Фанни Андоз

Тарзи ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

Воҳиди андозбандӣ

Тарзи баҳисобгирии манбаи андоз одатан масъалаи муҳосиботӣ буда, ба масъалаҳои андозбандӣ бевосита алоқаманд нест. Дар амалия ин дар тавсифу таърифи андоз масъаларо ё чигил мекунад ва ё дар таърифу тавсифи раванди андозбандӣ боиси аз ҳад зиёд тафсил кардани масъаламешавад.

Ҳанӯз дар Мисри қадим дар ҳазораи II пеш аз милод ҳисоби дахлу харҷ ба миён омада буд. Дар рӯи папирусҳо на танҳо рӯйхати бақияпулӣ, балки ҳар муомила сабт карда мешуд. Ин ҳисоби дахлу харҷ имкон медод, ки на фақат маблағи бақия дарҷ ёбад, балки ҳар амали дар хоҷагӣ рухдиҳанда сабт карда шавад. Ин ихтироот роҳи ҳисоби ҷории фаъолияти хоҷагиро кушод. Вале ҳисоби дахлу харҷ як навъ ҳисобгирие буд, яъне молу амволи молик бевосита ба ҳисоб гирифта мешуд. Дар ҳисобгирӣ воҳидҳои аслӣ, воқеӣ истифода мешуданд, вале арзиши амвол ҷамъбаст карда намешуд.

Ватани муҳосибаи имрӯза Италия аст. Усули навишти духеларо аз дафтари дахлу харҷи бозаргонони асри XIV ва ҳатто аз навиштаҷоти асри XIII-уми Италия дидан мумкин аст (аз ҷумла дар китобҳои марказҳои тиҷоративу молиявии Барди ва Перутси).

Ду тарзи асосии баҳисобгирӣ мавҷуд аст.

Тарзи якум лаҳзаи қабул карда гирифтани маблағ бо натура, яъне нақд бо пул пардохта шудани андозро ба ҳисоб мегирад. Масалан, аз рӯи ин тарз тамоми маблағи дар давраи муайян воқеан ба даст даровардаи андозсупоранда даромад ва тамоми маблағи воқеан пардохтаи ӯ хароҷот номида мешавад. Ин тарзикассавӣ ё худ тарзи тасарруфномида мешавад, чунки фақат маблағе (амволе) ба ҳисоб гирифта мешавад, ки андозсупоранда бо шакли муайяни ҳуқуқӣ тасарруф кардааст, масалан, аз касса нақд гирифтааст, бо роҳи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муайян ба ихтиёраш додаанд ва ғайра.

Чунончӣ, аз рӯи ин тарзу усул афзоиши арзиши амвол то лаҳзаи ба ин ё он тариқ шакли воқеӣ гирифтани ин афзоиш (аз амонати дар бонк буда фоиз (баҳра) гирифта шудааст, сехи нави завод расман қабул гардидааст ва ғайра) даромад ҳисоб намеёбад.

Дар мавриди татбиқ намудани тарзи дуюм замони ба амвол ҳуқуқдору ӯҳдадор гаштани андозсупоранда муҳим аст. Масалан, тамоми маблағе, ки андозсупоранда дар ин ё он давраи андозсупорӣ новобаста ба воқеан соҳиб шудан ба он ба гирифтанаш ҳуқуқдор гаштааст, даромад ҳисоб меёбад. Барои муайян кардани хароҷоти андозсупоранда маблағи ӯҳдадориҳои амволие, ки дар давраи ҳисобот дар миён омадаанд, сарфи назар аз он ки аз рӯи ин ӯҳдадориҳо андоз пардохта шудааст ё не ҳисоб карда мешавад. Ин тарз тарзи андӯхт ва ё тарзи даромади холис (соф) номида мешавад.

Қонунгузории андоз барои андози мушаххас метавонад тарзҳои гуногуни ҳисобро истифода намояд.

Дар қонунгузорӣ (мод.43 КА ҶТ) муқаррар гардидааст, ки «ҳар як шахс (шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ) вазифадор аст, ки муомилоти зеринро бо ҳуҷҷат асоснок намояд:

  • муомилотеро, ки боиси ба миён омадани ӯҳдадории андози он шахс шуда метавонад;
  • муомилотеро, ки метавонад боиси ба миён омадани ӯҳдадории он шахс оид ба андозсупорӣ шавад;
  • муомилотеро, ки метавонад сабаби ба миён омадани ӯҳдадории он шахс оид ба пешниҳод намудани маълумоти вобаста ба андозбандӣ гардад.

Андозсупорандагон вазифадоранд, ки мувофиқи санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавридҳои зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон ингуна ҳуҷҷат (навиштаҷот) дошта бошанд.

Мӯҳлати нигоҳ доштани чунин ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ 5 сол аст.

Декларатсияҳои андозсупоранда, ки мутобиқи қонунгузорӣ ба мақомоти андоз месупоранд, бояд ба маълумоти ҳисобрасии шӯъбаи муҳосиба асос ёфта бошад.

Ауидитори мустақиме, ки декларатсияи андози андозсупорандаро тартиб медиҳад, бояд ҳамроҳи андозсупоранда декларатсия имзо кунад ва ба рӯяш мӯҳр занад.

Дар Кодекси андоз дар баёни андози фоидаи шахсҳои ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст, ки андозсупоранда вазифадор аст даромад ва хароҷотро дар асоси маълумоти далелнок аниқ ва саривақт ба ҳисоб гирифта, ин даромаду хароҷотро ба давраҳои (ҳисоботии) дахлдори андозсупорӣ, ки дар ин давра гирифта шудааст ё ба амал бароварда шудааст, мансуб донанд. Агар дар қонунгузорӣ тартиби дигар муқаррар карда нашуда бошад, андозсупоранда метавонад ба мақсади андозсупорӣ усули баҳисобгирии кассавӣ ё худ усули ҳисоб кардани маблағро ба роҳ монад.

Андозсупорандае, ки аз рӯи усули кассавӣ баҳисобгириро ба роҳ мондааст, бояд дар мавриди даромад кардан онро ба ҳисоб гирифта, маблағро аз манбаи андоз ҳангоми амалӣ намудани он тарҳ кунад (мод.155 КА ҶТ). Дар ин ҳолат лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи гирифтани нақдина ва дар ҳолати пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ба ҳисобномаи вай гузаронидани нақдина дониста мешавад.

Лаҳзаи хароҷоти андозсупоранда бо истифода аз усули кассавӣ лаҳзаи воқеан хароҷот кардани ӯ ҳисоб меёбад.

Андозсупорандае, ки ҳисобкуниро аз рӯи усули ҳисобу замкунӣ ба роҳ мондааст, бояд даромаду хароҷотро мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқи даромад ё пайдо шудани ӯҳдадории пардохти андоз, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё пардохтани андоз ба ҳисоб гирад (мод.158 КА ҶТ).

Агар маблағи дахлдор ҳатман ба андозсупоранда пардохта шавад ё худ андозсупоранда аз рӯи муомилот ё шартнома тамоми ӯҳдадориҳояшро ба ҷо оварда бошад, ӯ ба гирифтани даромад ҳуқуқдор мегардад. Лаҳзаи ҳам ӯҳдадории молиявии худро эътироф намудани андозсупоранда ва ҳам хеле аниқ муайян кардани андозаи ӯҳдадории молиявӣ ва ҳам тамоми ӯҳдадориҳои худро аз рӯи муомилот ё шартнома иҷро кардани ҳамаи тарафҳо лаҳзаи хароҷотест, ки бо муомилот зимни истифодаи усули ҳисобу замкунӣ алоқаманд аст.

Дар андози даромади шахсҳои воқеӣ усули кассавӣ истифода карда мешавад, зеро даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ даромадест, ки ӯ дар шакли муайян ба даст меоварад (музди меҳнат, даромади фаъолияти иқтисодии фаъол ва нофаъол, манфиат). Усули ҳисобу замкунӣ одатан ҳангоми ҳисоб кардани андози арзиши иловашуда ва аксиз истифода мешавад. Лекин бо тавсифу баёни бисёр андозҳо усули ҳисоби манбаи андозбандӣ равшану аниқ муайян намегардад: андозсупоранда метавонад яке аз усулҳои ҳисобкуниро бо майли худ татбиқ намояд.

Барои ҳисобрасии манбаи андоз воҳиди андозбандӣ истифода мешавад. Воҳиди андозбандӣ воҳиди миқёсиест, ки барои ифодаи миқдори манбаи андоз кор фармуда мешавад. Интихоби ин ё он воҳиди андозбандиро мулоҳизаи осону қулай будани он ва ҳамчунин анъанаҳо талаб мекунад.

Масалан, ҳангоми ҳисоб карда баромадани манбаи андоз барои андозбандӣ шудани муомилоти маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ҳамчун воҳиди андозбандӣ воҳидҳои гуногуни воқеии ченаки моеъ (литр, галлон, баррел, тонна), ё худ воҳиди пули миллӣ (сомонӣ)-ро барои ҳисоби арзиши мол истифода кардан мумкин аст.

Мувофиқи ин дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин воҳидҳои андозбандӣ муқаррар карда шудаанд:

  • як қувваи асп (андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт),
  • як гектар ё як метри мураббаъ (андози замин);
  • як сомонӣ (андози даромади шахсони воқеӣ ё андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ).

Андозсупорандагон — корхонаҳо манбаи андозро аз рӯи ҷамъбасти дар давраи андозсупорӣ дар асоси маълумоти ҳисобрасии муҳосиба ва (ё) дар асоси дигар маълумоту далелҳо доир ба объектҳое, ки бояд андозбандӣ шаванд, ё худ бо андозбандӣ алоқаманданд, ҳисоб мекунанд.

Ҳангоми дар ҳисоби манбаи андоз ошкор кардани саҳве (ғалате), ки ба давраи гузаштаи андозсупорӣ (ҳисоботӣ) дахл дорад, ӯҳдадории андозсупорӣ дар давраи ҳозираи (ҳисоботии) андозсупорӣ дар замони рух додани саҳв аз нав ҳисоб карда мешавад. Агар ин давраро муайян кардан имкон надошта бошад, ӯҳдадориҳои андозсупории давраи ҳисоботӣ, ки дар ин давра саҳв (ғалат) ошкор гаштааст, саҳеҳ ва аниқ карда мешавад.

Соҳибкорони инфиродӣ манбаи андозро аз рӯи ҷамъбасти дар давраи андозсупорӣ дар асоси маълумоти ҳисобрасии даромаду хароҷот ва муомилоти хоҷагӣ ҳисоб карда мебароянд.

Андозсупорандагони боқимонда, яъне шахсҳои воқеӣ манбаи андозро дар асоси маълумоти даромади андозбандишаванда, ки дар ин мавридҳои муқарраргардида аз корхонаҳо мегиранд ва ҳамчунин дар асоси маълумоти ҳисобу китоби худсаронаи даромади андозбандишаван-даашон ҳисоб карда мебароянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *