Фанни Андоз

Принсипҳои асосии ҳуқуқи андоз

Танзими ҳуқуқии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои муайян асос ёфтааст.

Принсипи ҳуқуқӣ асоси дастуриест, ки чун қоида дар қонун ё санадҳои иловагии (зерқонуни) меъёрӣ муайян карда шудааст. Ҳамин тавр принсипи дар асоси ҳуқуқ тартибёфтаи системаи андоз манбаи бунёдгузор аст, ки нишонҳои умумӣ ва махсуси ҳуқуқи (қонунгузории) андозро устувор мегардонад.

Принсипҳои ҳуқуқӣ инъикоскунандаи қонунияти объективӣ ва сабабгори инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ мебошанд. Дар онҳо қонунияти иқтисодӣ ва сиёсии тараққиёти Тоҷикистон ба шакли ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва муайян гардидаанд.

Системаи принсипҳои андозбандӣ принсипҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилиро дарбар мегирад.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ байни принсипҳои умумиҳуқуқӣ (умумисоҳавӣ) ва махсус (соҳавӣ) фарқ мегузоранд.

Принсипҳои умумиҳуқуқӣ (умумисоҳавӣ) дар тамоми соҳаҳои ҳуқуқ — соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ, меҳнат, молиявӣ, ҷиноӣ ва ғайра ифода ёфтаанд ва собит гардонида шудаанд. Масалан, қонуният, инкори таъсири баръакси қонун, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва дигарҳо марбути ин принсипҳоянд.

Принсипҳои соҳавӣ (махсус) принсипҳое мебошанд, ки ба соҳаи мушаххаси ҳуқуқ хосанд. Аз ҷумла, барои ҳуқуқи андоз чун зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ чунин принсипҳо марбутанд:

  • умумият ва баробарии андозбандӣ;
    • фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳамлу нақли озоди мол, корҳо, хизматрасониҳо ва маблағҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • ӯҳдадории андозсупории шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки даромад доранд;
    • муайян кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз;
    • назорати соҳаи молиявӣ ва ғайра.

Баъзе аз принсипҳои мазкурро дида мебароем.

Принсипи қонуният чун қоида, барои ҳама соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла молиявӣ, ки ҳуқуқи андоз қисми таркибӣ ва махсуси он аст, умумӣ мебошад. Қонуниятро ҳамчун талаботи ҳатмии (бемайлони) иҷрои қоидаҳои қонун ва санадҳои дигари ба ин қонунҳо асосёфтаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, мақомоти худидора, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои он донистан мумкин аст. Ба ибораи дигар, қонуният талаботи қонунгузорро ҳатман иҷро кардани субъектҳои ҳуқуқ мебошад.

Принсипи қонуният мумкин аст барои муайян кардани асоси андозбандӣ истифода гардад: даромади (фоидаи) қонунан ба даст омада ё даромади (фоидаи) субъекте, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун аз қайди давлатӣ гузаштааст, бояд андозбандӣ карда шавад.

Принсипи инкори таъсири баръакси қонун дар он зоҳир меёбад, ки қонунҳои муқарраркунандаи андозҳои нав ё вазъи иқтисодии андозсупорандагонро вазнинкунанда таъсири баръакс надоранд (моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар амал ин чунин маъно дорад, ки андози нав қабулшуда, ҳамчунин қонуни нав, ки вазъи андозсупорандаро ё намояндаи ӯро вазнин мекунад, муносибатҳои ҳуқуқии то қабули он пайдошударо фаро намегиранд.

Санадҳои қонунгузории андоз, ки масъулиятро барои вайрон кардани қонунгузории андоз ё кафолатҳои иловагии ҳифзи андозсупорандагон, агентҳои андоз, намояндагони онҳоро бартараф ё сабук мегардонанд, таъсири баръакс доранд. Ин чунин маъно дорад, ки қонуни нав қабулгардида оиди масъалаҳои андозбандӣ, ки аз ҷумла ҳаҷми маблағи андозро паст мекунад ё ягон намуди андозро бекор менамояд, масъулияти андозсупор, агенти андоз ё намояндагони онҳоро бекор мекунад, метавонад таъсири баръакс дошта бошад.

Принсипи баробарии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати андозсупорандагон ва давлат маънои онро дорад, ки ҳар яке аз иштирокчиёни муносибатҳои андоз барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии худ ва манфиатҳояшон бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ҳақ доранд. Масалан, бозрасиҳои андоз ҳақ доранд барои ситондани бақияпулиҳо аз шаҳрвандон ба суд муроҷиат намоянд. Дар навбати худ андозсупорандагон ҳақ доранд, дар сурати розӣ набуданашон бо қарорҳои мақомоти андоз ба суд (суди иқтисодӣ) муроҷиат намоянд.

Принсипи ошкорбаёнӣ чунин маънӣ дорад, ки санадҳои меъёри ҳуқуқӣ бояд расман нашр карда шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои инсон дахл доранд, агар онҳо ба таври расмӣ нашр нашуда бошанд, татбиқ карда шуданашон мумкин нест.

Принсипи реҷавӣ чунин маъно дорад, ки андоз дар асоси реҷаҳои молиявии (буҷетҳои) давлат ғундошта, маблағи мадохилот дар ҳамин асос тақсим ва истифода карда мешавад.

Принсипи имтиёзи андозбандӣ чунин маъно дорад, ки қонунҳои андоз бояд меъёрҳои ҳуқуқии мустаҳкам (муқаррар) кунандаи имтиёзҳои андозро, яъне сабукгардонандаи бори ӯҳдадориҳои андозиро барои шахсони алоҳида ё гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорон (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) дошта бошанд. Масалан, дар моддаҳои Кодекси андоз, ки андозҳои мушаххасро баён мекунанд, барои андозсупорандагон имтиёзҳои гуногун муқаррар карда шудаанд ҳадди ақалли маоши андозбандинашаванда, аз андоз озод намудани шахсони алоҳида ё категорияҳои андозсупорандагон, аз манбаи андоз хориҷ кардани унсурҳои муайяни объекти андоз ва дигар имтиёзҳо.

Ҳамин тавр, имтиёзи андоз фаъолияти соҳибкории андозсупорандагонро бо роҳи сабук кардани бори андоз аз ҷиҳати молиявию иқтисодӣ ҳавасманд мегардонад.

Принсипи резидентӣ маънои ҷои зисти муваққатии андозсупорандаро дорад. Аз рӯи ин меъёр дар адабиёти доир ба ҳуқуқ ҳамаи андозсупорандагонро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: дар давлати муайян ҷои будубоши муқимидошта (резидентҳо) ва ҷои будубоши муқиминадошта (ғайрирезидентҳо). Мазмуни ин принсип аз он иборат аст, ки резидентҳо ва ғайрирезидентҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) тибқи қонунгузорӣ шартҳои гуногуни андозбандӣ доранд.

Принсипҳои иқтисодии андозбандиро аввалин бор соли 1776 А.Смит ифода карда, баъдтар намояндагони назарияи классикии иқтисодӣ инкишоф дода буданд.

Принсипҳои зеринро ба онҳо нисбат додан мумкин аст:

  • истиқлолияти хоҷагидорӣ ва озодии субъекти хоҷагидор, яъне андозсупоранда;
  • адолат ва мутобиқати андозбандӣ;
  • аниқии қоидаҳои супоридани андоз;
  • муносиб будани супоридан ва ҷамъ кардани андоз;
  • сарфакорӣ дар андозбандӣ.

Мувофиқи принсипи истиқлолияти хоҷагидорӣ ва озодӣ субъекти андозбандӣ шахсан шаҳрванди соҳибистиқлолест, ки соҳиби моликияти муайян буда, аз фаъолияти мустақили хоҷагидориаш даромад мегирад.

Мувофиқи принсипи адолат ҳар як аъзои ҷамъият дар бобати бо маблағ таъмин кардани хароҷоти давлат мутобиқи даромаду имконоти худ саҳм мегирад. Дар ин маврид маблағи андози ситонидашуда бояд вобаста ба андозаи даромади андозсупоранда муқаррар карда шавад; касе, ки аз давлат нафъи бештар мебинад, бояд зиёдтар андоз супорад.

Принсипи мутобиқат мувозанати манфиати андозсупоранда ва буҷети давлатиро тақозо дорад. Ба ин принсип тобеияти манбаи андоз ба тағйироти меъёри андоз, инчунин ба вобастагии даромади буҷет ба бори андоз хос мебошад. Дохилшавии даромади давлатӣ то лаҳзаи муайян зимни афзоиши меъёри андоз афзоиш меёбад. Минбаъд афзоиши меъёр боиси пастравии мадохилот мегардад.

Принсипи муайянӣ муқаррар мекунад, ки ӯҳдадории дар мӯҳлати муайян ва дар ҳаҷми муқарраргардида андоз пардохтани шахс боиси он мешавад, ки ӯ барои донистани маблағи андоз, тарз ва санаи пардохт ҳуқуқ пайдо кунад ва онҳоро қонунҳо барои давраи дурудароз таъмин менамоянд. Ғайр аз ин, андозсупоранда ба чунин тарзи андозситоние ҳуқуқ дорад, ки он фаъолияти хоҷагидориашро тангу маҳдуд насозад ва андоз дар мӯҳлату тарзи барои андозсупор муносиб (принсипи муносиб) гирифта шавад. Зуҳуроти ин принсип ҳамчунин дар оддӣ будани ҳисобкунию пардохти андоз ифода меёбад.

Принсипи сарфакорӣ — ба талаботи кам кардани хароҷоти андозситонӣ асос меёбад. Моҳияти принсип дар он аст, ки мадохилоти андоз бояд аз хароҷоти иҷрои он бисёркарата зиёд бошад.

Принсипҳои ташкилии системаи андоз қоидаҳое мебошанд, ки системаи андоз мувофиқи онҳо барпо карда, инкишоф дода ва идора карда мешавад.

Принсипи ягонагии системаи андоз маънои усули ягонаи муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, ба қонунгузории ғайриандозӣ дохил накардани масъалаҳои андозбандиро дорад. Принсипи конститутсионии якпорчагии ҳудуди мамлакат ба он роҳ намедиҳад то андозҳои маҳаллие муқаррар карда шаванд, ки ҳамлу нақли озоди мол ва муомилоти маблағро маҳдуд месозанд, инчунин андозҳои маҳаллие ҷорӣ карда шаванд, ки буҷети як ноҳияро аз ҳисоби дигарон пур кунанд.

Принсипи номгӯи мукаммали андозҳои маҳаллӣ маънои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷорӣ намудани андозҳои иловагӣ, инчунин манъи баландбардории меъёрҳои пардохти андозро дорад.

Принсипи муқаррар кардани мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои андозбандӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ба ин кор ваколати махсуснадошта манъ кардани тафтишот оид ба андозҳоро дорад.

Принсипи сершумории андоз бо зарурати азнавтақсимкунии бори андозро байни андозсупорандагон, ҳамдигарро идоракунии андозҳо вобастагӣ дорад (кам ситонидани маблағи яке аз андозҳо боиси афзоиши мадохилоти дигараш мешавад).

Принсипи устувории системаи андоз маънои муддати дурудароз тағйир наёфтани онро дорад. Ин принсип ба манфиати ҳамаи субъектҳои муносибатҳои андоз мувофиқ мебошад.

Аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои (асосҳои) андозбандии имрӯзаи мамлакат ошкоро ба назар намерасад. Принсипҳои мавҷуда дар моддаҳои Кодекси андоз паҳну парешон баён шудаанд ва онҳоро на ҳама вақт дарёфтан имконпазир аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *