Фанни Андоз

Қурби (Нархи) асъор ва паритети асъор

  1. Моҳият ва таснифи нархи асъор.
  2. Қурби (Нархи) асъор ҳамчун категорияи макроиқтисод.

Қурби асъор ин таносуби мубодилавии байни ду асъор мебошад, яъне нархи воҳиди пулии як мамлакат, ки дар воҳиди пули мамлакати дигар ифода карда шудааст. Таснифи намудҳои қурби асъор чунин аст

Меъёрҳо Намудҳои қурби асъор
1 Тарзи муқаррарнамоӣ -тағйирёбанда, муомехта
2 Тарзи ҳисобнамоӣ -паритети,ҳақиқӣ
3 Намуди мубодила -мубодилаи мӯҳлатнок, спот, своб
4 Тарзи муайянкуни -расми, ғайрирасмӣ
5 Муносибат нисбат ба паритети қобилияти харидории асъор -баланд , паст, паритети.
6 муносибат нисбат ба

иштирокдорони мубодила

-қурби харид, қурби фурӯш, қурби миёна
7 Мувофиқи ҳисоби беқурбшавӣ

(таваррум)

-ҳақиқӣ, номиналӣ
8 Мувофиқи тарзи фуруш -қурби нақдӣ фуруш, қурби ғайринақдифуруш, қурби яклухти мубодилаи асъор,

қурби банкноти

Ҳар як мафҳумҳои асосие, ки дар бозори асъор мавриди истифода қарор мегирад мафҳуми қурби ҳақиқи ва номиналии асъор мебошад. Қурби номиналии асъор миқдори асъори миллие, ки ба як воҳиди асъори хориҷи иваз карда мешавад, ифода мекунад, ва ё баръакс.

Қурби ҳақиқии асъор ин қурбест, ки таносуби қурбҳоро дар байни ду мамлакат ба ҳисоб мегирад. Вай миқдори молҳо ва хизмадҳои мили, ки ба як воҳиди мол ва хизматҳои хориҷи харида мешаванд нишон медиҳад ва ё баръакс.Қурби ҳақиқии асъор мувофиқи формулаи зерин муайян карда мешавад.

Lr=Ln*Ph/Pf

Lr-қурби ҳақиқӣ;

Ln-қурби номиналӣ;

Ph-нархи молҳо ва хизматҳои миллӣ; Pf— нархи молҳо ва хизматҳои хориҷӣ.

Дар шароити муосир қурби асъор ҳамчун дигар нархҳои бозор дар зери таъсири талабот ва пешниҳод барқарор мешаванд. Тавозуни талабот ва пешниҳод дар бозори асъор ба барқароршавии тавозуни қурби бозории асъор меоварад.

Е-тавозуни фундаменталии қурби асъорроифода мекунад

ҳаҷми талабот Q

Дар ин ҷо миқдори талаботба асъори хориҷӣ мувофиқи

нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешавад;

1.талаботи мамлакат ба воридоти молҳо ва хадамот;

2.хароҷоти сайёҳони ин мамлакат, ки ба хориҷи кишвар мераванд

  1. талаботи мамлакат ба активҳои молиявии хориҷӣ
  2. талаботи резидентҳои мамлакат, ки хоҳиши татбиқ намудани лоиҳаҳои инвеститсиониро дар хорича доранд.

Ҳар чи қадаре, ки қурби асъори хориҷӣ баланд бошад ҳамон қадар талабот ба вай кам мешавад ва баръакс.

Дар ин ҷо миқдори пешниҳоди асъори хориҷӣ аз инҳо вобаста аст;

1.талаботи резидентҳои давлатҳои хориҷӣ ба асъори ин мамлакат;

2.талаботи сайёҳони хориҷӣ ба хизматҳо дар ин мамлакат;

3. талаботи инвесторҳои хориҷӣ ба активҳое, ки дар асъори миллии ин мамлакат ифода ёфтаанд;

4.талабот ба асъори ин мамлакат аз тарафи резидентҳои хориҷӣ ки хоҳиши татбиқ намудани лоиҳаҳои инвеститсиониро дар ин мамлакат дорад.

Ҳамин тариқ ҳарчи қадаре, ки қурби асъори хориҷӣ нисбати асъори миллӣ баланд бошад ҳамон қадар камтар миқдори субъектҳои миллии бозори асъор асъори миллиро ба асъори хориҷи иваз мекунанд ва баръакс

Яке аз назарияҳои бонуфузи муайянкунии қурби асъор назарияи паритети қобилияти харидори мебошад. Паритети қобилияти харидориро бо формулаи зерин ифода кардан мумкин аст;

Р(h)=S*P(f) дар ин ҷо;

Р(h)-нархи моли А дар дохили мамлакат;

S- нархи спот;

P(f)-нархимоли А дар хориҷа.

Ҳамчун натиҷаи ин қурби асъор мувофиқи арзиши нисбии пули ду мамлакат ки аз сатҳи нарх ва сатҳи нарх дар навбати худ аз миқдори пули дар муомилот буда вобаста аст, муайян карда мешавад.

М*V=P*Q назарияи миқдори пул

M=P*Q/V миқдори пули дар муомилот буда.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *