Фанни Андоз

Давраи андозсупорӣ

Давраи андозсупорӣ36 давраест, ки дар ин муддат ҷараёни ташаккули манбаи андоз анҷом меёбад ва андоз супоридани шахс муайян мегардад.

Ин унсури андоз аз он ҷиҳат зарур аст, ки ба бисёр объектҳои андозбандӣ (фоида гирифтан, фиристодани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дарозмӯҳлатӣ ва такрор хос мебошад. Барои ҷамъбасти натиҷаи фаъолият (давлат, андозсупоранда) ва таъмини мадохилоти даромади давлат ҳар сари чанд вақт натиҷаи андозсупориро ҳисоб карда баромадан зарур аст.

Мафҳуми «давраи андозсупорӣ» дар Кодекси андоз маънидод нашудааст. Маънои давраи андозсупориро аз тавсифи ҳар шаклу намуди истифодашавандаи андоз ҷустан лозим аст.

Барои андозҳои якбора ин унсур муқаррар карда намешавад, чунки пардохти онҳо амали дахлдори ин ё он мақомоти давлатиро (масалан, мақомоти гумрукро ҳангоми пардохти боҷи гумрукӣ) муайян карда метавонад.

Дар тавсифи андози соҳибони воситаҳои нақлиёт (мод.270 КА ҶТ) меъёрҳои ҷудо-ҷудои андози яксола муқаррар карда шудаанд, ки тӯли давраи андозсупорӣ (1 сол аз 1 январ то 31 декабр) аз рӯи ин ё он андоз муайян мегардад.

Дар моддаи 233 КА ҶТ «мӯҳлати пардохти андози (хироҷи) замин» муқаррар карда шудааст, ки ин хироҷ дар мӯҳлатҳои гуногун бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола пардохта мешавад. Аз ин хулосаи на чандон аниқе баровардан мумкин аст, ки давраи андозсупорӣ аз рӯи ин ё он андоз баробари як соли тақвимист (аз 1 январ то 31 декабр).

Дар Кодекси андози Федератсияи Россия мафҳуми «давраи андозсупорӣ» аниқ зикр шудааст: «Давраи андозсупорӣ соли тақвимӣ ё давраи баъзе андозҳост, ки баъди анҷом ёфтани он манбаи андоз муайян гардида, маблағи андози мавриди пардохт ҳисоб карда баромада мешавад. Давраи андозсупорӣ метавонад аз як ё чандин давраи ҳисоботӣ иборат бошад, ки аз рӯи ҷамъбасти онҳо пешпардохтҳо супорида мешаванд».

Агар корхона баъди оғози соли тақвимӣ таъсис ёфта бошад, барояш давраи якуми андозсупорӣ давраи аз рӯи таъсис ёфтан то охири ин ё он сол ҳисоб меёбад. Дар воқеъ рӯзи таъсис додани корхона рӯзи аз қайди давлатӣ гузаштани он дониста мешавад.

Агар корхона то охири соли тақвимӣ барҳам (аз нав таъсис) дода шуда бошад, давраи аз аввали ҳамин сол то рӯзи барҳам (аз нав таъсис) дода шуданаш барояш давраи охирини андозсупорӣ мебошад.

Дар бобати андозҳое, ки аз рӯи онҳо давраи андозсупорӣ ҳамчун моҳ ё семоҳаи тақвимӣ муқаррар карда мешавад, дар сурати таъсис додан, барҳам хӯрдан, аз нав таъсис ёфтани корхона баъзе давраҳои андозсупорӣ бо розигии мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда тағйир дода мешавад.

Агар амволе, ки объекти андозбандӣ аст, баъди оғози соли тақвимӣ харида, фурӯхта (бегона ё нобуд карда) шуда бошад, давраи дар ин ё он соли тақвимӣ аз ин амвол супурдани андоз ҳамчун давраи воқеан дар ихтиёри андозсупоранда будани амвол муайян карда мешавад.

Байни мафҳуми «давраи андозсупорӣ» ва мафҳуми «давраи ҳисобот» фарқ гузоштан лозим аст (мӯҳлати ҷамъбаст кардани натиҷаи нимсола ё яксола, тартиб додан ва ба мақомоти андоз пешниҳод кардани ҳисобот). Аксаран давраи андозсупорӣ ва давраи ҳисобот ба ҳам мувофиқ омада метавонад.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз рӯи хироҷи замин (мод.232 КА ҶТ) бояд ба бозрасии маҳаллии андоз 1 марти соли ҳисоботӣ (аз рӯи заминҳои нав ҷудокардашуда бошад, дар давоми як моҳи баъди ҷудо карда шудани замин) ҳисобу китоби хироҷи заминро пешниҳод намоянд. Давраи ҳисобот оид ба андози арзиши иловашуда (ААИ) як моҳ аст (мод.205 КА ҶТ). Андоз бояд на дертар аз мӯҳлати барои пешниҳоди декларатсияи андоз муқарраргардида, яъне то 15-уми моҳи баъд аз давраи андозсупорӣ пардохта шавад. Ба ҳамин тариқ, дар ин маврид давраи андозсупорӣ ва давраи ҳисобот ба ҳам мувофиқ меоянд. Давраи андоз супоридани шахсҳои ҳуқуқӣ як соли тақвимӣ мебошад (мод. 153 КА ҶТ): Декларатсияи андоз ба мақомоти андоз то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад (мод.173 КА ҶТ) шахсҳои ҳуқуқӣ вазифадоранд андози даромадро аз рӯи пардохтҳои ҷорӣ то понздаҳуми моҳ ба андозаи аз 12 як қисми маблағи андози соли гузашта, ки ба коэффициенти 1,2 зарб шудааст, супоранд. Ба ҳамин тариқ, зикри давраи яксолаи андозсупорӣ ба мақомоти андоз имконият намедиҳад, ки пинҳон доштани (камтар нишон додани) фоидаи натиҷаи кори семоҳа ё нимсоларо муайян кунанд.


36 Основы налогового права (Зери таҳрири С.Г.Пепеляев). -М.: Инвест Фонд, 1995. — саҳ.56-57.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *