Фанни Андоз

Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни буҷет ва андозсупоранда

Агентҳои андоз

Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни андозсупорандагон ва хазинаи давлат, ба ҳайси як навъ пулроҳаи пардохти андоз ба буҷет ё фонди давлатӣ вазифаҳои муайянро дар соҳаи андозбандӣ низ ба ҷо меоваранд. Вобаста ба ин дар қонунгузорӣ рӯйхати ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти онҳо дар соҳаи андозбандӣ муайян карда шудааст.

Чунончӣ, бонкҳо (ташкилотҳои молиявии кредитӣ) мутобиқи мод.47 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пардохти андоз ҳамчун миёнарави байни давлат ва андозсупоранда ӯҳдадоранд, ки:

  • ба шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ танҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки ба андозсупорандагон рақами мушаххас додани мақомоти андозро тасдиқ мекунанд, (гузаштан ба ҳисобрасии андоз), суратҳисобҳо ва ҳисобномаҳои дигар кушоянд (ғайр аз ҳисобҳои амонатгузории (депозитии) шахсони воқеӣ);
  • мақомоти андозро дар давоми 5 рӯзи ҳисобномаҳои мазкурро кушодани андозсупоранда огоҳ намоянд ва ба ҳуҷҷатҳои бонкӣ рақами мушаххаси андозсупоранда нагузошта, бо ҳисобномаҳои мазкур муомилот анҷом надиҳанд;
  • дар навбати аввал ба истиснои афзалияти музди кор супоришҳои андозсупорандагонро дар бораи аз суратҳисоби онҳо ва ё аз ҳисобномаҳои дигар, аз ҷумла, аз ҳисобномаи асъор пардохтани андозро баҷо оваранд;
  • маблағи андозро ба даромади буҷети дахлдор (ё фонди давлатӣ) дар рӯзи аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб ё дигар ҳисобномаҳои андозсупоранда ба бонк ё ташкилоти дигари молиявии кредитие, ки хизмати кассавии буҷет (фонди давлатӣ)-ро ба ҷо меоварад, гузаронанд;
  • ба мақомоти андоз маълумотро дар бораи амалиёти молиявию хоҷагии андозсупоранда – мизоҷони ҳамин бонкҳо дар соли гузаштаи молиявӣ бо тартиби пешбиникардаи моддаи 32 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пешниҳод намоянд.

Ғайр аз ин, бонкҳо ва ташкилотҳои дигари молиявии кредитӣ вазифадоранд дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андозро баҷо оваранд.

Дар сурати аз ҷониби бонкҳо (ташкилотҳои молиявии кредитӣ) ва мансабдорони онҳо баҷо наовардан ё номатлуб баҷо овардани ӯҳдадориҳои мазкур дар моддаи 83 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар санадҳои дигари қонунгузорӣ барои камбудиҳои роҳдодаашон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Мақомоти андоз (бахшҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ) ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти бонкҳо (ташкилотҳои молиявии кредитӣ)-ро оиди саривақт иҷро кардани пардохтномаҳои андозсупорандагон дар бобати ба буҷет ё фонди давлатӣ гузаронидани пардохтҳои андоз тафтиш намоянд.

Агентҳои андоз аз рӯи вазъи ҳуқуқиашон то андозае ба андозсупорандагон баробар карда шудаанд, агарчанде онҳо иштироккунандагони мустақили муносибатҳои ҳуқуқии андозанд.

Агентҳои андоз шахсонеанд, ки мутобиқи қонунгузорӣ бояд ба пардохти андоз мусоидат намоянд.

Мувофиқи моддаи 22 Кодекси андоз агенти андоз шахсест, ки корманди мақомоти андоз набуда, ба зиммаи вай мутобиқи қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани андоз, ситондани он аз андозсупорандагон ва ба буҷети дахлдор

(фонди давлатӣ) гузаронидани он гузошта шудааст*.

Чунончӣ, мутобиқи моддаи 146 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсҳои зерин (агентҳои андоз) вазифадоранд, ки аз манбаи пардохт андоз супоранд;:

  1. шахсҳои ҳуқуқие, ба шахсони воқеии машғули меҳнати кироя маблағ мепардозанд;
  2. шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳаққи муздуронро мепардозанд;

3. шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба дигар шахсон нафақа медиҳанд, ба истиснои нафақаи давлатӣ;

4. шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ суд (дивиденд) медиҳанд;

5. шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ суд (дивиденд) медиҳанд;

6. шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба ғайрирезидентҳои манбаи пардохт суд (дивиденд), фоиз, пули суғурта, хизматонаи алоқа ва нақлиёт, роялти (ҷубронпулӣ), подоши (идорӣ) маъмурӣ, даромад аз кор ё хизматрасонӣ, музди меҳнат ва даромадҳои дигаре медиҳанд, ки тартиби андозбандӣ шудани онҳо дар моддаи 149 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Нақши 4.1.

МИСОЛЊОИ АГЕНТЊОИ АНДОЗ
— корхонаю муассисаҳо, соҳибкорони алоҳида (инфиродие), ки вазифадоранд ҳангоми додани музди меҳнат ё мукофотпулӣ аз рўи шартномаҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ (гражданӣ) аз даромади кормандони худ андози даромад, ҳиссаи ҳифзи иҷтимоӣ ва андози таъминоти нақлёти ҷамъиятии мусофиркашро ситонанд ва ба буҷет, фонди давлатӣ гузаронанд.

Ҳуқуқҳои агенти андоз мисли ҳуқуқҳои андозсупоранда аст.

Ин корҳо аз вазифаҳои асосии агенти андозанд:

  • дуруст ва саривақт ҳисоб кардани андозҳои дахлдор, аз андозсупоранда ситонидани онҳо ва гузаронидан ба буҷети дахлдор (фонди давлатӣ);
  • ба ҳисоб гирифтани даромаде, ки ба андозсупорандагон пардохта шудааст ва андозҳое, ки аз маоши онҳо нигоҳ доштаанд ва ба буҷетҳои дахлдор (фондҳои давлатӣ) гузаронда шудаанд, аз ҷумла ба ҳисоб гирифтани даромади ҳар андозсупоранда);
  • ба мақомоти андоз пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳое, ки барои таҳти назорат гирифтани дурустии ҳисоб кардан, ситондан ва гузаронидани андоз заруранд;
  • иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи қонунгузории андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта шудаанд.

Агенти андоз барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳояш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ ҷавобгар аст.


*Дар ин таърифи агенти андоз вазъи шахси воқеӣ дар назар дошта шудааст (корманди мақоми андоз намебошад). Аммо, чунонки таҷриба нишон медиҳад, аксар вақт шахси ҳуқуқӣ агенти андоз мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *