Фанни Андоз

Объект ва мояи андозбандӣ

Манбаъ ва миқёси андоз

Мутобиқи назарияи маъмул[1]34 объекти андозбандӣ воқеияти ҳуқуқие (амалиёт, ҳодисот, ҳолот) мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ба миён омадан, тағйир ёфтан ва ё қатъ гардидани ҳуқуқу вазифаҳои андозро бо онҳо алоқаманд медонанд (Нақши 6.3.).

Ба чунин воқеиятҳое (амалиёт, ҳодисот, ҳолот), ки бо ба миён омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо алоқаманданд, ин корҳоро нисбат додан мумкин аст:

  • фурӯхтани мол, иҷрои кору хизматрасонӣ;
  • овардани мол ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • соҳиб гаштан ба амвол;
  • гирифтани даромад ва ғайра.

Тавсифи ҳар андоз (боҷ) бояд ҳолатеро (объекти андозбандиро) дар бар гирифта бошад, ки дар сурати рух доданаш барои ин ё он шахс аз рӯзи муайян ӯҳдадории бо қонун муқарраргардидаи пардохти андоз сар мешавад.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърифу тавсифи объекти андозбандӣ чизе гуфта нашудааст ва таснифоти ҳуқуқии он ба назар намерасад. Ин ба аниқ муайян кардани хусусиятҳои объекти андозбандӣ имконият намедиҳад ва боиси дарҳамбарҳамии мафҳумҳои баъзе навъҳои чунин объектҳо гашта, ба таври доманадор таъбиру маънидод карда мешавад ва ҳоказо.

Ҳол он ки барои муайян кардани объекти андозбандӣ таърифи баъзе истилоҳоти ҷоринамудаи Кодекси андозро истифода бурдан мумкин аст (мод.27). Масалан, хизматрасонӣ ҳаргуна фаъолияти баподошест, ки иҷрояш фиристодани мол ё иҷрои ин ё он корро наметалабад. Иҷрои кор иҷрои баподоши ҳар гуна фаъолиятест, ки натиҷаи он ҷиҳати моддӣ дорад.

Фиристодани мол вогузоштани ҳуқуқи моликият ба мол, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан, иваз ё тӯҳфа кардан, бо мол пардохтани музди меҳнат ва дигар хел пардохтҳои молӣ (натуравӣ), инчунин ба ихтиёри гаравдор вогузоштани моли ба гаравмонда мебошад.

Ҳангоми муайян кардани истилоҳот номгӯи пурраи моле (кор, хизмат), ки онро барои муайян намудани объекти андозбандӣ (хизматрасонӣ, хизматрасонии молиявӣ, даромад аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) истифода менамоянд, татбиқ карда мешавад.

Олимони гуногуни андозшинос мафҳуми объекти андозбандиро ҳар хел таъбиру маънидод карда метавонанд. Баъзеи онҳо объектҳои моддӣ ва ғайримоддиро объекти андозбандӣ ҳисобида, онҳоро бо муносибатҳои андозӣ алоқаманд мекунанд[2]35. Ба ин даъво розӣ шудан мумкин нест, зеро ин объектҳо худ аз худ боиси ба миён омадани муносибатҳои андозӣ шуда метавонанд. Муносибатҳои андозӣ метавонанд дар сурати тағйир ёфтани ҳуқуқи моликият ба ин объектҳо ба миён оянд. Муносибатҳои андозӣ ҳамчунин дар ҳолатҳои дигар ва ё амали объекти андозбандишаванда бо давлат новобаста бо амал ё беамалӣ (истифодаи роҳҳои автомобилгард) ба миён меоянд.

Масъалаи объектҳои андозбандӣ аз ҷумлаи мушкилоти мураккабтарин аст, чунки аввало, сершумории объектҳо боиси беасос ба амал омадани андозҳои нав мегардад, дуюм, онҳо дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ бояду шояд таҳқиқ нашудаанд ва сеюм, ҳангоми таҳқиқи масъалаҳои объектҳои андозбандӣ муносибати комплексиро татбиқ кардан беҳтар аст, яъне қоидаҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҳуқуқшиносии молиявӣ ва гражданӣ истифода карда шавад.

Мафҳуми «мояи андозбандӣ» аз рӯи маъно ба мафҳуми «объекти андозбандӣ» наздик аст. Ин мафҳум (мояи андозбандӣ) аломатҳои моҳиятан воқеӣ (на ҳуқуқӣ)-ро муайян мекунад, ки барои ситонидани андози дахлдор асос мешаванд.

Чунончӣ, объекти андози соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт аст (на худи воситаи нақлиёт, чунонки дар мод.268 Кодекси андоз зикр шудааст). Воситаи нақлиёт ҳамчун мояи олами моддӣ худ ба худ ягон оқибати андозро сабаб намешавад ва мояи андозбандӣ мебошад.

Объекти андозро ҳолати муайяни субъект (шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ) нисбати мояи андозбандӣ боис мешавад. Дар ин маврид чунин ҳолати муайян бо ҳуқуқи моликияти касе ба воситаи нақлиёт алоқаманд буда, он боиси ӯҳдадории мушаххаси андозпардозии соҳибони воситаҳои нақлиёт мегардад.

Дар моддаи 117 Кодекси андоз субъекти андози даромади шахсҳои воқеӣ аз ҷиҳати назариявӣ дуруст муайян карда шудааст: «Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо – шахсони воқеӣ супорандагони андози даромад мебошанд». Лекин объекти ситонидани андози даромад дарвоқеъ худи даромад не (банди 1 мод.118), балки ҳақиқати (воқеияти) гирифтани ин даромад мебошад (ҳуқуқдор шудан ба ин даромад). Аз даромади шахси воқеӣ, ки ба ин даромад касе ҳуқуқдор намебошад ва ҳоло худи ин даромад мавҷуд нест, аз даромаде, ки ба шахси ба ин даромад ҳуқуқдор гузаштанаш соҳибашро дигар накардааст (музди меҳнати таъиншуда, дивиденди муқарраргардида аз рӯи саҳмияҳо) андози даромад ситонидан мумкин нест. Дар ин ҳолат мояи ситонидани андози даромад маводи даромад сифати андозсупоранда аст, аз қабили маблағу амвол (тӯҳфа) хизматрасонии бепул ва манфиат (қарзи боимтиёз, истифодаи автомобили корхона).

Манбаи андоз барои ифодаи миқдории мояи андозбандӣ хизмат мекунад. Агар баъзан мояи андозбандӣ бо ягон тарзу усул ҳисоб карда баромада шавад, манбаи андозбандӣ як ҷузъи мояи андозбандӣ мебошад. Нисбати он меъёри андоз, бевосита татбиқ мегардад (масалан, даромади пулӣ, нархи амволе, ки ҳамчун даромад ба даст омадааст).

Аксаран мояи андозбандиро бевосита бо ягон хел воҳиди андозбандӣ ифода кардан амри муҳол аст. Дар ин маврид барои чен кардани мояи андозбандӣ даставвал ҷиҳати арзишӣ ва ё ягон ҷиҳати воқеиро интихоб кардан, яъне миқёси андозро муайян намудан зарур аст (тартиби ҳисоб карда баромадани манбаи андоз).

Масалан, мояи андози соҳибони воситаҳои нақлиёт воситаи нақлиёт аст. Барои чен кардани он бо мақсади андозбандӣ дар кишварҳои гуногун ҷиҳатҳои гуногуни физикӣ татбиқ карда мешаванд: дар Фаронса ва Италия — иқтидори мотор, дар Белгия ва Нидерландия — вазни автомобил, дар Германия — ҳаҷми кори мотор. Дар Тоҷикистон манбаи чунин андоз иқтидори мотори воситаи нақлиёт ба ҳисоби қувваи асп аст. Дар ин ҳолат асоси андоз ҷузъи мояи андозбандӣ намебошад.

Чунончӣ, дар моддаи 290 Кодекси андоз муқаррар шудааст, ки ҳавлию хонаҳои истиқоматӣ, дачаву гаражҳо ва дигар иморату биноҳо, манзилу иншоотҳо (ҳарчанд тибқи назария ин амвол объект не, балки мояи андозбандӣ аст) объектҳои андозбандӣ, андози маҳаллӣ аз амволи ғайриманқули шахсҳои воқеӣ мебошанд. Ба сифати манбаи имконпазири андоз (манбаи мушаххаси андозро мақомоти ваколатдори маҳаллӣ муайян мекунанд) арзиши бозории онҳо, ё арзиши инвентаризатсионӣ ва ё арзиши суғуртавӣ, ё худ арзиши ба тарзи дигар ҳисобгардидаи мояи андозбандӣ муайян карда шудааст.

Худи ҳамон як амвол метавонад мояи чандин андоз гардад ва ҳар дафъа тартиби ҳисобкарда баромадани манбаи андоз (миқёси андоз) метавонад фарқ кунад.

Чунончӣ, автомобили ба ҷумҳурӣ воридгардида мояи ситонидани боҷи гумрукист, ки он дар асоси арзиши гумрукии автомобил муайян карда мешавад. Вай ҳамчунин мояи ситонидани андози БДА буда, маблағи он ба навъи воситаи нақлиёт вобаста аст. Худи ҳамин автомобил инчунин мояи андозбандӣ шудани соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад, ки андози он аз рӯи иқтидори мотор ба ҳисоби қувваи асп муайян карда мешавад.

Байни объекти андозбандӣ ва манбаи андоз, яъне захираи маблағе, ки бевосита барои пардохти андоз истифода мешавад, фарқ гузоштан лозим аст. Танҳо ду манбаи асосӣ — даромад ва сармояи андозсупоранда ҳаст, ки андоз аз ҳисоби онҳо пардохта мешавад.

Чунончӣ, доир ба объекти андозбандӣ шудани истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қонунгузорӣ на истифодаи ҳақиқии шабакаи роҳҳои автомобилгарди мамлакат, балки молфиристӣ, иҷрои кор ва хизматрасониро, ки аз онҳо андози арзиши иловашуда меситонанд, муқаррар кардааст (мод.273 КА ҶТ). Дар баробари ин аз тарафи андозсупоранда ба кадом андоза истифода шудани роҳи автомобилгард аз нигоҳи андозбандӣ аҳамият надорад. Мояи андозбандӣ мол, кору хизматрасониҳои зикршуда мебошанд. Манбаи пардохти андоз даромад буда метавонад, ки андозсупоранда аз фиристодани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ё худ дигар даромад ё маблағи қарзгирифта ва ё аз фурӯши амвол ба даст овардааст. Агар андоз мунтазам аз ҳисоби сармоя пардохта шавад, оқибат сармоя тамом мешавад ва имконияти пардохти андоз аз байн меравад. Бинобар ин, андоз, одатан на аз ҳисоби сармоя, балки аз даромади андозсупоранда бояд пардохта шавад.

Даромади шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ — андозсупоранда ҳар шакл буда метавонад (музди меҳнат, фоида, рента (суд), фоиз (баҳра). Шакли даромад барои мақсадҳои андозбандӣ аҳамияти калон дорад, зеро ҳаҷми андози аз онҳо ситонидашаванда барои ҳар хел андозсупоранда гуногун буда метавонад.

Маҷмӯи шаклҳои гуногуни даромади аҳолӣ дар сатҳи (миқёси) макроиқтисодӣ даромади миллиро ташкил медиҳад, ки он воқеан манбаи пардохти андоз мебошад.

Аниқ муайян кардани тартиби ташаккули манбаи андоз, яке аз масъалаҳои асосиест, ки ҳангоми муайян кардани андоз пеш меояд. Чӣ қадар андоз супоридани ҳар шахсро аниқ муайян кардан ба ҳамин вобаста аст.

Ин масъала бисёр ҷиҳатҳо дорад, ки дар байни онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати ҳудудӣ (ҳадди ҳуқуқи ҳалли масъалаи андоз аз ҷониби давлат) ва ҷиҳати давравӣ (тақсими манбаи андоз байни давраҳои гуногуни андозсупорӣ)-ро зикр кардан зарур аст.

Унсурҳои тавсифи андоз «субъекти андозбандӣ» ва «объекти андозбандӣ» ба ҳам зич алоқаманданд. Назарияи андозбандӣ муайян кардааст, ки вобаста ба алоқамандии субъект бо давлат андозҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: андозҳое, ки ба усули резидентӣ асос ёфтаанд (андозҳои резидентӣ) ва андозҳое, ки ба усули ҳудудӣ асос ёфтаанд (андозҳои ҳудудӣ). Фарқ дар он аст, ки дар андозҳои резидентӣ объекти андозбандиро субъект, вале дар андозҳои ҳудудӣ субъекти андозбандиро объект муайян мекунад.

Усули резидентӣ барои мамлакатҳои тараққикарда фоидаовар аст, зеро шаҳрвандони онҳо аз фаъолият (муомилот) ва ҷойгиронии сармоя берун аз хоки кишварашон даромади калон мегиранд.

Барои мамлакатҳое, ки дар иқтисодиёти онҳо сармояи хориҷӣ мақоми калон дорад, усули ҳудудӣ фоидаовартар аст. Дар ин маврид андоз танҳо аз даромаде, ки дар ин ё он мамлакат ба даст омадааст, новобаста ба вазъи миллӣ ё ҳуқуқии андозгиранда ситонида мешавад ва даромади хориҷии шаҳрвандони ин давлат аз андоз озод карда мешавад. Дар ин сурат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз давлатҳои дигар даромад мегиранд, барои пинҳон доштани даромаде, ки ба ватан мефиристанд, ягон хавфу хатаре таҳдид намекунад (бо назардошти он ки аз ин даромад дар ҷои мегирифтагиашон андоз ситонида мешавад).

Шояд қобили қабул донистан ва истифода кардани ин усулҳо дар андозбандиҳои роиҷи ҷумҳурӣ ба манфиати миллии иқтисодӣ мувофиқат хоҳад кард.

  1. 34 Ниг.: Основы налогового права (зери таҳрири С.Г.Пепеляев). — М.: Инвест Фонд, 1995. — саҳ.49-55.

  2. 35 Ниг.: Гуреев В.И. Российское налоговое право.-М.: Экономика, 1997.-саҳ.60.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *