Фанни Андоз

Андозҳои мустақим ва ғайримустақим

Ҳамаи андозҳоро дар рафти таснифоташон (гурӯҳбандӣ) вобаста ба асосу заминае, ки ба сифати меъёри таснифот қабул гардидаанд, ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст[1]29 (Нақши 5.1.).

Андозҳоро одатан вобаста ба ин хусусиятҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

  • тарзи ситонидани онҳо;
  • аз рӯи сатҳи идора;
  • субъекти андозсупоранда;
  • хусусияти меъёри татбиқшавандаи андоз;
  • имтиёзҳои андоз, манбаъ ва объекти андозбандӣ;
  • мақомоти муқарраркунандаи андозҳо;
  • сатҳи буҷет, ки ба он андозпулиҳо гузаронда мешаванд;
  • ҳадафу мақсади ҷорӣ кардани андоз ва ғайра.

Андозҳо, пеш аз ҳама аз рӯи усули муқаррар кардан ё худ тарзи ситонидан ба андози даромади пулию молумулкӣ (мустақим) ва андози истеъмолот (ғайримустақим) тақсим мешаванд. Андози мустақим дар рафти харидан ва захира шудани неъматҳои моддӣ ва андози ғайримустақим дар рафти харҷ (масраф) гаштани онҳо ситонида мешавад. Меъёри чунин тақсимот имконияти ба зиммаи истеъмолкунандагон гузоштани андозҳо мебошад. Ин меъёр пешбинӣ менамояд, ки супорандаи охирони андозҳои мустақим касест, ки даромад мегирад, молики амвол аст ва ҳоказо.

Масалан, андози даромади шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми фоида дидан (даромад кардан) пардохта мешавад, андози соҳибони воситаҳои нақлиётро моликон месупоранд. Инҳо мисолҳои андозҳои мустақиманд. Аксизҳоро мисли дигар андозҳои мустақим дар ниҳояти кор истеъмолкунандагони мол мепардозанд, чунки ин андоз ҳамчун нархи илова ба арзиши он ҳамроҳ карда шудааст.

Андозҳои мустақим — андозҳое мебошанд, ки давлат бевосита аз даромад ё худ амволи андозсупоранда меситонад.

Андозҳои ғайримустақим дар шакли иловапулии нархи фурӯши мол, кору хизматрасонӣ ситонида мешаванд.

Андозҳои даромади пулию амволӣ (мустақим) дар навбати худ ба андозҳои нақдӣ ва воқеӣ тақсим мешаванд.

Андозҳои нақдӣ аз даромади (фоидаи) ба даст омадаи андозсупоранда ситонида мешаванд. Чунончӣ, андози даромади шахсҳои воқеӣ аз даромади ба дасти ӯ омада пардохта мешавад (ҳангоми аз бонк барои музди меҳнат гирифтани маблағ дар айни замон андози даромад тавассути пардохтнома ба буҷет ва пардохтпулии иҷтимоӣ ба Фонди ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида мешавад).

На даромади воқеии андозсупоранда, балки даромади миёнаи эҳтимолии ӯ, ки дар шароити муайяни иқтисодӣ ягон манбаи андозбандишаванда (моликияти ғайриманқул, қитъаи замин ва ғайра) мегирад, андозбандии воқеӣ номида мешавад. Дар натиҷаи ситонидани андози воқеӣ назорати андозбандӣ кардани аксари навъҳои соҳибкории алоҳида (инфиродӣ) осон мегардад (ҳаққи патент ситонда мешавад), шахсҳоеро, ки амвол ё заминро самарабахш ё исрофкорона истифода мекарданд, баробар месозад.

Андозҳои ғайримустақим аз рӯи объектҳои андозситонӣ дар навбати худ ба андозҳои ғайримустақими инфиродӣ, ки бо онҳо гурӯҳҳои муайяни мол (масалан, аксизҳо аз навъҳои муайяни мол) андозбандӣ мешаванд ва ба андозҳои ғайримустақими универсалӣ тақсим мешаванд, ки бо онҳо тамоми молҳо, кору хизматрасониҳо, ба истиснои баъзеи онҳо (масалан, андози арзиши иловашуда) андозбандӣ мегарданд.

Дар ҳамаи мамлакатҳо даромади андози буҷет ба мувофиқати оқилонаи андозҳои мустақиму ғайримустақим асос ёфтааст.

2. Навъҳои дигари андоз

Ғайр аз чунин таснифоти гурӯҳбандии андозҳои мустақиму ғайримустақим онҳоро аз рӯи асосҳои дигар низ ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст.

Андозҳоро инчунин ба андозҳои тақсимшаванда ва миқдорӣ, вобаста ва танзимкунанда, умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, умумӣ ва мақсаднок, мунтазам (муттасил) ва якбора ҷудо кардан мумкин аст.

.Андозҳои тақсимшаванда дар давраҳои аввали ривоҷи андозбандӣ ҳамаҷониба татбиқ карда мешуданд. Ҳаҷми онҳо вобаста ба хароҷоти мушаххас муайян карда мешуд. Маблағи хароҷот байни андозсупорандагон тақсим карда мешуд, яъне ба ҳар андозсупоранда маблағи муайяни андоз рост меомад.

Ҳоло системаи андозҳои тақсимшаванда хеле кам ба кор бурда мешавад, он асосан дар андозбандии маҳаллӣ истифода мегардад. Масалан, агар андози маҳаллӣ барои таъминоти нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ҳамчун андози мақсаднок муқаррар шуда бошад, пас ҳаҷми онро метавонад Маҷлиси вакилони халқ (ба шарте ки дар Кодекси андоз раво дониста шуда бошад) аз рӯи системаи тақсимотӣ, дар асоси талабҳои мушаххас ва шумораи сокинон муайян намояд.

1б. Андозҳои миқдорӣ бар акси андозҳои тақсимшаванда на ба талаботи пӯшонидани хароҷот, балки ба имконияти андозро пардохта тавонистани андозсупоранда асос ёфтаанд. Ин андозҳо вазъи дороии амволии (даромаднокии) андозсупорандаро мустақим ё ғайримустақим ба ҳисоб мегиранд.

2а. Андозҳои вобаста даромадҳое мебошанд, ки ба муддати дароз пурра ё қисман ҳамчун манбаи даромади ягон буҷети мушаххас вобаста карда шудаанд. Чунончӣ, андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ вобаста карда шудаанд. Мутобиқи Қонун дар бораи буҷети давлатӣ[2]30 андози фурӯши пахта ва алюминий, андози фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (боҷҳои гумрук, андози арзиши иловашуда, аксизҳо ва андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки мақомоти гумрукӣ меситонад) ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

2.б. Андозҳои танзимкунанда ҳар сол бо мақсади талофии каср (дефисит) байни буҷетҳои ҳархела тақсим карда мешаванд. Мутобиқи Кодекси андоз ҳамаи андозҳои умумидавлатӣ андозҳои танзимкунандаанд. Маблағи ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ тавассути қонунгузории буҷет тақсим карда мешавад. Лекин дар воқеъ аксари андозҳои умумидавлатӣ ҳар сол ба як буҷети муайян вобаста карда мешаванд. Масалан, одатан 85 фоизи маблағи хироҷи замин, 100 фоизи андозпулии соҳибкорони хурд, 100 фоизи андози истифодабарандагони сарвати зеризаминӣ, 100 фоизи боҷи давлатӣ, 100 фоизи андози соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳар сол пурра ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад.

Аз рӯи ҳадду андозаи салоҳияти мақомоти ҳокимият дар бобати муқаррар ва ҷорӣ кардани андозҳо онҳоро ба умумидавлатӣ ва маҳаллӣ ҷудо мекунанд.

3а.Андозҳои нави умумидавлатӣ, ғайр аз андозҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз бо санади парламенти мамлакат муқаррар карда, бо роҳи ворид кардани тағйирот ба Кодекси андоз тағйир дода ва бекор карда мешаванд. Ин маънои онро надорад, ки маблағи андозҳои мазкур ҳатман ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Онҳоро метавонанд ба буҷетҳои сатҳҳои дигар ҳам гузаронанд.

3б. Андозҳои маҳаллиро, ки дар Кодекси андоз пешбинӣ шудаанд, Маҷлиси вакилони халқ бо санадҳои худ мутобиқи Кодекси андоз муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва бекор мекунад. Маблағи ин андозҳо ба буҷети маҳаллӣ гузаронида мешавад.

Одатан, мақсади андоз талофӣ кардани ягон хароҷоти мушаххаси давлат нест. Ин бо зарурати ба хароҷот тобеъ нагаштани маблағи баъзе андозҳо асоснок карда мешавад. Ингуна андозҳоро андозҳои умумӣ (4а) меноманд, зеро маблағи онҳоро барои пӯшонидани (талофӣ кардани) ҳар гуна хароҷоти давлат харҷ кардан мумкин аст.

Дар баробари ин андозҳое ҳастанд, ки маблағи онҳо барои талофӣ кардани танҳо хароҷоти муайян таъин гардидаанд ((4б) андозҳои мақсаднок). Дар бисёр мавридҳо ҷорӣ кардани андозҳои мақсаднок аҳамияти калон дорад. Аввало, аз нуқтаи назари рӯҳия, андозсупоранда бо майли тамом андоз мепардозад, зеро бовар дорад, ки он беҷо сарф намешавад. Дуюм, ин андозҳо мақомоти мушаххаси давлатиро ҳарчӣ бештар мустақил мегардонанд. Сеюм, мақсаднокии андоз аз он ваҷҳ заруру воҷиб аст, ки аз хароҷоти ин маблағ даромади муайян ба даст меояд. Дар Тоҷикистон саҳмпулии иҷтимоӣ (суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандон) ва ҳамчунин то андозае хироҷи замин (хизматрасонӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгард), андози таъминоти нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятиро андозҳои мақсаднок ҳисобидан мумкин аст.

Андозҳо ҳамчунин мунтазам ва якбора шуда метавонанд.

5а. Андозҳои мунтазам (муттасил) ҳар сари чанд вақт дар давоми амволи муайянро молик будани андозсупоранда, машғул буданаш бо ягон навъи фаъолияти соҳибкорӣ ситонида мешаванд. Масалан, андози даромади шахсони воқеӣ, хироҷи замин ҳар сол ва андози арзиши иловашуда ҳар моҳ ситонида мешавад ва ғайра.

Пардохти андозҳои якбора (5б) бо ин ё он воқеае, ки низом (система) надорад, алоқаманд карда мешавад. Барои андозсупорандаи мушаххас амалиёти содироту воридот ва мувофиқан, пардохти боҷи гумрукӣ хусусияти доимӣ нест, он тасодуфӣ мебошад. Ин ба боҷи давлатӣ низ дахл дорад.

Андозҳо аз рӯи манбаи андозбандӣ ба гурӯҳҳои: 6а. хароҷоти истеҳсолот (арзиши аслӣ), 6б. фоида (даромад) ҷудо карда мешаванд. Ҳисоби дурусти андози фоида касро водор месозад, ки хароҷоти истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ)-ро, ки арзиши аслии онҳоро дар бар мегирад ва тартиби даст додани натиҷаи молиявӣ (фоида ё зиён)-ро донад.

Андозҳо доир ба субъекти андозбандӣ аз чунин навъҳо иборат буда метавонанд (7а, 7б, 7в);

  • андозҳои шахсони воқеӣ;
  • андозҳои шахсони ҳуқуқӣ;
  • андозҳои омехта (шахсони воқеӣ ва шахсҳои ҳуқуқӣ мепардозанд).

Ҳангоми таснифоти андозҳои доир ба объектҳои андозбандӣ панҷ гурӯҳ ҳосил мешавад (8а, 8б, 8в, 8г, 8д):

  • андози амвол;
  • андози захира (аз ҷумла хироҷи замин);
  • андози даромад ё фоида;
  • андози амалиёт (корҳои хоҷагӣ, муомилоти молиявӣ, муомилоти хариду фурӯш); ва
  • ғайра, ки дигар боҷу хироҷҳои якбораро дар бар мегиранд.

Мақсаднокии ҳисоби иқтисодӣ дигар хели гурӯҳбандии андозҳоро тақозо дорад, ки аз шахсҳои ҳуқуқӣ ситонида мешаванд (9а, 9б, 9в, 9г):

    • боҷу андозҳое, ки ба хароҷоти истеҳсолот ва муомилот дахл доранд;
    • боҷу андозҳое, ки ба нархи фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ҳамроҳ карда мешаванд;
    • боҷу хироҷҳое, ки ба натиҷаи молия (то андозбандӣ шудани фоида) дахл доранд;
    • боҷу андозҳои фоида ва аз ҳисоби фоидае, ки дар ихтиёри андозсупоранда мемонад.

Воситаҳои гуногуни аз рӯи кадом як аломату нишонаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо намудани андозҳо имконият медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии андоз, хусусияти хеле нозуки иқтисодиёти ҷорӣ ва субъектҳои андозбандишаванда ба назар гирифта, натиҷаю самараи таҳлили андоз ва андозбандӣ баланд бардошта, тамоилҳои нав ба миёнояндаи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда шаванд.

Дар амалия вобаста ба мақсади гузошташуда дигар тарзу усулҳои ба гурӯҳҳо тақсим кардани андозҳо буда метавонанд.

Дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ду андоз — андози арзиши иловашуда ва аксиз ҳамчун андозҳои ғайримустақим муайян карда шудаанд. Дигар андозҳо ақаллан барои таҳлил ба навъҳо ҷудо карда нашудаанд.

  1. 29 Основы налогового права (Зери таҳрири С.Г.Пепеляев) -М.: Инвест Фонд, 1995. — с.34-38.

  2. 30 Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Љумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001»,

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *