Фанни Андоз

Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ:шартҳо ва шаклҳои он

1.Моҳиятва шартҳои ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ.

2.Шаклҳои ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ.

С.1. Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ-ин танзим намудани пардохтҳо оид ба талаботҳои пули ва ӯҳдадориҳо мебошад, ки дар вобастагӣ бо муносибатҳои иқтисоди сиёсӣ ва фарҳангии байни шахсони ҳуқуқи ва воқеии мамлакатҳои гуногун ба вуҷуд меоянд.

Вазъи ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ аз омилҳои зерин вобаста аст:

  1. аз муносибати иқтисоди ва сиёсии байни мамлакатҳо;
  2. аз қонунгузории асъорӣ;
  3. аз тартиб ва анъанаҳои гузаронидани тиҷорати байналхалқӣ;

4.аз таҷрибаи бонкӣ;

5. аз шарти қарордодҳои тиҷорати берунӣ ва аз созишномаҳои кредити.

Яке аз тарафҳои муҳими гузаронидани тиҷорати байналхалкӣ муайян намудани шарти пардохт мебошад. Шартҳои пардохт гуногун мебошад;

1 пардохти нақд. Мафҳуми пардохти нақд пардохтани маблағи молҳои содиршаванда пас аз супоридани онҳо ба харидор, ё ин ки фиристонидани онҳо ба харидор ва пардохтани маблағ муқобили ҳуҷҷатҳо, ки бор кардани молро тасдиқ мекунанд.

2.ҳисоббаробаркуни бо додани кредит. Дар ин ҳолат фурушандаи мол пардохти маблағро аз тарафи харидор ба вақти муайян мавқуф мегузорад. (ба қафо мепартояд). Ин ҳолат ифодаи додани кредити тиҷорати аз тарафи фурушанда ба харидор мебошад.

3. кредит ба опсион. Агар харидор ҳуқуқи мавқуф гузоштани пардохтро истифода кунад вай аз гузашт кардан нисбати нархи мол маҳрум мешавад.

Ҳисоббаробаркуни бо ёрии воситаҳои гуногуни пардохт, ки дар гардиши байналхалқӣ истифода мешаванд (векселҳо, супоришҳои пардохти, пулгузаронии бонки, чекҳо, карточкаҳои кредити) гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ алоқамандии манфиатҳои ба ҳам зидди контраагентҳо дар муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ва ташкили муносибатҳои пардохтии байни онҳо ба воситаи истифодаи шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркуни гузаронида мешавад.

С.2. Мувофиқи таҷрибаи барқароргашта дар шароити муосир шаклҳои зерини ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ мавриди истифода қарор мегиранд:

1. аккредитиви ҳуҷҷати;

2.инкассо;

3.пулгузаронии бонки;

4. суратҳисоби кушод;

5.пешпардохтҳо;

Дар шароити муосир хусусиятҳои зерини ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ барқарор гаштааст;

1. воридкунандагон ва содиркунандагон бонкҳои онҳо ба муносибатҳои муайян дохил мешаванд, ки онҳо аз қарордодҳои тиҷорати берунӣ новобастаанд. Ин муносибатҳо бо тайёр кардан, фиристодан ва тафтиш кардани ҳуҷҷатҳои мол ва пардохт бо гузаронидани пардохтҳо вобастаанд ба вуҷуд меояд.

2.Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ бо қонунҳои мили, актҳои нормативи, ҳамчунин тартиб ва анъанаҳои бонкҳо ба танзим дароварда мешаванд.

  • Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ объекти унификатсия (ба як шакл даровардашуда) мебошад.
  • ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ характери ҳуҷҷати дорад яъне ба муқобили ҳуҷчатҳои тиҷорати ва молияви гузаронида мешавад.

5.Ҳисоббаробаркуни байналхалқӣ бо истифода бо асъорҳои гуногун гузаронида мешавад.

Бинобар ин ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ бо амалиётҳои асъорӣ, хариду фуруши асъор вобаста мебошад.

Барои интихоби шакли ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонанд;

  1. намуди мол, ки объекти муомилоти беруниро ташкил мекунад;
  2. ҷой доштани созишномаи кредити;

3.қобилияти пардохти доштан ва эътибори контраагентҳо дар муносибати тиҷорати берунӣ;

4.сатҳи талаботу пшниҳод ба ҳамин мол дар бозори ҷаҳонӣ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *