Фанни Андоз

Имтиёзҳои андоз

Ҳамаи имтиёзҳои андоз як мақсад доранд, яъне ҳавасманд кардани андозсупоранда ба иҷрои ягон кору амал (беамалӣ) бо роҳи ихтисор намудани ҳаҷми ӯҳдадориҳои андози ӯ.

Масалан, пешниҳод шуда буд, ки ба воситаи имтиёзҳои андоз дар Тоҷикистон чунин навъҳои соҳибкорӣ равнақу ривоҷ дода шаванд:

-соҳибкорие, ки даромаднокии дараҷаи меъёри миёнаи фоидаро таъмин намекунад;

-соҳибкорие, ки истеҳсоли навъҳои маҳсулоти камёфт ва барои ҷамъият бағоят зарурро таъмин менамояд;

-соҳибкорие, ки барои деҳот зарур буда, ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум равона шудаанд ва барои шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд38.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки (б.5 мод.6) имтиёзҳоро оиди андозҳои умумидавлатӣ Парламенти бо пешниҳоди Ҳукумат бо қабули санадҳои қонунгузории андоз медиҳад. Имтиёзи андозҳои маҳаллӣ дар Кодекси андоз танзим гардонида нашудааст.

Дар Кодекси андоз, бар акси Қонуни бекоршудаи «Дар бораи асосҳои системаи андоз» (с.1994), ки дар он навъҳои имтиёз аниқ муайян карда шуда буданд, ин масъала аз мадди назар то андозае дур мондааст.

То қабул шудани Кодекси андоз (соли 1998) дар Тоҷикистон чунин навъҳои имтиёзи андоз қонунан муқаррар шуда буданд39:

  • ҳадди ақали андозбандинашавандаи объекти андоз;
  • аз андозбандии унсурҳои муайян хориҷ кардани объекти андоз;
  • аз пардохти андоз озод кардани баъзе шахсон ё худ баъзе категорияҳои андозсупорандагон;
  • кам кардани меъёри андоз;
  • дароз кардани мӯҳлати пардохти андоз;
  • дигар имтиёзҳои андоз.

Ҳадди ақали андозбандинашавандаи объекти андоз дар Тоҷикистон танҳо барои андози даромади шахсони воқеӣ муқаррар карда шудааст. Ҳангоми ҳисоб карда баромадан ва пардохтани ин андоз ҳар моҳ аз ин маблағи андозбандишаванда ҳадди ақали даромаде, ки аз он андоз ситонида намешавад, бароварда мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани моҳонаи ҳадди ақал муайян карда шудааст, ки он бо санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад (аз 01.01.2003) баробари 5 сомонӣ буд).

Аммо дар амалияи (мақомоти) андозситонӣ воҳиде ба сифати андози даромади андозбандинашавандаи маоши ҳадди ақал истифода мешавад, ки ба 2 сомонӣ баробар аст (агарчӣ қонунан ягон мақомоти давлатӣ салоҳияти муқарррар намудани ин воҳидро надорад).

Дар натиҷа, шахсоне, ки даромади ҳадди ақал доранд, мутобиқи қонунгузории андоз аз рӯи андози даромад дар назди давлат ӯҳдадоранд, ки ин ба принсипҳои андозбандию андозситонӣ ҳеҷ мувофиқат намекунад.

Мақсади бо имтиёз супурдани андоз андозбандӣ накардани баъзе мояи (объектҳои) андозбандишаванда аст.

Чунончӣ, бо мақсади дастгирӣ намудани бахши молиявии мамлакат ва ҳамчунин бо назардошти душвории ҳисоби андози ҳаҷми хизматрасонӣ, хизматрасонии молиявӣ объектҳо аз пардохти андози арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешаванд. Аз ААИ инчунин хизматрасонии тиббӣ, баъзе навъҳои хизматрасонии таълимӣ озод карда шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳам, ки заминҳои нобобро обод мекунанд, ба муддати 5 сол ва ҳамин хоҷагиҳое, ки бо замини обод сарукор доранд, ба мӯҳлати 1 сол аз хироҷи замин озод карда мешаванд.

Тарҳкунии андоз имтиёзе мебошад, ки мақсад аз он кам кардани манбаи андоз аст. Нисбати андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози даромади шахсони воқеӣ гузаштҳо на ба даромад, балки ба хароҷоти андозсупоранда алоқаманданд. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад фоидаи андозбандишавандаро ба андозаи хароҷоте кам кунад, ки аз тарафи ҷамъият ва давлат ҳавасманд карда мешавад (эҳсонкорӣ, соҳаи иҷтимоӣ, экология ва ғайра). Аз рӯи андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ нисбати эҳтиёҷоти эҳсонкорӣ, нисбати қарзҳои шубҳанок ва бефоида, нисбати дигар хароҷот тарҳкунӣ муқаррар карда шудааст.

Кам кардани меъёри андоз ҳамчун яке аз имтиёзҳои ААИ ва аксиз ҳангоми содирот пешбинӣ гардидааст (меъёр — 0 фоиз).

Роҳбари мақомоти молияи дахлдор бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати пардохти андози ба буҷети дахлдор воридшавандаро то 6 моҳ дароз кунад (ба вақти дигар мононад). Дароз кардани мӯҳлати пардохти андоз андозсупорандаро аз пардохти фоизҳои саривақт ба буҷет нагузарондани андоз озод намекунад (мод.61 КА ҶТ).

Қонунгузории мамлакатҳои дигар метавонад ҳодисаҳои дароз кардани мӯҳлати пардохт ё ба дигар вақт монондани пардохти андозро пурра муайян намояд (мод. 64 КА ФР).

Мӯҳлати пардохти андози шахси манфиатдорро танҳо дар ҳолатҳои зерин дароз кардан мумкин аст: 1) агар дар натиҷаи офати табиӣ, фалокати қувваи рафънопазир ба ин шахс осебу зиён расида бошад; 2) аз буҷет ҷудо кардани маблағ барои ин шахс ё худ пардохти музди супориши давлатии иҷрокардаи ин шахс ба таъхир афтода бошад; 3) дар мавриди якбора пардохтани андоз ба ин шахс муфлисшавӣ таҳдид намояд; 4) агар вазъи амволии шахси ҳуқуқӣ ба якбора пардохтани андоз имкон надиҳад; 5) агар истеҳсол ва (ё) фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонии шахс мавсимӣ бошад. Рӯйхати соҳаҳо ва навъи фаъолияти мавсимиро Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ мекунад; 6) асосҳои дигаре, ки дар Кодеки гумруки Федератсияи Россия доир ба андозҳое, ки бо гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Федератсияи Россия вобастаанд, пешбинӣ шудаанд.

Мӯҳлати пардохти як ё чандин андоз метавонад дароз карда шавад.

Агар мӯҳлати пардохти андоз дар асоси талаби бандҳои 3,4 ва 5 дароз карда шуда бошад, ба маблағи қарз дар асоси меъёри баробари нисфи меъёри маблағгузории Бонки марказии Федератсияи Россия, ки дар давраи дароз кардани мӯҳлати пардохти андоз амал мекарданд, фоизҳо зам мегарданд, ба шарте, ки дар қонунгузории гумруки Федератсияи Россия нисбати андозҳои вобаста бо гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Федератсияи Россия пардохташаванда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар мӯҳлати пардохти андоз дар асоси талаби бандҳои 1-2 дароз карда шуда бошад, фоизҳо ба маблағи қарз зам карда намешаванд.

Ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтани маблағи андози фоидаи шахсҳои ҳуқуқӣ барои соли андозбандишаванда дар муқобили маблағи андози амвол барои ҳамин давра навъи махсуси имтиёзи андоз аст, ки он бо шаклҳои дар Тоҷикистон ҷорикардашудаи андози фоидаи шахсҳои ҳуқуқӣ моликият ва андози амволи корхонаҳо вобаста мебошад (мод.266 КА ҶТ). Ин имтиёз бо мақсади асоснокгардонии зарурати муқаррар намудани андози нави амволи корхонаҳои аз ибтидо сустасос ҷорӣ карда шудааст.

Масъулияти қонуншиканиҳои андоз

Қонуншикании андоз кирдори (амал ва ё беамалии) зиддиқонунии (вайрон кардани қонунгузории андоз) андозсупоранда, агенти андоз ва намояндагони онҳо мебошад, ки барои он қонунгузории кишвар ҷавобгарӣ муқаррар кардааст (мод.73 КА ҶТ).

Муқаррар гардидааст, ки иҷрои ӯҳдадории андоз бо амали маъмурияти андоз, бо чораҳои масъулияти маъмурӣ ва ҷиноятӣ ва ҳамчунин бо чораҳои масъулияти андоз мутобиқи қонунгузории ҷорӣ, гарави арзишҳои молиявӣ ва молию моддӣ, кафолату замонати қарзхоҳони (кредиторҳои) андозсупорандагон таъмин карда мешавад (мод.11 Қонуни бекоршуда «Дар бораи асосҳои системаи андоз»).

Ба ҳамин тариқ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон се хел масъулиятро барои қонуншикании андоз пешбинӣ менамояд.

Шаклҳои масъулияти андоз барои саривақт пешниҳод накардани декларатсия (мод.80 КА ҶТ), кам карда нишон додани маблағи декларатсияшавандаи андоз (мод. 81 КА ҶТ), вайрон кардани тартиби супурдани ААИ (мод.82 КА ҶТ), қонуншикании бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ (мод.83 КА ҶТ), монеъ шудан ба гузаронидани тафтишоти андоз (мод.84 КА ҶТ) ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Дар сурати мустақиман ислоҳ кардани саҳву хатое, ки дар натиҷаи он ӯҳдадории андоз пеш аз оғози тафтишоти андоз нодуруст муайян карда ва ба ҷо оварда шудааст, андозсупоранда, ба истиснои пардохти андоз ва фоизҳо, аз масъулият озод мегардад.


38 Комилов С.Д., Ќаюмов Н.К., Нурмаҳмадов М.Н. Дурнамои пешрафти иқтисодиёти бозаргонӣ. Нашри 2-юм. — Душанбе, 1998. — саҳ.126.

39 Ниг.: Моддаи 10-уми Ќонуни бекоркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои системаи андоз».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *