Фанни Андоз

Шартҳои асъорию молиявӣ ва пардохтии кредити байналхалқӣ

  1. Асъори қарз. Суммаи қарз.
  2. Омилҳои муайянкунандаи муҳлати қарз ва арзиши қарз.

1. Асъори қарз. Суммаи қарз.

Шартҳои қарзи байналхалқӣ як қатор мафҳумҳои асосиро дар бар мегиранд, ки ҳангоми тартиб додани созишномаи кредити ба эътибор гирифтани онҳо ҳатми мебошад. Ин мафҳумҳо инхоянд:

1. асъори қарз ва асъори пардохт;

2.суммаи қарз;

3.мӯҳлати қарз;

4.Шароити истифодабари ва баргардонии қарз;

5.арзиши кредит;

6.роҳҳои таъмин намудани карз;

7. усулҳои суғуртанамоии хатарҳои қарз.

Барои қарзи байналхалқӣ дар кадом асъор гирифтани вай муҳим аст.

Ба интихоби асъори кредит омилҳои зерин таъсир мерасонанд: 1. сатҳи фоизи қарз;

2.таҷрибаи ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ;

3.сатҳи инфлятсия;

4.динамикаи қурби асъор.

Асъори пардохт ин асъорест, ки ба воситаи вай маблаги қарзгирифташуда баргардонида мешавад. Дар таҷрибаи байналхалқӣ асъори пардохт метавонад аз асъори қарз фарқ кунад.

Суммаи кредит-ин қисми сармояи қарзи мебошад, ки дар шакли плӣ ва ё моли ба қарзбардор дода мешавад. Ба қарзбардор қарз дар намуди як ва ё якчанд ҳисса (транш) дода мешавад, ки онҳо шартҳои худро доранд. Мӯҳлати қарзи байналхалқӣ аз як қатор омилҳо вобаста мебошад;

1. таъиноти кредит;

2.мувофиқати талаботу таклифот ба кредит;

3. маблағи кредит;

4.қонунҳои дар сатҳи миллӣ қабулкардашуда;

5. таҷрибаи кредитдиҳии байналхалқӣ;

6.созишномаҳои байни давлатӣ.

Барои муайян намудани самаранокии кредит мӯҳлати пурра ва миёнаи истифодаи кредитро фарқ мекунанд. Мӯҳлати пурраи кредит аз вақти истифодаи вай то пурра баргардонидани кредитро дар бар мегирад. Мӯҳлати пурраи кредит мувофиқи формулаи зерин муайян карда мешавад;

Милб

Дар ин ҷо Ми— мӯҳлати пурраи истифодаи кредит;

Мл-давраи истифодаи кредит; Мб-вақти баргардонидани кредит.

Вале мӯҳлати пурра чанд вақт дар дасти қарзбардор будани ҳамаи маблағи кредитро нишон намедиҳад.

Бинобар ин барои муайян намудани самаранокии истифодаи кредит мӯҳлати миёнаро ҳисоб мекунанд. Мӯҳлати миёнаи истифодаи кредит бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

Мми=1/2 Мил+1/2 Мб

Агар истифода ва баргардонидани кредит нобаробар суръат гирад мӯҳлати миёнаи кредит бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад.

Мми= Кб1+Кб2+….+Кбn/lim

Кб- қарзҳои баргардониданашуда дар мӯҳлати муайян;

Lim- суммаи кредит

Мувофиқи шартҳои баргардонидан қарзҳои зеринро фарқ мекунанд;

  1. дар ҳиссаҳои баробар дар вақти муайян баргардонидани қарз;
  2. нобаробар гардонидани қарз мувофиқи принсип ва ҷадвали дар созишнома нишондодашуда;
  3. якуякбора баргардонидани ҳамаи маблагҳои қарз;

4.аннуитети (маблағи муайян қарз) ва фоизи он баробар баргардонида мешавад.

2. Омилҳои муайянкунандаи муҳлати қарз ва арзиши қарз.

Дар таҷрибаи кредитдиҳии байналхалқӣ арзиши шартномавӣ ва пинҳонии кредитро фарқ мекунанд. Дар навбати худ арзиши шартномавии кредит ба асоси ва иловагӣ тақсим мешавад. Элементҳои асосии арзиши кредит аз инҳо иборат аст;

  1. сумма маблағе ки қарзбар дор ба қарздиҳанда медиҳад.
  2. фоиз

3.хароҷотҳои комиссионӣ

Элементҳои иловагии арзиши кредити маблағҳоеро дар бар мегирад, ки қарзбардор ба шахси сеюм медиҳад.

Дар қатори инхо инчунин комиссияи махсуси бонки вобаста аз маблағ ва мӯҳлати қарз ва маблағи муқарраркарда шуда новобаста аз мӯҳлат ва маблағи қарз гирифта мешавад.

Ба элементҳои пинҳонии арзиши қарз дигар хароҷотҳое, к ибо гирифтан ва истифода бурдани кредит вобастаасту дар созишнома нишон дода нашудаанд дохил мешавад. Элементҳои пинҳонии арзиши қарзро инҳо ташкил мекунад;

1.зиёд намудани нархи молҳо ҳангоми гирифтани қарзи фирмави;

  • депозитҳои маҷбурӣ дар ҳаҷми муайянкардашуда аз қарз;
  • талаби суғуртаи кредит дар ширкати муайяни суғуртави ки ба бонк вобаста аст.
  • аз тарафи бонк зиёд кардани комиссия оиди инкосатсияи ҳуҷҷатҳои молӣ.

Тавсифи муҳими кредити байналхалқиро таъминоти вай ташкил мекунад. Ба намудҳои алтернативии таъминоти кредит инҳо дохил мешаванд.

1.кушодани суратҳисоби мақсаднок;

  • ба кафолат мондани активҳо
  • додани ҳуқуқ нисбати шартнома ба бонк.

Ҳамин тариқ, шарти асъорию молиявии кредити байналхалқӣ аз вазъи иқтисодиёт, бозорҳои миллӣ ва ҷаҳонии сармояҳои қарзӣ вобаста аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *