Фанни Андоз

Ҷавобгарии ҷиноятии ҳуқуқӣ

Ҷавобгарии ҷиноятии ҳуқуқӣ аз рӯи оқибати худ аз тамоми намудҳои дигари ҷавобгарии ҳуқуқии андозсупорандагон барои қонуншикании молиётӣ ҷиддитар аст.

Қонуншикании (ҳуқуқвайронкунии) ҷиноятии соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии молиётиро ба тарзи дигар ҷинояти молиётӣ меноманд. Ин қонуншиканӣ ва ҳамчунин муҷозоти содир гардидани он дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶ ҶТ) пешбинӣ шудааст.

Ба ҳамин тариқ, ҷиноят аъмоли гунаҳкоронаи барои ҷамъият хавфноке мебошад, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бо таҳдиди ҷазо додан манъ кардааст. Бинобар ин ҷиноят ҳамеша аъмол (амал ё беамалӣ) мебошад. Қонун аз рӯи ин таъриф таъкид менамояд, ки ҷиноят рафтор, фаъолияти одами мушаххас аст.

Қонун чунин рафтори одамро ҳамчун ҷиноят пешбинӣ менамояд, ки он дар диспозитсияҳои моддаҳои ёдшудаи КҶ ҶТ махсус пешбинӣ гардидааст. Ин аломати ҷинояткорӣ дар илми ҳуқуқи ҷинояткорӣ хилофкорӣ ё ғайриқонунӣ номида мешавад. Хилофкорӣ ба он далолат мекунад, ки шахси содиркардаи ҷиноят мамнӯияти (таҳрими) меъёри ҳуқуқи ҷинояткориро риоя накардааст. Агар шахс аъмоле содир карда бошад, ки дар КҶ ҶТ пешбинӣ нашудааст, ин аъмоли ӯ бо вуҷуди набудани қонун ҷиноят ҳисоб намешавад55.

Аломату нишонаи асосии моддии ҷиноят хавфи ҷамъиятии он аст. Ин аломати хавфи ҷамъиятӣ маънои онро дорад, ки аъмоли шахс ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зиён меоварад ё оварда метавонад.

Объекти қонуншиканиҳои молиётӣ муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар соҳаи фаъолияти молиявии давлат доир ба ташаккули қисмати даромади (мадохилоти) ҳама гуна буҷетҳо рӯи кор меоянд.

Дар таҳрири охирини матни КҶ ҶТ боби нав илова гардид, ки дар он аз ҷинояткориҳои соҳаи фаъолияти иқтисодӣ сухан меравад. Вай якчанд моддаро дар бар гирифтааст, ки чунин ҷавобгариҳоро барои ҷиноятҳои соҳаи андоз пешбинӣ менамоянд:

  • мод.293 «Сар печидани шаҳрванд аз пардохти андоз»;
  • мод. 292 «Сар печидан аз пардохти андози ташкилотҳо».

Меъёрҳои ҷиноятии ҳуқуқӣ оиди ҷавобгарии ҷинояткориҳои мазкур ба иҷрои вазифаҳои аз даромади шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, андоз супурдани андозсупорандагон нигаронида шудаанд.

Дар мамлакатҳое, ки иқтисодиёташон тараққӣ кардааст, муҷозоти андоз баъзан ба сифати ҷазои ҷиноятҳои ғайримолиётӣ истифода карда мешаванд. Ҳар гуна фаъолияте, ки бо даромади ҷинояткорона алоқаманд аст, (бизнеси банг, суратҳои фаҳш, қиморхонаҳои махфӣ, харидуфурӯши ғайриқонунии яроқ ва ғайра), боиси аз андозбандӣ пинҳон доштани ин даромад мегардад. Вале назар ба гунаҳкор кардани шахс ба ҷинояти содирнамудае, ки далелу бурҳонаш баъзан ба иқрори касе асос меёбад, ки ҳар гоҳ аз он даст кашида метавонад, исбот кардани гуноҳи аз пардохти андоз сарпечӣ намудан осонтар аст.

Мисоли баръалои ин мурофиаи судии солҳои 30-юм аст, ки он вақт сарвари гангстерҳои Чикаго Ал-Капонеро ба маҳкама кашида буданд. Дар он мурофиа ӯро на барои куштани одамони бисёр, балки барои риоя накардани қонунгузории андоз ба мӯҳлати 11 сол ҳукми ҳабс намуда, дар баробари ин ба маблағи 7 ҳазор доллар ҷарима андохтанд56.

1) Саркашии шаҳрванд аз пардохти андоз бо роҳи пешниҳод накардани декларатсияи даромад, дар ҳолате, ки пешниҳоди декларатсия ҳатмӣ мебошад, ё ба декларатсия дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот, ки боиси ба миқдори калон напардохтани андоз гаштааст, — бо ҷарима ба андозаи то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё саркашӣ аз пардохти гумрукӣ озодшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад*,-

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (мод.293 КҶ ҶТ).

Қоидаи ин меъёр бланкетӣ аст, яъне онро ҳар кас мустақимона муқаррар менамояд. Муқаррар намудани нишонаҳои ҷиҳати объективӣ истифода кардани санадҳои гуногуни меъёриро дар назар дорад. Дар байни онҳо боби Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қоидаҳои асосии андози даромади шахсони воқеиро муқаррар менамояд ва дастури татбиқи онро шарҳдиҳанда «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андози даромади шахсони воқеӣ» асосӣ мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №239 тасдиқ карда шудааст.

Қонун муқаррар менамояд, ки шахсони воқеӣ, ки бояд андозбандӣ шаванд, вазифадоранд дар давоми соли тақвимӣ бо тартиби муқарраргардида даромад ва хароҷоти дар роҳи даромад сарфкардаашонро ба ҳисоб гиранд ва ҳамчунин дар ҳолатҳои зикрнамудаи қонун ба мақомоти андоз декларатсияи даромаду хароҷоташонро пешниҳод кунанд.

Чунин декларатсияҳои доир ба даромади воқеӣ, хароҷоти бо ҳуҷҷат тасдиқгардида ва маблағи ҳисоб карда пардохтаи андозро мақоми андози маҳалли истиқомати доимӣ баъди анҷоми ҳар соли тақвимӣ то 1 апрел шаҳрвандоне пешниҳод менамоянд, ки дар давоми соли ҳисоботӣ аз ҷои кори асосиашон даромад гирифтаанд ва ҳамчунин дар давоми ҳамин сол боз ягон хел даромад ба даст даровардаанд. Воқеан, ҷои асосии кор муассиса, корхона ва ташкилоте ба ҳисоб меравад, ки дафтарчаи меҳнатии коркун дар он ҷо маҳфуз буда, ӯ муносибатҳои меҳнатӣ ва ё муносибатҳои ба он баробар дорад.

Даромад гуфта на фақат мадохилоти пулӣ ё моддӣ, балки имтиёзу бартариҳоеро номидан дозим аст, ки бо доду гирифти пул ё амвол алоқаманд нестанд.

Аз хонапурӣ ва пешниҳод кардани декларатсия шахсҳои воқеие, ки дар давоми як сол танҳо дар ҷои кори асосии худ даромад доштанд ва соҳибкорони алоҳидае, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷумлаи резидентҳо нестанд, озод карда мешаванд.

Агар шахси воқеӣ дар баробари даромаде, ки аз ҷои кори асосиаш (ҷои хизмат, таҳсил) мегирад, аз корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дигар низ гирад, ё худ ҳамчун соҳибкор ё фермер (деҳқон) ба қайд гирифта шуда бошад ва ё даромади дигаре дошта бошад, ки бо роҳҳои дигар ба даст даровардааст, ба шарте ки тамоми даромадҳояш бо назардошти фоидааш аз маблағи муқаррарнамудаи қонунгузории андоз зиёд бошад, бояд декларатсия пешниҳод кунад.

Объекти андозбандишавандаи шаҳрвандони муқими Тоҷикистон, ҷамъи даромадашон мебошад, ки дар шакли пул ё мавод ё худ дар шакли фоида ба даст даровардаанд. Давлат мувофиқи принсипи резидентӣ бо қонуни андози худ аз тамоми даромади шаҳрвандоне, ки дар ин давлат ба таври муқимӣ умр ба сар мебаранд, аз ҷумла аз даромадҳое, ки манбаъҳои дар хориҷи ин давлат мавҷуда ба даст дароварда шудаанд, андоз меситонад.

Объекти ҷиноят муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун ҳифз карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии ҷиноят бо роҳи пешниҳод накардани декларатсия аз пардохти андоз саркашӣ кардани шаҳрванд мебошад. Пешниҳод накардани декларатсия тарзу усули содир кардани ҷиноят, яъне тарзу усули саркашӣ кардани шаҳрванд аз пардохти андоз аст.

Роҳи дигари саркашӣ кардан аз пардохти андоз дар декларатсия зикр кардани маълумоти ошкоро таҳрифшуда (ғалат) оиди даромад ё хароҷот мебошад (масалан, ягон манбаи даромад пинҳон дошта, маблағи пардохтаи андоз ё хароҷот зиёд нишон дода, имтиёзҳои андозбандӣ ғайриқонунӣ дохил карда шудаанд ва ғайра). Маълумотеро ошкоро таҳрифшуда меноманд, ки ба дидаю дониста таҳриф намудан ё ба эътибор нагирифтани фактҳо асос ёфтааст.

Дар ин ҳол ҷиноят метавонад чи аз амал (дар декларатсия зикр намудани маълумоти таҳрифшуда дар бораи даромаду хароҷот) ва чи аз беамалӣ (пешниҳод накардани декларатсия ба мақомоти андоз дар мӯҳлати муқарраргардида) содир шавад.

Барои ин амал ва ё беамалиро ҷиноят ҳисобидан сабаберо муқаррар кардан зарур аст, ки ба давлат зиёни калон ё махсусан калон расонда шудааст.

Субъекти ҷиноят шахсҳои воқеие буда метавонанд, ки муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (шаҳрвандони тоҷик, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсҳои бетабаа), синну солашон ба 16 расида, даромади мустақилона доранд ва вазифадоранд, ки ба бозрасии андоз мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи даромади худ декларатсия пешниҳод намоянд.

Шахсони воқеӣ касонеанд, ки муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар муддати як сол дар хоки он 183 рӯз зиндагӣ кардаанд.

Аз рӯи ҳуқуқи ҷиноятӣ субъекти ҷиноят танҳо шахсони воқеӣ мебошанд, ки ҷавобгӯи чунин талаботанд:

а) аз рӯи синну сол шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки дар вақти содир кардани ҷиноят шонздаҳсола шуда бошад. Ба ҷои шахсҳое, ки ба синни 16-солагӣ нарасидаанд, намояндагони қонунии онҳо (падару модар, васиён) кашида мешаванд, ки ноболиғон бо майлу хоҳиши онон бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд, ки боиси ҷиноят шуд.

б) мукаллафӣ (шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад, ки дар вақти содир кардани кирдори (аъмоли) хавфноки ҷамъиятӣ мукаллаф буд, яъне хусусият ва барои ҷамъият хавф доштани амали (беамалии) худро дарк намекард ё худ бинобар бемории дурударози рӯҳӣ кирдори худро идора карда наметавонист. Дар ин ҳол барои кашидан ба ҷавобгарӣ мутобиқи моддаи 292 КҶ ҶТ субъект бояд нишонаю аломатҳои хос дошта бошад (субъекти махсус), яъне корманди ташкилоте бошад, ки аз пардохти андоз саркашӣ мекунад.

Ҷиҳати субъективии ҷиноят танҳо бо қасди ошкоро муайян карда мешавад. Шахс ба ин аъмол бо мақсади напардохтани андоз ё худ кам нишон додани миқдори он даст мезанад. Бояд дар назар дошт, ки ин маънои онро дорад, ки гунаҳкор вазифаи ба мақомоти андоз дар мӯҳлати муқарраргардида ва бе таҳрифкорӣ пешниҳод кардани декларатсияи даромаду хароҷот ва бо мақсади напардохтани андоз ба аъмоли дахлдор даст задани худро дарк мекунад ва мефаҳмад.

Андозсупорандагон дар сурати объекти андозбандишаванда доштани онҳо вазифадоранд, ки даромаду хароҷоти яксолаи худро ҳисоб кунанд, ҳисоботи фаъолияти молиявию хоҷагӣ тартиб диҳанд ва ҳамчунин дар мавридҳои зикрнамудаи қонун ба мақомоти андоз ҳисоботи шаклу намунааш маъмули шӯъбаи муҳосибаро пешниҳод кунанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо, ғайр аз зикри ҷамъбасти фаъолияти молиявии шахси ҳуқуқӣ дар давраи ҳисобот бояд ҳамчунин маблағи андозе нишон дода шавад, ки аз шахси ҳуқуқӣ ба буҷети маҳаллӣ ва умумидавлатӣ гузаронида мешавад.

Андозсупоранда, агар объекти андозбандишаванда дошта бошад, бояд ба андозаи муқарраркардаи қонун дар мӯҳлати муайян андоз супорад.

Саҳву хатои ҳисобу китоб ё худ дигар амалҳои шахсеро, ки масалан, бо иштибоҳи беғаразонаи андозсупоранда алоқаманд аст, бинобар беморӣ ё бо сабабҳои дигари узрнок сари вақт пешниҳод накардани декларатсия ва ҳамчунин пешниҳод накардани декларатсия дар сурати пурра саривақт пардохтани андоз ҷиноят ҳисоб кардан нашояд.

Шаҳрвандон ва соҳибкорон бояд дар назар дошта бошанд, ки дар амалияи ҷинояткорӣ принсипи фарзияи бегуноҳӣ ҳаст, яъне қасди ҷиноят содир кардани касро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ исбот намояд57. Шаҳрвандон ва соҳибкороне, ки ин мақомот аз онҳо дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудааст, аслан мавқеи беамалӣ, бефаъолиятиро ишғол карда метавонанд (фаъол набошанд) ва дар ин ҳол ҳуҷҷат пешниҳод накунанд, шарҳу эзоҳот надиҳанд ва баъд барои исботи бегуноҳии худ ба суд далел пешниҳод намоянд. Лекин чунин мавқеъро ишғол кардан маслиҳат нест. Баръакс, дар асоси ҳолатҳои объективие, ки ҷой доранд, бегуноҳии худро фаъолона исбот кардан беҳтар ва салоҳ аст.

Агар ба ҳадду дараҷаи ҷавобгарии шахси воқеӣ, ки барои ҷинояти содиркардааш аз рӯи моддаи 293 ҷазо муқаррар гардондааст, диққат диҳем, ҷазоҳои пешбининамудаи модда он қадар аз ҳам фарқи калон надоранд.

Моддаи 292 КҶ ҶТ ҷавобгарии ташкилотҳоро барои саркашӣ кардан аз пардохти андоз пешбинӣ менамояд.

Субъекти меъёри мазкури ҳуқуқ шахси мансабдори корхона, ташкилот ё муассисае мебошад, ки барои ташкили ҳисобу китоби муҳосибавии корхона ҷавобгар аст, яъне роҳбар, сармуҳосиб аст, ки барои пешбурди ҳисобу китоби муҳосибавӣ ва саривақт пешниҳод кардани ҳисоботи пурра ва дурусти муҳосибавӣ масъуланд ва ҳамчунин дигар шахсонеанд, ки барои пешбурди ҳисобу китоби муҳосибавӣ ва пешниҳоди ҳисобот мутасаддӣ буда, ҳуқуқи имзо кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ҳисоботро доранд.

1) Саркашӣ аз пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) дохил кардани маълумоти бардурӯғ оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст*, —

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад, —

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (мод.292 КҶ ҶТ).

Ин меъёри ҳуқуқ ҷавобгарии ҷиноятии ташкилотҳоеро, барои напардохтани андоз пешбинӣ менамояд, ки ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ маълумоти ошкоро бардурӯғро дар бораи даромаду хароҷот дохил кардаанд ё худ объектҳои дигари андозбандишавандаро пинҳон доштаанд.

Дидаю дониста таҳриф намудани маълумоте, ки ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дохил карда шудааст, ифодаи он буда наметавонад, ки дар ин маълумот ягон манбаи даромад зикр нагардидааст ё худ миқдори даромади ин манбаъ аз будаш камтар ва маблағи аз даромади умумии андозбандишаванда тарҳ карда, маблағи хароҷоти даромади соли ҳисоботӣ зиёдтар нишон дода шудааст ва ғайра.

Ин меъёри ҷиноятии ҳуқуқӣ мисли меъёри пешина қоидаи бланкетӣ дорад. Вай инро ба Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузорӣ оиди андоз, ки тартиби андоз пардохтани ташкилотҳоро танзим мегардонанд ва ҳамчунин ба санади меъёрҳои зерқонун ва меъёрии идоравӣ ҳавола мекунад.

Мутобиқи ин санадҳои меъёрӣ шахси ҳуқуқӣ (андозсупоранда), филиали дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ, намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба шарти объекти андозбандишаванда доштанашон бояд андоз супоранд. Барои муайян кардани вазифаҳои андозсупоранда дар санадҳои қонунгузорӣ ин чизҳо аниқу мушаххас муқаррар ва муайян карда шудаанд:

-андозсупоранда (субъекти андоз);

-объект ва манбаи андоз;

-воҳиди андозбандӣ;

-меъёри андоз (меъёри андозбандӣ);

-мӯҳлати пардохти андоз;

-буҷет ё фоизи давлатӣ, ки ба он маблағи андоз гузаронида мешавад.

Объекти ҷиноят муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии ҷиноятро, ки дар моддаи 292 КҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, ду амал (тарз) боис шуда метавонанд:

-саркашӣ кардан аз пардохти андоз бо роҳи ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дохил кардани маълумоти ошкоро бардурӯғ дар бораи даромад ё хароҷот;

-саркашӣ намудан аз пардохти андоз бо роҳи пинҳон доштани объектҳои дигари андозбандишаванда.

Тарзи якумро дида мебароем: мувофиқи мод.43 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ташкилот бояд ҳисоби муҳосибавиро ба роҳ монад, муомилотеро, ки сабаби ба миён омадани ӯҳдадории андозсупорӣ мегардад, бо ҳуҷҷат асоснок намояд ва ҳамчунин ин навиштаҷот (ҳуҷҷат)-ро камаш панҷ сол эҳтиёт карда монад. Яке аз вазифаҳои асосии ҳисобгирии муҳосибавӣ тартиб додани маълумоти пурра ва дуруст доир ба фаъолияти ташкилот ва ҳолати амволии он аст, ки ҳам барои истифодабарандагони дохили ташкилот (роҳбарон, муассисон, моликон ва ғайра) ва ҳам барои беруни ташкилот (сармоягузорон, қарздиҳандагон (кредиторон ва ғайра), аз ҷумла барои мақомоти андоз зарур аст.

Тартиби умумии ташкили ҳисобгирии муҳосибавӣ, талаботи асосии ба роҳ мондани он ва қоидаҳои дигар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобгирии муҳосибавӣ» аз 14 маи соли 1999 муқаррар карда шудаанд.

Маблағи андозро андозсупоранда дар асоси ҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисобот мустақилона мувофиқи он фасли Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани ин ё он андозро танзим мегардонад, муайян мекунад.

Ҷиҳати объективии ҷиноят дар ин маврид аъмолу кирдори ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда дар бораи даромад ё хароҷоте мебошад, ки дар натиҷаи ин андоз пардохта нашудааст (ё худ нияти напардохтани андоз буд).

Дидаю дониста (бардурӯғ) таҳриф кардани маълумот дар бораи даромад ва хароҷот иборат аз он аст, ки ба ҳуҷҷатҳои ҳисобгирии муҳосибавӣ ё худ ба ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагӣ дидаю дониста (барқасд) маълумоти нодуруст ё худ нопурра дар бораи даромад ё хароҷот дохил карда шудааст, ки дар асоси он маблағи андоз кам пардохта шудааст.

Азбаски дар вақти ҳисоб кардани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз амволи шахсҳои ҳуқуқӣ ва хироҷи замин маълумот дар бораи даромад ё хароҷот истифода намешавад, пас бо роҳи таҳрифи маълумоти доир ба даромаду хароҷот саркашӣ кардан аз пардохти андоз ҷой надорад.

Тарзи дуюми аз пардохти андоз саркашӣ кардани ташкилот пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда мебошад.

Дар Кодекси ҷиноятӣ мафҳуми «пинҳон доштан» нест. Онро меъёрҳои қонунгузории андоз ҳам таъбир намекунанд.

Аз ин рӯ ба этимологияи маъноҳои ин ибора рӯ меоварем. Синонимҳои ин ибора «пӯшонидан», «панаҳ», «рӯпӯш намудан», «руст кардан», «хомӯш мондан», «лаб бастан», «нодида гирифтан» ва ғайра аст.

Дар асоси ин пинҳон доштанро ҳамчун махфӣ нигоҳ доштан, руст кардани ягон чизу чора, ҳодиса ва ғайра маънидод кардан лозим аст. Вобаста ба ин ҳолат мазмуну моҳияти пинҳон доштан аз он иборат аст, ки ин қонуншиканӣ ба маблағи дар ихтиёрдоштаи (ё дар ихтиёраш хоҳад буд) ташкилот дахл дорад, аммо ин маблағро бо ин ё он роҳ пинҳон дошта, дар ҳисобгирии муҳосибавӣ аз рӯи қоида зикр накардаанд, онро мавриди андозбандӣ қарор надодаанд ва оқибат аз ҳисоби манбаи андозбандишаванда умуман баровардаанд.

Ҳолати меъёри мавриди баррасӣ аз пинҳон доштани дигар объектҳои андозбандишаванда далолат мекунад. Ба ҳамин тариқ, ташкилот бо роҳи ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дохил кардани маълумоти ошкоро бардурӯғ аз пардохти андози фоида саркашӣ мекунад, аз пардохти андозҳои дигар бошад, бо роҳи пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда саркашӣ мекунад. Дар ин ҳолат агарчи боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар рӯйхати андозҳо зикр ёфтаанд, вале андоз ҳисоб намешаванд. Бинобар ин аз пардохти онҳо саркашӣ кардани ташкилот ҷиноят ҳисоб намеёбад.

Ҷиҳати объективии намудҳои ҷинояти мавриди баррасӣ аз он иборат аст, ки ташкилотҳо бо роҳи пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда (қитъаҳои замин, амвол, муомилоти мол, кору хизматрасонӣ, арзиши молҳои зераксизи фурӯшӣ ва ғайра) аз пардохти андоз саркашӣ мекунанд.

Субъекти ҷиноят дар (тавсифи) модда зикр нашудааст. Аммо дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобгирии муҳосибавӣ» масъулияти роҳбарон барои ташкили ҳисобгирии муҳосибавии ташкилотҳо ва риояи қоидаҳои муомилоти (амалиёти) хоҷагӣ муқаррар карда шудааст. Ба ҳамин тариқ, дар асоси ин қонун субъекти ҷинояти мавриди баррасӣ роҳбар ва сармуҳосиби (дар сурати дар штати вазифавӣ набудани сармуҳосиб — муҳосиб) ташкилот мебошанд.

Мазмуну моҳияти гуноҳ ҳамчун аломати ҷиҳати субъективии ҷиноят дар он ифода меёбад, ки гунаҳкор барқасд амал карда, аз пардохти андоз саркашӣ кардан ва ҳамчунин барои ҷомеа хавфу хатар доштани кирдорашро мефаҳмад, вале бо вуҷуди ин барои амалӣ шудани он кӯшиш менамояд. Нияту мақсади кирдор ба муайян кардани гуноҳи содиршуда таъсир надоранд.

Ҷиноят аз рӯзи ба мақомоти андоз пешниҳод кардани ҳисоботи муҳосибавӣ, ки дар он манбаи андозбандишаванда ҳисобрасӣ гардидааст, ба охир мерасад.

Меъёрҳои баррасишуда як объекти андозбандишаванда доранд. Дар баробари ин Кодекси ҷиноятӣ бисёр моддаҳое дорад, ки дар соҳаи фаъолияти молиявии давлат ҳангоми ташаккули мадохилоти буҷет ба миён меоянд. Масалан, «соҳибкории бардурӯғ», «соҳибкории ғайриқонунӣ» ва ғайра. Ин моддаҳоро низ ба ваколати мақомоти андоз нисбат додан мумкин мебуд.

МАВЗӮЪҲО БАРОИ МУҲОКИМА:

  1. Мафҳуми қонуншикании молиётӣ.
  2. Қонуншикании барқасд ва ғайрибарқасд.
  3. Шаклҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории андоз.
  4. Намудҳои асосии ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ.
  5. Шаклҳои асосии ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ.
  6. Чораҳои асосии ҷавобгарии ҷиноятии ҳуқуқӣ.
  7. Дигар чораҳое, ки мақомоти андоз дар мавриди андози муқарраргардидаро напардохтан ё худ пурра напардохтани андозсупоранда истифода мебарад.

ТЕСТ — САНҶИШ (ҷавоби дурусташро бигӯед):

1.Оё дар қонун барои қонуншикании молиётӣ аз тарафи шахсони синну солашон аз 14 то 16-сола ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?

  • не;
    • ҷавобгарӣ барои қонуншикании молиётии онҳо на ба зиммаи онон, балки ба зиммаи намояндагони қонуниашон гузошта мешавад.

2. Ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ ба зиммаи ин шахсон гузошта мешавад:

  • ба шахсони воқеӣ-вайронкунандагони қонунгузории андоз;
    • ба соҳибкорони инфиродӣ (алоҳида) ва ташкилотҳо-вайронкунандагони қонунгузории андоз.

3.Ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ ва ҷиноятии ҳуқуқӣ барои қонуншикании молиётӣ ба зиммаи ин шахсон гузошта мешавад:

  • ба соҳибкорони инфиродӣ (алоҳида) ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони дорои ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ) — шахсони гунаҳкори қоидаҳои дахлдори қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ;
    • ба соҳибкорони инфиродӣ (алоҳида), намояндагони қонунӣ ё ваколатдори ташкилотҳо, аз ҷумла агентҳои андоз ва бонкҳое, ки ба риоя нагардидани қоидаҳои дахлдори қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ роҳ додаанд.
  • Оё барои мақомоти ғайримолиётие, ки ҳангоми андозғундорӣ ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, масъулияти молиётӣ пешбинӣ карда мешавад?
  • бале;
    • не.

5. Муайян намоед, ки кадоме аз ин қоидаҳое, ки ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунандаи қонунгузории андозро истисно менамоянд, нодуруст аст:

  • набудани қонуншикании молиётӣ;
    • гуноҳ надоштани шахс барои қонуншикании молиётӣ;
    • гузаштани мурури мӯҳлати кашидан ба ҷавобгарии қонуншикании молиётӣ;
    • аз номи андозсупоранда ба қонуншиканӣ роҳ додани шахси ваколатнадошта.

55 Налоговое преступления и правонарения. Кто и как их выявляет и предупреждает. /Под ред.В.Д.Ларичева.- М.: Учебно-консультационный центр «ЮрИнфоР», 1998. -с.23.

56 Шарлье Ж.-М., Марсилли Ж. Преступный синдикат,-М.: Прогресс, 1983.-с.186.

* Аз пардохти андоз саркашӣ кардани шаҳрванд ба шарте ба миқдори калон содиршуда дониста мешавад, ки маблағи андози пардохтанашуда аз дусад маоши ҳадди ақал ва ба миқдори махсусан калон аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад.

57 Ларичев В.Д., Решетняк Н.С.Налоговые преступления и правонарушения. Кто и как их выявляет и

предупреждает.-М.: Учебно-консультационный центр «ЮрИнфоР», 1998.-с.42.

* Агар маблағи напардохтаи андоз ва ё дигар пардохтпулиҳои ҳатмӣ аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад, он ба миқдори калон аз тарафи ташкилот напардохтани андоз ё пардохти дигар ҳатмӣ дониста мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *