Фанни Андоз

Андозҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ месупоранд

Дар Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) намудҳои зерини андоз гирифта мешаванд:

  • андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • андози истифодабарандагони конҳо;
  • андози амволи корхонаҳо;
  • андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи системаи соддакардашуда месупоранд.

1) Андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ яке аз муҳимтарин пардохтҳои ҳатмии низоми (системаи) андози ҷумҳурӣ мебошад. Ин андозро ба ҷумлаи андозҳои мустақим марбут донистан лозим аст, зеро маблағи охирини он ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявии корхона вобаста мебошад.

Супорандагони андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳои резидентӣ ва хориҷӣ мебошанд.

Ҳар як субъекти хориҷии шахси воқеӣ набуда, агар исбот карда натавонад, ки он чун корхонаи муштарак фаъолият дорад, фоидааш ба сифати корхона андозбандӣ мегардад (моддаи 126 КА ҶТ).

Ҳамин тариқ, инҳо ба сифати супорандагони андози шахсони ҳуқуқӣ таъин шудаанд:

— корхонаю ташкилотҳо (аз ҷумла буҷетӣ), ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, аз ҷумла корхонаҳои бо сармояи хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгардида, инчунин иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;

— бонкҳо, муассисаҳои кредитӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, ки ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро гирифтаанд;

— филиалҳо ва ҳамингуна бахшҳои корхонаю ташкилотҳое, ки баланси алоҳида ва суратҳисоб доранд;

— ширкатҳо, ҳамагуна ташкилотҳои дигаре, ки мувофиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути намояндагиҳои доимӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд (баъдан — шахсони ҳуқуқии хориҷӣ).

Мутобиқи банди 1 моддаи 17 КА ҶТ зери мафҳуми намояндагии доимии корхонаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимие дониста мешавад, ки ба воситаи он фаъолияти соҳибкориашро пурра ё қисман, аз ҷумла фаъолиятеро, ки ба воситаи шахси ваколатдор ба амал мебарорад, иҷро мекунад.

Инҳо муассисаҳои доимӣ дониста мешаванд, аз ҷумла: (1) майдончаҳои бинокорӣ, объектҳои васлгарию пайвандкунӣ, инчунин иҷрои фаъолияти назоратии марбут ба чунин объектҳо; (2) дастгоҳҳо ё майдончаҳои барои кашфи захираҳои табиӣ истифодашаванда, таҷҳизоти пармагарӣ барои кашфи захираҳои табиӣ, инчунин иҷрои фаъолияти назоратии марбут ба чунин объектҳо истифодашаванда; (3) базаи (пойгоҳи) доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад (банди 2, моддаи 17 КА ҶТ).

Маҳалле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои зерин истифода мешавад, муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарфи назар аз он ки онро кӣ истифода мебарад) ба ҳисоб намеравад; аз ҷумла маҳалли: (1) нигоҳдории мол ё маснуоти корхонаи хориҷӣ; (2) нигоҳдории захираи мол ё маснуоти корхонаи хориҷӣ бо мақсади коркарди онҳо аз ҷониби шахси дигар ва минбаъд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани онҳо; (3) харидани мол ё маснуот бо мақсади ҷамъ овардани маълумот барои корхонаи хориҷӣ; (4) ҳамагуна фаъолияти дигари дорои хусусияти тайёрӣ ё ёридиҳанда ба манфиати корхонаи хориҷӣ; (5) тайёрӣ ба бастан ё ба имзо расондани қарордодҳо аз номи корхонаи хориҷӣ оид ба масъалаи қарзҳо (ссудаҳо), интиқоли мол ё маснуот ё иҷрои корҳо (хизматрасониҳо); (6) ҳамагуна маҷмӯи шаклҳои фаъолият, ки дар боло зикр гардидаанд (банди 3, моддаи 1 КА ҶТ). Намояндагии ба қайд гирифташавандаи корхонаи хориҷӣ, ки шахси ҳуқуқии алоҳида ба ҳисоб намеравад, муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ дониста мешавад.

Объекти андозбандӣ фоидаи (даромади умумии) корхонае мебошад, ки ба тарҳкуниҳои пешбиникардаи боби 18 КА ҶТ кам карда шудаанд (моддаи 127 КА ҶТ).

Айни замон даромади умумии андозсупоранда — резидент аз даромаде, ки вай аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад, иборат мебошад (моддаи 119 КА ҶТ).

Ба ҳамин тариқ, даромади умумӣ тамоми даромадҳоеро фаро мегирад, ки боиси афзоиши арзиши холиси активҳои андозсупоранда мешаванд, ба ғайр аз онҳое, ки аз андози даромад озод карда шудаанд.

Даромади умумии андозсупоранда — ғайрирезидент аз даромаде иборат мебошанд, ки аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ба даст овардааст.

Объекти андозбандии корхонаи хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи (намояндагии) доимӣ фаъолият мекунад, фоидаи он аз ингуна фаъолият мебошад. Ҳамин тавр, объекти андози фоидаи корхонаи хориҷӣ, даромади умумие мебошад, ки аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда вобаста ба муассисаи (намояндагии) доимии он ба миқдори маблағи пешбининамудаи қонунгузорӣ аз чунин даромадҳо кам кардашуда ба даст овардааст (моддаи 127 КА ҶТ).

Намудҳои зерини даромади умумии корхонаи хориҷӣ — судҳо (дивидендҳо), фоизҳо, пардохтҳои суғурта, пардохтҳои аз корхонаҳои резидент барои хизматрасонии алоқа ё нақлиёт ҳангоми ба амал баровардани алоқаи байналмилалӣ ё боркашонии байналмилалӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо (ба ғайр аз пардохти пули киро (фрахт) ва пардохтҳои корхонаи резидент ё корхонаи инфиродии соҳибкор – роялтӣ, подоши роҳбарӣ, даромад аз корҳо ё хизматрасониҳо бояд аз манбаи пардохт бидуни камкуниҳо, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, андозбандӣ шаванд (моддаҳои 127, 149 КА ҶТ).

Дар мавриди аз ҷониби корхонаи хориҷӣ ба даст овардани даромад аз фурӯш ё аз додани амволе, ки бо муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста нест, фоидаи аз ингуна фаъолият ба дастоварда, яъне даромади умумиаш аз ин намуди манбаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар соли тақвимӣ, ки ба маблағи пешбиникардаи қонунгузорӣ кам кардашудааст, объекти андозбандӣ мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқии зикршуда истифодаи чунин нишондиҳандаҳоро ба мисли фоидаи умумӣ (даромад), фоидаи фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ), фоидаи фурӯши фондҳои асосӣ ё дигар амвол, даромади амалиёти бо фурӯш вобаста набуда, фоидаи андозбандишаванда, фоидаи холис, ки манбаи ҳисобу китоби андозбандианд, тақозо менамоянд.

Ин ду намуди фоидаро баррасӣ менамоем:

  • фоидаи умумӣ маблағи фоидаи (зарари) фурӯши маҳсулот (кору хизматрасониҳо), фондҳои асосӣ, дигар амволи корхона ва даромади аз амалиёти ғайрифурӯшӣ, ки ба маблағи хароҷоти ингуна амалиёт тарҳшударо ташкил медиҳад;
  • фоидаи (зарари) фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ҳамчун фарқи байни пули фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ) бидуни андози арзиши иловашуда, аксизҳо, андози нигоҳдории нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ва хароҷоти истеҳсол ва фурӯше, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил мегардад, муайян карда мешавад;
  • ҳангоми муайян кардани фоидаи фурӯши фондҳои асосӣ ва дигар амволи корхона ба мақсади андозбандӣ фарқи байни нархи фурӯш ва арзиши аслии аввала ё боқимондаи ингуна фондҳою амвол ба ҳисоб гирифта мешавад;
  • ба таркиби даромади (хароҷоти) амалиёти ғайрифурӯшӣ инҳо дохил мешаванд: а) даромади саҳмияи иштирок дар фаъолияти дигар корхонаҳо; б) даромади амволи ба иҷора додашуда; в) даромади (дивиденди, фоизи) саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қимматноки ба корхона тааллуқдошта; г) дигар даромади (хароҷоти) амалиётҳои ба истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ва ба фурӯши он новобаста, аз ҷумла маблағҳое, ки ҳамчун муҷозот ва товони зиён гирифта ва пардохта шудаанд. Ҳамзамон маблағе, ки ба буҷет ҳамчун муҷозот гузаронида шудааст, тибқи қонунгузорӣ ба таркиби хароҷоти ғайрифурӯшӣ дохил карда намешавад, балки ба тарҳи фоидаи дар ихтиёри корхона монда нисбат дода мешавад.

Меъёри базавии андози фоидаи корхонаҳо ба 30 фоиз баробар аст.

Даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муассисаи доимии ғайрирезидент шомилнабудаи воқеи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнадошта аз рӯи меъёрҳои зайл андозбандӣ мегарданд:

  • суде (дивиденде), ки корхонаи резидентӣ мепардозад (ба ғайр аз судҳое, ки ба дигар корхонаҳои резидентӣ мепардозанд) аз рӯи меъёри 12 фоиз (моддаи 147 КА ҶТ);
  • фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент ё аз номи чунин муассиса мепардозанд – аз рӯи меъёри 12 фоиз (моддаи 148 КА ҶТ);
  • пардохтҳои суғурта, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ мувофиқи шартномаи суғурта ё аз нав суғурта кардани бурду бохт (риск) мепардозад – аз рӯи меъёри 4 фоиз андозбандӣ мешавад (банди 1в моддаи 149 КА ҶТ);
  • маблағе, ки корхонаҳои резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ барои хизматрасонии алоқа ё нақлиётӣ ҳангоми алоқаи байналмилалӣ ё боркашонии байналмилалӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мепардозад (ба ғайр аз пардохтҳо аз рӯи пули киро) – аз рӯи меъёри 4 фоиз, пардохтҳо аз рӯи пули киро бошад, аз рӯи меъёри 6 фоиз (банди 1г моддаи 149 КА ҶТ);
  • пардохтҳои ҷудогона, ки корхонаҳои резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ мепардозад (роялтӣ, подоши идоракунӣ, даромади кору хизматрасониҳо (ба истиснои музди меҳнат) аз рӯи меъёри 20 фоиз (банди 1д моддаи 149 КА ҶТ);
  • даромад дар шакли музди меҳнат, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ мепардозад – аз рӯи меъёрҳои андози даромади шахсони воқеӣ.

Баробари ин, аз лиҳози андозбандӣ пардохтҳое, ки муассисаи доимии ғайрирезидентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад ё аз номи чунин муассиса пардохта мешаванд, ҳамчун маблағи пардохтаи корхонаи резидентӣ ҳисоб карда мешаванд.

Илова ба андози фоидаи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз фоидаи холиси ин муассисаи доимӣ аз рӯи меъёри 8 фоиз андоз гирифта мешавад (моддаи 150 КА ҶТ).

Фоидаи корхонаи хориҷӣ аз фурӯш ё додани амвол дар соли тақвимӣ, ки бо муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд нест, яъне даромади умумии вай аз ингуна намуд аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи пардохтҳо камкардашуда аз рӯи меъёри 30-фоиза андозбандӣ мешавад.

Дар Нидерландия андози даромади (фоидаи) ширкатҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои матлубот, ширкатҳои суғурта ва кредитӣ, фондҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки ба сифати корпоратсияҳо қайд гардидаанд, гирифта мешавад. Меъёри стандартӣ аз соли 1997 инҷониб баробари 35 фоиз аст. Меъёри баландтари 37 фоиз ба 45 ҳазор EUR-и аввалӣ татбиқ мегардад. Аз пардохти андоз шахсони ҳуқуқие озод карда мешаванд, ки бо фаъолияти хайрия ва эҳсонкорӣ машғуланд.

Фоидаи андозбандишавандаи корхона бо назардошти тарҳи хароҷоти зерин аз даромади умумӣ ҳисоб карда мешавад:

  1. ҳамагуна хароҷоте, ки бо гирифтани ин даромад вобаста аст, ба истиснои хароҷоте, ки бо фаъолияти иқтисодӣ, хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти амсоли онҳо, хароҷоти ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои ғайрисуғуртавӣ, маблағи муҷозотӣ, хароҷоти харидории воситаҳои асосӣ ва насби онҳо вобастаанд.44 Барои муайян кардани базаи андоз тарҳкунии пардохтҳо аз рӯи аксарияти андозҳо (дар моддаи 143 КА ҶТ муқаррар шудаанд), хароҷоти музди меҳнат, фароҳам овардани неъматҳои моддию иҷтимоӣ барои коркунон, ки бо андози даромад андозбандӣ шудаанд, ашёи хом, мавод (захираҳои молию моддӣ), неру татбиқ карда мешаванд, ба истиснои хароҷоти харидории воситаҳои асосӣ ва насби онҳо, инчунин дигар хароҷоти хусусияти капиталӣ дошта ва хароҷоти ситонданашаванда (моддаи 131 КА ҶТ);
  2. на зиёда аз 2 фоизи фоидаи андозбандишавандаи ба ташкилотҳои хайрия ва машғули фаъолияти эҳсонкорӣ пардохташуда (моддаи 133 КА ҶТ);
  3. фоизи амалан пардохташуда барои ҳар як кредити бонкӣ ба андозаи на зиёда аз 125 фоизи меъёри кредити музоядаи байнибонкии кредитии Бонки миллии Тоҷикистон (дар мавриди корхонае, ки зиёда аз 20 фоизи сармояи оинномавиаш бевосита ё бавосита ба ғайрирезидентҳо ё фоидаи шахсони ҳуқуқии аз андози фоида озодшуда, ба андозаи тарҳшаванда бо тартиби махсус муайян карда мешавад);
  4. қарзҳои бенатиҷа марбут бо молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, агар даромадҳои ба онҳо вобаста қаблан ба даромади умумии аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастомада шомил гардонда шуда бошанд. Бонкҳо ҳуқуқ доранд 100 фоизи ҳиссаҷудокуниро ба фонди эҳтиётии пӯшонидани қарзҳои шубҳанок ва бенатиҷа аз рӯи кредитҳои ғайристандартӣ ба вуҷудомада тарҳ намоянд (моддаи 135 КА ҶТ);
  5. ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои эҳтиётии захиравии суғуртавии шахсони ҳуқуқӣ, ки машғули фаъолияти суғуртавӣ мебошанд, мувофиқи меъёрҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 136 КА ҶТ);
  6. ҳамаи хароҷоти барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба ғайр аз хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, насби онҳо ва дигар хароҷоти дорои хусусияти моддӣ (моддаи 137 КА ҶТ);
  7. ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ (истеҳлокӣ) аз рӯи меъёрҳои 20 фоиз, 15 фоиз, 8 фоиз, 7 фоиз ва 10 фоиз мутобиқан ба гурӯҳҳои зерини воситаҳои асосӣ, ки дар фаъолияти иқтисодӣ истифода шуда, бояд амортизатсия гарданд (1) автомобилҳои сабукрав; техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анҷом, афзор ва лавозимоти махсус; мошинҳои электронии ҳисоббарор, воситаҳои маҳаллии коркарди маълумот, (2) ҷамъи нақлиёти автомобилӣ; автомобилҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автоприсепҳо. Мошинҳо ва таҷҳизоти тамоми соҳаҳои саноат; истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти электронӣ, таҷҳизоти оҳангарию пресскунӣ; таҷҳизоти электронӣ; таҷҳизоти бинокорӣ; мошину таҷҳизоти кишоварзӣ. Мебели идора. (3) Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ ва дарёӣ; мошинаҳои нерудиҳанда ва таҷҳизоти онҳо, таҷҳизоти техникии гармидиҳӣ, таҷҳизоти турбинӣ – муҳаррикҳои барқӣ ва генераторҳои дизелӣ. Воситаҳои интиқоли барқ ва алоқа; трубопроводҳо (4) биноҳо, иншоот ва иморатҳо (5) активҳои амортизатсияшавандае, ки ба дигар категорияҳо дохил нашудаанд. Амортизатсияи биноҳо, иншоотҳо ва иморатҳо на аз рӯи гурӯҳҳо, балки аз рӯи ҳар як иморат алоҳида гузаронида мешавад (моддаи 138 КА ҶТ).
  8. хароҷоти таъмири воситаҳои асосии ба ягон гурӯҳ марбута, вале на бештар аз 5 фоизи баланси арзиши гурӯҳ дар охири сол. Маблағи хароҷоти воқеӣ барои таъмир зиёда аз 5 фоизи баланси арзиши гурӯҳ барои зиёд кардани баланси арзиши гурӯҳ тааллуқ доранд (моддаи 139 КА ҶТ);
  9. пардохтҳои суғурта, ки суғуртакунандагон аз рӯи шартнома ба амал мебароранд, ба истиснои пардохтҳои суғуртаи хусусияти захиракунӣ ва баргардонидошта (моддаи 140 КА ҶТ);
  10. хароҷоти корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва корҳои оид ба тайёрии истихроҷи захираҳои табиӣ, хароҷоти активҳои ғайримоддӣ, ки андозсупоранда ба муносибати харидории ҳуқуқи анҷом додани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, коркард ё истифодабарии захираҳои табиӣ — ба шакли ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ аз рӯи меъёри амортизатсияи воситаҳои асосии гурӯҳи 2 ба зимма гирифта, зимни ин гурӯҳҳои алоҳида ташкил кардааст (моддаи 141 КА ҶТ);
  11. хароҷоти активҳои ғайримоддӣ (ба активҳои ғайримоддӣ хароҷоти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои объектҳои ғайримоддӣ марбутанд, ки дар давоми мӯҳлати тӯлонии фаъолияти иқтисодӣ истифода мешаванд, агар онҳо мӯҳлати маҳдуди хизмат дошта бошанд) — ба шакли ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ аз рӯи меъёри амортизатсияи воситаҳои асосии гурӯҳи 5, ки гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон ба арзиши активҳои ғайримоддии амортизатсияшаванда хароҷоти харидорӣ ё истеҳсоли онҳо дохил карда намешаванд, агар онҳо ҳангоми ҳисобу китоби фоидаи андозбандишаванда тарҳ карда шуда бошанд. Ин қоида нисбати активҳои ғайримоддии дар банди 10 зикрёфта татбиқ намешавад (моддаи 124 КА ҶТ).

Ба хароҷоти аз даромади умумии корхона тарҳнашаванда марбутанд: (1) хароҷоте, ки бо фаъолияти иқтисодӣ вобаста нест; (2) хароҷоти намояндагӣ ва амсоли онҳо (гузаронидани тантанаҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра), ба истиснои андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкориаш хусусияти вақтхушӣ дорад ва хароҷот дар доираи ҳамин хел фаъолият сурат мегирад; (3) ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравӣ, ба истиснои тарҳи қарзҳои бефоида (вобаста бо молрасонӣ, иҷрои корҳо ва адои хизмат, агар даромади ба он вобаста қаблан ба даромади андозбандишаванда дохил шуда бошад), ҳиссаҷудокунӣ ба фонди захиравии бонк ҷиҳати пӯшонидани қарзҳои шубҳанок ва бефоида барои кредитҳои ғайримуқаррарӣ, ҳиссаҷудокуниҳо ба фонди захиравии ташкилотҳои суғуртавӣ (аз рӯи меъёрҳои муайянкардаи Ҳукумат; (4) андози даромад ва андози фоидаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар дигар давлатҳо пардохташуда (моддаи 143 КА ҶТ); (5) ҷаримаҳо ва фоизҳои ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ё буҷети дигар давлат пардохташуда (ё пардохташаванда); (6) андози амволи корхонаҳо.

Дар Хитой меъёри андози даромади корхонаҳои молҳояшон содиротӣ нисбат ба андози муқаррарӣ ду баробар кам мешавад. Барои объектҳои аз ҷиҳати технологӣ муҷаҳҳаз имконияти дароз кардани давраи қисман (50 фоиз) озод кардан аз андози даромад боз барои 3 сол пешбинӣ мегардад. Ба ғайр аз он 100 фоизи баргардондани пардохтҳо аз қисми фоидаи дар Хитой реинвеститсияшуда ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол дар назар дошта шудааст; дастрасӣ доштан ба захираҳои молиявии миллӣ ба шакли дар навбати аввал гирифтани кредитҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат аз бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ташаккулдиҳии фондҳои асосӣ ва муомилотӣ таъмин мегардад.

Ҳуқуқ барои ингуна имтиёзҳо ҳамасола дар асоси инфиродӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё маҳаллӣ дода мешавад. Ҳамзамон корхонае ба содирот нигаронида ҳисоб меёбад, агар он бештар аз 70 фоизи ҳаҷми солонаи маҳсулоташро ба хориҷа содир намояд. Корхонаҳои аз лиҳози технологӣ муҷаҳҳаз бояд технологияи пешқадами вогузоштаи амонатгузорро дар ихтиёр дошта, маҳсулоти навинро истеҳсол намоянд, ки он сифатро беҳ карда, содиротро афзояд ё ҷойгузини молҳои воридотӣ гардад. Ба ғайр аз ин, имконияти тезонидани амортизатсияи фондҳои асосии корхонаҳоро тавассути сармояи хориҷӣ аз ҷумлаи имтиёзҳое ҳисобидан лозим аст, ки қонунгузории ҶХХ дар назар доштааст. Барои аксар намудҳои таҷҳизоти саноатии дар корхонаҳо истифодашаванда меъёри амортизатсия 10 фоиз, барои таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои нақлиёт 20 фоиз ва дар мавридҳои алоҳида меъёри аз ин ҳам баландтари амортизатсия муқаррар шудааст. Барои тавассути фонди амортизатсионӣ қисми муайяни фоидаи корхонаҳои бо сармояи хориҷӣ фаъолияткунандаро гузаронидан имконият фароҳам оварда, бо ин роҳ онро аз пардохти андоз озод менамояд45.

Кодекси андоз номгуи шахсонеро муқаррар кардааст, ки ҳамчун агентҳои андоз ҳангоми пардохти даромад андози фоидаро нигоҳ доранд (моддаи 146 КА ҶТ):

  • шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо, ки ба шахсони ҳуқуқӣ суд (дивиденд) мепардозанд;
  • шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба шахсони ҳуқуқӣ фоиз мепардозанд;
  • шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентҳо дивиденд, фоиз, пардохтҳои суғуртавӣ, барои хизматрасониҳои алоқа ё боркашонии нақлиёт ҳақ мепардозанд, музди меҳнат медиҳанд ва пардохтҳои дигарро ба амал мебароранд.

Агенти андоз, ки вақти пардохти даромад андоз нигоҳ надоштааст, мувофики таъиноти қонунгузории андоз ҷавобгар мебошад.

Андозсупорандагони зерин декларатсияи андози фоидаро то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз месупоранд (моддаи 173 КА ҶТ):

  1. шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо;
  2. шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентҳо, ки аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда даромад гирифта, андозбандӣ карда мешаванд, вале аз манбаи андоз андозбандӣ намешаванд.

Андозсупорандагон ӯҳдадоранд, ки то рӯзи 15-уми моҳ ба буҷет пардохтҳои ҷории андозро супоранд. Маблағи ҳар як пардохт барои давраи 12-моҳа, ки рӯзи ҳар 15 апрел сар мешавад, қисми маблағи андози соли гузаштаи андозбандиро ташкил медиҳад ва ин маблағ ба коэффитсиенти 1,2 зарб карда мешавад.

Бо ихтиёри андозсупоранда маблағи пардохтҳои ҷории андоз ҳамчун ҳосили таснифи ба коэффитсиент баргардонидани ҳаҷми даромади умумии (бидуни маблағи нигоҳдошташудаи) андозсупоранда дар ин моҳ, ки он ҳаҷми маблағи солонаи ин андозро дар даромади умумии (бидуни маблағи нигоҳдошташуда) андозсупоранда дар соли гузашта нишон медиҳад, муайян карда мешавад. Дар айни ҳол андозсупоранда дар давоми соли пурра метавонад яке аз ду усули имконпазири муайян кардани маблағи андози ҷориро истифода барад.

Маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз рӯи андози фоида наметавонад аз 1/12 қисми маблағи андози амволи корхонаҳо дар соли гузаштаи андоз кам бошад.

Пардохтҳои ҷории андоз ба маблағи андозе, ки аз андозсупорон барои соли андоз мегиранд, ҳисобӣ карда мешаванд. Ҳар як зиёдапардохти ҷории андоз аз рӯи андози фоида нисбат ба ӯҳдадории ингуна андоз барои соли андоз ба ҳисоби пардохти ҳамонсолаи андози амвол ҳисобӣ карда мешавад. Дар ин маврид ҳаргуна барзиёдӣ нисбат ба андози амвол ба ҳисоби пардохти дигар андозҳо ҳисобу китоб карда ё ба андозсупор баргардонида мешавад.

Барои саривақт напардохтани пардохтҳои ҷории андоз бо тартиби муқарраршуда фоиз ситонида мешавад.

Андозсупорандагон на дертар аз 10 апрели соли ҳисоботии андозбандӣ бо мақомоти андоз ҳисобу китоби пурра намуда, андоз месупоранд (моддаи 175 КА ҶТ).

Агар маблағи ӯҳдадории андози фоида аз ӯҳдадории андози амвол бештар бошад, пас корхона ба буҷет илова ба пардохтҳои ҷорӣ то пурра иҷро шудани ӯҳдадориаш оид ба андози фоида маблағ пардохт менамояд. Агар маблағи ӯҳдадорӣ оид ба андози фоида аз ӯҳдадории оид ба андози амвол камтар бошад, корхона ба буҷет илова ба пардохтҳои ҷории оид ба андози фоида то пурра иҷро шудани ӯҳдадории оид ба андози амвол маблағ пардохт менамояд.

2) Андоз аз истифодабарандагони конҳо (қаъри замин), талаботи пардохти он дар қарордодҳои истифодабарии конҳо, ки байни истифодабарандагон ва мақоми салоҳиятдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, муайян карда мешаванд ва бояд ба қонунгузории андози то дар рӯзи баста шудани қарордод эътибордошта мутобиқат намоянд (моддаи 235 КА ҶТ).

Истифодабарандаи кон, ки дар ҳайати он шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фаъолияташонро мувофиқи як қарордод амалӣ менамоянд, бо мақсади андозбандӣ андозсупорандаи ягона дониста мешаванд ва он вазифадор аст андозҳо ва пардохтҳои махсуси муқарраркардаи қарордодро пардохт намояд.

Истифодабарандагони конҳо вобаста ба намудҳои асосии қарордод, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертиза гузаштаанд, аз рӯи ду навъи (модели) андоз андозбандӣ мешаванд (моддаи 236 КА ҶТ):

  • навъи якум аз ҷониби истифодабарандагони конҳо пардохтани ҳама намудҳои андозҳо ва пардохтҳои махсусро, ки қонунгузории андоз дар назар доштааст, пешбинӣ мекунад;
  • навъи дуюм аз ҷониби истифодабарандагони конҳо пардохтани (супоридани) ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тақсими маҳсулот46, инчунин пардохти намудҳои зерини андоз ва пардохтҳои ҳатмии дигарро пешбинӣ мекунад: андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози арзиши иловашуда (ААИ), бонусҳо, роялти ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки тибқи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, вале Кодекси андоз пешбинӣ накардааст.

Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақсими маҳсулот, ки тибқи қарордодҳо «Дар бораи тақсими маҳсулот» ба даст меоянд, манбаи даромади буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ буда, ба буҷетҳои дахлдор бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории буҷет ворид мегарданд.

Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки пардохтҳои аз рӯи қарордод супоридаи истифодабарандаи конҳо онро аз пардохти андози фаъолияти пешбининакардаи қарордод озод намекунад.

Кодекси андоз устувории режими андозро, ки тибқи қарордод (ки бо тартиби муқарраргардида баста шуда, аз экспертизаи ҳатмии андоз гузаштааст) муқаррар гардидааст, эълом мекунад: ингуна режими андоз то анҷом ёфтани мӯҳлати эътибори қарордод бетаваққуф амал мекунад.

Агар баъди имзо шудани қарордоди истифодаи кон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шавад, ки аз он шартҳои аввалаи қарордод тағйир ёбанд, истифодабарандаи конҳо тағйирот ва ё иловаҳоро ба қарордод бо иштироки намояндагони мақоми салоҳиятдор, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ва Вазорати молия ворид менамояд (моддаи 238 КА ҶТ).

Аз рӯи навъи (модели) дуюми андозбандии истифодабарии конҳо намудҳои зерини пардохтҳои махсус супурда мешаванд (моддаҳои 242-259 КА ҶТ):

  1. бонусҳо (обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ, истихроҷӣ);
  2. роялти;
  3. андози даромади фавқулодда.

Бонуси обунавӣ пардохти якбораи собити истифодабарандаи кон барои ҳуқуқи истифода намудани кон мебошад. Андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла аз рӯи шартҳои гузаронидани тендер муайян карда мешавад. Андозаи ниҳоии бонуси обунавӣ дар қарордод вобаста аз қимати иқтисодии конҳои (ҳудудҳои) мавриди истифода муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати пардохт аз рӯи қарордод ё созишномаи тарафҳо муқаррар карда мешавад, ки он набояд аз 30 рӯзи бастани қарордод дарозтар бошад.

Бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохти собит буда, аз тарафи истифодабарандаи кон барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ дар ҳудуди қарордод пардохта мешавад. Бонуси кашфи тиҷоратӣ аз рӯи қарордоди кашфи конҳои сарват, ки истихроҷи минбаъдаи онро пешбинӣ намекунад, пардохта мешавад. Тартиби ҳисоб кардани бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андозаи бонус аз рӯи қарордод муайян нашуда, мӯҳлати пардохти он на дертар аз 30 рӯзи тасдиқи кашфи тиҷоратӣ бо тартиби пешбинигардида муқаррар карда мешавад.

Бонуси истихроҷӣ пардохти собит буда, аз ҷониби истифодабарандаи кон ҳангоми расидан ба ҳаҷми истихроҷи муайянкардаи қарордод давра ба давра пардохта мешавад. Тартиби ҳисоб кардани андоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, андозаи бонус аз рӯи қарордод ва мӯҳлати ниҳоии пардохт — рӯзи 20-уми моҳи минбаъда, ки дар он оид ба ҳар як сатҳи истихроҷи тибқи қарордод муқарраршуда мувофиқа ба даст омадааст, муқаррар карда мешавад.

Роялтиро истифодабарандагони конҳо аз рӯи ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок алоҳида мепардозанд. Он бо маблағ пардохта мешавад. Дар асоси созишномаи алоҳидаи тарафайн роялти мумкин муваққатан, пурра ё қисман ба шакли мол (натура) пардохта шавад.

Андозаи меъёри роялти вобаста ба намуди канданиҳои фоиданок муқаррар карда мешаванд: (а) барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ — аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (б) барои ҳамаи дигар канданиҳои фоиданок — ба таври алоҳида дар ҳар як қарордод бо назардошти лоиҳаи иқтисодӣ, ки бо ҳисобу китоби техникию иқтисодӣ асоснок карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Объекти ситондани роялти барои канданиҳои фоиданок арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи ҳисоботӣ истихроҷшуда мебошад, ки вобаста ба нархҳои гуногун (вобаста ба навъи канданиҳои фоиданок) муайян мегардад:

-барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ вобаста ба нархи миёнаи фурӯши давраи ҳисоботӣ;

-барои металлҳои қиматбаҳо (ба истиснои тилло, нуқра, платина) ва сангҳои қиматбаҳо – вобаста ба нархи воқеии фурӯш);

-барои тилло, нуқра, платина — вобаста ба нархи фурӯши онҳо дар биржаи байналмилалии металлҳои қиматбаҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад;

-барои карбогидридҳо — вобаста ба нархҳои муқоисавӣ барои воҳиди маҳсулот тибқи навъҳои стандартии карбогидрит бо ислоҳи фарқи сифат ва нархи киро — фрахт (хароҷоти нақлиёт) ба ҳисоб гирифта мешаванд, вале на камтар аз нархи миёнаи фурӯши карбогидридҳо дар давраи ҳисоботӣ;

-барои канданиҳои фоиданоки дурушт, ба истиснои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо – вобаста ба нархи миёнаи фурӯши давраи ҳисоботӣ.

Давраи ҳисоботӣ барои роялти як моҳ мебошад (агар пардохтҳои миёнаи моҳона барои роялти дар семоҳа камтар аз 1000 ҳадди ақали андозбандинашавандаи даромад бошад, давраи ҳисоботӣ се моҳ (квартал) мебошад). Ҳисобу китоби роялти аз ҷониби пардохткунандагон ба мақомоти андоз то рӯзи 10-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад. Роялтиро на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ мепардозанд.

Истифодабарандагони конҳо, ба истиснои онҳое, ки аз рӯи қарордодҳо «Дар бораи тақсими маҳсулот» ва қарордодҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ фаъолият мекунанду ин қарордодҳои истихроҷи дигар намудҳои канданиҳои фоиданокро пешбинӣ намекунанд, бо андози даромади фавқулодда андозбандӣ карда мешаванд.

Арзиши фоидаи холиси истифодабарандаи кон тибқи ҳар як қарордод дар соли ҳисоботӣ, ки оид ба он истифодабарандаи кон меъёри дохилии фоидаро зиёда аз бист фоиз гирифтааст, объекти андозбандӣ аз даромади фавқулодда ҳисоб мешавад. Тартиби муайян кардани меъёри дохилии фоидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Меъёри андози даромади фавқулодда ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

Меъёри дохилии даромад, % (МДД)Меъёри андози фоидаи фавқулодда (ба ҳисоби % нисбати фоидаи холиси соли ҳисоботӣ)
камтар ё баробари 200
бештар аз 20, вале камтар ё баробари 224
бештар аз 22, вале камтар ё баробари 248
бештар аз 24, вале камтар ё баробари 2612
бештар аз 26, вале камтар ё баробари 2818
бештар аз 28, вале камтар ё баробари 3024
бештар аз 3030

Ҳисобу китоби андози даромади фавқулодда аз ҷониби истифодабарандаи кон ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андоз то 1 апрели соли минбаъдаи соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.

Андози даромади фавқулодда то 10-уми апрели соли минбаъдаи соли ҳисоботӣ пардохта мешавад.

Таҷрибаи андозбандии истифодабарандагони конҳои дигар мамлакатҳо нишон медиҳанд, ки ба мақсади ҳавасманд гардонидани истифодаи самарабахши сарвати конҳо маҳдуд шудан бо андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва пардохтҳои на чандон калони рентавӣ, бидуни мураккабсозии қонунгузории андоз мувофиқи мақсад будааст.

3) Андози амволи корхонаҳо (моддаҳои 260-266 КА ҶТ).

Ин андоз нисбати андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ алтернативӣ мебошад.

Ба ин сабаб онро дар алоқамандӣ бо андози шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ кардан лозим аст. Дар сурати фоидаоварии кори корхона мумкин аст умуман ба пардохти андози амвол ҳоҷат намонад47.

Андозсупорандагон инҳо мебошанд (моддаи 260 КА ҶТ):

  1. корхонаҳои резидентӣ;
  2. филиалҳо ва дигар бахшҳои ҳаммонанди корхонаҳо, ки баланси мустақил ва суратҳисоб доранд;
  3. корхонаҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисоти доимии худ фаъолият менамоянд.

Объекти андозбандӣ амволи корхона аст бо ифодаи арзиши он, ки ин амвол, аз ҷумла дороии (активҳои) ғайримоддӣ ва захираҳои он дар баланси корхонаи мазкур мебошанд. Барои намояндаи корхонаи хориҷӣ бошад, ба объекти андозбандӣ фақат амволи бо муассисаи доимӣ марбутааш шомил мегардад. Дар хусуси бонкҳо дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ ва суғуртавӣ объекти андозбандӣ дороии (активҳои) холиси онҳо мебошад.

Дар андозбандӣ арзиши миёнаи солонаи балансии амвол истифода мегардад, ки он ҳамчун арзиши миёнаи балансии бақияи ингуна амвол дар аввалу охири соли ҳисоботӣ ҳисоб карда мешавад.

Бо ингуна андоз амволи зерин андозбандӣ намешавад (моддаи 263 КА ҶТ): (1) ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идороти давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он; (2) моликияте, ки барои эҳтиёҷоти маорифи халқ ва фарҳанг истифода бурда мешавад; (3) ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ба истиснои амволе, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад; (4) хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва дигар амволи шаҳрҳо, ноҳияву шаҳракҳо; (5) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба режими консерватсия гузаронидашуда48; (6) 50 фоизи арзиши моликияти андозбандишавандаи неругоҳҳои барқию гармидиҳанда; (7) таҷҳизоти техникию технологӣ, ки аз ҳисоби қарз харида ва ба кор андохта шудаанд ва созишномаҳои кредитии онҳо дар мӯҳлати як моҳи ба имзорасидаашон дар мақомоти андози ҷои ба қайдгирифтаи шахс ё дар Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи баргардонии кредит, давраи аввалияи муқарраркардаи созишномаҳои кредитӣ ба қайд гирифта шудаанд (бе назардошти тамдид ё тағйир додани мӯҳлати баргардонии кредитҳо).

Давраи андозбандӣ барои ингуна андоз як соли тақвимӣ мебошад.

Меъёри андоз — 0,5 фоиз.

Декларатсияи ҳисоби андози амволи корхонаҳо дар соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз то 1 апрели соли минбаъдаи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.

Бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтани маблағи андози фоида, ки барои давраи андозбандишаванда ҳисоб карда шудааст, бар ивази маблағи андози амвол барои ҳамин давра мумкин аст (моддаи 266 КА ҶТ).

Ҳамин тавр, ба буҷет аз ду шакли андоз зиёдтараш: андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андози амволи корхонаҳо ворид мегардад.

4) Андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

Инҳо49 супорандагони зайли андози арзиши иловашуда — шахсони ҳуқуқӣ мебошанд (моддаи 272 КА ҶТ):

  • корхонаҳои резидентӣ;
  • филиалҳо ва дигар бахшҳои ҳаммонанди корхонаҳои резидентӣ, ки баланси мустақим ва суратҳисоб доранд;
  • корхонаҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимии худ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бояд бо андози арзиши иловашуда, аз он ҷумла аз рӯи меъёри сифрӣ андозбандӣ гарданд, объекти андозбандӣ дониста мешаванд.

Ин амалҳо объекти андозбандӣ намебошанд:

-интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки аз андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд;

— содироти моле, ки бо андози арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд.

Инҳо бо чунин андоз андозбандӣ намешаванд:

-ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

-иттиҳодия ва ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ба истиснои фаъолияти соҳибкории онҳо.

Меъёри андоз — 2 фоиз аз манбаи андоз. Барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш меъёри андоз ба ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда шудааст50.

Манбаи андоз бо тартибе ҳисоб карда мешавад, ки барои муайян кардани муомилоти андозбандишаванда ААИ муқаррар гардидааст ва амалиётҳои аз пардохти ААИ озод шударо дарбар намегирад.

Тартиб ва мӯҳлати пардохт. Кодекси андоз ин чизҳоро дақиқан муайян накардааст. Вале бояд гуфт, ки тартиб ва мӯҳлати пардохти андоз мушобеҳи ААИ аст.

Айнияти манбаи андози ААИ ва андози мазкурро ба назар гирифта, пешниҳод шудааст, ки ин ду шакли андоз дар Тоҷикистон бо ҳам як карда шавад.

5) Андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд месупоранд (моддаҳои 278-281 КА ҶТ).

Андозсупорандагон корхонаҳое мебошанд, ки супорандаи ААИ нестанд (яъне шахсони ҳуқуқие, ки ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаашон дар давоми 12 моҳи пурраи тақвимӣ аз 12 000 ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда зиёд намебошад ё мувофиқи моддаҳои 177-179 КА ҶТ супорандаи ихтиёрии ААИ нестанд).

Ғайр аз ин, корхонаҳое, ки маҳсулоти зераксизӣ мебароранд, ташкилотҳои кредитӣ, суғуртакунандагон, фондҳои инвеститсионӣ, иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок андозсупорандагони субъекти соҳибкории хурд буда наметавонанд.

Ҳамин тавр, дар қонунгузории андоз дақиқан байни соҳибкорони хурд ва миёнаю калон фарқ гузошта нашудааст. Агар субъекти соҳибкорӣ ҳамчун пардохткунандаи андози арзиши иловашуда (ААИ) ба қайд гирифта шуда бошад, пас вай аз назари андозбандӣ корхонаи хурд буда наметавонад.

Объекти андозбандӣ пули фурӯши умумии корхона мебошад. Пули фурӯши умумӣ дар асоси кассавӣ ҳамчун маблағи фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), нархи фурӯши амволи дар давраи ҳисоботӣ фурӯхташуда ва даромади ғайритиҷоратии дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба дастомада, бо тарҳи андози савдои чакана ҳисоб карда мешавад.

Корхонаҳое, ки тибқи системаи соддакардашуда андозбандӣ гардидаанд, андозсупор ҳисоб намеёбанд:

  1. андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ,
  2. андози амволи корхонаҳо,
  3. андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард,
  4. андози истифодабарандагони конҳо,
  5. андози арзиши иловашуда (ААИ),
  6. аксизҳо.

Ҳангоми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ андозсупорандагоне, ки аз рӯи системаи соддакардашуда андоз месупоранд, супорандаи ҳамагуна боҷу хироҷи гумрукӣ ба ҳисоб мераванд, дар мавриди интиқол додани пахта ва алюминий бошад, супорандаи андози фурӯши ингуна молҳо мебошанд.

Меъёри андоз дар ҳаҷми 5 фоизи объекти андозбандӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳисобу китоб ва ҳисоботи андозсупорандагон аз рӯи системаи соддакардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Давраи андозбандӣ — семоҳаи (квартали) якум аст.

Мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи маблағи андози пардохтшаванда то рӯзи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ аст.

Мӯҳлати пардохтани андоз — то рӯзи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ мебошад.


44 Таркиби хароҷоти истеҳсол ва фурўши мол, кору хизматрасонӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохилшаванда бо Низомномаи дахлдори тасдиқкардаи Ќарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи с.1999, №210 муайян карда мешавад.

45 Энциклопедия налога. Структура налогообложения Китайской Народной Республики.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

46 Ин ҷо ҳолати зеринро бояд дар назар дошт, ки то интишори ҳамин китоби дарсӣ Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақсими маҳсулот» ва санадҳои меъёрии дигар қабул нашудаанд.

47 Меъёрҳои андоз аз амволи корхонаҳо ба тартиби муқарраркардаи Дастури «Оиди тартиби ҳисоб кардан ва пардохти андоз аз амволи корхонаҳо», ки бо қарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.1999 №240 тасдиқ шудааст, муайян карда мешаванд.

48 Тартиби ба консерватсия гузаронидани амвол, ки онро аз андозбандӣ озод менамояд, бо Ќарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон оиди тасдиқ намудани «Тартиби ба режими консерватсия гузаронидани амволи корхонаҳо» муайян карда шудааст.

49 Дастури ҳисоб кардан ва пардохти андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бо

Ќарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.99, №189 тасдиқ шудааст.

50 Бо қонуни Буҷети давлатӣ меъёри андоз амалан ҳамасола тағйир дода мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *