Фанни Андоз

Чораҳои маъмурӣ (маъмуриятчигӣ) дар соҳаи андоз

Яке аз муҳимтарин шартҳои устувории системаи молиявии ҳар давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон муттасил ситонидани андоз ва боинтизомии андозсупорандагон мебошад.

Ҳамаҷониба риоя гардидани ин шартҳо бо системаи ягонаи тартиб додани қонунгузории андоз, назорати ягона ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштани андоз муайян карда мешавад.

Инҳо субъектҳои маъмуриятчиёни андозанд:

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мақомоти ҳокимияти қонунбарорӣ (намояндагӣ) — Парлумон ва Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо;
  • мақомоти ҳокимияти иҷроия — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти молия, андоз ва гумрук, ҷузъу томҳои полиси андоз, дигар мақомоте, ки барои даромади буҷет боҷу хироҷ меситонанд, мақомоти дигари босалоҳият, ки номгӯи онҳо дар зер оварда мешавад;
  • мақомоти танзими пулу кредит — Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои маҳаллии он;
  • мақомоти назорати давлатии молия — Кумитаи назорати давлатии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои маҳаллии он;
  • дигар мақомоте, ки қонун ба зиммаи онҳо ваколатҳои буҷетӣ ва андозро гузоштааст.

Мақомоти қонунбарории (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ буҷетҳои дахлдор ва ҳисоботи иҷрои онҳоро баррасӣ ва тасдиқ мекунанд, мувофиқан андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро ба амал ҷорӣ менамоянд ва минбаъд иҷрои буҷетҳоро назорат мекунанд, вазъи ҳуқуқии мақомотеро, ки иҷрои буҷети дахлдорро таҳти назорат мегирад, ташаккул медиҳанд ва муайян менамоянд. Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фонди давлатӣ — Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамин гуна ваколатҳоро ба амал мебарорад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия лоиҳаҳои буҷетҳои дахлдорро тартиб медиҳанд, онҳоро ба тасдиқи мақоми қонунбарории (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамоянд, буҷетҳоро иҷро мекунанд, ба иҷрои буҷетҳо назорати идоравӣ муқаррар менамоянд, ҳисоботро дар бораи иҷрои буҷетҳо ба тасдиқи мақомоти қонунгузории (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мекунанд. Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фонди давлатӣ — Фонди ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ чунин ваколатҳоро баҷо меоварад.

Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии «Амонатбонк» ва қисматҳои онҳо додугирифти маблағи буҷетро сарубар мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон муомилоти векселҳои хазинаро ба роҳ мемонад.

Дар соҳаи маъмуриятчигии андоз иҷрои ин корҳо ба салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбутанд:

  1. муқаррар кардани принсипҳои бунёдгузорӣ ва амалигардонии системаи андоз;
  2. муайян намудани тартиби муқаррар кардан, тағйир додан ва бекор намудани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ;
  3. муайян кардани вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон, мақомоти андоз, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои молиётӣ;
  4. муқаррар намудани қоидаҳои муайян кардани объектҳои андозбандӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ ва андешидани чораҳои иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ доир ба андозҳои умумидавлатӣ;
  5. муқаррар кардани қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии андоз, ҷазо додан барои риоя накардани қонунҳои андоз ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти андоз ва мансабдорони онҳо;
  6. муқаррар намудани қоидаҳои асосӣ доир ба андозҳои маҳаллӣ;
  7. муайян кардани Қонуни андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои татбиқи он, шарҳ додани меъёру муқаррароти Қонуни андоз;
  8. андешидан ва амалӣ гардонидани чораҳои назорати иҷрои Қонуни андоз;
  9. тақсими даромади боҷу хироҷи умумидавлатӣ байни буҷетҳои гуногун, муайян кардани манбаъҳои даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, тасдиқ кардани таснифоти буҷет, муайян намудани андозаи даромади камтарин ва миқдори музди меҳнати ҳадди ақали андозбандинашаванда, идораи вазоратҳо (идораҳо) бо воситаҳои махсус;
  10. назорати пурра ва саривақт ғун карда гирифтани даромади давлат аз ҷониби мақомоти ваколатдор, назорати самарабахш истифода шудани моликияти давлат.

Дар соҳаи маъмуриятчигии андоз иҷрои ин корҳо ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (мақомоти ҳокимияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо) марбутанд:

  1. қабул кардани асноди меъёрӣ доир ба муқаррар намудан, тағйир додан ё худ бекор кардани андозҳои маҳаллӣ дар асоси ва мутобиқи принсипҳои умумии андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. муайян кардани тартиби пардохтан ва ситонидани андозҳои маҳаллӣ;
  3. баровардани категорияҳои ҷудогона аз ҳайати андозсупорандагон ва ё барои онҳо муқаррар намудани меъёрҳои пасттари андоз, хориҷ кардани баъзе унсурҳо аз манбаи андозбандӣ ва ё нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои пасттар, муқаррар кардани меъёрҳои пасттари андозҳои маҳаллӣ, бо маслиҳати Вазорати молия ва Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардани дастурамалҳо доир ба татбиқи андозҳои маҳаллӣ;
  4. тартиб додан ва тасдиқ кардани буҷетҳои дахлдор.

Риоя карда шудани Қонуни андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақомоти андоз (инспексияҳои — бозрасиҳои шаҳру ноҳияҳо, идораҳои андози вилоятҳо ва ш.Душанбе)-ро дар бар мегирад, ҷузъу томҳои полиси андоз ва мақомоти гумрук, Фонди ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои маҳаллии онро назорат мекунанд. Даромадҳои буҷети давлатиро ҳамчунин дигар мақомоти босалоҳияти давлатӣ42 — идораҳои нотариалии Вазорати адлия, мақомоти суд ва дигар мақомот (оид ба ситонидани боҷи давлатӣ), Вазорати корҳои хориҷӣ ва бахшҳои хориҷии он (доир ба ситонидани боҷи консулхона), Вазорати корҳои дохилӣ (доир ба ситонидани андози БДА) ва ғайра меғундоранд.

Ин мақомот дар соҳаи идораи давлатии андозбандӣ, аз ҷумла назорати молиётӣ вазифаҳои асосиро баҷо меоваранд.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи идораи андоз роҳбарӣ мекунад ва мақоми байнисоҳавии (фаъоли) идоракунӣ мебошад, ваколатҳои омирона дорад ва ба риоя гардидани қонуни андоз назорат мекунад.

Хусусияти масъалаҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳаллу фасл менамоянд, мазмуну моҳияти фаъолият ва вазифаи идоракунии онҳоро муайян мекунад.

Истилоҳи «вазифа» маънои доираи фаъолият, зуҳуротеро дорад, ки ба зуҳуроти дигар тобеъ буда, ба қадри дигар шудани ин зуҳурот тағйир меёбад43.

Ибораи «идора кардан» маънои роҳбарӣ карданро ба амали ягон чизу кас дорад44. Аз ин рӯ, идоракунии давлатӣ иҷрои вазифаҳои идоравӣ мебошад.

Дар ҳуқуқи маъмурӣ дуруст гуфта шудааст, ки шаклҳои идоракунӣ «намудҳои амали мақомоти идоракунӣ аз нуқтаи назари зуҳуроти берунии онҳо» мебошад45. Дар навбати худ одатан шаклҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқии идоракуниро фарқ мекунанд. Фаъолиятеро ҳуқуқӣ меноманд, ки бевосита боиси оқибати муайяни ҳуқуқӣ мегардад ва дар асоси расмиёти пурраи ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

Дар байни шаклҳои ҳуқуқӣ амалҳои зайлро метавон номбар кард:

  1. қабул кардани асноди ҳуқуқии идоракунӣ;
    1. имзои шартномаҳо;
    1. иҷрои дигар амалҳои муҳими ҳуқуқӣ.

Шаклҳои ғайриҳуқуқии идоракунӣ гуфта, одатан амалҳои ташкилотиро мефаҳманд (гузаронидани маҷлисҳо, муҳокима, тартиб додани пешгӯиву барномаҳо ва ғайра).

Ҳамаи мақомоти давлатӣ назорат (тафтишот, мушоҳида ба мақсади тафтиш)-ро самарабахш истифода мебаранд, зеро он унсури асосии роҳбарӣ мебошад. Ба воситаи назорат ҳаққонияти маълумоти пурра, саривақт ва самарабахш баҷо овардани супориш, қонунӣ будани кору амалҳои шахсони мансабдор ҳангоми иҷрои супоришҳо, ошкор сохтани захираҳои дохилии беҳтар кардани фаъолият ва барҳам додани саҳву хатоҳои кор муқаррар карда мешавад.

Назоратро аз рӯи мӯҳлати иҷрояш ба оперативӣ (фаврӣ) ва марҳалавӣ тақсим мекунанд. Назорати оперативӣ тафтишотест, ки дар давоми моҳи ҳисоботӣ (чунончӣ, ҳар ҳафта, ҳар даҳ рӯз, ҳар рӯз) баъди анҷом ёфтани назорат, кору амал мутобиқи тавсифи сифатӣ ва миқдорӣ гузаронида мешавад. Манбаи маълумот барои назорати оперативӣ иттилооти нақшавӣ, оперативии техникӣ, оморӣ ва муҳосибавӣ мебошад. Назорати марҳалавӣ тафтишотест дар марҳалаи муайяни ҳисоботӣ аз рӯи маълумоти нақшаҳо, сметаҳо, меъёрҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, ҳисоботҳои истеҳсолӣ, моддӣ ва ҳисоботҳои дигар. Вазифаи чунин тафтишот муқаррар кардани он аст, ки оё талабҳои қонун, аз ҷумла қонуни андоз дуруст ва саривақт иҷро мешавад ё не, саҳву норасоиҳои кори объекти тафтишшаванда (шахси ҳуқуқӣ, воқеӣ, мансабдор) ошкор карда, барои рафъи онҳо чораҳо андешида шаванд.

Назорат аз рӯи манбаъҳои маълумот ба назорати ҳуҷҷатӣ ва воқеӣ тақсим мешавад. Назорати ҳуҷҷатӣ тафтишотест, ки дар рафти он мазмуну моҳияти объекти мавриди тафтишот ва мувофиқати он ба таъбири (маънидодаш) дар асоси маълумоти ҳуҷҷатҳо (ибтидоӣ ва якҷоя) муайян карда мешавад. Назорати воқеӣ тафтишотест, ки ҳолати сифатӣ ва миқдории объекти мавриди тафтишот дар асоси таҳқиқ, бозбинӣ, ченкунӣ, азнавҳисобкунӣ, баркашидан, таҳлили лабораторӣ, экспертиза, ба расми санҷиш дар истеҳсолот истифода карда дидани ашёи хом ва мавод ва бо дигар воситаю усулҳо санҷиданҳо муқаррар карда мешавад.

Мақомоти андоз назорати андозро бо роҳи ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ, санҷиши маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳисобот, пурсиши андозсупорандагон ва дигар ашхос, тафтиши биноҳои барои ба даст овардани даромад истифодашаванда ва истифодаи дигар усулҳои мувофиқи муқаррароти Қонуни андоз анҷом медиҳанд (мод.29 КА ҶТ).

Назорати андозе, ки мақомоти андоз анҷом медиҳанд, метавонад дар шакли тафтиши бидуни сафар ё тафтиш дар маҳал сурат гирад. Тафтиши бидуни сафар (муқимӣ) дар асоси ҳисоботи балансии пешниҳоднамудаи андозсупоранда, ҳамчунин дар асоси ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар дастдоштаи мақомоти андоз анҷом дода мешавад. Тафтиш дар маҳал (озимӣ) дар асоси қарори хаттии мақомоти андоз, ки ба андозсупоранда дар шакли огоҳинома фиристода, дар он мақсади тафтиш, асоси он ва мӯҳлати тахминии гузарониданаш зикр гардидааст, гузаронида мешавад (тафтишоти озимӣ бидуни огоҳинома гузаронида мешавад, ба шарте, ки дар бораи аз супоридани андоз саркашӣ кардан асоси кофӣ мавҷуд бошад). Таштиши озимӣ ба таври комплексӣ аз рӯи тамоми намудҳои боҷу хироҷ соле як бор дар давоми як моҳ гузаронида мешавад. Аз рӯи натиҷаи тафтиши озимӣ акт тартиб дода мешавад.

Усули асосии мутобиқи нақшаҳои кори инспексияҳои (бозрасиҳои) андоз, ҷузъу томҳои полиси андоз ва постҳои гумрукӣ тафтиш кардани андозсупорандагон тафтиши озимӣ дар маҳалли фаъолияти соҳибкории андозсупоранда мебошад.

Мақомоти андоз дар мавриди тафтиши ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва дафтарҳои баҳисобгирӣ тарзу усули тафтиши саросар ё интихобиро ба кор мебаранд. Тарзи тафтиши саросарро тафтиши тамоми ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, қайдҳои дафтари ҳисоботи шӯъбаи муҳосиба хос аст. Амалиёти кассавӣ ва бонкӣ мавриди тафтиши саросар мегарданд, ҳисобку китоб бо молдиҳандагон, харидорон, дебиторону кредиторон (қарздорону қарзхоҳон) ва ҳамчунин дигар соҳаҳои фаъолияти андозсупоранда дар ҳолатҳое, ки дар барномаи тафтишот зикр гардидаанд, мавриди тафтиши саросар қарор мегиранд. Аз рӯи тафтиши интихобӣ як қисми ҳуҷҷатҳои ибтидоии ҳар моҳи давраи тафтишот ё худ якчанд моҳи ин давра тафтиш карда мешавад. Агар дар рафти тафтиши интихобӣ вайронкунии ҷиддии қонуни андоз ё худ суиистеъмол муқаррар гардад, пас фаъолияти андозсупорандаи ин маҳал бо усули саросар тафтиш карда, ҳуҷҷатҳое, ки ба пинҳон намудани (пасттар карда нишон додани) фоида (даромад) ё худ ба пинҳон кардани дигар объектҳои андозбандӣ ва ҷиноят далолат мекунанд, бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирифта мешаванд.

Дар амалияи андозситонӣ ду омили асосӣ ошкор гардид, ки ба пурра ситонида шудани андоз таъсир мегузоранд: (1) дар ҳисобномаи андозсупоранда набудани маблағ; (2) барқасд саркашӣ кардани андозсупоранда аз пардохти андоз.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он (аз ҷумла ҷузъу томҳои ҳифзи ҳуқуқ, системаи ягонаи марказонидашудаи мақомот мебошанд. Вазифаҳои асосии идора ва назорати соҳаи андоз барои дуруст ҳисобу китоб кардан, пурра ва сари вақт ба буҷети дахлдор гузарондани андоз ва пардохтпулиҳои дигари ҳатмии тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида нигаронида шудаанд.

Бозрасиҳои андози шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти болоии андоз ва ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд. Ҷузъу томҳои минтақавии полиси андоз (раёсати полиси андози ВМКБ, вилоятҳо ва ш.Душанбе), раёсати полиси андози нақлиёт, шӯъбаҳои полиси андози шаҳру ноҳияҳо тобеи бахшҳои болоии полиси андозанд. Мақомоти минтақавии гумрук ба мақомоти болоии гумрук тобеъ мебошанд. Департаменти андоз, Департаменти гумрук ва Сарраёсати полиси андоз бахшҳои сохтории Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.

Режими (низоми) ҳуқуқии мақомоти андоз, аз ҷумла бахшҳои полиси андоз, ҳуқуқу вазифаҳои онҳо дар моддаҳои 92-95, 103-105-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андозро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва ғайра, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи бай налмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.

Принсипҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз инҳоянд (мод.94 КА ҶТ):

  • қонуният;
  • риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс ва шаҳрванд;
  • зери назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти

болоӣ;

  • дар системаи мақомоти андоз роҳ надодан ба таъсису

фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои

ҷамъиятие, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд;

  • дар фаъолияти хизматӣ бо қарорҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намудани кормандони мақомоти андоз;
  • ҳамкорӣ (ҳамбастагӣ) бо дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти андози дигар давлатҳо дар асоси шартномаю ӯҳдадориҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз аз инҳо иборатанд (мод.92 КА ҶТ):

  • таъмини иҷро ва риояи қонуни андоз;
  • иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла аз рӯи созишномаҳо бо дигар давлатҳо;
  • ба андозсупорандагон фаҳмонидани вазифаю ӯҳдадориҳояшон;
  • саривақт огоҳ намудани андозсупорандагон аз тағйироти Қонуни андоз.

Вазифаҳои асосии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ аз инҳо иборатанд46:

  1. таъмини иҷрои қонуни андоз, назорати дуруст ҳисоб кардан, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ гузаронидани пардохтпулиҳои ҳатмӣ ва ҳамчунин таъмини иҷрои қонунҳои дигар, ки назорати иҷрои онҳо тибқи қонунгузорӣ ба зиммаи мақомоти Вазорат гузошта шудааст;
    1. иштирок дар муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати оид ба андоз ва гумрук бо мақсади таъмини мадохилоти пурра ва баҳангоми даромад ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;
    1. ба амал баровардани назорати асъорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди салоҳияти мақомоти хуфия;
    1. ба ҳадди салоҳияти худ таъмин намудани бехатарӣ ва ҳифзи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    1. ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои молиётӣ ва гумрукӣ бо мақсади интегратсияи (ҳамгироии) иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии иқтисодӣ (иқтисодиёти ҷаҳонӣ) бо назардошти манфиати иқтисодии мамлакат;
    1. ошкор кардан, пешгирӣ намудан ва барҳам додани ҷиноятҳои соҳаи муносибатҳои молиётӣ ва гумрукӣ, ки қонун ба зиммаи системаи мақомоти Вазорат гузоштааст, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии системаи мақомоти Вазорат;
    1. таъмини амнияти худи системаи мақомоти Вазорат, ҳимоя кардани шахсони мансабдор (кормандон) аз суиқасдҳои ғайриқонунӣ зимни вазифаҳои хизматиро баҷо овардани онҳо;
    1. ба ҳадди салоҳияти худ таъмин намудани ягонагии масоҳати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    1. ташкили татбиқ намудан ва такмил додани вазифаҳои танзими гумрукии фаъолияти иқтисодӣ дар асоси афзалиятҳои тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати муҳайё кардани шароити мусоид барои иштироки Тоҷикистон дар равобити хоҷагии ҷаҳонӣ;
    1. ташкил ва такмили кори гумрук дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

  1. роҳбарии умумӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат ба фаъолияти тамоми мақомоти ваколатдоре, ки мадохилоти даромад ва боҷу хироҷро таъмин менамоянд.

Вазорат мувофиқи вазифаҳое, ки ба зиммааш гузошта шудаанд, ин корҳоро ба ҷо меоварад:

  1. дар роҳи ситонидани андозҳои қонунан муқарраргардида кор мебарад, аз ҷумла дар доираи салоҳияташ шаклҳои аризаи барои андозсупоранда ҳатмиро дар бораи дар Вазорат ба қайд гирифта шудани ҳисобу китоби андоз, декларатсияҳои андоз ва гумрук ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо ҳисоб кардан ва пардохтани маблағи андоз тартиб медиҳад ва тасдиқ мекунад ва ҳамчунин тартиби пур кардани онҳоро муқаррар менамояд;
  2. дар доираи салоҳияти худ риоя шудани қонуни андоз ва ҳамчунин асноди меъёрии ҳуқуқии аз рӯи он қабулгардида, дурустии ҳисоб карда пурра ва саривақт ба буҷети давлат ва фондҳои давлат пардохтани боҷу хироҷҳо, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро назорат мекунад;
  3. бо тартиби муқарраргардида андозсупорандагон ва объектҳои андозбандишаванда, феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро бо рақами мушаххасашон, ҳамчунин супорандагони андози арзиши иловашударо ба ҳисоб мегирад;
  4. доир ба татбиқи қонуни андоз ва ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи он қабул гардидаанд, кори эзоҳотӣ мебарад, ба андозсупорандагон аз боҷу хироҷҳои имрӯза, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бепул маълумот медиҳад, ба андозсупорандагон шаклҳои муқарраргардидаи ҳисоботро медиҳад, тартиби хонапурӣ намудани онҳо, тартиби ҳисоб кардан ва супурдани пардохтпулиҳои ҳатмиро мефаҳмонад ва андозсупорандагонро барои ӯҳдадориҳои андозро дуруст ва саривақт иҷро карданашон бо иттилооти зарурӣ таъмин менамояд;
  5. маблағи барзиёд пардохта ва ё барзиёд ситонидаи андоз ва ҳамчунин фоизу (баҳраву) ҷаримапулиро бармегардонад ё худ ба ҳисоб мегирад;
  6. оид ба такмили сиёсати андоз ва гумрук, услуби (методологияи) маъмуриятчигӣ дар соҳаи андоз, инкишофи қонунҳои андоз, гумрук ва асъор таклифҳо пешниҳод мекунад;
  7. амалияи татбиқи қонуни андозро ҷамъбаст менамояд, маълумоти баҳисобгирӣ ва оморӣ, натиҷаи тафтишотро таҳлил мекунад, дар асоси онҳо амру дастур, супоришҳои методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро доир ба татбиқи қонуни андоз тартиб медиҳад;
  8. ҷазоҳои бо қонун муқарраргардидаро дар мавриди қонуншиканӣ татбиқ менамояд;
  9. ҳамроҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари назораткунанда доир ба назорати иҷрои қонуни андоз тадбирҳо меандешад;
  10. дар гуфтушунидҳо оиди бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ) дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дубораи даромаду амвол, шартномаю созишномаҳои дигар иштирок менамояд;
  11. бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои салоҳияташ ҳамкорӣ мекунад;
  12. дар доираи салоҳияти худ талабҳои қонунгузорӣ ва ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои мубориза ба муқобили ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи андоз ва гумрук, саркашӣ кардан аз пардохти андозҳои ҳатмӣ ба буҷету фондҳои давлатӣ баҷо меоварад;
  13. дар тартиб додани қисмати даромади буҷети давлатӣ барои ин ё он сол ширкат меварзад;
  14. вазифаи мақоми назорати асъорро иҷро мекунад;
  15. ба фаъолияти тамоми мақомоти салоҳиятдор, ки мадохилоти пардохтҳои ҳатмиро ба буҷету фондҳои давлатӣ таъмин менамоянд, роҳбарӣ ва назорат мекунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад;
  16. ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мошинҳои назорати касса назорат мекунад;
  17. бо мақсади ошкор ва тафтиш кардани ҷиноят ва қонуншикании соҳаи қонунгузории андоз ва гумрук мутобиқи қонунгузорӣ чораҳои ҷустуҷӯи оперативӣ меандешад, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ мегузаронад;
  18. бо тартиби муқарраргардида вайронкунии қонунгузориро дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти моле, ки аксизбандӣ мешаванд, ошкору пешгирӣ менамояд ва барҳам медиҳад.
  19. муборизаро ба муқобили вайронкунии қоидаҳои гумрук ташкил мекунад ва дигар вазифаҳои ба зиммаи мақомоти андоз ва гумрук гузоштаи қонунгузории ҷориро ба ҷо меоварад.

Дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти ҳудудии он ҳуқуқ доранд, ки:

  1. аз андозсупорандагон ва ё агентҳои андоз ҳуҷҷатҳои шаклу намунаашон муқарраргардидаро, ки барои ҳисоб кардан ва пардохтани (нигоҳ доштан ва ба ҳисобнома гузаронидани) боҷу хироҷ, шарҳу эзоҳот асос мебошанд ва ҳуҷҷатҳоеро талаб намоянд, ки дурустии ҳисоб кардан ва саривақт пардохтани (нигоҳ доштан ва ба ҳисобнома гузаронидани) боҷу хироҷро тасдиқ мекунанд;
  2. бо тартиби муқарраргардида тафтиши молиётӣ гузаронанд;
  3. ҳангоми тафтиши молиётӣ аз дасти андозсупорандагон ё худ аз агентҳои андоз ҳуҷҷатҳоеро гиранд, ки ба содир шудани қонуншикании андоз далолат мекунанд, ба шарте, ки барои нест кардан, пинҳон намудан, тағйир додан ё худ иваз кардани ин ҳуҷҷатҳо гумони ғолиб бошад;
  4. дар асоси огоҳинома супорандагони боҷу хироҷ ё агентҳои андозро барои додани шарҳу эзоҳот ба муносибати аз ҷониби онҳо пардохтани (нигоҳ доштан ва ба ҳисобнома гузаронидани) андоз ё ба муносибати тафтишоти молиётӣ ё ҳолатҳои дигар ба мақомоти андоз даъват намоянд;
  5. бо тартиби муқарраргардида амалиёти марбут ба суратҳисоби дар бонкҳо доштаи супорандагони боҷу хироҷ ва агентҳои андозро боздоранд ва амволи онҳоро ҳабс кунанд;
  6. ҳамаи биноҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, анборҳо ва дигар биноҳову масоҳатҳоеро, ки андозсупорандагон барои гирифтани даромад истифода мебаранд ва ё бо истифодаи объектҳои андозбандишаванда алоқаманданд, сарфи назар аз ҷои воқеъгардидаи онҳо таҳқиқ намоянд, амволи ба андозсупоранда тааллуқдоштаро ба рӯйхат гиранд ва фаъолияти иқтисодии онҳоро бо усули хронометраж ва ё усулҳои дигар мушоҳида намоянд;
  7. маблағи андозеро, ки бояд андозсупоранда ба буҷет ва фондҳои давлатӣ пардозад, бо роҳи ҳисобу китоби усули арзёбии мустақим ва ғайримустақим дар асоси маълумоти мавҷуда доир ба андозсупоранда ва ҳамчунин маълумот дар бораи дигар андозсупорандагон дар мавриди шахсони мансабдори мақомоти Вазоратро ба тафтишу таҳқиқи биноҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ба анборҳо ва дигар биноҳову масоҳатҳо роҳ надодани андозсупоранда ва ҳамчунин дар мавриди пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки барои ҳисобу китоби ӯҳдадории андоз заруранд, муайян кунанд;
  8. рафъи вайронкуниҳои қонуни андозро талаб намоянд ва иҷрои ин талабҳоро назорат кунанд;
  9. бо тартиби муқарраргардида бақияпулии андоз ва ҳамчунин фоизу (баҳраву) ҷаримаҳоро ситонанд;
  10. аз бонкҳо ҳуҷҷатҳоеро талаб карда гиранд, ки иҷрои пардохтномаҳои супорандагони боҷу хироҷ ва агентҳои андозро дар хусуси аз суратҳисоби дар бонкҳо доштаи онҳо бароварда шудани маблағи андоз, фоизу (баҳраву) ҷаримаҳоро тасдиқ мекунанд;
  11. бо тартиби муқарраргардида постҳои андоз (гумрук) барпо намоянд;
  12. дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи мақомоти назорати асъорро мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба амал бароранд;
  13. қарорҳои мақомоти тобеъро дар мавриди ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор кунанд ё худ амали онҳоро боздоранд;
  14. дар сурати риоя накардани қонунҳои андоз ва гумрук боздошти маъмуриро ба кор баранд;
  15. силоҳи оташфишони хидматиро бо тартиби муқарраргардида нигоҳ доранд, гирифта гарданд ва кор фармоянд, воситаҳои махсусро истифода намоянд, қувва ба кор баранд;
  16. воситаҳои нақлиёт ва алоқаи шахсони дигарро дар мавридҳое, ки таъхир кардан мумкин нест, бо тартиби муқарраргардида истифода баранд;
  17. чораҳои ҷустуҷӯи оперативӣ бинанд, бо мақсади роҳ надодан ба ҷинояткории соҳаи андоз ба корҳои таҳқиқу тафтиши пешакӣ машғул шаванд;
  18. хусусиятҳои танзими ҳуқуқии режимҳои гумрукро муайян кунанд;
  19. бо корҳои наширӣ машғул гардад, системаи идоравии алоқа ва ирсоли маълумот, дигар ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида дошта бошанд.

Барои фаъолияти бахшҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ба кормандони мақомоти андоз ва гумрук рутбаи дараҷадор ва ё унвони махсус дода мешавад.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар матбуот ҳисоботи корашро чоп мекунад.

Ҳисобот бояд маълумоти зайлро дар бар гирад (мод.102 КА ҶТ): (а) маблағи андозҳои ҷамъовардаи мақомоти андоз бо нишон додани қонунҳои андоз, ки ин андозҳо тибқи онҳо ҷамъ оварда шудаанд ва бозрасиҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки андозҳо дар он ҷо пардохта шудаанд; (б) маблағи қарзҳо аз рӯи андоз бо ҳамин гуна тақсимот; (в) хароҷоти дар рафти ҷамъоварии андоз намудаи мақомоти андоз; (г) маълумоти оморӣ оид ба ҷузъиёти даромадҳои андоз; (д) баёни комёбиву камбудиҳо дар кори системаи андоз; (е) рӯйхати ному насаби шахсони воқеӣ ва номгӯи шахсони ҳуқуқие, ки аз онҳо андоз ҳисоб карда шуда, вале ба маблағи зиёда аз 5000 ҳадди ақалли даромади андозбандишаванда пардохта нашудааст, бо нишон додани андозаи бақияпулӣ.

Шахсони мансабдори мақомоти андоз ва гумрук дар сурати иҷро накардан ё худ номатлуб иҷро кардани вазифаҳояшон, суиистифода намудани мансаб ва дигар кору бори ғайриқонунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва ҷиноятӣ кашида шуда метавонанд.

Ба ҳамин тариқ, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳими маъмуриятчигии молиётиро ба ҷо оварда, маблағи андоз ва пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет гузаронида, системаи ягонаи назорати андоз мебошад ва ҳуқуқу вазифаҳои андозсупорандагонро риоя мекунад.

Дар таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқии маъмуриятчигии андоз муайян кардани субъекте ҷолиби диққат аст, ки дар муносибати ҳуқуқии андоз аз номи давлат ба андозпардоз муқобил меистад. Бевосита давлатро эътироф кардани чунин субъект ақидаи эҷобист.

Албатта, байни давлате, ки андоз муқаррар кардааст ва андозсупоранда муносибатҳои муайян ба миён меоянд. Натиҷаи чунин муносибатҳо ба миён омадани ҳуқуқдории андозсупории шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошад. Дар баробари ин давлат ба дигар гурӯҳи шахсон низ – мақомоти идораи давлатӣ, ки даромадро ба буҷет мегузаронанд (мақомоти гуногуни андоз, гумрук ва ғайра), ҳуқуқдории андозсупорӣ медиҳад. Натиҷаи чунин таъинот он аст, ки ба андозсупоранда аз рӯи ҳар андози ҳатмӣ сохтори дахлдори мақомоти мушаххаси давлатӣ муқобил меистад.

Маҳз ба сабаби ин ки амалӣ гардонидани манфиати иқтисодии давлатӣ (яъне як қисми амволи андозсупоранда бояд ба даромади давлат равад) на бо шакли дигар, балки бо шакли ситонидани андоз алоқаманд аст, талабот ба қонуни андози бағоят муфассал ба миён меояд47.

Ҳоло ин дар қонунгузории андоз пешбинӣ нашудааст.

МАВЗӮЪҲО БАРОИ МУҲОКИМА:

  1. Мақомоте, ки салоҳияти танзими андозро дар Тоҷикистон доранд.
    1. Ваколатҳои баъзе мақомоти давлатии ҳокимият ва идоракунӣ дар танзими андоз.
    1. Ҳуқуқу вазифаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, мақомот ва кормандони он.

ТЕСТ- САНҶИШ (ҷавоби дурусташро бигӯед):

  1. Дар Тоҷикистон андозро мақомоти зайл муқаррар мекунад:
    1. Парлумон дар Кодекси андоз;
    1. Парлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (маҷлисҳо) дар санадҳои дахлдор;
    1. Ҳукумат, Парлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ.
  • Андозҳои маҳаллиро ин мақомот ҷорӣ менамояд:
    • Парлумон дар Кодекси андоз;
    • Маҷлисҳои маҳаллӣ аз рӯи принсипу қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз;
    • Маҷлисҳои маҳаллӣ мустақилона.
  • Мақомоти зайл иҷрои қонунгузории андозро назорат карда метавонад:
    • мақомоти андоз ва мақомоти Фонди ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ;
    • мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор;
    • ҳамаи мақомоти назораткунанда.

4.Тафтиши муқимотӣ ба тарзи зайл сурат мегирад:

  • рафтан ба маҳалли тафтишот;
    • аз рӯи маводе, ки андозсупорандагон, агентҳои андоз ва шахсони дигар пешниҳод кардаанд ва ҳамчунин аз рӯи маводи мавҷуда;

5.Андозҳои барзиёд ситонидашударо мақомоти зайл бармегардо-

над:

  • мақомоти андоз;
    • мақомоти молия аз рӯи пешниҳоди мақомоти андоз.

6.Оё дар қонунгузории андоз муассисаи мақомоти ваколатдори

андозситон пешбинӣ шудааст.

  • бале, ошкоро пешбинӣ нашудааст;
    • не, тамоми андозҳоро мақомоти андоз меситонанд.

42 Мафҳуми «мақоми босалоҳияти андозситонӣ» дар Ќонуни андоз зикр нагардидааст.

43 Ба забони русӣ маънои «функсия»-ро дорад.

44 Ба забони русӣ маънои «управлять»-ро дорад.

45 Российское налоговое право. – М.: «Экономика», 1997.-с.194.

46 Низомномаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Љумҳурии Тоҷикистон бо қарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 3 маи соли 2002 № 199, Фармони Президенти Љумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 №745 «Дар бораи таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Љумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст.

47 Запольский С.В. Налогообложение как предмет правового регулирования.- Проблемы совершенствования советского законодательства.- Труды Научно-исследовательского института советского законодательства, 1987, №38, с.92-93.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *