ин филиза дар байни мармарҳои палеозои  ёфт шудааст.

Гурўҳи металҳои руйпушкунанда. Металҳое, ки хусусияти ҷавҳардоркуни доранд, инҳо титан, ванадий, никел, кобалт, молибден ва волфрам мебошанд.

Дар ҷумҳурии мо танҳо захираи молибден ва волфрам дар қисми Шимолӣ ва Марказии Тоҷикистон кашф карда шудаанд.

Молибден — дар таркиби  маъданҳои кони Чоруқдарон ва Янги Кон  мавҷуд аст. Дар баъзе мавзеъҳои Рашту Дарвоз  низ молибден дучор меояд. Молибден дар металлургияи сиёҳ барои ҳосил кардани хуллаҳои гуногун ва тайёр кардани рангҳои зард, кабуд ва зангор корбаст мешавад.

Пўлодҳои молибдендорро  дар  авиатсия ва саноати автомобил  ба кор мебаранд.

Волфрам — яке аз филизоти муҳими саноати металлургӣ буда, барои истеҳсоли пулоди аъло сифат ва лампаҳои электр ба кор бурда мешавад. Дар таркиби волфрам қариб 15 минерал вомехўранд.

Конҳои маъдани волфрами Тоҷикистон дар кўҳӣ Муғул (кони Чоруқдарон), дар қаторкуҳи Ҳисор (конҳои Майхўра, Кабудӣ, Такфон, Сармад ва Зарафшон (кони ҷилав) ҷойгир шудаанд.

Рўйхати адабиётҳо

  1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷўмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.
  2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ
  3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ
  4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ
  5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.
  6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *