Фанни Андоз

Таъриф, мавзӯъ ва усули ҳуқуқи андоз

Аксари давлатҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон ҳам хазинаи худро тавассути манбаъҳои гуногуни даромади давлатӣ, аз ҷумла андоз пур мекунанд. Масалан, даромади буҷети мамлакат маъмулан[1] аз ҳисоби мадохилоти андози фурӯш, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки мақомоти гумрук ҷамъ меоваранд (андози арзиши иловашуда, аксизҳо ва андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард), хироҷи замин ва ғайра ташаккул меёбад.

Дар мамлакатҳои мутараққии муносибатҳои бозаргонӣ буҷет, одатан, аз ҳисоби андози даромади аҳолӣ, андози фоидаи корпоратсияҳо, пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ, аксизҳо, пардохтҳои гумрук ва мадохилоти дигар ташаккул меёбад.

Маблағи буҷет ба ҳамин роҳ андӯхта, барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат аз суиқасду тааррузи беруна, ҳифзи тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молумулки шаҳрвандон барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ (кӯдакон, маъюбон, пирсолон ва мискинон) харҷ мешавад.

Ин соҳаи фаъолияти давлат ташкилу маблағгузории мақомоти соҳаҳои махсусро тақозо дорад, ки ба зиммаи онҳо иҷрои функсияҳои мазкур аз номи давлат, инчунин бо пул таъминкунии барномаю чорабиниҳои давлатӣ вогузор мешаванд. Ҳамин тавр, фаъолияти соҳаи ҷамъоварии даромади давлатӣ, ки дар ин бобат андозҳо манбаи асосӣ ҳисоб меёбанд, барои мамолики гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистон яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлатӣ гардидааст.

Барои он ки маблағи андоз ба буҷет дар ҳаҷми лозима ва дар мӯҳлати матлуб дохил гардад, механизми махсуси муносибатҳои ҷамъиятӣ заруранд, ки дар он иштирокдорони ин муносибатҳо фаъолияти назарраси иҷтимоиро пеш гирифта, даромади давлатро афзун гардонанд.

Муносибатҳое, ки давлат манфиати худро дар онҳо доир ба таъмини даромадҳояш яктарафа ба назар мегирад, табиист, ки худ аз худ ба миён намеоянд. Пайдоиши муносибатҳои тарафайн, чун қоида, изҳори иродаи муштараки ҷонибҳои ин муносибатҳоро тақозо дорад, ки онҳо ба ташкили равобити судманди тарафҳо якхела ҳавасманданд. Ба пойдории муносибатҳои андозӣ давлат ҳавасманд буда, андозсупорандагон тамоман манфиатдор нестанд ва ҳатто, илова бар он, дар дил майлу хоҳиши напардохтани андозро мепарваранд — чаро андоз супоранд, ки бар ивази он нафъе набинанд. Бо ин сабаб муносибатҳои андоз ба такомулот (таъминоти илова) мӯҳтоҷ аст, ки он бояд ба миён омадани ин муносибатҳоро танҳо дар асоси хоҳиши яктарафаи давлат, сарфи назар аз иродаи дигар иштирокдорони ин муносибатҳоро кафолат дода тавонад.

Чунин такомулот (таъминот) бояд ҳуқуқи ташкилдодаи давлат гардад. Асоси меъёрҳои ҳуқуқ намунаҳои барои давлат беҳтарини муносибатҳои матлуби ҷамъиятӣ мегарданд, ки дар заминаи онҳо муносибатҳои андозӣ ба воситаи ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳо дар шакли муносибатҳои ҳуқуқии мушаххаси андоз ба миён меоянд.

Зарурати ташаккул додани маҷмӯи томи муносибатҳои ҷамъиятии табиатан якхелае, ки эҳтиёҷоти давлатро ба маблағ таъмин карда метавонанд, тартиботи махсуси ҳуқуқро металабад, ки он барои эҷод кардан ва танзим гардонидани ҳамингуна муносибатҳо таъин шудааст.

Барои пурратар муайян кардани ҳуқуқи андоз аниқ намудан зарур аст, ки:

1) ҳамин тартиботи ҳуқуқ чиро танзим мегардонад (мавзӯи танзими ҳуқуқи он);

2) ҳамин тартибот муносибатҳои ба мавзӯи он дахлдоштаро чӣ гуна танзим менамояд (танзими ҳуқуқӣ бо кадом роҳҳо амалӣ мешавад);

3) системаи меъёрҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои андоз чӣ гуна аст?

4) ҳуқуқи андоз дар системаи дигар тартиботи ҳуқуқӣ доир ба мавзӯву усулҳои ба ин наздик чӣ мавқеъ дорад?

Фаъолияти андози Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 45, 59, 77), ки қоидаҳои асосии андозбандиро дар ҷумҳурӣ муқаррар кардааст ва дар такомули ин қоидаҳо қонунгузории андоз қабул шудааст, амалӣ мегардад. Аз ҷумла, андозбандӣ мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни буҷет, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои гумрукӣ» ва дигар қонунҳо, инчунин санадҳои қонунасосе, ки ба мақсади иҷрои Конститутсия ва қонунҳои мамлакат қабул шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Қонунгузории андоз на танҳо меъёрҳои ҳуқуқии муқарраркунандаи ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии андозро, балки «андоз», «боҷ», «андозсупорандагон», «даромад» барин истилоҳотро низ дарбар мегирад.

Моҳияти ин ва дигар истилоҳоти қонунгузории андоз бо усули дарки илмӣ муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб, қоидаҳои назариявӣ, қонунгузории андоз ва амалияи татбиқи он дар маҷмӯъ воҳиди ягонаест, ки он «ҳуқуқи андоз» номида мешавад.

Ба ибораи дигар, ҳуқуқи андоз ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои андоз муносибатҳои молумулкии (амволии) ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро дар асоси тобеъияти омиронаи соҳаи андоз танзим мегардонад.[2]

Ё худ, ҳуқуқи андоз соҳаи тартиботи ҳуқуқии миллиест, ки муносибатҳои ҷамъиятии андозбандии ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро танзим менамояд. Муносибатҳои муқаррар ва дар амал ҷорӣ намудани андозҳо, ҷамъоварии андоз ва амали системаи мақомоти танзими назорати давлатии андоз ба ҳама гуна сатҳи ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад.[3]

Ҳуқуқи андоз дар замони ҳозира қисми мустақил ва таркибии системаи миллии молиявии ҳуқуқӣ мебошад, зеро андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ яке аз манбаъҳои ғанӣ гардондани хазинаи давлат ба ҳисоб рафта, бо қонуни ташаккули буҷети давлатӣ муқаррар шудааст.

Мустақилияти қонунгузории андозро асноди амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла, мувофиқи банди якуми моддаи 1 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин санади меъёрӣ (Кодекс) принсипҳои ташкил ва фаъолият намудани системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллиро муқаррар менамоянд, вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон, мақомоти андоз, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо дигар қонунҳо ва санадҳои вобаста ба андоз танзимшавандаро муайян мекунад, муқаррароти муайян намудани объектҳои андозбандӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ӯҳдадориҳо аз рӯи андози умумидавлатӣ ва муқаррароти асосӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ, ҷорӣ намудани баҳисобгирии андоз, барои вайрон кардани қонунҳои андоз ба ҷавобгарӣ кашидан ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти андоз ва мансабдорони онҳоро муқаррар менамояд ва ҳамчунин вазъи ҳуқуқии андозсупорандагон, мақомоти андоз, агентҳои андоз ва дигар иштирокдорони муносибатҳоеро, ки бо қонуни андоз танзим гардонида мешаванд, муайян мекунад.

Банди 2 ҳамин модда муқаррар менамояд, ки Кодекси андоз муносибатҳои марбут ба андозбандии андозҳои умумидавлатиро, банди 3 бошад, муносибатҳои марбут ба андозбандии андозҳои маҳаллиро дар асос ва мутобиқи принсипҳои умумии андозбандӣ тибқи Кодекси андоз ва санадҳои қонунгузории андози маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ танзим мекунад. Моддаи 3 Кодекси андоз муқаррар мекунад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ҳамчун андоздиҳанда эътироф шудаанд, вазифадоранд тамоми андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро супоранд. Андозсупорӣ ӯҳдадории шахс дар назди давлат буда, андоз бояд ба буҷет ё фонди давлатӣ пардохта шавад. Зимнан ҳеҷ касро вазифадор кардан мумкин нест, ки андозҳои дар Кодекси андоз пешбининашударо супорад. Банди 7-уми моддаи 4 муқаррар кардааст, ки дохил намудани масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ ба баъзе намудҳои қонунгузории ғайри андоз мумкин аст (Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятӣ, Қонун дар бораи муфлисшавӣ, қонунгузории гумрук, қонун дар бораи боҷи давлатӣ, Қонуни буҷети давлатии соли дахлдор ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Аз мазмуни моддаҳои 1, 3 ва 4 Кодекси андоз хулоса баровардан мумкин аст, ки қонунгузории андоз ба дигар намудҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла қонуни буҷет, вобастагӣ надоранд. Ин нуктаро мазмуни моддаи 77 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ менамояд, ки маҷлиси маҳаллии вакилони халқ «… буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад».

Ҳамин тавр, аз таҳлили қонунгузории амалкунанда хулоса баровардан мумкин аст, ки қонунгузории андозро на ба соҳаи ҳуқуқ, балки ба соҳаи мустақили қонунгузорӣ нисбат додан лозим аст. Ҳуқуқи андоз зергурӯҳи ҳуқуқи молиявӣ мебошад, гарчанд қонунгузории андоз мустақил буда, ба қонунгузории буҷет вобастагӣ надорад.

Ҳуқуқи андоз ҳамчун соҳаи илм системаҳои назарияи илмӣ, тасаввурот, дониш ва қоидаҳои назариявиро оид ба қонуниятҳои мавҷудаи соҳаи қонунгузории андоз, инчунин оид ба моҳият ва сохтори меъёрҳои ҳуқуқӣ, рушду татбиқи онҳо таҷассум менамояд.

Ҳуқуқи андоз, ки дар чорчӯбаи ҷараёни таълим омӯхта мешавад, фанни таълимие мебошад, ки ҷараёни дарки назарияи қонунгузории оид ба андоз ва амалияи татбиқи ҳуқуқии он мавзӯи ин фан аст.

Ҳуқуқи андоз мисли ҳаргуна соҳаи дигари илм ва фанни таълимӣ мавзӯю усулҳои худро дорост.

Муносибатҳои соҳаи андозбандии ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, яъне муносибатҳое, ки вобаста ба муқаррар ва ҷорӣ намудани андозҳо, ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ташкил ва амали системаи мақомоти танзиму назорати андоз дар ҳама гуна сатҳи ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ба миён меоянд, мавзӯи ҳуқуқи андоз мебошанд.

Муносибатҳои андоз одатан ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

1) Муносибатҳои омиронаи барқарору ҷорӣ кардан ва ситондани андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Муносибатҳое, ки дар рафти назорати андоз, шикоят кардан аз болои санадҳои мақомоти андоз, аз амали (беамалии) ашхоси мансабдори онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андоз ба миён меоянд.

Хусусияти басо омиронаи муносибатҳои андоз маънии онро надорад, ки ҳуқуқи андоз парвои танзими муносибатҳои молумулкии аз муносибати омирона сарзанандаро надорад. Моҳияти ингуна муносибатҳои андоз дар он зоҳир мегардад, ки мувофиқи қонунгузории андоз аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба буҷет ё фонди давлатӣ қисми муайяни амволашон дар шакли пулӣ гирифта мешавад. Ин тарзи ситондани амвол (даромад) дар Кодекси андоз бо истилоҳи ӯҳдадории андозсупорӣ номбар мешавад. Дар навбати худ, ин истилоҳ аз моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он чунин гуфта шудааст: «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад».

Муносибатҳои молумулкии ҳуқуқи андоз аз муносибатҳои молумулкии чунин соҳаҳои ҳуқуқ, ба монанди ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ, молиявӣ тафовуте надоранд, зеро пеш аз ҳама ин муносибатҳо объектҳои ҳаёти воқеӣ мебошанд, баъдан, амвол нархи пулӣ дорад ё дошта метавонад, гарчанд пул мувофиқи моддаи 142 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амволи манқул нисбат дода мешавад. Бинобар ин ҳуқуқи андоз аз ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ, молиявӣ бо дигар нишондиҳандаҳояш, аз ҷумла бо тарзи танзими ҳуқуқияш фарқ мекунад.

Мавзӯи ҳуқуқии андоз чун соҳаи илм мавзӯи соҳаи ҳуқуқи андоз, категорияҳои молиявии ҳуқуқӣ, амалияи фаъолияти мақомоти андоз ва дигар мақомот, инчунин таърихи инкишофи ҳуқуқи андоз мебошанд.

Тавре ки зикр шуд, муносибатҳои дар рафти назорати андоз, шикоят аз рӯи санадҳои мақомоти андоз, амали (беамалии) ашхоси мансабдор ва ба ҷавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андоз қисми таркибии мавзӯи ҳуқуқи андоз мебошад. Мувофиқан, ҳуқуқи андоз аслан шакли ҳуқуқии иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо, усулу ваколатҳое мебошад, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи субъектҳои ҳокимияти иҷроия дар чорчӯбаи муқарраркардаи тақсимоти ҳокимияти амалкунанда мегузоранд. Аз ин ваҷҳ ҳуқуқи андоз, ки аз рӯи таъиноти ҳуқуқии худ ҳуқуқи идоракунӣ (ё худ ҳуқуқи идораи андоз»)-ро дорад, тамоми хусусиятҳои ба фаъолияти идораи молиявии давлат хосро равшан ифода менамояд. Ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ қоидаҳои рафторро дар соҳаи идораву назорати андоз муқаррар намуда, ба муносибатҳои ҷамъиятии андоз хусусияти муносибатҳои ҳуқуқӣ мебахшанд.

Ҳуқуқи андози дар мамлакати мо амалкунанда як қатор хусусиятҳои хос дорад:

1) ашхоси ҳуқуқӣ чун роҳи бартариятноки гирифтани андоз андозбандӣ карда мешавад;

2) маблағи бавосита (ғайримустақим) дар муқоиса бо давлатҳои хориҷӣ хеле зиёд ва маблағи андозҳои бевосита (мустақим) нисбатан камтар аст;

3) системаи мақомоти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сершоха буда, дар ҳайати худ мақомоти андоз ва гумрук, ҷузъу томҳои политсияи андоз дорад, сохторҳои поёнии он тобеи сохторҳои болоӣ ва тобеи мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия мебошанд, вазифаи асосии тамоми системаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ аз назорат кардани мадохилоти ҳама гуна андозҳо, аз ҷумла андозҳои маҳаллӣ ва пардохтҳо иборат аст;

4) номгӯи васеи имтиёзотро дорост, ки қонунгузории андоз муқаррар кардааст;

5) муҷозоти сахтро барои ҳар гуна вайронкунии қонунгузории андоз, аз ҷумла чораҳои ҷавобгарии молиявӣ, маъмурӣ ва ҷиноиро муқаррар менамояд;

6) тамоми субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ дар мақомоти андоз бо ҳуқуқи кушодани суратҳисоб дар бонкҳо фақат баъди гузаштан аз қайди мақомоти андоз ҳатман ба қайд гирифта мешаванд;

7) маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои ашхоси ҳуқуқӣ мавҷуданд, барои пардохти андозҳо нисбат ба дигар хароҷоти ингуна ашхос дар навбати аввал равона карда намешаванд;

8) андозсупорандагон имконият доранд, ки мӯҳлати пардохти андозро дар давоми соли равон, инчунин муҷозоти молиявиро дарозтар кунанд.

Он тарзҳои хосеро, ки бо ёрии онҳо меъёрҳои ҳуқуқи андоз рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии андозро ба танзим медароранд, усули ҳуқуқи андоз номидан мумкин аст. Ин тарзи хос ҳамчун тарзи фармонфармоии амволи (молумулкӣ) барои татбиқи меъёрҳои ҳаммаънои (омиронаи) ҳуқуқи андоз ба мақсади аз ҳисоби даромади андозсупорандагон ташаккул додани буҷети давлат заруру воҷиб мебошад.

Бинобар ин муносибатҳои мушаххаси андоз чун муносибати фармонфармоӣ (амрдиҳӣ) ва итоат доир ба ситонидани қисми даромади ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ (андозсупорандагон) ҷиҳати таъмини буҷети давлатӣ ба роҳ монда мешаванд (нақши 2.1.).

Ҳуқуқи андоз дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодиёти миллӣ наметавонад танҳо усулҳои омиронаро (фармонфармоиро) истифода барад, балки ҳуқуқҳои молумулкии иштирокчиёни муомилоти гражданӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, зарурати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро низ риоя намояд.

Нақши 2.1.

ҲУҚУҚИ АНДОЗ

соҳаи ҳуқуқ буда, меъёрҳои он муносибатҳои ҷамъиятии муқаррар намудан ва ситонидани андозҳоро ба буҷет ё фонди давлатӣ аз шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ танзим менамоянд

МАВЗӮИ ҲУҚУҚИ АНДОЗ

муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, дар раванди муқаррар намудан ва ситондани андозҳо аз шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ ташаккул меёбанд

Гурӯҳи 1-ми муносибатҳо — муносибатҳои омиронаи муқаррар, ҷорӣ намудан ва ситондани андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Усули мувофиқакунонӣ (аз рўи масъалаҳои ҷудогона иштирокдорони муносибатҳои андоз муносибатҳои байниҳамдигариашонро дар асоси созишномаҳои махсус муайян месозанд )

УСУЛҲОИ ҲУҚУҚИ АНДОЗ

Тарзу усулҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба ирода ва амали иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқи андоз, ба хусусиятҳои муносибатҳои байни онҳо

Усули тобеъияти омирона (тавассути он муносибатҳо дар чорчўбаи ҳуқуқи андоз дар асоси тобеъияти як субъекти муносибатҳои ҳуқуқи андоз ба дигараш, ки аз номи давлат баромад мекунад, барқарор мегардад)

Гурўҳи 2-ми муносибатҳо — муносибатҳои дар раванди ба амал баровардани назорати андоз, шикоят намудан аз рўи санадҳои мақомоти андоз, амали (беамалии) шахсони мансабдори онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳуқуқвайронкунандагони андоз ба миён меоянд

Усули тавсия (дар ин сурат тавсияҳои як) иштирокдори ҳуқуқҳои андоз қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ба шарти онро қабул намудани иштирокдори дигар)

Усулҳои ҳуқуқи андоз ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

1) усули фармонфармоӣ ва тобеият ё усули дастурдиҳӣ дар он ифода меёбад, ки муносибатҳо дар чорчӯбаи ҳуқуқи андоз дар асоси тобеъияти як субъекти муносибатҳои андозӣ ба дигараш, ки аз номи давлат ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баромад мекунад, муқаррар карда мешаванд (яъне ин чунин маъно дорад, ки ба миён омадани ӯҳдадории андозсупорӣ ба иродаи андозсупорандагон вобаста набуда, балки тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои молиётӣ ба тартиби якҷониба аз тарафи давлат муқаррар гардида, аз тарафи худи он ҳимоя карда мешавад);

2) усули тавсиядиҳӣ, яъне тавсияи як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии андоз дар сурати онро қабул кардани ҷониби дигари иштирокчӣ ин муносибатҳо ба ҳукми қонун медарояд (масалан, тавсияҳои Кодекси андоз оиди ҷорӣ намудани андозҳои ҷудогонаи маҳаллӣ дар сурати қабули қарорҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ эътибор пайдо мекунад);

3) усули мувофиқакунонӣ, яъне иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии андоз аз рӯи масъалаҳои ҷудогона шартҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар асоси созишномаҳои махсус дар чорчӯбаи қонунгузории миллӣ муайян месозанд (масалан, созиши дароз кардани мӯҳлат).

Моҳияти усулҳои танзими ҳуқуқӣ аз инҳо иборат аст:

  • муқаррар намудани тартиби муайяни амалиёт (дастури амалиёт дар шароити муайян ва матлуб, ки бо меъёри дахлдори қонунгузории андоз пешбинӣ гардидааст);
  • манъи амалиёти муайян (муайян кардани амалиёте, ки барояш воситаҳои дахлдори таъсиррасонии ҳуқуқӣ (масъулият) муқаррар карда шудаанд);
  • додани имконияти интихоб намудан (интихоб намудани яке аз вариантҳои муносиби рафтори пешбининамудаи қонунгузории андоз).

Ҳуқуқи андоз, яке аз бахшҳои калонтарини ҳуқуқи молиявӣ буда, намуди махсуси муносибатҳои молиявиро ба танзим дароварда, ҳам усулҳои танзими ҳуқуқи молиявӣ ва ҳам усулҳои хоси худиашро истифода менамояд.

Усулҳои ҳуқуқи андоз ҳамчун соҳаи илм ифодакунандаи тарзу усулҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба иродаю рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ба хусусиятҳои мутақобилаи байни онҳо мебошад.

Усулҳои илмии ҳуқуқи андоз ба усулҳои умумӣ ва хусусии илмӣ ҷудо мешаванд. Ба усулҳои умумиилмии ҳуқуқи андоз, аз ҷумла усули таърихӣ, усули мантиқӣ, таҳлилу синтез марбутанд. Ба усули хусусии илмии ҳуқуқи андоз усули муқоисавию ҳуқуқӣ, усули сотсиологӣ, ҷомеашиносӣ, оморӣ (статистикӣ), усули намунасозӣ, расмии ҳуқуқӣ марбутанд.

Ҳуқуқи андоз бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ алоқамандии зич дорад.

Ҳуқуқи конститутсионӣ барои ҳуқуқи андоз аҳамияти асосӣ дорад. Конститутсия қоидаҳоеро дорост, ки тибқи онҳо ҳар як шахс вазифадор аст боҷу хироҷҳои бо қонун муқарраргардидаро пардохт намояд.

Муносибатҳои молумулкӣ дар байни иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ ҳангоми ҳисоби манбаи андозбандӣ ва муайян кардани намудҳои даромад, зарари расондашуда, номувофиқатии усулҳои ҳисоби андозҳо ба принсипҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷуброни маблағҳои ғайриқонунӣ ситондашуда, риоя накардани ҳуқуқи андозсупорандагон, амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, ғайриқонунӣ бегона кардани моликияте, ки мояи андозбандӣ нест, ба миён меоянд. Ба ин муносибат ҳуқуқи андоз ба ҳуқуқи гражданӣ робита дорад, зеро муносибатҳои андоз бо амвол вобастагӣ доранд. Ба ҳуқуқи андоз бартарият дода мешавад. Дар андозбандӣ қоидаҳои ҳуқуқи гражданӣ татбиқ мегарданд, ба шарте, ки онҳо ба ҳуқуқи андозӣ мухолифат надошта бошанд. Барои татбиқи дурусти меъёрҳо муайян намудан зарур аст, ки байни ҷонибҳо кадом хел муносибатҳо ба миён меоянд – ҳуқуқи гражданӣ ё ҳуқуқи андозӣ.

Дар чорчӯбаи татбиқи ҷавобгарии вайрон кардани қонунгузории андоз метавон оиди амали муштараки ҳуқуқи андозӣ ва маъмурӣ ҳарф зад. Ҷавобгарии андозӣ, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, моҳиятан бо ҷавобгарии маъмурӣ якхела аст.

Дар сурати амали муштараки меъёрҳои ҳуқуқи андозӣ ва ҳуқуқи буҷетӣ бартарият ба ҷониби ҳуқуқи андозӣ аст. Даромади буҷетҳои сатҳҳои гуногун тибқи қонунҳои андоз ташаккул меёбад.

Ҳуқуқи андозӣ бо ҳуқуқи гумрук алоқамандӣ дорад. Ҳангоми рӯёнидани пардохтҳои гумрукӣ, ки онҳоро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозҳои умумидавлатӣ марбут донистааст, меъёрҳои махсуси қонунгузории гумрук амал мекунанд.

Хусусиятҳои хоси муносибатҳои андозӣ ба гуногунии вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идоравии андоз ва шароити иҷрои онҳо ба манфиати давлату шаҳрвандон вобаста мебошад. Вазифаҳои андоз сохтори ҳуқуқи андозиро чун соҳаи мустақил ташаккул дода, қоидаҳои асосии он, принсипу усулҳои онро муайян менамоянд.

Аз ҷумлаи вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идоравии андозҳо вазифаҳои зеринро қайд менамоем:

  • конститутсионӣ иҷрои асосҳои конститутсионии андозбандиро бо роҳи муқаррар кардани салоҳияти андозбандии мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ;
  • танзимгардонӣ — барпо намудани тартиботи умумии андозбандӣ ба манфиати ташаккули бозори ягона;
  • фискалӣ (молиявӣ) — таъмини даромади буҷетҳои сатҳҳои гуногун;
  • ҳавасмандгардонӣ — тавассути системаҳои имтиёзоти андозӣ ва муҷозоти андозӣ ба танзим овардани фаъолияти истеҳсолию иҷтимоӣ;
  • назоратӣ — ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти молиявӣ бо истифода кардани усулҳои андозӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ;
  • байнисоҳавӣ — таъсири муносибатҳои андозӣ ба пайдоиши шароити барои мутобиқгардонӣ ва амали муштараки соҳаҳои мухталифи молиявӣ ва ҳуқуқӣ ба манфиати рушди ҳуқуқии ҳозиразамони соҳаи иқтисодиёту молия;
  • ҳуқуқӣ — ташаккули системаи меъёрҳои қонунгузории андоз ва кодекссозии он;
  • иқтисоди берунӣ — ҳифзи манофеи иқтисоди миллӣ бо роҳи танзими пардохтҳои ҳатмии гумрукӣ ва асъорӣ, муқаррар кардани тартиботи махсуси андоз барои инвеститсияҳои хориҷӣ, ки амнияти иқтисоди берунии мамлакатро таъмин менамоянд.

Номгӯи вазифаҳои асосии андозҳо аз вазифаҳои фискалӣ (молиявӣ), танзимгардонӣ ва назоратӣ иборат аст, ки онҳо умуман хамаи намуди вазифаҳои номбаршударо дар бар мегиранд (Нақши 2.2).

Тавассути андозҳо ба ҳадафҳои иқтисодӣ (рушди манотиқи алоҳида, соҳаҳои иқтисодиёт) ва иҷтимоӣ (аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ камҳимояшаванда) расидан мумкин аст. Ингуна танзими таъсиррасонии андозҳо бояд стратегияи умумии иқтисодии рушди мамлакатро ҳамзамон бо дигар тадбирҳои давлатӣ ба амал барорад.

  1. Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001».
  2. Гуреев В.И. Российское налоговое право. — М.: ОАО «Издательство «Экономика», 1977. — с.16. ↑
  3. Петрова Г.В. Налоговое право. — М.: Издательская группа ИНФРА, М- НОРМА, 1997. — саҳ.7-8.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *