Фанни Андоз

Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

Меъёри андоз37 миқдори маблағи андозро барои ҳар воҳиди андозбандӣ муайян мекунад.

Меъёрҳои андоз аз рӯи тарзу усули муқарраргардида қатъӣ ва фоизӣ мешаванд. Масалан, меъёри андози замин қатъӣ буда, барои воҳиди андозбандӣ ба андозаи муайян (қатъӣ) муқаррар карда шудааст (ба ҳисоби сомонӣ барои 1 гектар ё метри мураббаъ вобаста ба минтақаи кадастрие, ки ҳар сол индексонида мешавад).

Меъёри фоизӣ барои андозбандии аксари андозҳо, аз ҷумла андозҳои маҳаллӣ хос мебошад.Чунончӣ, андози маҳаллии савдои чакана дар ҳаҷми то 5 фоизи нархи чаканаи мол муқаррар карда мешавад, ки он маблағи ба нархи андози арзиши иловашуда ва аксиз ҳамроҳкардашударо дар бар мегирад.

Меъёрҳои фоизӣ аз рӯи моҳияти худ (марҷӣ) маргиналӣ, воқеӣ ва иқтисодӣ мешаванд.

Меъёрҳои марҷӣ (маргиналӣ) дар тавсифу таърифи андоз муқаррар карда мешаванд. Масалан, дар тавсифу таърифи андози даромади шахсони воқеӣ барои соли 2002 ба ҷои меъёрҳои пешина чандин меъёри нави андоз дохил карда шудааст (мод.124 КА ҶТ). Аз ҷумла, аз даромаде, ки аз даромади камтарини (ҳадди ақали) андозбандишаванда зиёд нест, мисли пештара андоз ситонида намешавад. Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали даромади андозбандинашавандаи то 100 -каратаи ҳадди ақали андози даромади андозбандинашаванда 10 фоиз андоз ситонида мешавад. Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали 100 — каратаи даромади андозбандинашаванда то ҳадди ақали 150-каратаи андозбандинашаванда 15 фоиз андоз ситонида мешавад. Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали 150 — каратаи андозбандинашаванда 20 фоиз андоз ситонида мешавад.

Дар ин маврид меъёрҳои 10 фоиз, 15 фоиз ва 20 фоиз меъёрҳои марҷӣ (маргиналӣ) мебошанд. Истифодаи истилоҳи «марҷӣ» («маргиналӣ»)-ро чунин шарҳ додан мумкин аст: меъёрҳое, ки нисбати қисматҳои ҷудогонаи даромад татбиқ мегарданд, дараҷаҳои андоз ё ба тарзи дигар марҷ номида мешаванд.

Муқоисаи таърифу тавсифи гуногуни худи ҳамон як андоз аз рӯи меъёрҳои марҷӣ натиҷаи назаррас намебахшад, чунки бо назардошти имтиёзҳои додаи қонун ба муқоиса кардани унсурҳои дигари асосии андоз имконият намедиҳад. Бинобар ин барои таҳлили иқтисодӣ ва дигар хел таҳлил на муқоисаи марҷӣ (маргиналӣ), балки меъёрҳои воқеӣ ва иқтисодиро кор мефармоянд.

Меъёрҳои воқеӣ ҳамчун муносибати андози пардохта ба манбаи андоз муайян карда мешаванд.

Меъёри иқтисодӣ ҳамчун таносуби андози пардохта нисбати тамоми даромад муайян карда мешавад (андозаи қиёсӣ ба ҳисоби даромад).

Меъёри андоз аксар вақт ба афзоиши манбаи андоз бевосита алоқаманд аст. Тарзу усули андозбандӣ тартиби вобаста ба афзоиши манбаи андоз тағйир ёфтани меъёри андоз мебошад.

Давлат бо мақсади баробар кардани бори андоз ва ҳамчунин дилхунук нашудан аз истеҳсолот чунин тарзу усулҳои гуногуни андозбандиро кор фармуда метавонад:

  1. баробар,
  2. мутаносиб,
  3. прогрессивӣ (пешрафт),
  4. регрессивӣ (пасрафт).

Сабаби баробар номида шудани тарзу усули андозбандӣ дар он аст, ки барои ҳар андозсупоранда маблағи баробари андоз муқаррар карда мешавад. Ин усул вазъи амволии андозсупорандаро ба ҳисоб намегирад. Вай қонеъ гардонидани талаботи умумии андозсупорандагонро ҳамчун аъзоёни ҷамъият (барои ободонии саҳни ҳавлӣ, таъминоти милиса, нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ва ҳоказо) бо ҷидду ҷаҳди умумии баробари онҳо, бо воситаи ҷамъоварӣ кардани маблағи якхелаи андоз аз ҳар андозсупоранда пешбинӣ менамояд. Дар сурати андозбандии баробар бори вазнини андоз назар ба андозсупорандагони доро ба дӯши андозсупорандагони нодортар меафтад. Кодекси андози Тоҷикистон чунин навъи андозро пешбинӣ накардааст.

Дар мавриди андозбандии мутаносиббарои ҳар андозсупоранда на маблағи баробари андоз, балки меъёри баробари андоз муқаррар карда мешавад. Меъёри андоз ба бузургии манбаи андозбандӣ вобаста намебошад. Бо афзоиши манбаи андозбандӣ мутаносибан маблағи андоз андозбандӣ гардидааст, ки андозбандии мутаносиб тақсими баробари андозро дар байни ҳамаи андозсупорандагон мувофиқи маблағу амволи ҳар кадомашон, қудрати иқтисодӣ, қобилияти пардохти андоз таъмин менамояд. Дар баробари ин бори андози андозсупорандаи нодортар дар сурати андозбандии мутаносиб аз бори андози андозсупорандаи доро вазнинтар аст. Сабаби ин дар он аст, ки ҳиссаи даромади озоди ӯ каму ҳиссаи андози аз ин андози озод пардохтшаванда зиёдтар мебошад. Аксари андозҳои имрӯзаи Тоҷикистон (хироҷи замин, андози соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ғайра) мисоли андозбандии мутаносибанд.

Дар мавриди андозбандии прогрессивӣ (пешрафт) дар баробари васеъ шудани манбаи андоз меъёри андоз меафзояд. Дар андозбандӣ прогрессияи оддии дараҷадор, прогрессияи оддии нисбӣ, регрессияи (пасрафти) мураккаб истифода мешавад.

Дар мавриди прогрессияи оддии дараҷадор барои андозаи умумии манбаи андоз дараҷаҳо ва барои ҳар дараҷа маблағи андоз муқаррар карда мешавад.

Дар сурати прогрессияи оддии нисбӣ барои андозаи умумии манбаи андоз дараҷаҳо, вале барои ҳар дараҷа меъёрҳои гуногун муайян карда мешаванд.

Масалан, даромади андозбандишаванда ба дараҷаҳои 1 — аз 1 то 10 сомонӣ; 2 — аз 11 то 20 сомонӣ; 3 — аз 21 то 30 сомонӣ ва ғайра тақсим мешавад. Барои дараҷаи якум меъёри 1 сомонӣ; барои дуюм 2 сомонӣ; барои сеюм 3 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Ин система бешак, ноқулай, номукаммал аст, зеро фосилаю ҳудуди дараҷаҳо ҳар қадар васеъ бошад, ашхосе, ки даромадашон ба ҳудудҳои гуногуни дараҷа наздиканд, ҳамон қадар нобаробар андозбандӣ мешаванд.

Чунончӣ, дар сурати баробари 10 сомонӣ ва 10,1 сомонӣ будани даромади ашхосе, ки мансуби дараҷаҳои гуногунанд, фарқи андозбандишавии онҳо хеле калон аст. Ин гуна андозҳои прогрессӣ дар Тоҷикистон истифода намешаванд.

Дар сурати прогрессияи мураккаб манбаи андоз ба дараҷаҳои андоз тақсим мешавад, лекин ҳар дараҷа ба сари худ аст, аз рӯи меъёри алоҳидае андозбандӣ мешавад, ки ба андозаи умумии манбаи даромад вобаста намебошад. Масалан, дар тағйироти охирони меъёри андози даромади шахсҳои воқеӣ муқаррар гардидааст, ки аз даромади аз 2 то 200 сомонӣ аз рӯи меъёри 10 фоиз, аз 201 то 300 сомонӣ аз рӯи меъёри 15 фоиз ва аз даромади 300 сомонӣ боло аз рӯи меъёри 20 фоиз андоз ситонида мешавад.

Дар ин ҳолат ашхосе, ки даромадашон 200 сомонӣ ва 201 сомонӣ аст, мувофиқан 19,8 сомонӣ ва 19,95 сомонӣ андоз месупоранд, яъне дар мавриди гузаштан аз як дараҷа ба дараҷаи дигар фарқи бори андоз он қадар вазнин намешавад.

Бар хилофи усули прогрессивии андозбандӣ ҳангоми истифодаи усули регрессия дар баробари афзоиши манбаи андоз ҳаҷму андозаи меъёри андоз кам мешавад. Дар қонунгузории андози Тоҷикистон усули кам шудани меъёри андоз дар натиҷаи афзоиши манбаи андоз пешбинӣ нашудааст.

Дар Россия вақтҳои охир бо мақсади саҳмпулии иҷтимоиро бештар пардохтани ашхоси сердаромад усули регрессияи баръакс истифода мешавад.


37 Основы налогового права /Дар зери таҳрири С.Г.Пепеляев). — М.: Инвест Фонд, 1995. — саҳ.59-64.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *